Зарурати ҳамкории марказҳои илмӣ ва васоити ахбори омма дар ташаккули фазои иттилоотӣ

(Гузориш дар Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии “Ҳамкории марказҳои илмӣ ва
васоити ахбори омма дар  ташаккули фазои иттилоотӣ: дастовардҳо ва мушкилот” 
Душанбе, 30.04.2019
 
Роҳбарияти олии сиёсӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини амнияти давлат ва шаҳрвандон ба масъалаи мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, радикализм ва дигар хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки таъсиргузории ақидаҳои ифротӣ асосан аз тариқи воситаҳои ахбори омма ва мағзшӯӣ шудани онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ сурат мегирад. Илова бар ин, Тоҷикистон ҳамчун шарики боэътимоди кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки бо Афғонистони ноором ҳамсарҳаданд, ҳамчунин ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои фаромарзӣ ва муносибатҳои ҳамаҷонибаи минтақавӣ барои таъмини устувории сиёсӣ ва рушди иқтисодию иҷтимоии ин кишвар манфиатдор аст. Чунин иқдомҳо барои ҳифз намудани фазои иттилоотии ҷумҳурӣ, баҳогузории дурусти равандҳои сиёсӣ ва пешгирии паҳншавии маводи хусусияти экстремистӣ дошта мусоидат менамоянд.   
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланди созмонҳои байналмилалӣ суханронӣ намуда, чандин маротиба афзалияти мубориза бар зидди экстремизм ва терроризми ҷаҳонӣ, аҳамияти тақвияти муколамаи байни фарҳангҳо ва динҳо, эътимоди тарафайн ва зарурати ҳамкории марказҳои дахлдори илмиро дар байни кишварҳо таъкид кардаанд.
Нишондиҳандаи муҳими фаъолияти мақсадноки кишвари мо дар ин самт баргузории Конференсиияи байналмилалии сатҳи баланд зери унвони «Муқовимат бар зидди терроризм ва ифротгароии хушунатомез» 3-4 майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ дар ин Конференсиия зарурати ба роҳ мондани ҳамкориҳоро дар шароити мураккаб ва низоъангези муосир таъкид карда, бо қаноатмандӣ зикр намуданд, ки «тайи солҳои охир муносибатҳои байни кишварҳои Осиёи Марказӣ, дар маҷмӯъ, хислати рушду тавсеаи навро касб кардаанд. Ин, дар навбати худ, имкон фароҳам овард, ки кишварҳои минтақа ҳамкориву ҳамоҳангиҳои самарабахшро дар соҳаи амниятӣ дар сатҳи сифатан нав ба роҳ монанд. Тоҷикистон аз чунин раванди рушди робитаҳои миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ истиқбол менамояд ва омодагии хешро ҷиҳати таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳояш дар ин самт бо тамоми кишварҳои ҳамҷавор иброз медорад».
Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумхурии Тоҷи-кистон муассисаи давлатии тадқиқотӣ, иттилоотиву таҳлилӣ, ташхисӣ ва машваратӣ буда, бевосита доир ба мавзўъҳои зерин:
– таҳлили моҳият ва хусусиятҳои омили динӣ дар татбиқи сиёсати давлатӣ нисбат ба дин;
– анҷом додани тадқиқоти илмӣ доир ба мақом ва нақши ислом дар ҷомеаи Тоҷикистон ва ҷаҳони муосир;
– гирдоварии маводи илмии марбут ба ислом ва фаъолияти ташкилотҳои динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гузаронидани таҳлили иттилоотии он; 
– таҳқиқи равияҳои динӣ, моҳият ва хусусиятҳои ҷараёнҳои динии сиёсӣ, падидаҳои терроризм ва экстремизми динӣ дар ҷомеаи муосири исломӣ, таҳлили стратегии таъсири омили исломӣ ба муносибатҳои байналмилалӣ;
– анҷом додани тадқиқоти диншиносии муқоисавии марбут ба омили динӣ ва таъсири мутақобилаи динҳо дар шароити таҳким ёфтани равандҳои глобализатсионӣ;
– пешниҳоди маводи таҳлилӣ, гузоришҳо, тавсияҳо оид ба масъа-лаҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи муносибати байни давлат ва иттиҳодияҳои динӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– омўзиши масъалаҳои марбут ба муколамаи байни динҳо, ноилшавӣ ба эҳтиром ва таҳаммулпазирии ҳамдигар дар муносибат байни намояндагони диёнатҳои мухталиф ва ѓайра корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ анҷом дода, хулосаҳои худро ба роҳбарияти олии кишвар, ҲҶТ ва дигар вазорату идораҳо пешниҳод менамояд. 
Дар асоси муҳтавои ин вазифаҳо барои тақвияти талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ, мақомоти давлатӣ, марказҳои таҳлилию тахассусӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва васоити ахбори омма дар ташаккули фазои солими иттилоотӣ ва пешгирии паҳншавии ақидаҳои ифротӣ мо мувофиқи мақсад меҳисобем, ки ба таваҷҷуҳи ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор мулоҳизаҳо ва пешниҳодҳоямонро ҷиҳати амалисозии чорабиниҳои зерин баён дошта бошем:
1. Ташаккули фазои иттилоотии солим дар ҷомеа тақозо менамояд, ки масъалаи фаврият, зарфият ва баҳогузории дурусти мавод аз ҷониби марказҳои илмӣ ва коршиносони тахассусӣ анҷом дода шавад. Танзими фаъолият ҷиҳати роҳ надодан ба паҳншавии андешаҳои ифротӣ, ба андешаи мо, метавонад ҳамоҳангӣ ва ҳамкориҳои судманди васоити ахбори омма, ниҳодҳои таҳлилӣ ва мақомоти давлатиро беҳтар намояд.  
2. Абзори муҳим барои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегияҳои миллӣ оид ба мубориза ба ифротгароӣ ва терроризм таҳияи тадбирҳои омӯзишӣ барои тайёр кардани кадрҳои касбӣ дар соҳаи тарѓиботи иттилоотӣ ва пешниҳоди таҳлилҳои мунсифонаи илмӣ шуда метавонад.
3. Барои дарёфти самаранокии беҳтар баргузор намудани фаъолиятҳои муштарак ва кумак расонидан ба платформаҳои маҳаллии таҳлилию тахассусӣ ва иттилоотӣ дар мубориза бар зидди идеологияи тундгаро ва андешаҳои ифротӣ тавассути тарҳрезии барнома ва чорабиниҳои муштарак дар сатҳҳои минтақавӣ, миллӣ ва маҳаллӣ зарурати бештар дорад.
4. Барои ҳамоҳанг кардани фаъолиятҳо мо зарур меҳисобем, ки чорабиниҳои илмӣ бо инъикоси васеи таҳлилии онҳо дар ВАО доир карда шаванд.
5. Як омили муҳим барои пешгирии ақидаҳои ифротӣ, ба андешаи мо, анъанаҳои дар тӯли асрҳо шаклгирифтаи динӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад, ки бо номи мактаби моваруннаҳрии мазҳаби ҳанафӣ машҳур аст. Барои баланд бардоштани нақши ин мактаб дуруст роҳандозӣ кардани муколамаи муассисаҳои динӣ ва марказҳои илмии кишварҳои минтақа тақозо мешавад, то ки эҳё ва таҳкими мероси маънавии ин мактаб муяссар ва дастраси шаҳрвандон гардад. Тарғиби ин арзишҳо барои ташаккули фазои солими иттилоотӣ ва роҳ наёфтани маводи хусусияти ифротидошта дар васоити ахбори омма мусоидат мекунад. 
6. Барои мониторинги доимӣ ва дарки объективонаи вазъият зарур аст тадқиқотҳои илмӣ ва сотсиологие гузаронида шаванд, ки вазъи фазои иттилоотиро дар шакли аслии он инъикос менамоянд. Натиҷаҳои чунин таҳқиқот барои тасҳеҳи мунтазам ва такмили стратегияҳои ниҳодҳои дахлдори илмӣ, иттилоотӣ ва қудратӣ дар самти пешгирӣ аз шаклгирии андешаҳои ифротии динӣ муфид хоҳанд буд. 
Дар хотима, ҳозиринро бовар мекунонем, ки Маркази исломшиносӣ омодагии худро барои роҳандозии ҳама гуна шаклҳои созандаи ҳамкорӣ ҷиҳати расидан ба ин ҳадафҳо дар доираи имконият ва салоҳиятҳои ойинномавии худ иброз менамояд. Мо боварии комил дорем, ки чорабинии имрӯза барои бознигарии тадбирҳои нави муштарак ҷиҳати ташаккули фазои солими иттилоотӣ барои роҳандозӣ намудани ҳамкориҳои марказҳои илмӣ бо ВАО самтҳои муҳимро заминагузорӣ хоҳад кард.
 
Файзулло БАРОТЗОДА
Яндекс.Метрика