Равандҳои нави ифротгароии динӣ дар Ховари Миёна ва таъсири он ба Ҷумҳурии Тоҷикстон

Файзулло Баротзода

Созмон додани фазои солими тафаккуру андешаи динӣ, ташаккули ҷаҳонбинии дунявӣ, пешбурди иқтисодиёту иҷтимоиёт ва беҳтар намудани сармояи инсонӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ ба истифодаи васеи воситаҳои ахбори омма, баргузор намудани ҳамоишҳои илмӣ-амалӣ ва назариявӣ-методологӣ, нашри маҳсулоти чопии зарурӣ, мақолаҳои илмию таҳлилӣ, вокунишҳои саривақтии тахассусӣ ва иҷрои нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда дар сатҳҳои гуногун пайванди ногусастанӣ дорад. Дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи-кистон таъкид гардид, ки кишвари мо дар шароити кунунӣ ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои усутувор пеш рафта истодааст ва дар муқобили таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ тадбирҳои муассир меандешад. Аз ин рў, «бо дарназардошти воқеияти кунунӣ ва бо мақсади таъмини амнияти устувор ҷиҳати пешгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир мо омодаем ҳамкориҳои густурдаро бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва кишварҳои шарик тақвият бахшем» [4, 19]. Аз ин мавқеият, барои пурсамар шудани натиҷаи фаъолияти худ Маркази исломшиносӣ Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзўи «Ифротгароии динӣ ва роҳҳои амалии пешгирии он дар маҳалҳо»-ро дар вилояти Хатлон ҳамчун намунаи муҳими ҳамкории ниҳоди илмӣ-таҳлилӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо роҳандозӣ намудааст ва умед дорем, ки ин чорабинӣ барои татбиқи амалии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷи-кистон дар соҳаи дин ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард.

Ба андешаи мо, таъсиргузории вазъи ноороми минтақаи Ховари Миёна ба падидаҳои номатлуби ҷаҳони муосир – терроризм, тундгароии хушунатомез ва ифротгароии динӣ дар кишварҳои мусулмонӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ҳанўз боқӣ мондааст, ки мо сабабу омилҳои ин равандро ба таври зайл табақабандӣ намудем:

1.            Бадном кардани ислом ва муқаддасоти фарҳанги мусулмонӣ дар сиёсати геополитикии ҷаҳон ба яке аз василаҳои муассир дар муносибати байниҳамди-гарии кишварҳои калидӣ табдил ёфтааст. Дар мафкураву ҷаҳонбинии мардуми сайёра чунин ақидае ҷойгузин шудааст, ки ҳама гуна зуҳуроти вобаста ба радикализм, экстремизм ва терроризмро маҳз зода ва парвардаи муҳити ҷомеаҳои мусулмонӣ медонанд. Вазъият ба он андозае хусусияти эҳсосотӣ гирифтааст, ки ҳатто дар ҳолатҳои рух додани ягон ҳодисаи нохуши техникӣ ва садамаи нақлиётӣ ҳам нахуст оид ба ҳузури унсури исломӣ дар ин рўйдод ҳама ба як овоз масъалагузорӣ менамоянд. Дар чунин ҳолат боқӣ мондани андешаи ҷамъ-иятӣ тақозо менамояд, ки ба асли масъала посухҳои сазовори тахассусӣ пешниҳод намоем, баррасии илман асоснок ва методологии мавзўъро аз нигоҳи сиёсию идеологӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва динию мазҳабӣ таъмин созем. Нахуст бояд эътироф кард, ки созмони террористии ба ном «давлати исломӣ» дар шарманда ва беобурў кардани арзишҳои фарҳанги мусулмонон ба шакли умумӣ ва дар фазои сиёсию иттилоотии мо ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати исломӣ барои коҳиш додани имиҷи байналмиалалии ҷумҳурӣ таъсири ниҳоят манфур расониданд.

2.            Ҷанбаи сиёсию идеологии масъала, ба андешаи мо, фарогирандаи омили зерин аст: ибтидои асри ХХI дар олами ислом як идда кишварҳо тавонистанд рушди устувори худро тавре таъмин намоянд, то ки онҳо ҳамчун давлатҳои бонуфузи минтақавӣ шинохта шаванд (Туркия, Эрон, Миср, Арабистони Саудӣ, Индонезия, Малайзия); аммо ҷанбаи иқтисодию иҷтимоии масъала дар он зоҳир мегардад, ки кишварҳои арабию мусулмонӣ дар коркарду фурўши маҳсулоти нафтӣ, таѓйир додани инфрасохтори иқтисодӣ, тавсеаи соҳаҳои саноати истеҳсо-лӣ ва ҷалби инвеститсияи хориҷӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Дар натиҷа фаъолнокӣ ва вазъи иҷтимоии аҳолӣ беҳтар гардида, имиҷи як идда кишварҳо ва таваҷҷуҳи сайёҳон ба онҳо афзун гардид, ММД-и ин кишварҳо нишондиҳандаҳои қобили мулоҳиза касб кард; дар бобати ҷанбаи динию мазҳабӣ бояд гуфта шавад, ки афзоиши демографии аҳолии пайрави ислом дар дунё аз ҳама зиёд аст, ки боиси нигаронии кишварҳои абарқудрат гардидааст. Имрўз агар масеҳиён 33% (2,5 млрд.) аҳолии ҷаҳонро ташкил диҳанд, пас мусулмонон бо 24,1% (1,8 млрд.) дар ҷойи дуюм қарор доранд. Мусулмонон дар 120 давлати ҷаҳон ҳузуру будубоши дастҷамъона доранд. Тибқи ҳисоботи омории ниҳодҳои таҳли-лии кишварҳои ѓарбӣ то соли 2050 теъдоди мусулмонон ба 29,7% (2,76 млрд.) аҳолии ҷаҳон расида, бо масеҳиён баробар мешаванд [5, 384]. Агар ҳамин суръати демографии кишварҳои мусулмоннишин идома ёбад, пас то соли 2070 пайравони ислом аксарияти аҳолии ҷаҳонро ташкил хаҳанд кард, ки аз ҳоло сабаби нигаронии сахти кишварҳои абарқудрат шудааст.

3.            Баъд аз нопадид шудани муборизаи идеологӣ дар байни лагерҳои капиталистӣ ва сотсиалистӣ барои кишварҳои мусулмонӣ як фурсати пиёда намудани сиёсати мустақилона фароҳам омад. Аз ҷониби дигар бояд эътироф кард, ки муқовимати дуқутба акнун ба муборизаи олами масеҳият ва олами ислом табдил ёфтан гирифт. Мафҳумҳои нав, ба мисли демократия, ҳуқуқи инсон, озодии виҷдон, дунявият, бозори иқтисодӣ, глобализатсия ва табодули озоди маълумот аз тариқи Интернет ҳамчун ченакҳои меъёрии муносибатҳои бай-налмилалӣ муайян гардиданд. Дар маҷрои таѓйиротҳои нав ҳам кишварҳои мусулмонӣ дастовардҳои худро ҳифз карда тавонистанд. Вале «ба хотири нигоҳ доштани нуфузи худ дар минтақаи асосии нафтхези ҷаҳон – Ховари Миёна кишварҳои абарқудрат силсилаи давомдори инқилобҳои «баҳори арабӣ»-ро ҳамчун идомаи бозсозии саросарӣ роҳандозӣ намуданд» [2, 137]. Дар натиҷа нооромии тўлонӣ минтақаро фаро гирифт ва раванди таѓйиротҳои сиёсӣ нишон дод, ки аслан эътирозҳои оммавӣ дар Тунис ҳадафи заиф кардани Миср, Ироқ – Эрон, Сурия – Туркия ва Яман – Арабистони Саудиро дар пай дорад.

4.            Ҷангҳои динию мазҳабӣ аслан барои ҳифзи монополияи коркард, истеҳсол ва фурўши маҳсулоти нафтӣ пеша карда шуд. Нафту гази минтақаи Ховари Миёна аз ҷиҳати сифату нарх нисбат ба газу нафти тахтасангӣ дорои баъзе бартариятҳо мебошад ва аз нигоҳи ҷойгиршавии ҷуѓрофӣ низ ин кишварҳои нафтхез дар мавқеи муҳими стратегӣ қарор доранд. Собит шуд, ки гази нав комилан ҷойи гази классикиро иваз карда наметавонад. Ин ҳолат бозори энер-гетикиро ба омили рақобати шадид дар минтақа ва ҷаҳон табдил дод, ки боиси таҳияи сиёсати нисбатан мустақилона бурдан дар байни кишварҳои нафтии Ховари Миёна гардид. Харидорони асосии маҳсулоти газу нафт ҳамоно кишварҳои Иттиҳоди Аврупо боқӣ монданд. Илова бар ин, дар минтақаи Осиёву Уқёнуси Ором як идда кишварҳои аз нигоҳи иқтисодию технологӣ пешрафта, ба мисли Чин, Ҳиндустон, Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ ҳамчун истеъмолкунандагони ҷиддии маҳсулоти газу нафт зуҳур намуданд. Чунин вазъият доираи интихоби шарикони иқтисодӣ ва вусъати ҳамкориҳоро таҳким бахшид.

5.            Натиҷаи ҷангу ҷидол дар оѓози соли 2018 нишон дод, ки аслан низои ба истилоҳ идеологии байниисломӣ – пайравони шиа ва суннат ҷуз пўшиши рўякии масъалаҳои геополитикӣ ва иқтисодӣ чизи дигаре нест. Зеро ихтилофҳои миллии байниарабӣ аз як тараф, инчунин зарурати ҳалли масоили миллӣ-ҳудудии курдҳо, аз тарафи дигар, кишварҳои минтақаро сахт нигарон кард ва ҳассосияти мавзўии дину мазҳаб ва бовару эътиқодро аз бозӣ берун овард. Мубориза барои нигоҳ доштани якпорчагии ҳудудии тамоми кишварҳо, мақоми лидерӣ дар сиёсати ҷаҳонии энергетикӣ, мавқеи созгори ҷуѓрофӣ ва сайёҳӣ будани минтақа ба марҳалаи нави масъалагузориҳо ворид гардид.

6.            Пас, дар ин ҷо беихтиёр саволе ба миён меояд, ки аз ноором шудани вазъият дар минтақа кӣ фоидаи бештар ба даст меорад? Албатта, кишварҳои абарқудрат. Масалан, дар ин росто роҳбарияти Амрико сиёсати нави минтақавиро роҳандозӣ намуда, Ховари Миёнаро ба бозори калони хариду фурўши аслиҳа ва лавозимоти ҳарбии худ табдил доданд ва ба ин васила суръати рушди кишварҳои пешрафтаи минтақа –Туркия, Миср, Эрон, Арабистони Саудиро заиф гардонида, тобеияти онҳоро ба стратегияи геополитикии худ тақвият бахшиданд. Иттиҳоди Аврупо дар заминаи хароб гаштани усули классикии интиқоли нафту газ аз Ховари Миёна ба истеҳсоли технологияҳои пешрафтаи киштисозӣ ноил гардиданд ва флоти ҷаҳонии танкерҳоро таъсис доданд. Созмони ҷаҳонии дорандагони танкерҳои боркаш «Интертанко» имрўз бо 2000 танкер дорои зарфияти ҳамлу нақли 170 млн. тн бор дар як сол аст [3]. Ҳоло фурўши нафту газро дар минтақа онҳо назорат мекунанд ва инфрасохтори харобшудаи интиқоли нафту газ аз тариқи лўлаҳо дигар нодаркор шудааст. Дар ин шароит ифротгароии динӣ хусусияти ифротга-роии иқтисодӣ, миллӣ ва геополитикӣ гирифта, функсияи созмони ДИИШ то андозае анҷомёфта нишон дода мешавад. Вале торумори инфрасохтори созмони «давлати исломӣ» боиси ба кишварҳои гуногун пароканда шудани ҷангиёни ашаддии онҳо гардид. Дар ин раванд қаламрави давлатҳои Сурия ва Ироқ аз ҳама бештар зарари сиёсию маънавӣ ва иқтисодию инфрасохторӣ дидааст. Ҳарчанд ин кишварҳо ба муқобили терроризму ифротгароии динӣ ва фишорҳои байналмилалӣ истодагарӣ нишон медиҳанд, вале мушкилии асосӣ дар он аст, ки амалан ҳудуди ин ҳамчун минтақаи нуфузи чандин давлатҳо то ҳанўз боқӣ мондааст. Илова бар ин, теъдоди зиёди ҳизбу гурўҳҳои сиёсию динии мусаллаҳ ва шаҳру деҳоти валангор барои ором шудани вазъияти дохилӣ монеаҳои ҷиддӣ эҷод мекунанд. Ба чӣ кор машѓул будани ин гурўҳҳои хурдро танҳо кишварҳои барои фаъолияташон манфиатдор муайян карда метавонанд. Таҷрибаи талхи ду даҳсолаи нооромиҳо дар Ховари Миёна собит менамояд, ки ин ҳизбу ҷараёнҳои худсохти беназорат ва ломазҳабро барои анҷом додани ҳама гуна амалиётҳои бадномкунанда истифода бурдан бисёр осон аст. Чунин ҳолат аз ҳама бештар «дар осебпазирии насли ҷавон ба раванду ҷараёнҳои номатлуб ва гароиши онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ» [1, 98] зоҳир мегардад. Бояд эътироф намуд, ки ифротгароӣ ва экстремизми диние, ки дар шакли ДИИШ зуҳур карда буд, ба яке аз проблемаҳои глобалии ҷаҳони муосир табдил ёфтааст. Созмони террористии “давлати исломӣ» ҳарчанд ҳамчун як ниҳоди шибҳи давлат торумор шуда бошад ҳам, вале мафкураи манфури идеологии он ҳанўз таъсиргузор аст ва хатару таҳдиди нерўҳои боқимондаи он дар шакли инфиродӣ ва пинҳонӣ вуҷуд дорад. Аз ин рў, дар муносибат ба ин падидаи нангин дар олами ислом бепарвоӣ ва фориѓболӣ зоҳир намудан мувофиқи мақсад нахоҳад буд. Мутаассифона, хатари дар ҳар куҷо ба муқовимат бархостани ҷангиёни парокандаи «давлатӣ исломӣ» дар ҳамкорӣ бо лонаҳои нуҳуфтаи нерўҳои разманда ва опозитсионӣ ба таври ногаҳонӣ вуҷуд дорад

7.            Дар ҳолати буҳронӣ боқӣ мондани вазъият дар кишварҳои Ховари Миёна ва заиф гардидани имкониятҳои иқтисодию молиявии онҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикис-тон ҳамчун ҷумҳурии мусулмонӣ таъсири бевоситаи манфӣ дорад. Зеро ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ҷалби инвеститсияи хориҷӣ аз ҷониби кишварҳои Созмони ҳамкориҳои исломӣ ва умуман ниҳодҳои иқтисодии умумимусулмонӣ дар чунин вазъият камсамар гаштааст. Аз ҷониби дигар, нооромии воқеӣ ва хатарзо дар минтақа зарурати аз мавқеи эҳтиёткорона ба роҳ мондани ҳама гуна намудҳои додугирифт ва ҳамкориро ба вуҷуд овардааст. Ҷониби сеюми доѓ будани мавзўъ дар он ифода мегардад, ки ҳама гуна масъалагузорӣ доир ба фарҳанги мусулмонӣ, лоиҳаҳои исломӣ, адабиёти динӣ, озодии виҷдон ва муасси-саҳои динӣ, масҷиду меҳроб ва бовару эътиқод дар фазои итилоотии ҷомеа бо эҳсосоти ѓайримуқаррарӣ ва дардноку аламовар пазируфта мешавад. Дар мисоли Тоҷикистон чунин муносибат комилан асоснок аст, зеро ба таъбири мардумӣ «моргазида аз ресмони ало метарсад». Нодида гирифтани тамаркузи гурўҳҳои ифротии ҷангиёни ДИИШ дар қисмати шимолии Афѓонистон мувофиқи мақсад нест ва будубошашон ҳатман ҳадафҳои нопок ва муѓризона дорад, «саломашон саломатӣ» намеоварад.

Ин таѓйиротҳои нохушоянд аз ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон баланд бардоштани зиракии сиёсӣ ва ҳушёрии миллиро тақозо менамояд ва дар айни замон дар ҳолати «омодабош» қарор доштани ниҳодҳои қудратиро ба миён мегузорад. Раванди нави ҳамкориҳои боварибахш, ки бо ташаббуси Пешвои миллати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ, алалхусус Тоҷикистону Ўзбекистон танинандоз гардид ва фазои нави муносибатҳои конструктивиро ба вуҷуд овард, аҳамияти бузурги иқтисодӣ, энергетикӣ, фарҳангӣ ва динӣ-мазҳабӣ дорад. Чунин гардиши куллиро дар муносибати кишварҳои Осиёи Марказӣ як навъ эътирози фарҳангсолорӣ ва ваҳдати имонию эътиқодии минтақа ба муқобили душмансозиҳои мазҳабӣ ва динбозиҳои бемаънӣ дар Ховари Миёна баҳогузорӣ кардан мумкин аст. Устувор гардидани ҳамкориҳои судманд бегумон шиддати ифротгароии динӣ ва ба доми фиреб афтодани ҷавонони ноогоҳро ба маротиб коҳиш медиҳад, кишварҳои дўсту бародари минтақаро ба шоҳроҳи ояндаи дурахшон ва рушди устувори иқтисодӣ раҳнамун месозад.

Адабиёти истифодашуда:

1.            Ваҳдат ва раванди гуфтугўи тамаддунҳо. Д.: «Адиб», 2015.

2.            Коротаев А.В., Зинькина Ю.В. Египетская революция 2011 г.: структурно-демографический анализ // Полис. Экстратекст. 2011. Вып. 1.

3.            Intertanko / https://www.intertanko.com.

4.            Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 22 декабри соли 2017. Душанбе, «Шарқиозод», 2017.

5.            Todd Johnson. Religious Projections for the Next 200 Years // Encyclopedia of the Future / George Thomas Kurian (Author, Editor). Publisher: MacMillan Reference Books, 2015. – 1184 p.

 

Маҷмӯаи мақолаҳои
конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии
«Ифротгароии динӣ ва роҳҳои
амалии пешгирии он дар маҳалҳо»
ш. Бохтар – 2018, саҳ. 14-22