Ширкати кормандони Марказ дар чорабиниҳои Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кормандони Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабиниҳои баргузорнамудаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат ва суханронӣ карданд. Рўзи 26-уми феврал бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳое, ки аз Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, инчунин амалисозии Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 дар мавзӯи “Инъикоси масоили ифротгароӣ дар фазои иттилоотӣ ва таъсири он ба суботи ҷомеа: мушкилот ва паёмадҳо” мизи мудаввар баргузор гардид. Дар ин мизи мудаввар котиби илмии Марказ Марамбеков Марамбек дар мавзўи «Усул ва шакли тарғиботи ифротгароӣ дар васоити ахбори омма» суханронӣ намуда, муҳтавои маърўзаи худро тавассути слайдҳо пешниҳоди ҳозирин намуд. Иштирокдорони дигари мизи гирд низ доир ба масоиле чун раванди бархӯрди тафаккури анъанавӣ бо андешаҳои динӣ-ифротӣ дар ҷомеа, усул ва шакли тарғиботи ифротгароӣ дар васоити ахбори омма, таҷрибаи бозгардонидани донишҷӯён аз хориҷи кишвар, раванду паёмади гирифтани таълимоти динӣ дар хориҷи кишвар табодули афкор намуданд. Виркани Музаффар низ дар музокирот иштирок ва суханронӣ карда, барои ҷоннок сохтани фаъолияти тарғиботии зидди гуруҳҳои ифротӣ аз ҷониби коршиносон, масъулини соҳаи дин ва диншиносию исломшиносӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ибрози андеша намуд.
Ҳамчунин дар Кумита рўзи 1 феврал дар мавзӯи “Гароиши ҷавонони тоҷик ба ҷараёнҳои ифротӣ дар дохил ва хориҷи кишвар: заминаҳо, омилҳо ва паёмадҳо” ҷамъомад баргузор гардид. Дар ин ҷамъомад мутахассиси пешбари шуъбаи пажуҳиши исломи муосир Баҳромбеков Д. бо мавзўи «Радикализми динӣ дар байни ҷавонон» маърўза намуда, ба ҳозирин натиҷаҳои таҳқиқоти сотсиологии дар ин самт анҷомдодаро пешниҳод кард. (Матни гузориш чоп мешавад). Дар рафти ҷамъомад доир ба мавзӯоте чун омилҳои гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дар кишвар ва дар байни муҳоҷирони кории тоҷик ва роҳҳои пешгирӣ аз ин раванд, нигаҳдории оиладории миллӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ ва рушди ифротгароӣ, ба роҳ мондани ҳамкории бештаре миёни мақомоти давлатӣ ва ҷавонон табодули назар сурат гирифт.
Яндекс.Метрика