ПЕШГИРӢ АЗ МУБОРИЗА ОСОНТАР АСТ

Ба ҳамагон маълум аст, ки асри XXI асри технологияю иттилоот аст. Мо дар замоне қарор дорем, ки дар зиндагии ҳаррӯза бо технологияҳои гуногуни муосир сару кор мегирем. Технологияҳои муосир аз як тараф зиндагию кору фаъолияти одамизотро сабук гардонад, аз тарафи дигар ҷонибҳои манфӣ низ дорад. 

Ҷонибҳои манфии технологияи муосир радиатсияи инсоният ва зуд паҳншавии маълумотҳои номатлубу бардурӯғ мебошад. Имрӯзҳо бар зидди зарари радиатсияи технологияи муосир табибону кормандони тандурустӣ таҳқиқоту муборизаи шадид бурда истодаанд. Ҳар сол дар ин мавзӯъ садҳо конфронсу симпозиумҳо ташкил шуда, абзору олоте, ки барои ҳимоя аз радиатсия заруранд, ба монанди айнаку либосҳои зидди радиатсионӣ ва амсоли онҳо ихтироъ мешаванд. 

Зарари дуюми технологияи муосир ин паҳншавии маълумоти наматлубу бардурӯғ мебошад, ки нисбат ба радиатсия зарарноктар аст. Технологияи муосир олати асосии терроризму экстремизм гаштааст. Ин «вабои асри 21» бо истифода аз техологияҳои муосир фикру андешаи инсоният, алалхусус ҷавононро заҳролуд менамоянд.

Мутаассифона, мағзшӯии ҷавонон тавассути истифодаи технологияҳои муосир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам дида мешавад. Таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, ки тақрибан 70% ҷавонони тоҷике, ки ба гурӯҳи террористию экстремистӣ шомил шудаанд, ба воситаи технологияҳои муосир ҷалб шуданд. 

Ҳангоме ки терроризм ва экстремизм бо «вабо» тавсиф шудааст, ба андешаи мо, бо ин хатар муборизаи беамон бояд бурд. Чӣ тавре ки табибон мегӯянд, пешгирии беморӣ аз табобати он осонтар аст. Аз ин бармеояд, ки мо бояд зиёдтар ба корҳои пешгирӣ аз шомилшавӣ машғул бошем, на бо мубориза бар зидди онон. Пас савол ба миён меояд, ки чӣ тавр бояд ҷавононро аз ин бало пешгирӣ намуд? Дар марҳилаи аввали пешгирии шомилшавӣ аввалан сабабу омилҳои тарафдорӣ аз ақидаҳои тундравро бояд омӯхт. Вақте ки сабабу омилҳо муайян гардад, бартараф намудани он нисбатан осонтар мегардад. Масалан, зимни вохӯрӣ бо падару модарони шомилшудагон ба ДИИШ маълум гардид, ки аксарияти онҳо аз оилаҳои камбизоат, ятимон, ҷавонони бекор ё ки оилаи муҳоҷирон будаанд. 

Боиси хушнудӣ аст, ки айни ҳол Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ятимон дастгириҳои беминнатро расонида истодааст. Квотаҳои дохилшавӣ ба донишгоҳу донишкадаҳо ва кӯмакпулиҳо далели ин гуфтаҳо аст. Ҳамчунин барои оилаҳои камбизоат сабукиҳои иҷтимоӣ дода мешавад, ки аз ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замина мегирад. Ҳар як инсони соҳиби ақлу фаросат ба хубӣ ин меҳрубониҳои кишварро дарк намуда, барои шукргузории он кӯшиш менамояд, то ки барои пешрафти ҷомеа ҳиссаи худро гузорад. Масъалаи рафъи бекорӣ ва бунёди ҷойҳои кории нав низ қадам ба қадам ҳалли худро ёфта истодааст. 

Қишри дигари таъсирпазири ҷомеа ҷавонони муҳоҷир мебошанд, ки берун аз кишвар ба кору фаъолият ва дарёфти ризқу рӯзӣ машғул мебошанд. Ин қишри ҷомеа барои террористу экстремистҳо сайди осон ҳастанд. Тибқи таҳлилҳо инсоне, ки дур аз Ватан, падару модар ва ёру диёр умр ба сар мебарад, эҳсосоти нозук дошта, фиребу мағзшӯии онҳо бисёр осон аст. Агар баъзеҳои онҳоро бо пулу сарват фиреб диҳанд, дигарҳоро бо ваъдаи авомфиребонаи боз ёфтани «дарҳои ҷаннат» ба доми худ гирифтор мекунанд. 

Ин ҷо низ беихтиёр савол ба вуҷуд меояд, ки чӣ тавр муҳоҷиронро аз майл кардан ба корҳои номатлуб эмин нигоҳ доштан мумкин аст? Ҷавоб ҳам чандон мушкил нест. Онҳо низ мисли дигар қишру табақаҳои ҷомеаи кишвар ба ҳимояи ҳамаҷонибаи ҳуқуқӣ ва ташкилию маъмурӣ ниёз доранд. Фаъолиятҳои самарабахше, ки ниҳодҳои масъули ҷумҳурӣ  ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқу вазифаҳои муҳоҷирон дар Федератсияи Россия роҳандозӣ намудааст, бояд тақвият ёбад ва дар кишварҳои дигар низ паҳн карда шаванд. Кумакҳои беғаразонае, ки аз ҷониби ниҳодҳои масъули ҳукуматӣ доир ба пешниҳоди машваратҳои ҳуқуқӣ, рӯёнида додани маоши муҳоҷироне, ки музди меҳнаташонро гирифта наметаво¬нанд, амалӣ мешаванд, натиҷаҳои хуб медиҳанд. Чунин муносибат ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносиро дар байни ҷавонони соҳибҳунари дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошта баланд мебардорад. Онҳо дарк мекунанд, ки мақомоти дахлдори кишвар дар фикри беҳбудӣ ва оромиашон ҳастанд ва ҳар яки онҳоро умедвор месозад мутмаин бошанд, ки дар ҳар рӯзи сахтияшон давлату ҳукумати Ватани аҷдодӣ ҳифзи манфиатҳои онҳоро таъмин менамояд. Дар ин ҳолат шахси дар муҳоҷират буда ҳеҷ гоҳ дунболи ваъдаҳои хому пучи мубаллиғони тундраву ифротӣ намеравад.

 

Нуриддин МУМИНЗОДА

Яндекс.Метрика