Имя автора: pressa

Президент, Хабарҳо

Боздид аз шаҳри Левакант ва ба истифода додани корхонаи истеҳсолии Хишти диёри ҶДММ Парки инноватсионии саноатию технологии шаҳри Левакант

26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ, мулоқот бо сокинон ва шиносоӣ бо раванди корҳои созандагӣ аз ноҳияи Ёвон ба шаҳри Леваканти вилояти Хатлон ташриф оварданд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти шаҳри Левакант ва фаъолону сокинон бо самимияти баланд истиқбол гирифтанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Косибони деҳоти Ваҳдати шаҳри Левакант корхонаи истеҳсолии Хишти диёрро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Корхонаи муосири «Хишти диёр» дар шаҳри Левакант ба истиқболи ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ, 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръат аз тарафи ҶДММ Парки инноватсионии саноатию технологии шаҳри Левакант бунёд шуда, иқтидори он дар як шабонарӯз 250 ҳазор ва дар як сол 90 миллион дона хишт мебошад. Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корхона дар муҳлати 1 сол бо сифати баланду ҷавобгӯи талаботи стандартҳои байналмилалӣ сохта шуда, дар раванди сохтмон сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб шуда буданд. Корхона дар заминаи фазои мусоиди соҳибкорию сармоягузорӣ бо мақсади  саҳмгузорӣ дар рушди истеҳсолоти ватанӣ ва вусъати корҳои созандагӣ бо истифода аз таҷҳизоти муосири истеҳсолӣ дар масоҳати бештар аз 12 гектар бунёд шуда, раванди коркарду истеҳсоли маҳсулот дар ин ҷо автоматӣ сурат мегирад. Ин омил ба татбиқи солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия мусоидати амиқ менамояд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани Корхонаи истеҳсолии Хишти диёр 40 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин шуданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкори ватаниро барои бунёди чунин иншооти саноатӣ муҳим арзёбӣ карда, ба масъулон супориш доданд, ки бештар ба сифат ва стандарти маҳсулот таваҷҷуҳ зоҳир намоянд. Сокинон ва соҳибкорони ватанӣ дар пайравӣ ба иқдомҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талош мекунанд, ки ба хотири таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон тадбирҳои ободониро дар шаҳру ноҳияҳои кишвар вусъат дода, саҳми худро дар ободонии Ватани азизамон гузоранд. Баъди шиносоӣ бо раванди истеҳсоли хишти пухта дар Корхонаи Хишти диёр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии нозироти андоз дар шаҳри Левакант ва бинои  иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 барои 400 хонандаро дар ду баст дар деҳаи Зағертути деҳоти Ваҳдат ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи бинои нави Нозироти андоз дар ноҳияи Данғара

26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара бинои нави Нозироти андози ноҳияро мавриди истифода қарор доданд. Бинои нави Нозироти андоз дар доираи сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои кормандони мақомоти андоз ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба андозсупорандагон бунёд гардидааст. Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонии иншоот соли 2024 оғоз гардида, бо риояи талаботи муосири меъморӣ ва сохтмонӣ дар муҳлати муайян ва бо сифати баланд бунёд карда шудааст. Дар бинои мазкур барои фаъолияти самараноки кормандон шароити зарурии корӣ муҳайё карда шудааст. Дар бинои нав 35 ҳуҷраи корӣ, ҳуҷраҳои компютерӣ ва машваратӣ, толори калони маҷлис бо 100 ҷойи нишаст, маркази хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, бойгонӣ ва ҳуҷраҳои техникӣ ҷойгир шудаанд. Таъкид гардид, ки ҳангоми тарҳрезӣ ва бунёди иншоот ба фароҳам овардани муҳити муносиб барои фаъолияти кормандон, истифодаи технологияҳои муосир ва рақамикунонии равандҳои хизматрасонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шудааст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида ба сифати корҳои сохтмонӣ ва ороиши бино баҳои баланд дода, масъулинро ба истифодаи самараноки имкониятҳои муҳайёгардида, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва риояи талаботи қонунгузории андоз ҳидоят намуданд. Ифтитоҳи бинои нави Нозироти андози ноҳияи Данғара дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи арзанда ба кормандони соҳа арзёбӣ гардид.

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи Майдони Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ ва муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ дар ноҳияи Ёвон

26 август сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз ноҳияи Ёвон оғоз гардид. Дар фурудгоҳи муваққатии ноҳияи Ёвон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти вилояти Хатлон, масъулони ноҳия ва намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа бо самимият истиқбол гирифтанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвон нахуст Майдони Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ ва муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомониро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Ин маҷмааи муҳташами меъморӣ, ки бозгӯй аз таъриху тамаддун, давлатдории миллӣ ва дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад, дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи шаҳраки Ёвон бунёд гардидааст. Майдони рамзҳои давлатӣ ва муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ дар масоҳати 1,1 гектар ҷойгир шудааст. Сутунпояи Парчами давлатӣ 56 метрро ташкил намуда, матоъи Парчам бо дарозии 15 ва паҳноии 7,5 метр парафшон шудааст. Таҳкурсии иншоот аз сангҳои хорои ватанӣ бунёд ёфтааст. Дар паҳлуи Парчами давлатӣ муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ қомат афрохта, ба ҳусни мавзеъ шукӯҳи бештар бахшидааст. Баландии худи муҷассама 8 метр буда, бо таҳкурсӣ баландии умумии он ба 14 метр мерасад. Истифодаи масолеҳи баландсифати ватанӣ ва маҳорати ҳайкалтарошони тоҷик ба муҷассама намои хос бахшида, онро ба як асари меъмории дорои мазмуни баланди таърихиву миллӣ табдил додааст. Гузоштани шер аз ду паҳлӯи муҷассама бозгӯй аз мардонагӣ, ҷасорат ва тавонмандии миллати тоҷик аст. Рамзи дигари кишвари соҳибистиқлол ва давлатдории навини тоҷикон – Нишони давлатӣ бо баландии 22 метр сохта шудаааст. Иншооти муҳташами меъморӣ ҳамчун рамзи давлатдорӣ, истиқлолу озодӣ, ваҳдати миллӣ ва эҳтирому арҷгузорӣ ба таъриху тамаддуни миллат хизмат намуда, дар таҳкими худшиносӣ ва ифтихору сарафарозӣ аз давлатдории навини тоҷикон аҳамияти хос дорад. Имрӯз ин макон на танҳо симои ноҳияи Ёвонро дигаргун кардааст, балки метавонад ба як мактаби маънавии худшиносӣ ва ватандӯстии насли наврас табдил ёбад. Зеро ҳар як рамзи давлатӣ дар ин ҷо ба таърихи миллат, соҳибистиқлолӣ ва арзишҳои давлатдории миллӣ пайванд дорад. Баробари ба истифода додани Майдони Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ ва муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ дар ноҳияи Ёвон як гӯшаи нави ободу зебо ва дорои аҳамияти миллӣ ба вуҷуд омад, ки аз ин пас барои баргузории чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, инчунин тамошову истироҳати сокинону меҳмонон хизмат хоҳад кард. Муҳимтар аз ҳама, ин макон метавонад ба мавзеъе табдил ёбад, ки дар он эҳтиром ба Парчам, Нишони давлатӣ, таърихи давлатдории тоҷикон ва арзишҳои миллӣ дар қалби наслҳои нав боз ҳам устувор мегардад.

Президент, Хабарҳо

Ба таври фосилавӣ ифтитоҳи 14 иншоот дар ноҳияи Ёвон ва 5 иншоот дар ноҳияи Хуросон

26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар ноҳияи Ёвон 14 иншооти таъйиноти гуногун ва 5 иншооти соҳаҳои саноату  маорифро дар ноҳияи Хуросон ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ доданд. Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Корхонаи истеҳсоли хиштҳои гаҷии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Файзи гач, ки иқтидори солонаи он 1,5 млн. дона хиштро ташкил медиҳад, расман оғоз бахшиданд. Зимни шиносоӣ бо раванди истеҳсолот ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар корхона 18 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардиданд. Ҳамзамон дар минтақаи саноатии деҳоти Даҳанаи ноҳия корхонаи истеҳсоли нуриҳои минералии Агромикси  ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Талко Кемикал,  ки  дар як сол  12,5 ҳазор тонна агромикс истеҳсол мекунад, мавриди истифода қарор дода шуд. Корхонаи истеҳсолии Агромикс бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизотҳои муосир ва ҷалби мутахассисони маҳаллӣ бунёд гардида, се номгӯи маҳсулот, аз ҷумла сулфати аммоний, доломит ва фосмука истеҳсол мекунад. Дар баробари ба фаъолият оғоз бахшидани корхона дар марҳилаи аввал 24 кас бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд. Иншооти дигари фосилавӣ ифтитоҳшуда масири Ёвон – Рӯдакӣ – Душанбе мебошад, ки  31 километрро ташкил дода, аз ҷониби соҳибкори ҳимматбаланд ва меҳандӯст Баҳриддин Ҷӯрахонов таъмиру навсозӣ гардидааст. Зимни шиносоӣ аз ин қитъаи роҳ иттилоъ дода шуд, ки масири мазкур аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта, мутобиқ ба талаботи муосир бо паҳноии 8  метр  мумфарш карда шудааст. Дар ҳамин ҷо роҳи Ёвон-Ваҳдат-Норак, ки дар масофаи 18 километр бо иқдоми соҳибкори ватандӯст Акбар Асадулло пурра навсозӣ шудааст, ба истифода дода шуд. Инчунин 3 километр роҳи дорои аҳамияти маҳаллӣ, ки дар ҳудуди деҳаи Наврӯзгоҳи деҳоти Норини ноҳияи Ёвон мумфарш шудааст,  дар ҳамин рӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бунёд ёфтани ин қитъаи роҳҳо дар рушди инфрасохтори нақлиётии ноҳия, ҳаракати мунтазам  дар тамоми фасли сол, беҳтар гардидани иртибот бо шаҳру ноҳияҳои дигар, интиқоли зуд ва бехатарии мусофирон, молу маҳсулоти саноатӣ ва коҳиш додани хароҷоти нақлиётӣ мусоидат мекунад. Дар доираи истиқболи сазовор аз ҷашни таърихӣ 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҳудуди ноҳияи Ёвон 70 километр роҳҳо мумфарш карда шуда, дар оянда боз бунёди 30 километр роҳи дигар дар назар дошта шудааст. Иншооти навбатӣ бинои нави Муассисаи таълимии рақами 84 ба ҳисоб меравад, ки дар ҳамин рӯз ба таври фосилавӣ ифтитоҳ гардид. Ин бино аз ду ошёна ва 16 синфхонаи таълимӣ иборат буда, имсол дар он 800 хонанда дар ду баст соли нави таҳсилро оғоз менамоянд. Ҳоло дар ин муассиса 4 ҳуҷраи корӣ ва 18 ҷойи корӣ таъсис дода шудааст. Бо бунёди ин бино дигар толибилмон масофаи 3-5 километрро тай накарда, аз ин пас тадрисро дар мактаби деҳаи худ идома медиҳанд. Бинои дуошёнаи иловагии муассисаи таълимии рақами 3 воқеъ дар деҳаи  Ҳинддараи деҳоти Обшорон аз иншооти дигари соҳаи маориф мебошад, ки ба таври фосилавӣ ба истифода дода шуд. Иншооти навбунёд аз 16 синфхона ва 9 ҳуҷраи корӣ иборат буда, барои 800 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Бинои мазкур бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ сохта шудааст. Бинои асосии муассиса аз соли 1972 сохта шуда,  бо гузашти солҳо ба таъмири асосӣ ниёзманд шуда буд. Дар ин ҷо бо оғози соли нави хониш 32 омӯзгор ба зиёда аз 800 хонанда дарс хоҳанд дод. Ҳамзамон иншооти навбатии мавриди истифода қароргирифта бинои дуошёнаи иловагӣ дар назди Муассисаи таълимии рақами 69 ба номи Асадулло Ғулом воқеъ дар деҳаи Тағойободи деҳоти Обшорон мебошад. Бино аз 17 синфхонаи таълимӣ  ва 8 ҳуҷраи корӣ иборат буда, барои 800 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Иншооти нав бо саҳми соҳибкор Акбар Асадулло ва сокинони маҳаллӣ бунёд гардидааст. Бо бунёди ин бино 34 омӯзгор соҳиби кори доимӣ гардиданд. Бинои дуошёнаи иловагӣ дар назди муассисаи таълимии рақами 27 дар деҳаи Калфи сабади деҳоти Ситораи сурхи ноҳия дар ҳамин рӯз дари худро барои хонандагон боз намуд. Дар ин муассисаи таълимӣ 400 ҷойи нишаст барои хонандгон дар ду баст таъсис дода шуда, дорои 8 синфхона ва 3 ҳуҷраи корӣ мебошад. Дар ин ҷо низ 44 омӯзгор ба таълиму тарбияи насли наврас машғул мегарданд. Ҳамин тавр дар доираи сафари кории навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ёвон ва идомаи тадбирҳои ободонӣ ба ифтихори истибқоли сазовор аз 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар назди 4 муассисаи таълимӣ 66 синфхона барои ба таълим фаро гирифтани 3300 хонанда дар ду баст ба истифода дода шуд.   Инчунин корҳои сохтмони дар 23 муассисаи таълимии дигар, ки аз 283 синфхона иборат мебошанд ва барои 14 ҳазору 150  хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст,  бо маром ҷараён дорад. Ҳоло дар ноҳияи Ёвон зиёд аз 64 корхонаи хурду бузурги саноатӣ фаъолият дошта, дар онҳо 2800 ҷойи кори доимӣ таъсис дода шудааст. Саҳми корхонаҳои мазкур дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2025 43,1 фоизро ташкил медиҳад ва дар онҳо 75 номгӯи маҳсулоти ивазкунандаи воридот истеҳсол мешавад. Дар нимсолаи аввали соли 2026 корхонаҳои саноатии ноҳия ба маблағи 934 млн. 369 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд. Ҳамзамон дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сардхонаро, ки бо ғунҷоиши 1600 тонна маҳсулот барои ба муҳлати дароз нигоҳдории дастранҷи кишоварзони ноҳияи Хуросон бунёд шудааст,  ба истифода доданд. Ин сардхона дар ҳудуди заминҳои хоҷагии деҳқонии ба номи Асадулло сохта шуда, он аз ду қисмат ва 16 ҳуҷраи нигоҳдории маҳсулот  иборат мебошад ва ҳар яки онҳо то 100 тонна иқтидори  ғунҷоиш доранд. Тавре ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, Хоҷагии деҳқонии мазкур дар ихтиёри худ 16 ҳазор гектар замин дошта, майдони 1027 гектари онро дарахтони меваҳои хушсифат ва боғи ангур ташкил медиҳад. Корхонаи истеҳсоли қуттиҳо ва бандубасти меваи хушки ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Маркази агрологистикии Меваи тоҷик  низ дар ҳамин рӯз ба фаъолият оғоз намуд. Ин корхона дар як шабонарӯз зиёда аз 2800 ва дар як сол 1 млн 8 ҳазор қуттӣ барои бандубасти меваи хушк истеҳсол мекунад. Дар ин корхона 20 мутахассиси маҳҳалӣ бо кори доимӣ таъмин гардид. Бинои навбатии ифтитоҳгардида муассисаи таълимии рақами 20 дар деҳаи Бандари деҳоти Сурхқалъа мебошад, ки барои бо таълим фаро гирифтани 624 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Ин муассисаи таълимӣ аз ду ошёна ва 13 синфхонаи барҳаво иборат мебошад.  Дар ҷараёни сохтмони бинои нав 20  мутахассиси маҳаллӣ ба кор ҷалб гардида буд. Бинои иловагии муассисаи таълимии рақами 35 низ,

Президент, Хабарҳо

Бинои маъмурии Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Ёвон

26 август дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Ёвон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияро мавриди истифода қарор доданд. Бинои мазкур ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии ҶумҳурииТоҷикистон ва бо мақсади фароҳам овардани шароити муносиб барои фаъолияти кормандон ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба нафақахӯрону шаҳрвандон бунёд гардидааст. Дар бино қабулгоҳ, толори интизорӣ, 13 ҳуҷраи корӣ, ҳуҷраҳои хизматрасонии “Равзанаи ягона” ва китобхона ҷойгир шудаанд. Ҳуҷраҳои корӣ бо мизу курсӣ, ҷевонҳои нигоҳдории ҳуҷҷатҳо, компютер ва дигар таҷҳизоти муосири корӣ муҷаҳҳаз буда, барои фаъолияти самараноки кормандон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Бино бо низоми гармидиҳии мутамарказ пайваст аст. Дар атрофи бино ободонию сабзкорӣ анҷом дода шудааст. Атрофи бино бо гулу гиёҳҳои мавсимӣ, дарахтони ороишӣ ва ҳамешасабз оро дода шудааст. Сарвари давлат муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон зимни шиносоӣ бо шароити иншоот ба масъулон ҷиҳати истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда, таъмини хизматрасонии босифат ва муносибати масъулиятнок ба муроҷиати шаҳрвандон дастуру тавсияҳо доданд.

Президент, Хабарҳо

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи озод намудани судяҳо   Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам: 1. Шарифзода Рудоба Ҳомиддин аз вазифаи раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе озод карда шавад. 2. Абдуҳамидзода Валиҷон Абдумаҷит бо сабаби вазъи саломатӣ аз вазифаи судяи суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд озод карда шавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш. Душанбе 24 августи соли 2026 №1220

Президент, Хабарҳо

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

25 август таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маҷлис нахуст дар бораи Барномаи рушди сайёҳии дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031 раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ҷамшед Ҷумъахонзода гузориш дод. Таъкид гардид, ки лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муайян намудани ҳадафҳо, вазифаҳо, афзалиятҳо ва самтҳои рушди устувори сайёҳии дохилӣ таҳия шудааст. Барнома барои мусоидат ба эҷоди фазои босифати сайёҳӣ ва ҳавасмандгардонии рушди минбаъдаи сайёҳии дохилӣ баланд бардоштани некуаҳволӣ ва сифати зиндагии аҳолӣ, ҳифзи таърихи бостонӣ, муаррифии манзараҳои ҷолиби кишвар, тарғиби фарҳанги миллӣ ва дигар ҷаззобиятҳои Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Иттилоъ дода шуд, ки дар соли 2025 2 миллиону 400 ҳазор сайёҳи хориҷӣ ба Тоҷикистон сафар намуд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки барои боз ҳам афзун гардидани шумораи сайёҳон ба Тоҷикистон имкону захираҳо хеле зиёданд, ки бояд пурсамар истифода шаванд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки барнома ва нақшаи чорабиниҳои амалигардонии он тасдиқ гардида, татбиқи онҳо самарабахш ба роҳ монда шавад. Сипас, Барномаи рушди мактабҳои бачагонаи мусиқӣ, рассомӣ, санъат ва мактаб-интернатҳои миёнаи махсуси ҷумҳуриявии мусиқӣ ва санъат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031 баррасӣ гардид. Гуфта шуд, ки лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мусоидат ба рушди муассисаҳои таҳсилоти иловагии бадеӣ ва миёнаи махсуси соҳаи фарҳанг, ташаккули низоми такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва тайёр намудани мутахассисон, таҳкими заминаи моддиву техникӣ ва ба талаботу шароити муосир мутобиқ кардани фаъолияти онҳо таҳия шудааст. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои амалисозии барномаи мазкур ба сохторҳои марбута дастуру тавсияҳо доданд. Инчунин дар кори маҷлис лоиҳаҳои як қатор қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар бораи сиёсати аграрӣ ва дар бораи муҳоҷират баррасӣ шуда, барои муҳокима ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид. Нақшаи амали Барномаи бехатарии озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028 дар солҳои 2027-2028 низ баррасӣ ва қабул карда шуд. Дар фароварди маҷлис Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ барои дар саросари кишвар ба таври бошукуҳу шаҳомат таҷлил намудани 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ вазифагузорӣ намуданд.

Президент, Хабарҳо

Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ва ҷоизаҳо ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ

25 август дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияташон натиҷаҳои шоистаи таҳсин доранд, мукофотҳои олии давлатӣ ва ҷоизаву унвонҳои фахрӣ тақдим намуданд. Нахуст, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба муносибати 35-солагии ҷашни муқаддаси миллӣ – Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ифтихори сарфароз гардиданашон бо мукофотҳои давлатӣ самимона табрик намуданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ мо бо такя ба иродаи қавӣ ва дастгириву заҳмати содиқонаи мардумамон аз марҳалаҳои ниҳоят душвору сангини таърих сарбаландона гузаштем. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми ҳар як нафарро дар раванди созандагиву ободонии Ватан назаррас арзёбӣ намуданд ва афзуданд, ки заҳмати содиқонаи онҳо дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти давлат ва ҷомеа имрӯз аз ҷониби Ҳукумати кишвар ба таври шоиста қадрдонӣ мегардад. Таъкид гардид, ки бо дарназардошти “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” эълон шудани соли 2026 саъйу талоши бештар ба хотири ободии тамоми гӯшаву канори кишвар, баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии мардум ва хусусан наврасону ҷавонон, вазифаи аввалиндараҷаи мо мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллии тоҷиконро бузургтарин комёбӣ номида, иброз доштанд, ки кормандони бо мукофотҳои давлатӣ сарфарозшуда, минбаъд низ имконияту неруи худро ба хотири боз ҳам мустаҳкам гардондани бинои муҳташами истиқлолу озодии Ватан, пояҳои маънавии ҷомеа ва пешрафти давлати соҳибистиқлолу соҳибихтиёри тоҷикон сафарбар месозанд. Баъди суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор гардид. Барои дастовардҳои баланди меҳнатӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ, рушди илму фарҳанг ва дигар бахшҳои иқтисоди миллӣ 165 корманди соҳаҳои илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро гирифтанд. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфарозгардонии кормандони соҳаҳои илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои саҳми арзанда дар рушди илму фарҳанги кишвар, ҳифзи саломатии аҳолӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ ва дастовардҳои баланди истеҳсолию соҳибкорӣ мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор кормандон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ саҳми аҳли илму адаб ва фарҳанги кишварро таъкид намуданд. Натиҷаи ҳамин қадршиносиҳо буд, ки имрӯз 7 нафар, аз ҷумла бо унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон сарфароз гардонда шуданд. Дар маросими мукофотсупорӣ 1 нафар бо унвони фахрии Арбоби ҳунари Тоҷикистон, 10 нафар бо унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, 12 нафар бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, 2 кас бо ордени Шараф дараҷаи I, 18 нафар бо ордени Шараф дараҷаи II, 81 нафар бо медали Хизмати шоиста ва 2 нафар бо медали Шафқат сарфароз  гардонда шуданд. Ҳамчунин, дар ин рӯз ба 22 нафар медали ҷашнии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд. Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ ва фарҳанг аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати кишвар ба шумор рафта, барои беҳсозии шароити кор ва сатҳи зиндагии кормандони соҳаҳои зикршуда то имрӯз тадбирҳои зарурӣ амалӣ мегардад. Зимни маросими мукофотсупорӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизмати содиқонаи мутахассисони касбу кори гуногун, аз ҷумла олимону омӯзгорон, табибон, шоирону нависандагон, аҳли фарҳангу санъат, кормандони дипломатӣ, коргарону бинокорон ва кишоварзонро, ки барои рушди кишвари азизамон саҳми арзишманд гузоштаанд, қадр намуданд. Дар ин маросим саҳми соҳибкорону сармоягузорони ватандӯст ва шахсони саховатпеша дар пешрафту ободии кишварамон басо арзишманд номида шуд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз фурсат, ба соҳибкороне, ки соҳиби мукофотҳои давлатӣ гардиданд ва ба ҳамаи шахсони саховатпешаи кишвар изҳори сипос намуда, ба онҳо барору муваффақият хостанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мутахассисону коргарон, соҳибкорон, роҳбарони ширкатҳои ватанию хориҷиро, ки дар бунёди иншооти тақдирсози “Роғун” заҳмат кашида, истиқлоли энергетикии кишварро наздик месозанд, бо мукофотҳои давлатӣ қадр намуданд. Тибқи қарори кумитаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика дар соли 2026 10 нафар бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барандагони ин ҷоиза гардиданд. Дар анҷоми маросими мукофотсупорӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи онҳоеро, ки аз ҷониби Роҳбари давлат бо мукофотҳои олӣ қадрдонӣ гардиданд, самимона табрик гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки фарзандони содиқи Ватан минбаъд низ неруву тавоноии зеҳнӣ, донишу таҷриба, маҳорату малака ва саъю талоши худро барои боз ҳам ободу пешрафта гардонидани Тоҷикистони соҳибистиқлол, таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокинони кишвар равона месозанд.

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи Театри миллии Тоҷикистон

24 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе бинои муҳташаму бошукӯҳи Театри миллиро мавриди истифода қарор доданд. Ифтитоҳи ин кохи бошукӯҳи фарҳангу ҳунар барои мардуми Тоҷикистон рӯйдоди хотирмони таърихӣ ба шумор меравад. Театри миллӣ бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардида, ҳамчун туҳфаи арзишманду беназир ба мардуми Тоҷикистон ва аҳли фарҳангу ҳунар ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ арзёбӣ гардид. Баъди ифтитоҳ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар китоби меҳмонони олиқадр бо таманниёти нек нахустин соядаст гузоштанд. Театри миллии Тоҷикистон бо тарҳи нодир, меъмории муосир ва ороиши миллӣ дар маркази пойтахт қомат афрохта, ба яке аз бузургтарин ва зеботарин муассисаҳои театрии минтақа табдил ёфтааст. Андешаи меъморӣ ва ороиши ин кохи ҳунар бо пешниҳодҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди сарчашма гирифтааст. Театри миллӣ акнун танҳо як бинои наву муосир нест. Он қасри бузурги санъат, макони эҷод, саҳнаи орзуҳо ва рамзи эҳтиром ба фарҳанги оламшумули тоҷикони ориётабор мебошад. Бинои муҳташами Театри миллӣ дар яке аз мавзеъҳои зеботарин ва марказии шаҳри Душанбе, дар ҳамҷаворӣ бо Осорхонаи миллӣ ва боғи Парчами давлатӣ бунёд гардидааст. Ҷойгиршавии он дар ин гӯшаи марказии пойтахт симои меъморию фарҳангии Душанберо боз ҳам зиннат дода, ба пойтахти кишвар  ҳусну таровати дигар бахшидааст. Аз ҳар гӯшаи бино шаҳомати меъморӣ, андешаи миллӣ ва завқи баланди ҳунари офарандагӣ эҳсос мешавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо имкониятҳои бино ба роҳбарону мутахассисони масъул ва устоҳои гулдасти тоҷик барои дар муҳлати муайяншуда бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ изҳори сипоси самимӣ намуданд. Дар тарҳу ороиши Театри миллӣ меъмории муосир бо унсурҳои нодири санъати тоҷикон ба ҳам омадааст. Нақшу нигор, ҷузъиёти ороишӣ, шаклу тарҳи толорҳо, ороиши дохилию берунӣ ва унсурҳои бадеӣ бо назардошти фарҳанги миллӣ ва талаботи меъмории муосир иҷро шудаанд. Ин ҷо метавон пайванди таъриху тамаддуни чандинҳазорсолаи миллати тоҷикро бо дастовардҳои меъморӣ ва технологияҳои замони муосир ба таври равшан мушоҳида кард. Барои бунёд ва таҷҳизонидани ин иншооти бузурги фарҳангӣ аз беҳтарин маводи сохтмонӣ ва ороишӣ, техникаву таҷҳизоти муосир истифода гардидааст. Аз паси ин шаҳомат имрӯз як роҳи тӯлонии заҳмат, меҳнат ва талош меистад. Сохтмони ин қасри бузурги фарҳангӣ 11 сол қабл оғоз ёфта буд. 17 марти соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ хишти аввали Театри миллии Тоҷикистонро гузошта, ба корҳои сохтмонӣ оғоз бахшиданд. Аз ҳамон рӯз бунёдкорон, муҳандисон, меъморон, тарроҳон, мутахассисон ва устоҳои моҳир даст ба кор шуданд. Солҳо сипарӣ гардиданд. Санг бар санг, хишт бар хишт ва нақш бар нақш қасри бузурги фарҳангӣ қомат афрохт. Имрӯз натиҷаи он меҳнати созанда пеши назари сокинони пойтахт ва меҳмонони кишвар қарор дорад. Бинои Театри миллӣ аз 7 ошёна – ду ошёнаи зеризаминӣ ва панҷ ошёнаи рӯизаминӣ иборат буда, баландии он ба 35 метр мерасад. Барои бунёди он се гектар замин ҷудо гардидааст. Рақамҳо танҳо як қисми шаҳомати ин иншоотро нишон медиҳанд. Шукӯҳи воқеии Театри миллӣ дар фазои дохилии он, дар толорҳои бузург, саҳнаҳои муосир ва имкониятҳои васеи эҷодӣ таҷассум меёбад. Театри миллӣ дорои се толори асосӣ ва шумораи зиёди толору ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад. Толори асосӣ барои 2500 тамошобин пешбинӣ гардидааст. Толоре, ки метавонад ҳазорон нафарро дар як вақт ба олами сеҳрангези санъати меъмориву шаҳрсозии тоҷикон ворид созад. Саҳнаи бузург ва ҷойи махсус барои оркестр имконият фароҳам меорад, ки дар ин ҷо намоишҳои театрӣ, опера, балет, консертҳои симфонӣ ва дигар чорабиниҳои сатҳи баланди фарҳангӣ баргузор гарданд. Баландии толори асосӣ 18 метрро ташкил дода, тарҳи он бо дарназардошти талаботи муосири санъати саҳнавӣ таҳия шудааст. Дар баробари толори асосӣ ду толори дигар низ барои баргузории чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ, конфронсҳо ва консертҳо пешбинӣ гардидаанд. Яке аз онҳо 1000 ҷойи нишаст ва толори конференсия барои 1115 нафар пешбинӣ гардидааст. Ҳамин тавр, Театри миллӣ метавонад ҳамзамон мизбони чорабиниҳои гуногуни фарҳангву сиёсӣ бошад. Дар бинои театр  ҳуҷраҳои тамрини сарояндагон ва гурӯҳҳои ҳамсароён, коргоҳҳои пардоздиҳӣ, либосдӯзӣ ва пойафзолдӯзӣ, утоқҳои равшанидиҳӣ, студияҳои сабти аудио ва видео ва дигар бахшҳои зарурӣ ҷойгир шудаанд. Дар ошёнаҳои гуногуни бино ҳуҷраҳои кории маъмурият, осорхонаи театр, ҷой барои намоиши мусаввараҳо, толорҳои қабули меҳмонони олиқадр, маҷлисгоҳ ва дигар иншооти хизматрасон мавҷуданд. Яъне ин ҷо асари саҳнавӣ танҳо намоиш дода намешавад – он аз андеша оғоз шуда, дар ҳамин муҳит офарида, таҳия ва ба саҳна бароварда мешавад. Барои ҳунармандон ва кормандони театр шароити муносибу замонавии корӣ фароҳам оварда шудааст. Ҳар як ҷузъи ин маҷмааи бузург ба он равона шудааст, ки эҷодкор битавонад бо хотири ҷамъ ва имкониятҳои зарурӣ асари нав офарад. Театри миллӣ бо 17 лифти мусофирбару боркаш ва 6 эскалатор таъмин гардида, барои меҳмонон меҳмонхона бо 136 ҷойи хобу истироҳат низ пешбинӣ шудааст. Дар ду ошёнаи зеризаминӣ таваққуфгоҳ барои 250 нақлиёт ва ҳуҷраҳои зиёди техникӣ ва ёрирасон ҷойгир шудаанд. Бино бо низомҳои муосири гармидиҳӣ, ҳавотозакунӣ ва дигар таҷҳизоти муҳандисӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Ҳамаи ин имкониятҳо Театри миллиро ба як маҷмааи мукаммали фарҳангӣ табдил медиҳанд. Вале бузургии ин иншоот танҳо дар андоза ва таҷҳизоти он нест. Бузургии воқеии он дар рисолати фарҳангии Театри миллӣ мебошад. Фарҳанг оинаи миллат аст, ҳастии миллат аст. Саҳна бошад, маконест, ки дар он таърих, ормон, муҳаббат ба Ватан, арзишҳои инсонӣ ва сабақҳои зиндагӣ бо забони фарҳангу санъат ба тамошобин расонида мешаванд. Театр дар тарбияи маънавии ҷомеа, таҳкими худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои таърихию фарҳангӣ нақши бузург дорад. Аз ин рӯ, бунёди чунин як қасри бузурги фарҳангӣ шаҳодати таваҷҷуҳи хос ба рушди санъат ва эҷоди шароити мусоид барои аҳли фарҳанг мебошад. Яке аз вижагиҳои асосии Театри миллӣ дар он аст, ки технологияи муосир бо рамзҳои фарҳанги миллӣ ҳамоҳанг гардидааст. Дар ороиши дохилии бино нақшу нигор, ки аз таъриху тамаддуни ҳазорсолаи тоҷик маншаъ мегирад, истифода шудааст. Ҳар нақш гӯё қиссае аз таърихи миллатро бозгӯ мекунад. Ҳар ҷузъи ороишӣ пайванди имрӯзро бо гузашта нишон медиҳад. Ва ҳар гӯшаи ин қасри бузург баёнгари он аст, ки миллати тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ ба ҳифзу эҳёи фарҳанги миллӣ ва муаррифии он дар сатҳи байналмилалӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамояд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ барои рушди илму фарҳанг ва фаъолияти муассисаҳои фарҳангу ҳунарӣ тадбирҳои зиёде

Прокрутить вверх