Таносуби дин ва миллат: Мушкилоти татбиқи назарияҳои сиёсӣ дар ҷомеаи мусулмонон

Рустам Азизӣ
Аз ибтидои асри ХХ то имрӯз дар фазои муборизаҳои сиёсӣ ва динӣ бархӯрди мафҳуми миллат ҳамчун шакли ваҳдати иҷтимоӣ ва сиёсии мардумони гуногун бо дин ҳамчун шакли дигари суннатии ваҳдати хаёлӣ мушоҳида мешавад. Чунин бархӯрд дар байни ислом ва миллатгароӣ ҳам пайдо шудааст. Қабл аз пардохтан ба баррасии мавзӯъ бояд ба чанд нуқтаи муҳим дар робита бо таърифи миллат аз дидгоҳи дини ислом ва назари мутфаккирони исломӣ ба ин масъала равшанӣ андозем. Сараввал бояд таъкид намоем, ки дар ислом консепсияи миллат ва муносибати байни дин ва миллат дар маънои муосири ин мафҳумҳо вуҷуд надорад. Зеро таълимоти дини ислом дар садаи ҳафтум шакл гирифт, аммо мафҳуми миллат (nation) ба маънои муосири сиёсии он танҳо дар замони Нав ба вуҷуд омад ва ба ибораи назарияпардози машҳури аврупоӣ дар масъалаи миллат ва миллатгароӣ Э. Гелнер «миллат маҳсули замони бунёди соҳаи саноат (industrialisation) мебошад [4, 128].
Мафҳуми миллат дар Қуръон ба маънои динӣ омадааст ва ақидаи ваҳдати иҷтимоию сиёсӣ аслан бар пояи ваҳдати динӣ – уммати исломӣ гузошта шудааст. Худшиносии қавмӣ дар он марҳила аз ҷониби худшиносии динӣ танг карда шуд, ки албатта, дар шароити қуруни вусто як таҳаввули бузурге буд. Мусулмонон ҷамъияти наверо, яъне уммати мусулмонро ташкил мекарданд, ки ба ихтилофоти қавмӣ, нажодӣ ва забонӣ чандон аҳамият қоил набуд. Дар ҳадиси машҳур омадааст, ки «араб бар ғайриараб ва сафед бар сиёҳ ҳеҷ бартарияте ба ҷуз тақво надорад» [6, № 22391].
Умуман дар ин хусус метавон ба чанд масъалаи муҳим ишора кард:
1. Пайғамбари дини ислом Муҳаммад (с) тавонист ҷамъияти суннатии мабнӣ бар ваҳдати қабилавӣ ва қавмиро шикаст дода, тарҳи нави ваҳдати динӣ, яъне умматро пешниҳод кунад.
2. Ислом яке аз омилҳои калидие буд, ки тавонист қабилаҳои парокандаи арабро дар як муддати кӯтоҳ андаруни як ҷамъияти нав муттаҳид кунад. Қабилаҳо акнун на танҳо дар пояи ваҳдати забонӣ ва қавмӣ, балки дар асоси ваҳдати эътиқодӣ ва динӣ муттаҳид шуданд. Дар замони хилофати Аббосиён истилоҳи "муслим" ҷойгузини истилоҳи "араб" шуд.
3. Аз оғози таърихи худ уммати мусулмон мафҳуми фароқавмӣ буд, ки тамоми диндоронро новобаста аз мансубияти қавмӣ ва нажодӣ муттаҳид мекард.
4. Далели гуфтаҳои боло дар он аст, ки баробари ба вуҷуд омадани давлатҳои миллӣ дар садаи бистум исломро марзҳои нави сиёсӣ тақсим накарданд. Ба ибораи ховаршиноси шинохтаи рус В. Бартолд «тақсим шудани ҷаҳони исломӣ ба давлатҳои мустақил ва гоҳо душман ва рақибони сиёсии ҳамдигар дар дидгоҳҳои ҷомеаи мусулмон таъсири нисбатан ночизе дошт. Ин марзҳои сиёсии нав ба унвони як тасодуфи таърихӣ шинохта мешуданд, ки заминаи шаръӣ надорад» [3, 26]. Аз замони ба вуҷуд омадани давлатҳои миллӣ дар ҷаҳони ислом то ҳанӯз ислом яке аз омилҳои калидӣ дар ҳаёти иҷтимоӣ-сиёсии ин кишварҳо мебошад, ки на ҳамеша бо манфиатҳои миллӣ ва сиёсии онҳо созгор аст. Пажӯҳишгари амрикоӣ хонум К. Армстронг дар ин хусус менависад, ки «барои мусулмонон мутобиқ шудан ба шакли ғарбии давлатҳои миллӣ бо мушкилии зеҳнӣ ва эътиқодии онҳо рӯ ба рӯ мешавад, ки гӯё умматро боз ба қавму қабила ва гурӯҳҳои гуногун тақсим мекард» [2, 120]. Мушкилии пазируфтани тарҳи миллӣ дар он буд, ки миллат ва миллатгароӣ ба маънои муосири сиёсии он ҳамчун як бидъати ғарбӣ шинохта мешуд, ҳамчунин дар давраи таъсиси давлатҳои миллӣ дар сарзаминҳои мусулмоннишин дар он ҷо миллатҳои муосир вуҷуд надоштанд ва ҳатто заминаҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ барои ташаккули он мавҷуд набуданд.
Дар охири садаи XIX ва ибтидои садаи XX муборизаи кишварҳо бар зидди истеъмори ғарбӣ масъалаи интихоби роҳи нави сиёсии кишварҳоро ба вуҷуд овард, ки оё бояд дар дохили Хилофати ягона бошанд ва ё давлатҳои алоҳидаи миллӣ ба вуҷуд оянд. Ҳамчунин мушкилии ислоҳот дар ҷомеа ва ҳаёти иқтисодию сиёсии кишварҳои мусулмоннишин ба вуҷуд омад, ки масъалаи таносуби мафҳумҳои миллат ва исломро дар байни ислоҳҳотталабон боз кард.
Агар ба мазмуну муҳтавои ақидаҳои ислоҳотталабони мусулмон дар оғози садаи ХХ, ки асоси фикрии ҳаракатҳои озодихоҳиро дар кишварҳои истеъморшуда ташкил медоданд, бинигарем, ба хубӣ дарк мекунем, ки шакл ва тарҳҳои гуногуни таносуби ислом ва миллатгароӣ пешниҳод шуданд, ки баёнгари шароити иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии кишварҳои алоҳида буданд.
Ислоҳотталабони ва равшанфикрони мусулмони ин давра чун Муҳаммад Абду, Рашид Ризо ва Саййид Ҷамолиддини Афғонӣ зарурати бозбинии низоми фиқҳии исломиро дар баробари талабот ва чолишҳои нави замон таъкид мекарданд. Даъвати аслии онҳо бозгашт ба Қуръону суннат ҳамчун сарчашмаҳои асосии қонунгузории исломӣ ва иҷтиҳод мувофиқи муқтазои ҳолу макон буд. Ҳаққи иҷтиҳод аз нуқтаи назари онҳо на танҳо хосси фақеҳон, балки тамоми мусулмонони оқил ва бомаърифат буда, тақлид бошад ҳамчун падидаи манфӣ арзёбӣ шуда, зери тозиёнаи танқиди онҳо қарор гирифт. Масъалаҳои миллӣ ҳарчанд падидаи нав шинохта мешуданд, аммо аз рӯи усули фиқҳии «аз-зарурату тубиҳу-л-маҳзурот» (зарурат чизҳои мамнӯъро мубоҳ месозад) ва «маслаҳати омма» қобили қабул ва татбиқ қарор мегирифт.
Аммо бояд тазаккур дод, ки дар тамоми тарҳҳои нав таносуби ислом ва миллатгароӣ ба масъалаи побандӣ ба арзиш ва омӯзаҳои дини ислом ва ақидаи ваҳдати умумии мусулмонон авлавият дода мешуд. Ин рӯйкард вижагиҳои «миллатгароии исломӣ»-ро муайян мекунад, ки онро наметавон бо мафҳуми ғарбии миллат ва миллатгароӣ созгор донист. Миллатгароии динӣ, хусусан дар кишварҳои ғайриараб наметавонад дар қолаби тарҳи «миллати қавмӣ» ва ё «миллати шаҳрвандӣ» ғунҷоиш дошта бошад.
Ақидаҳои муассиси панисломизм Ҷамолиддини Афғонӣ метавонанд далели гуфтаҳои боло бошанд. Вай пайваста таъкид менамуд, ки ваҳдати имонӣ ва эътиқодӣ пайвандҳои қавитаринро дар байни мардум ба вуҷуд меорад. Мусулмон аз нигоҳи вай бояд ҳамаи намудҳои асабият (эҳсоси пайвандӣ) ба ҷуз исломро рад ва инкор кунад. Афғонӣ мусулмонҳоро барои муттаҳид шудан дар зери сояи хилофати усмонӣ ва мубориза бар зидди истеъмори ғарбӣ даъват мекард. Вале Туркия аз соли 1924 ниҳоди хилофатро барҳам дода, барои эъмори давлати дунявӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ аз рӯи тарҳ ва модели ғарбӣ тасмим гирифт.
Аз тарафи дигар, Афғонӣ таъкид мекунад, ки ислом метавонад шаклҳои дигари иттиҳодро, ки нисбат ба ваҳдати динӣ хурдтаранд, чун пайвандҳои хонаводагӣ, қабилаваӣ ва қавмӣ бипазирад, аммо ин намуди пайвандҳо аз назари мутафаккир бояд ваҳдати динии мусулмонҳоро тақвият диҳад. Вай мусулмононро даъват мекард, ки ихтилоф ва низоъҳои қавмиро канор гузошта, бар зидди истеъмори «салибдорон»-и ғарбӣ қиём кунанд. Ин шакли миллатгароӣ аз нигоҳи Афғонӣ метавонист ваҳдати тамоми мусулмонони рӯи заминро таъмин намояд. Аммо дар дидгоҳҳои Афғонӣ на пайванд ва ҳамоиши сиёсии уммати исломӣ, балки ваҳдати рӯҳӣ ва эътиқодии онҳо бештар аҳамият дошт.
Дар ин росто дидгоҳҳои Муҳаммад Абду ҷолибтар ба назар мерасанд. Ҳарчанд вай ақидаи умумиисломиро дар бораи напазируфтани бартарияти қавмӣ баён менамуд, вале дар баробари ин ба ҷойгоҳи вижаи арабҳо дар байни ақвоми мусулмон таъкид мекард. Ҳамзамон Абду бовар дошт, ки аҳолии ҳамаи кишварҳо сарфи назар аз мансубияти динӣ ва қавмӣ пайвандҳои қавии ваҳдати миллиро низ доранд ва Ватан сарчашмаи ҳуқуқ ва уҳдадориҳои тамоми шаҳрвандон мебошад.
Ин ҷо саволе ба миён меояд, ки вижагии шинохти исломӣ аз миллат бар асоси сарчашмаҳои муътабари динӣ ва ақидаҳои муаллифони мусулмон дар чист? Таҳлили дидгоҳҳои гуногун нишон медиҳад, ки дар ин масъала якдилӣ ва равшанӣ вуҷуд надорад. Ба ақидаи устоди покистонӣ Алихон Шафиқ тамоми мусулмонҳои дунё як миллати ягонаро ташкил медиҳанд. Вай менависад: «Тарҳи миллат дар ислом мабнӣ бар пояҳои баробарӣ ва бародарӣ байни одамон аст… Ҳамаи афроде, ки побанди арзиш ва боварҳои ислом ҳастанд, миллати исломро ташкил медиҳанд ва касоне, ки ин арзиш ва ақидаҳоро қабул надоранд ба миллати ғайр нисбат дода мешаванд, ки мухолифи милати ислом аст» [1, 13]. Аз нигоҳи Муҳаммад Абду миллат як шакли ваҳдати одамон мебошад, ки дар зинаҳои поёнтар нисбат ба ҳувияти динӣ қарор дорад. Ба назари Муҳаммад Иқбол на забон, ҳудуд ва манфиатҳои иқтисодии умумӣ, балки ҷаҳонбинӣ ва суннатҳои ягонаи таърихӣ миллатро муайян мекунанд, яъне ваҳдат ва ягонагии миллат бештар бар пояи арзиш ва ақидаҳои муштараки динӣ ва сиёсӣ устувор аст.
Албатта, дар садаи ХХ дар кишварҳои мусулмонӣ назарияпардозон ва мутафаккироне низ вуҷуд доштанд, ки ҷонибдори таърифи дунявӣ ва шаҳрвандии миллат буданд, ки ақидаҳои онҳо зербинои устуворе барои густариши миллатгароии қавмии арабӣ, эронӣ, туркӣ ва ғайра шудаанд. Бархе аз ин гуна сиёсатмадорон, аз қабили Мустафо Камол Отатурк, Аҳмад Зоку ва дигарон аслан барои ислом нақшеро барои миллатсозӣ қоил набуданд. Дигарон исломро ҳамчун омили фарҳангӣ ва хотираи таърихии миллат эътироф намуда, нақши сиёсии онро маҳдуд месохтанд.
Яке аз намояндагони миллатгароии ҷадиди арабӣ Мустафо Хусрӣ ҳамон таърифи миллатро пешниҳод мекунад, ки бар асоси таълимоти сиёсии ғарбӣ бунёд ёфтааст. Ба ақидаи вай «миллат падидаи иҷтимоие аст, ки аз зиндагӣ ва эҳсос бархурдор аст. Зиндагии миллат – забони он ва эҳсоси миллат – таърихи он мебошад» [5]. Мувофиқи ақидаҳои вай миллате, ки таърихи худро фаромӯш мекунад, дар хоби гарон аст ва миллате, ки забони худро фаромӯш мекунад, нобуд мешавад. Аз нигоҳи вай ислом бо сабаби вуҷуд доштани ҷараён ва равияҳои гуногун ва мухолиф дар дохили худ наметавонад ба унвони нишона ва ё унсури асосии миллат муаррифӣ шавад. Вале миллатгароёни араб, ки баъзе аз онҳо пайрави дини масеҳӣ буданд, ба мисли Форис Шидёқ, Ҷурҷӣ Зайдон ва дигарон ҷойгоҳи бузург ва нақшу аҳамияти таърихии дини исломро барои ташаккули фарҳанг, ҳувият, забони арабӣ ҳамчун унсури ифтихори миллии арабӣ эътироф мекарданд. Чунин рӯйкардро метавон татбиқи амалии консепсияи ихтирои суннати Эрик Ҳобсаум (the invention of tradition) донист, ки мувофиқи он «давлат ва ниҳодҳои расмӣ аз суннатҳои фарҳангии қавмҳо ба унвони васила барои эҷоди ваҳдати хаёлӣ истифода мебаранд [1, 15]. Кавокибӣ низ таҳти таъсири таълимоти фалсафӣ ва сиёсии модернистии ғарбӣ миллатро чунин таъриф мекунад: «ваҳдати инсонҳо бар пояи умумияти нажодӣ, забонӣ, ватанӣ ва ҳуқуқӣ».
Падари миллати Покистон Муҳаммад Алӣ Ҷиноҳ низ феҳристи густурдаи нишона ва унсурҳои таркибии миллатро пешниҳод мекунад. Ба андешаи вай нишонаҳои миллат шомили фарҳанг ва тамаддун, забон ва адабиёт, ҳунар ва меъморӣ, номгузорӣ, арзишҳо, қонун ва ахлоқ, тақвим, одат ва расму ойин мебошад. Ҷиноҳ бовар дошт, ки миллат метавонад аз гурӯҳҳои қавмии мухталиф таъсис ёбад, ки бо забонҳои модарии худ суҳбат мекунанд, аммо забони адабӣ ва расмӣ бояд ягона бошад. Аз ин рӯ, забони урду ба унвони забони расмӣ барои ҳамаи мусулмонони Ҳинд пешниҳод мешавад.
Хулоса, ҳам миллатгароёни динӣ ва ҳам дунявӣ исломро ба унвони яке аз унсурҳои таркибии ҳувияти миллӣ муаррифӣ мекунанд, вале дар мавриди ҷой ва нақши он дар баробари унсурҳои дигари ҳувиятӣ ихтилофи назар доранд. Албатта, дар он марҳилаи таърихӣ нақши ислом дар муборизаи озодихоҳии зиддиистеъморӣ бузург буд, аз ин рӯ, онҳо наметавонистанд ин омилро сарфи назар кунанд. Вале яке аз мушкилиҳои асосии миллатгароӣ дар кишварҳои мусулмон ба ақидаи муҳақкиқи рус З.И. Левин дар он буд, ки он «на натиҷаи таҳаввул ва рушди таърихии тафаккур ва андешаи исломӣ, балки вокуниш ва самараи воқеияти иҷтимоӣ-сиёсии даврони истеъмор ва кӯшиши татбиқи ормонҳои иҷтимоии мардуми мусулмон буд» [5].
Дар баробари намудҳои гуногуни ҳамоҳангсозии унсурҳои миллӣ ва исломӣ ақидаҳои тундрави исломгароӣ низ вуҷуд доштанд, ки аслан миллат ва миллатгароиро ба унвони бидъатҳои ғарбӣ ҳамчун падидаҳои манфӣ арзёбӣ менамуданд.
Исломгароён миллат ва миллатгароиро ҳамчун назарияи мухолиф ба арзиш ва омӯзаҳои дини ислом шинохта, бо мақсаду ҳадафҳои он аслан мувофиқ набуданд. Миллатгароӣ, ба назари онҳо, барои эъмори ваҳдати мусулмонон халал эҷод мекунад. Зиёда аз ин, миллатгароӣ барои онҳо зуҳуроти мабнӣ бар эҳсоси бартарияти қавмӣ ва натиҷаи андешаи секуляризм аст. Татбиқи амалии чунин андешаро метавон дар падидаи исломи сиёсӣ мушоҳида кард, ки ҳадафи он бунёди «давлати исломӣ» аст.
Аз назарияпардозони исломии миллатситез падари маънавии Покистон ва яке аз тарроҳони тақсими Ҳиндустон Абӯаъло Мавдудӣ мебошад, ки мақсади вай эҳёи давлат ва ҷомеаи мабнӣ бар таълимоти Қуръон ва суннат буд. Мавдудӣ ҷаҳонро ба дорулислом ва дорулҳарб тақсим менамуд. Дар китоби худ «Миллатгароӣ ва Ҳинд» Мавдудӣ менависад: «Ҳадафи ниҳоии ислом – таъсиси давлати ҷаҳонӣ мебошад, ки дар он андешаҳои миллӣ ва нажодӣ вуҷуд надорад ва тамоми башарият низоми ягонаи сиёсӣ ва фарҳангиро ташкил мекунад… Давлати исломӣ на давлатӣ миллӣ, балки давлати имонӣ аст».
Ин рӯйкарди сиёсӣ барои назарияпардозон ва намояндагони ҷараёни «Ихвонулмуслимин», ба мисли Ҳасан ал-Банно, Саид Қутб ва дигарон низ хос аст. Дар эъломияи «Даъвати мо», ки соли 1945 аз ҷониби ихвониён содир шуд, аз ҷумла омадааст: «Ислом – ин дин ва ойин, ватан ва миллат, рӯҳ ва амал, дин ва давлат, Қуръон ва шамшер мебошад». Татбиқи амалии андешаи ихвонӣ боиси эҷоди хатар ба амният ва манфиатҳои миллии кишварҳо дар саросари ҷаҳони ислом гардид. Ба маълумоти пажӯҳишгари ватанӣ Абдулло Раҳнамо фаъолони ҲНИТ солҳои 70-80-уми садаи гузашта дар ҳалқаҳои дарсии худ дар баробари китобҳои динӣ осори Мавдудӣ ва фаъолони ихвониро мутолиа ва баррасӣ мекарданд. Натиҷаи шуми таъсири ин осорро миллати мо солҳои 90-уми садаи гузашта аз сар гузаронид.
Дар заминаи маводи таҳлилии баёншуда ба чунин хулосаҳо расидан мумкин аст:
1. Дар ислом мафҳуми муосири сиёсии миллат вуҷуд надорад, балки мафҳуми уммат ҳамчун шакли ваҳдати динии мардум пешниҳод мешавад, ки болотар аз вижагиҳои қавмӣ, қабилавӣ ва нажодии онҳо меистад.
2. Тарҳ ва пружаҳои гуногуни миллат ва миллатгароӣ дар ҷаҳони ислом натиҷаи инкишоф ва таҳаввули афкор ва андешаи динӣ набуда, балки реша дар муборизаҳои сиёсӣ бар зидди истеъмори ғарбӣ ва ё натиҷаи татбиқи нақшаҳои сиёсии қудратҳои сиёсӣ мебошад.
3. Аз дидгоҳи мутафаккирон ва назарияпардозони созандаи сиёсӣ дар кишварҳои мусулмонӣ манфиатҳои миллӣ ва ватанӣ метавонанд бо эътиқоди динӣ созгор бошанд ва ҳатто аз унсури динӣ ба унвони нерӯи тавоно ва созанда барои татбиқи онҳо истифода баранд.
4. Давраи исломӣ дар таърихи миллати мо ва унсури динӣ дар ҳувияти миллии мо нақш ва аҳамияти бузург дорад, ки наметавон онро дар тарҳрезӣ ва масоили ҳифзи манфиатҳои давлатӣ ва миллӣ сарфи назар кард.
5. Хатари истифодаи манфии омӯза ва арзишҳои динӣ аз ҷониби унсурҳои фаромиллии панисломӣ бар зидди арзишҳои миллӣ ва фарҳангии мо аз тариқи эҷоди ҳисси беэҳтиромӣ нисбат ба таърих ва фарҳанги ғании тоисломӣ вуҷуд дорад, ки бояд ба ин масъала аз ҷониби коршиносон ва ниҳоду созмонҳои марбута таваҷҷуҳи бештар дода шавад.
 
Адабиёти истифодашуда:
1. Hobsbawm E. Inventing Traditions // The Invention of Tradition / ed. by E. Hobsbawm, R. Terence. Cambridge: Cambridge University Press, 2002. P. 115.
2. Армстронг К. Ислам: краткая история от начала до наших дней / Пер. с англ. М. Беловой. – М.: «Эксмо», 2011. – 320 с.
3. Бартольд В.В. Сочинения. – Москва: «Наука», 1965. – Т. 6. – 780 с.
4. Гелнер Эрнст. Нации и национализм / Пер. с англ., ред. и послесловие И.И. Крупника. – Москва: «Прогресс», 1991. – 320 с.
5. Шаповал Ю.В. Ислам и национализм: конфронтация или возможность взаимодействия? http://reset.ivanovo.ac.ru/courses/6lectures/42islam
.6 أبو عبد الله أحمد بن محمد بن حنبل بن هلال بن أسد الشيباني. مسند الإمام أحمد بن حنبل. الناشر: مؤسسة الرسالة. الطبعة الأولى، 1421 ه 2001م.
 
Маҷмӯаи мақолаҳои
конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии
«Ифротгароии динӣ ва роҳҳои амалии пешгирии он дар маҳалҳо»
ш. Бохтар – 2018, саҳ. 22-31