Конститутсия – кафили ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон

 

Дар асоси моддаи 9-уми Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, Конститутсияи ҶТ дар низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар мавқеи аввал истода, қонуни асосии кишвар ба ҳисоб меравад.

Конститусияи ҳоло амалкунандаи ҶТ дар нимаҳои аввали давраи 4-уми инкишофи конститутсионӣ қабул карда шудааст, ки ин давра аз охирҳои солҳои 80-уми асри ХХ оғоз гардида, то ҳол амал карда истодааст. Оғози ин давра асосан ба пошхӯрии Давлати Шӯравӣ ва барҳамхӯрии давлатҳои хориҷии сотсиалистӣ вобастагӣ дорад. Баъди барҳам хӯрдани Давлати Шӯравӣ ҳамаи 15 ҷумҳурии иттифоқӣ истиқлолияти худро эълон намуда, ҳамчун давлатҳои мустақил аъзои баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардиданд. Дар баробари дигар ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ, баъди пош хӯрдани ИҶШС, Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 истиқлолияти хешро эълон намуда, ба давлати мустақил табдил ёфт. Гузашта аз ин, яке аз масъалаҳои муҳиме, ки соҳибихтиёрии пурра ва воқеии Тоҷикистонро бояд қонунӣ мегардонид, ин қабули конститутсияи нави Тоҷикистон буд. Аз ин лиҳоз, масъалаи тайёр намудан лоиҳа ва қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омад. Ҷараёни тайёр ва қабул кардани Конститутсияи ҳоло амалкунандаи Тоҷикистон якчанд марҳиларо дар бар мегирад. Совети Олии РСС Тоҷикистон 24 августи соли 1990 Эъломияи истиқлолияти ҶШС Тоҷикистонро қабул намуд. Ҳангоми қабул намудани ин ҳуҷҷати муҳим Тоҷикистон ба ҳайати ИҶШС дохил мешуд. Қабули Эъломияи мазкур қадами аввалин оид ба тайёр намудани лоиҳаи нави Конститутсияи Тоҷикистон гардид. Дар иҷлосияи Совети Олии РСС Тоҷикистон моҳи августи соли 1990 комиссияи конститутсионӣ таъсис дода шуд, ки он лоиҳаи Конститутсияи нави ҶШС Тоҷикистонро дар давоми як сол тайёр намуд. Аммо бетартибиҳои сиёсии августи соли 1991 ва пошхӯрии ИҶШС сабаби ба таъхир андохтан ва қабул нашудани ин лоиҳаи Конститутсия гардид. Эълон шудани Истиқлолияти Тоҷикистон боиси ба миён омадан, коркарди лоиҳаи нави Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шуд. Аз ин рӯ, сеюми январи соли 1992 бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайати комиссияи конститутсионӣ тағйирот дароварда шуд. Баъдан, бо Фармони Президенти ҳамонвақта Раҳмон Набиев 10 феврали соли 1992 гурӯҳи корӣ дар ҳайати нуҳ нафар таъсис ёфт. Гурӯҳи кории мазкур лоиҳаи нави Конститутсияро тайёр ва моҳи апрели соли 1992 ба Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд. Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 апрели соли 1992  лоиҳаи Конститутсияро маъқул дониста, онро ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод кард. Аммо оғози ҷанги шаҳрвандӣ имконият надод, ки лоиҳаи Конститутсия аз тарафи халқ пурра муҳокима гардад. Бинобар ин, кор аз болои лоиҳаи Конститутсия қатъ гардид. Минбаъд масъалаи аз нав тайёр кардани лоиҳаи нави Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тағйир додани ҳайати комиссияи конститутсионӣ танҳо дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  26 июни соли 1993 ба миён омад ва бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати комиссияи конститутсионӣ дар ин иҷлосия тағйир дода шуд. Аввалин маҷлиси комиссияи конститутсионӣ 4 сентябри соли 1993 барпо гардид, ки дар он ду гурӯҳи кории нав ташкил дода шуд. Моҳи апрели соли 1994 гурӯҳи корӣ ду шакли лоиҳаи Конститутсияро, ки яке аз он лоиҳаи конститутсия  бо шакли идоракунии ҷумҳурии президентӣ, дигаре бо шакли идоракунии ҷумҳурии парлумонӣ буд, ба комиссияи конститутсионӣ пешниҳод намуд. Дар натиҷа, лоиҳаи Конститутсия бо шакли идоракунии ҷумҳурии президентӣ маъқул дониста шуд. Бо қарори Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Конститутсия барои интишор ва муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод карда шуд. Ҳамин тариқ, лоиҳаи Конститутсия 21-22 апрели соли 1994 дар рӯзномаҳо ва маҷаллаҳои расмӣ интишор гардид ва муҳокимаи он то моҳи июли соли 1994 давом кард. Дар Иҷлосияи нуздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 21-22 июли соли 1994 баргузор шуд, лоиҳаи Конститутсия бо пешниҳоду таклифҳо муҳокима гардида, барои дар раъйпурсӣ 25 сентябр қабул гардиданаш қарори дахлдор ба тасвиб расид. Баъдан бо қарори Иҷлосияи 20 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 1994 муҳлати гузаронидани раъйпурсӣ то 6 ноябри соли 1994 тамдид карда шуд.

Дар ниҳоят 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ бахшида ба қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 94,4 фоиз шаҳрвандон иштирок намуданд, ки 87,59 фоизи онҳо ба тарафдории қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз доданд. Ҳамзамон рӯзи 6 ноябр ҳамчун  рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол ботантана қайд карда мешавад. Илова бар ин 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.

Конститутсияи ҶТ ба ғайр аз дебочаю муқаррароти интиқолӣ, аз 10 боб ва 100 модда иборат мебошад, ки тартиби номгузории бобҳо ва ҷобаҷогузории моддаҳо дар он чунин аст:

• Дебоча

• Боби 1. Асосҳои сохтори конститутсионӣ (моддаҳои 1-13)

• Боби 2. Ҳуқуқ, озодӣ,вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд (моддаҳои 14-47)

• Боби 3. Маҷлиси олӣ (моддаҳои 48-63)

• Боби 4. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаҳои 64-72)

• Боби 5. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаҳои 73-75)

• Боби 6. Ҳокимияти маҳаллӣ (моддаҳои 76-80)

• Боби 7. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (моддаҳои 81-83)

• Боби 8. Суд (моддаҳои 84-92)

• Боби 9. Прокуратура (моддаҳои 93-97)

• Боби 10. Тартиби тағйири конститутсия (моддаҳои 98-100)

• Муқаррароти интиқолӣ

Дар дебочаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта мешавад:

   “МО ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дўстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф  карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҲАМИН КОНСТИТУТСИЯРО ҚАБУЛ ВА ЭЪЛОН МЕНАМОЕМ ”.     

Чуноне, ки файласуфони машҳур мегуянд, ки предмет мафҳумҳоро тавлид месозад, ҳар як иборае, ки дар дебочаи Конститутсияи мо дарҷ ёфтааст, дар худ як ҷаҳон мафҳумҳоро инъикос менамояд. Масалан, эълон намудани халқи тоҷик ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон маънии онро медиҳад, ки мо тоҷикон қисми таркибии аҳолии ҷаҳонро ташкил медиҳем. Бояд қайд кард, ки пас аз эълон гардидани истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва баъдан қабули Конститутсияи нав мавқеи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давлати мо дар харитаи сиёсии ҷаҳон бозҳам мустаҳкамтар гардид. Тоҷикистони соҳибистиқлол  ва миллати фарҳангсолор, тамаддунсоз ва  сулҳофари тоҷикро тамоми ҷаҳон шинохт ва эътироф намуд. Илова бар ин дебочаи Конститутсияи кишвар, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро аз зумраи баландтарин арзишҳо эътироф намуда, риоя ва ҳифзи онҳоро кори муқаддас мешуморад. Инчунин Конститутсия давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро барои таҳкими дўстии тамоми миллату халқиятҳо ва  бунёди ҷомеаи адолатпарвар ва татбиқи сиёсати дарҳои боз ҳидоят кард. Имрўзҳо теъдоди зиёди сафорату консулгариҳо ва намояндагиҳои дипломатии мо дар дигар кишварҳо ва инчунин созмонҳои байналмилалию байниҳукуматӣ ва сафоратҳои  давлатҳои хориҷӣ дар кишвари мо таъсис дода шудаанд. Дар боби 1-уми Конститутсияи кишвар, ки Асосҳои сохтори конститутсионӣ унвон гирифта, моддаҳои 1-13-ро дар бар мегирад, аз ҷумла, дар бораи шакли идоракунии Ҷумҳурии Тоҷикистон, забони давлатӣ, рамзҳои давлатӣ, эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, дахлнопазирии марзу буми кишвар, тарзҳои инкишофёбии ҳаёти ҷамъиятӣ, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, мустақиман амал кардани меъёрҳои Конститутсия, дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муайян намудани муносибатҳои хориҷӣ, ҳифзи ҳуқуқии ҳама шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ ва ғайраҳо моддаҳои дахлдор бахшида шудаанд, ки ҳамчун асосҳои сохтори конститутсионӣ  ба ҳисоб мераванд. Бояд қайд кард, ки барои вайрон намудани чунин Асосҳои сохтори конститутсионӣ дар қонунҳои дахлдори кишвар аз ҷумла, дар моддаҳои дахлдори кодекси ҷиноятии кишвар ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ шудааст. 

Дар моддаи 1-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта шудааст:

«Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Шакли идоракунии Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад.Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоҷикистон ҳаммаъноянд». Бояд зикр намуд, ки дар моддаи мазкур  шакли идоракунӣ, сохтори давлатӣ ва режими сиёсӣ  муайян карда шуда, давлати иҷтимоӣ будани Тоҷикистон муқаррар гардидааст. Ин меъёр ҷавобгўи ҳадаф  ва талаботи инкишофи ҷомеаи демократӣ дар ҷаҳони мутамаддин буда, ҳоло дар конститутсияҳои ҳамаи давлатҳои демократии дунё ифода гаштааст. Инчунин дар Конститутсия, яъне қонуни асосии кишвар, Тоҷикистонро давлати иҷтимоӣ эълон намудан ва барои ҳар як инсон шароити арзандаю зиндагии озодонаро кафолат додан, метавон гуфт, ки  ҷиҳати таъмини доираи васеи ҳуқуқҳои шахсӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии шаҳрвандони Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бешаҳрванди сокини кишвар, аз ҷумла, таъминоти моддиву иҷтимоии нафақахўрон, ятимон, маъюбон, гирифтани пеши роҳи нобаробарии иқтисодии байни гурўҳҳои алоҳидаи аҳолӣ, таъмини инкишофи озодонаи ҳар шахс хизмат мекунад. 

Боби 2-юми он бошад ба ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст, ки моддаҳои 14-47-ро дар бар мегирад. Масалан, дар моддаи 14-уми боби мазкур гуфта мешавад, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз гардида, онҳо бевосита амалӣ мешаванд. Илова бар ин дар моддаи мазкур қайд карда шудааст, ки маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад. Дар моддаи 47-уми  Конститутсия гуфта шудааст, ки дар давраи вазъияти фавқулода ҳуқуқ ва озодиҳое, ки дар моддаҳои 16, 17, 18, 19, 20,22,25 ва 28-и он пешбинӣ шудааст, маҳдуд карда намешаванд. Ба номгуи ин ҳуқуқу озодиҳо аз ҷумла, таҳти ҳимояи давлат қарор гирифтани шаҳрванди Тоҷикистон ҳатто дар хориҷ аз кишвар, баробарии ҳама дар назди қонун ва суд, баробарҳуқуқии мардон ва занон,  дахлнопазирии шахс, кафолати ҳифзи судӣ, дахлнопазирии манзили шахс ва ғайраҳо дохил мешаванд. Конститутсия бо назардошти тағйиротҳову талаботҳои нави ҷомеа мавриди инкишоф қарор мегирад ва бо ин васила тағйироту иловаҳо ба он ворид мегарданд.  Дар қисми 1-уми муқаррароти интиқолии он гуфта мешавад, ки Тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷиткистон пас аз эълони натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ ва аз рўзи интишори расмиаш эътибори ҳуқуқӣ пайдо мекунанд. Дар қисми 2-юми муқаррароти интиқолӣ бошад,  гуфта мешавад, ки  Қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки то ворид намудани «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» амал мекарданд, дар он қисме, ки ба тағйиру иловаҳо мухолиф нестанд, амал мекунанд.

Хулоса, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мавқеи меъёрҳои моддаҳои ҳар як боби он  барои рушди устувори низоми идоракунии давлатӣ, соҳаҳои ҳуқуқ ва қонунгузории кишвар басо муҳим ва аввалиндараҷа мебошад. Ба ибораи дигар, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мароми пешбарандаи ҳуқуқу озодиҳои асосии шаҳрвандон ва кулли аҳолии Тоҷикистон  мебошад.

 

Шоев Субҳиддин – мутахассиси пешбари шуъбаи пажўҳиши ҳуқуқи исломии 

Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Яндекс.Метрика