БАЪЗЕ ОМИЛҲОИ ПОЙДОРИИ ТААССУБИ ДИНӢ

Дар даврони истиқлолият муносибати давлат ба дин комилан дигаргун шуд ва албатта, давраи гузариш дар ин самт баъзе тағйироти ҷиддиро тақозо менамояд. Геополитикаи сиёсии ҷаҳон ғояҳои идеологии нав-ро дар ниқоби динӣ дар байни мусулмонон пайваста истифода бурда истодааст. Мубориза бар зидди терроризм, ифротгароию таассуби динӣ ба омили тавонои идеологияи душмансозӣ ва тафриқаандозӣ табдил ёфтааст. 

Хатарҳои асосии беруниро имконпазир будани табодули афкор, шабакаҳои иҷтимоии фаровон, интиқоли маблағ ва шаклҳои гуногуни дастгирии ҳаракатҳои ифротӣ ташкил медиҳанд. Баҳогузории нодурусти баъзе ВАО-и ба ном озод дар бораи буҳронӣ будани вазъи динӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон дар кишварҳои мусулмонӣ метавонад дар заминаи таассуби динӣ сабаби ноором шудани вазъият шавад. Ба доми найранги мубаллиғон ва ноогоҳона ба сафи созмонҳои ифротӣ пайвастани ҷавонон дар шароити муҳоҷирати корӣ низ раванди хатарнок касб кардааст.

Дар баробари ин проблемаҳо ва хатарҳои дохилӣ низ мавҷуданд, ки унсури муҳими дар байни аҳолӣ боқӣ мондани рафтори таассубомез ва тундравии динӣ мегарданд. Омили якум он аст, ки то ҳанўз саводнокӣ ва маърифати динии оммаи мардум ба талаботи замони муосир ҷавобгў нест. Ҳарчанд аксари аҳолии Тоҷикистон пайрави мазҳаби ҳанафӣ мебо¬шанд, вале дар байни онҳо рағбати афзун намудан ва сайқал додани донишҳои зарурӣ дар бобати маърифати динӣ эҳсос намешавад. Барои таъмини амнияти динию мазҳабӣ баробари донистани заруриёти динӣ ба таври иловагӣ, ақаллан, огоҳӣ доштан аз мавҷудияти ҳизбу ҷараёнҳои ифротӣ ва бадномкунандаи дини ислом мувофиқи мақсад аст.  

Омили дуюм, ҳама медонем, ки ҳоло дар ҷумҳурӣ теъдоди зиёди масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта фаъолият доранд. Агар таъмини кадрҳои хуби тахассусӣ ва озмуда дар масҷидҳои ҷомеъ қаноатбахш бошад ҳам, вале дар масҷидҳои панҷвақта вазъият ногувор ва бе назорат боқӣ мемонад. Дар баъзе масҷидҳо, мутаассифона, шахсони тасодуфӣ имоми пешгузар мебошанд ва ин ҳолат дар ташаккули фазои динию мазҳабӣ ва идеологӣ зиёновар ва хатарнок шуда метавонад. Хоҳ-нохоҳ шахсоне, ки барои ибодат ба чунин масҷидҳо мераванд, аз мавъиза ва амри маъруфҳои бемантиқ ва ғайритахассусии онҳо баҳравар мешаванд. Аз ин рў, тарбияи кадрҳои босавод дар ин самт барои андешидани чораҳои таъхирнопазир ниёз дорад.

Омили сеюм, консепсияи сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин марҳила ба марҳила татбиқи амалӣ пайдо карда истодааст. Ҳоло ҳама гуна роҳу усулҳои манъкуниро таҷрибаи пешгирӣ кардани таассуби динӣ аз тариқи корҳои фаҳмондадиҳӣ ва корбариҳои оперативӣ иваз намудааст. Чунин тарзи масъалагузорӣ бо роҳи тарғибу ташвиқи дурус¬ти ҳадафҳои нопоки ҳизбу созмонҳои зараровар имкон фароҳам овард, ки андешаи хурофотӣ ва ифротгароии динӣ аз мафкураву ҷаҳонбинии ҷомеа тадриҷан берун андохта шавад. Ин иқдомро идома додан ба манфиати кор аст.  

Омили чаҳорум, ба назари мо, ҳоло раванди динзадагӣ ва шефтаи масҷиду меҳроб будан дар ҷомеаи мо тамоюли пастравӣ дорад. Сабаби асосии он дурўғ баромадани даъвоҳои созмони террористии ҷаҳонӣ бо номи ДИИШ ва ташкилотии экстремистӣ-террористии дохилӣ бо номи ҲНИ мебошад, ки онҳо арзишҳо ва муқаддасоти дини исломро барои расидан ба ҳадафҳои нопоки сиёсии худ ноҷавонмардона суиистифода карданд ва оқибат шарманда шуданд. Амалиёти чандрўзаи "Манбаи сулҳ" дар минтақаҳои ҳаммарзи Туркия ва Сурия нишон дод, ки ҳанўз хоначаҳои нуҳуфтаи созмони ормонии "давлати исломӣ" имкони зинда кардани нерўҳои ифротиро доранд. Дар пояи чунин воқеияти талх тақвияти назорати амниятӣ, идеологӣ ва фарҳангию фаҳмондадиҳӣ аз болои рафтору ҳаракатҳои номатлуби хусусияти ифротгароӣ ва таассуби динӣ дошта ошкор мегардад. Бояд эътироф кард, ки ҳамеша чораҳои пешгирӣ бар болои ҳама гуна рафторҳои ҷиноятии нохушоянд бартарӣ доранд. Корҳои фаҳмондадиҳӣ бояд ончуноне сурат гиранд, ки ба хусусияти пинҳонкорӣ гирифтани ифротгароӣ ва таассуби динӣ роҳ надиҳад ва ошкору безарар гардонидани онҳоро осон гардонад.  

Мавқеи назари Пешвои миллат ва Ҳукумати кишвар ба дини ислом некбинона аст: «Ислом ба терроризм ягон робита надо¬рад. Бинобар ин дар кишвари мо мубориза бо терроризм маънои мубориза бо дини исломро надорад. Терроризм дин, миллат, мазҳаб ва ватан надорад. Фарҳанги миллии тоҷикон бо арзишҳо ва муқаддасоти динии мо сахт омехта аст ва онҳоро аз ҳам ҷудо кардан ва ба ҳам муқобил гузоштан хатои бузург аст». Роҳбарияти олии сиёсӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста барои ҳифзи ҳу¬вия¬ти миллӣ, фарҳангӣ ва мазҳабии шаҳрвандон чораҳои заруриро меандешанд.  

 

Файзулло Баротзода – директори Маркази исломшиносӣ 

дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Яндекс.Метрика