Имя автора: pressa

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли қуттиҳои картонии Қоғази тоҷик дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

29 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Кансойи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба раванди истеҳсолот дар корхонаи қуттиҳои картонӣ оғоз бахшиданд. Иншоот марҳилаи дуюми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Қуттии тоҷик” буда, бо ҳадафи татбиқи саноаткунунии босуръати кишвар аз ҷониби гурӯҳи соҳибкорон бунёд шудааст. Марҳилаи нави корхона иқтидори истеҳсолӣ, номгӯи маҳсулот ва ҷойҳои нави кориро афзун намуд. Тавоноии лоиҳавӣ дар корхонаи қаблӣ коркарди 5 тонна маҳсулот ва истеҳсоли 8 ҳазор қуттиро дар як шабонарӯз ташкил медиҳад. Хатҳои нави технологӣ дар марҳилаи дуюм бо коркарди 10 тонна маҳсулот истеҳсолотро ба зиёда аз 20 ҳазор дона баробар намуд. Нишондоди лоиҳавӣ дар ҳарду марҳилаи корхона ба коркарди 15 тонна маҳсулот ва истеҳсоли наздик ба 30 ҳазор қуттиҳои картонӣ баробар гардид. Шумораи кормандон аз 80 кас қаблӣ ба 130 кас расонида шуд. Маҳсулот дар шаклу ҳаҷми гуногун дар асоси фармоиши мизоҷон бо пешниҳоди дилхоҳи дизайн ва ҷавобгӯи талабот истеҳсол мешавад. 70 дарсади ашёи хом дохилӣ буда, воридот 30 дарсадро ташкил медиҳад. Корхонаи “Қуттии тоҷик” ҳоло бо зиёда аз 20 ширкати ватанӣ шартномаи корӣ бастааст ва талабот ба ин навъи маҳсулот дар ҳоли афзоиш қарор дорад. Гузариш аз 8 марҳилаи коркард ба мутобиқати маҳсулот ба стандартҳои дохилу хориҷ мусоидат мекунад. Зимни шиносоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раванди истеҳсолот иттилоъ дода шуд, ки корхона пас аз қонеъ намудани талаботи бозори дохилӣ маҳсулотро ба хориҷи кишвар ҳам содир менамояд. Дар соли 2025 корхона ба маблағи беш аз 2 миллиону 200 ҳазор сомонӣ ба хориҷи кишвар маҳсулот содир намудааст. Ин нишондод дар заминаи фаъолияти марҳилаҳои 1 ва 2-и корхонаи “Қоғази тоҷик” афзоиш ёфта, ба мубодилаи молу маҳсулот низ такони нав бахшид. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон татбиқи чунин ҳадафҳоро дар устувор нигоҳ доштани иқтисоди миллӣ ва рушди дигар бахшҳои давлатдорӣ муассир арзёбӣ намуда, масъулонро ба афзун сохтани ҳаҷми истеҳсолот муваззаф карданд.

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи бинои Театри давлатии драммавии русии ба номи Александр Пушкин бо 300 ҷойи нишаст баъди азнавсозӣ

29 март нахуст дар шаҳри Бӯстон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Театри давлатии драммавии русии ба номи Александр Пушкинро баъд аз навсозиии пурра бо 300 ҷойи нишаст бо бардоштани парда аз руи лавҳаи рамзӣ, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Театри мазкур дар кӯчаи Бобоҷон Ғафурови шаҳри Бӯстон дар масоҳати умумии 1350 метри мураббаъ ҷойгир мебошад. Зимни шиносоӣ ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иншооти навсозишуда аз толори калону барҳаво бо 300 ҷойи нишаст, толори хурди тамрин, 14 ҳуҷраи корӣ ва ҳуҷраҳои ёрирасон иборат аст. Дар иншооти фарҳангӣ, толори асосии тамошо, саҳна, даромадгоҳ, ҷой барои либосовезӣ, ҳуҷраи ҳунармандон, ҳуҷраи пардозкорӣ, ҳуҷраҳои техникӣ барои рассомон ва дуредгарӣ мавҷуд аст. Ба Роҳбари давлат иттилоъ доданд, ки баъди навсозӣ Театри давлатии драммавии русиии ба номи Александр Пушкин ва фароҳам овардани шароити муосири корӣ дар он барои ҳунармандон ва аҳли фарҳанги шаҳри Бӯстон шароити зарурӣ фароҳам гардида, 36 сокин бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шуданд. Иншооти мазкур баъди муддати тулонии фаъолият ба таъмиру навсозӣ ниёз дошт ва дар доираи татбиқи сиёсати иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҳукумати кишвар пурра навсозӣ гардид. Дар даврони Истиқлоли давлатӣ театр ба як қатор муваффақиятҳо ва дастовардҳои баланди эҷодӣ ноил гаштааст. Дар ин ҷо Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли ҳунар суҳбати самимӣ доир намуда, бо фароҳам овардани шароити муосир барои рушду нумуи соҳа ба масъулин барои ҳалли масъалаҳои кадрӣ ва ҷалби ҳунармандони соҳибзавқу хушсалиқа тавсия ва дастурҳои мушаххас доданд.

Президент, Хабарҳо

Истиқбол дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд

29 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун ба истиқболи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд роҳбарияти вилоят истиқбол намуданд. Ҳар як сафари кории Пешвои миллат ба тамоми гушаву канори кишвар ин пайки шодию нишот, марҳилаи рушди нави бунёдкорӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинони кишвар мегардад, хусусан дар фасли баҳор ва Наврӯзи байналмилалӣ.

Хабарҳо

Ҷамъомади таълимӣ – методӣ бо муовинони командирони қисмҳои ҳарбӣ, комендатура ва дидбонгоҳҳои сарҳадии Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон

Санаҳои 27-28 марти соли 2026 дар Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҷамъомади таълимӣ-методӣ бо муовинони командирони қисмҳои ҳарбӣ, комендатураҳо ва дидбонгоҳҳои сарҳадии Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон баргузор гардид. Дар қатори дигар иштирокчиёни чорабинӣ Абдуллоҳи Қодирӣ-сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва дар мавзуоти зерин: – “Қӯшунҳои сарҳадӣ – кафили амният ва рушду пешрафти Тоҷикистон”, – “Аҳамият ва арзиши Ватан аз гаҳвора шурӯъ мешавад”, – “Ватан, ҳар ваҷаб аз хоки ту, номӯси ман аст”, инчунин, – “Худкушӣ аз назари дини мубини ислом” маърӯза намуд. Дар фарҷом байни иштирокчиёни ҷамъомад табодули афкор сурат гирифт. Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Президент, Хабарҳо

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

28 март таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маҷлис нахуст гузориши вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027 шунида шуд. Таъкид гардид, ки мақсади таҳияи лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудани супоришу тадбирҳо вобаста ба ҳалли масъалаҳои омодагии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027 мебошад. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки нақшаи чорабиниҳо оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ тасдиқ гардида, ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис дода шавад. Ҳамчунин, дастур дода шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва вазорату идораҳои марбута то санаи 20-уми ҳар моҳ маълумоти ҷамъбастиро ба Ситоди ҷумҳуриявӣ пешниҳод намоянд. Дар бораи Барномаи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 ва Барномаи рушди донорӣ ва таъмини бехатарии хуни донорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода гузориш дод. Сипас, дар кори маҷлис Нақшаи амали Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 дар солҳои 2026-2027 ва Нақшаи амали Барномаи рушди низоми агроозуқаворӣ ва кишоварзии устувор барои давраи то соли 2030 дар солҳои 2026-2030 баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул шуд. Дар фароварди маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо ва муассисаҳо оид ба иҷрои супоришҳои қаблии Роҳбари давлат ва амалисозии қарорҳои маҷлиси имрӯза дастурҳои мушаххас доданд. Супоришҳо, ҳамчунин, оид ба вусъати кишту кори баҳорӣ, истифодаи самараноки заминҳои кишт, ҳифзи муҳити зист, пешгирии офатҳои табиӣ, бахусус селу обхезиҳо дар фасли баҳор, вусъати корҳои созандагӣ ба хотири истиқболи сазовори ҷашни умумимиллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дода шуд.  

Президент, Хабарҳо

Анҷоми сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон

27 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон аз шаҳри Бухоро ба Ватан баргаштанд. Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Бухоро бо нишони эҳтироми баланд ба меҳмони олиқадр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев самимона гусел намуданд. Ёдовар мешавем, ки зимни сафари давлатӣ, ки рӯзҳои 26-27 март дар шаҳрҳои Тошканд ва Бухоро ҷараён дошт, мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон баргузор гардида, аз руи натиҷаи вохӯрӣ ва форуми минтақавии тиҷоратии Тоҷикистон ва Узбекистон беш аз 20 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар доираи сафари давлатии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Узбекистон Форуми тиҷоратӣ, намоишгоҳи муштараки маҳсулот, рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон ва барномаи ҳунарии Шоми дӯстӣ бо иштироки Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор гардид.

Президент, Хабарҳо

Боздид аз Корхонаи нассоҷии Мергантекс дар шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Узбекистон

27 март дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Бухоро аз корхонаи саноатии Мергантекс боздид намуданд. Ба меҳмони олиқадр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар корхонаи саноатӣ 2000 коргар фаъолият доранд ва 85 фоизи онро занон ташкил менамояд. Дар корхона, ки соли 1993 таъсис ёфтааст, занҷираи истеҳсолӣ дар коргоҳҳои ришта, матоъбофӣ, рангуборкунӣ ва духти курта пурра ба роҳ монда шудааст. Иқтидори истеҳсолии корхона 1 миллион дона курта мебошад. Баъди боздид аз корхонаи саноатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони марбутаи соҳаҳои кишоварзӣ ва саноати Тоҷикистон супориш доданд, ки бо ҳамин гуна корхонаҳои кишвари ҳамсоя ҳамкории пурсамарро ба роҳ монанд.

Президент, Хабарҳо

Боздид аз мавзеъҳои таърихии шаҳри Бухоро

27 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиеёв якҷоя аз мавзеъҳои таърихии шаҳри қадимаи Бухоро боздид намуданд. Ташрифи Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бухоро бо боздид аз Қалъаи Бухоро, Маҷмааи таърихию ёдгорӣ ва оромгоҳи Баҳоуддини Нақшбанд, Маҷмааи “Лаби ҳавз”, Маҷмааи меъмории “Пои Калон” ва Оромгоҳи Исмоили Сомонӣ ҷараён гирифт. Оромгоҳи сулолавии Сомониён, ки ёдгории меъмории асрҳои IX-X мебошад, дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифт. Иттилоъ дода шуд, ки Оромгоҳи Сомониён ҳамчун яке аз дурдонаҳои санъати меъморӣ – маҳсули дасти ҳунармандони он замон аст. Ин бинои хуштарҳу басо зебо, ки анъанаҳои меъмории бостониро дар хеш таҷассум кардааст, охири асри IX бо фармони арбоби бузурги давлатӣ Исмоили Сомонӣ (849-907) дар болои турбати падари ӯ Аҳмад ибн Асад (вафоташ соли 865) бунёд гардидааст. Дар дохили оромгоҳ ҳамчунин худи Исмоил, писари ӯ Насри II ва чанде аз аҳли ин авлод хуфтаанд. Мақбара мураббаъшакл буда, бо гунбази муҳташаме пӯшонда шудааст, ки атрофи онро чор гулдаста оро медиҳад. Дар чор гӯшаи он чор бурҷ устувор аст, ки асос ва қисми болоии деворро бо ҳам пайваста, таносубу мавзуният ва салобати оромгоҳро меафзоянд. Оромгоҳи Сомониён ҳамчун Мазори Исмоили Сомонӣ шинохта шуда, тақрибан ягона иншоотест, ки аз замони Сомониён ба таври комил боқӣ мондааст. Он яке аз нодиртарин ёдгориҳои таърихии Бухорои шариф ва аз ёдгориҳои нодири Осиёи Марказӣ мебошад. Иншоот ба рӯйхати Мероси фарҳангии ИСЕСКО низ ворид гардидааст. Ҳамарӯза садҳо гардишгар аз тамоми ҷаҳон ба тамошои ин мавзеъ меоянд. Ёдовар мешавем, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо талошҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ҳазор сол ба хизматҳои шоистаи Исмоили Сомонӣ ҳамчун аввалин асосгузори давлати тоҷикон арҷ гузошта шуд. Аз ҷумла, соли 1999 1100 – солагии давлатдории Сомониён бошукуҳ таҷлил гардида, дар шаҳри Душанбе муҷассамаи барқади Исмоили Сомонӣ гузошта шуд. Пули миллӣ – Сомонӣ ва яке аз ноҳияҳои пойтахт номи ӯро гирифт.

Президент, Хабарҳо

Идомаи сафари давлатӣ дар шаҳри Бухоро

27 март дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварда, ҷойҳои таърихию муқаддаси ин шаҳри бостониро тамошо намуданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Бухоро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Ба хотири пазироии самимии меҳмони олиқадр – Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳни фурудгоҳ идона ороста шуда буд. Барномаи рангини ҳунарии устодон ва ҳаваскорони ин кишвар бозгӯ аз эҳтироми самимӣ нисбат ба меҳмони олиқадр муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, зеро бо иродаи қавии сиёсии Сарони кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистону Узбекистон солҳои охир барои таҳкиму тавсеи робитаҳои дӯстии мардумони бародари тоҷику узбек қадамҳои устувор гузошта шуда, бисёр тадбирҳои созанда амалӣ мегардад.

Президент, Хабарҳо

Иштирок дар барномаи фарҳангии “Шоми дӯстӣ”-и ходимони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон

26 март дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар Қасри ҳамоишҳои байналмилалии “Узбекистон” дар барномаи фарҳангии “Шоми дӯстӣ”-и ходимони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд. Баргузории ин ҳамоиши фарҳангӣ идомаи мантиқии анъанаи неки муносибатҳои дӯстӣ, бародарӣ, ҳамсоягӣ, хешу таборӣ ва рушду густариши ҳамкории гуногунҷанба ба манфиати мардумони ҳар ду кишвар мебошад. Баргузории консерти устодони санъати Тоҷикистону Узбекистон таҳти унвони “Шоми дӯстӣ”-ро метавон намунаи беҳтарини ҳамкории фарҳангӣ миёни мардумони ду кишвар маънидод намуд. Консерти тантанавии “Шоми дӯстӣ” бо барномаи рангину пурмуҳтавои аҳли фарҳангу санъати ду кишвар, ки тараннумгари дӯстии мардумони Тоҷикистону Узбекистон мебошад, хушу хотирмон ҷараён гирифт.

Прокрутить вверх