Ба муносибати зодрӯзи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин, ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид мешаванд. «Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, Лутфан самимитарин табрикоти маро ба муносибати Рӯзи таваллудатон бипазиред. Фаъолияти Шумо дар мақоми Президенти Тоҷикистон дар дастовардҳои назарраси кишвар дар соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, таҳкими мавқеи он дар арсаи байналмилалӣ таъкиди худро меёбанд. Шумо барҳақ дорои обрӯву эътибори баланд ҳам дар байни ҳамватанон ва ҳам дар хориҷи кишвар мебошед. Саҳми шахсии Шумо дар рушди муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ миёни Тоҷикистон ва Русия сазовори баҳои баланд аст. Аз идомаи муоширати созандаву дӯстонаи мо ва кори муштараки самарабахш оид ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ шод хоҳам буд. Аз таҳти дил ба Шумо саломатии бардавом, саодатмандӣ, некӯаҳволӣ ва комёбиҳои нав ба нав орзумандам». Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ***** «Муҳтарам ҷаноби Президент, Иҷозат фармоед самимитарин табрикот ва беҳтарин таманниёти худро ба муносибати Рӯзи таваллудатон изҳор намоям. Моҳи майи соли ҷорӣ Шумо ба Чин сафари давлатии бо муваффақият анҷом додед ва мо бо Шумо мулоқоти пурмаҳсул доир намуда, нақшаи бузурги рушди муносибатҳои ҳамкории ҳамаҷониба ва шарикии стратегии Чину Тоҷикистонро дар давраи нав тарҳрезӣ кардем. Ман ба рушди муносибатҳои Чин ва Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоям, дӯстии амиқи байни моро қадр мекунам ва омодаам, ки якҷоя бо Шумо барои пешбурди сохтмони «Ҷомеаи дорои тақдири ягонаи Чин ва Тоҷикистон» аз нуқтаи оғози болотар кӯшиш ба харҷ диҳам, ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи Чину Тоҷикистонро дар ҳамдастӣ ба зинаи нав барорем ва ба халқҳои ду кишвар манфиати бештар оварем. Ба Шумо саломатии бардавом, некӯаҳволии комил ва дар фаъолияти наҷибатон дастовардҳои нав ба нав орзу дорам». Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ***** «Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович! Шуморо аз самими қалб бо Рӯзи таваллудатон табрик гуфта, самимитарин ва некӯтарин таманниёти худро изҳор менамоям. Дар Узбекистон Шуморо ҳамчун арбоби барҷастаи давлативу ҷамъиятӣ ва сиёсатмадори ботаҷрибае, ки эҳтироми амиқи халқи худро соҳиб гаштааст ва дар рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар, инчунин, таҳкими обрӯву эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ саҳми бебаҳо мегузорад, баланд арзёбӣ мекунанд. Бо қаноатмандии бузург мехоҳам таъкид намоям, ки муносибатҳои мо бо Тоҷикистон — ҳамсояи наздик ва кишвари воқеан бародари мо — дар солҳои охир ба сатҳи баланд баромаданд, ки ба иқтидор ва имкониятҳои ҳарду давлат ҷавобгӯ мебошад. Ин натиҷаи иродаи устувори сиёсӣ ва талошҳои муштараки мо мебошад. Бовар дорам, ки мо бо кӯшишҳои муштарак минбаъд низ муносибатҳои серпаҳлу ва дарозмуддати шарикии стратегӣ ва ҳампаймониро ба нафъи ояндаи дурахшони мардумонамон ба таври пурмаҳсул рушд хоҳем дод. Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, Музокироти пурмаҳсуле, ки дар рафти сафари давлатии Шумо ба Узбекистон дар соли ҷорӣ сурат гирифтанд ва мувофиқаҳои муҳимме, ки дар самтҳои калидии ҳамкорӣ ба даст омаданд, бе шак, марҳалаи нави шарикии ҳамаҷонибаи кишварҳоямонро оғоз хоҳанд бахшид. Шуморо бори дигар бо ин санаи фараҳбахш ва хотирмон табрик мегӯям. Ба Шумо, бародари гиромӣ, сиҳатмандии бардавом, саодати оилавӣ ва дар фаъолияти давлатиатон зафарҳои нав, инчунин, ба мардуми дӯсти Тоҷикистон сулҳу субот, некӯаҳволӣ ва шукуфоӣ орзумандам». Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ***** «Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович! Табрикоти самимӣ ва таманниёти неки маро ба муносибати Рӯзи таваллудатон қабул фармоед! Ҳамчун Пешвои эътирофшудаи миллат ва арбоби давлатии сатҳи байналмилалӣ, Шумо дар ташаккули Тоҷикистони соҳибихтиёр, таъмини сулҳу ризоият дар кишвар ва рушди дарозмуддати он саҳми таърихӣ гузоштаед. Итминон дорам, ки стратегияи хирадмандонаи давлатии Шумо минбаъд низ ба мардуми бародари тоҷик ҳамчун раҳнамо дар роҳи ҳаракат ба сӯи некӯаҳволӣ ва пешрафт хизмат хоҳад кард. Нақши бузурги Шуморо дар таҳкими муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ байни Қазоқистон ва Тоҷикистон баланд арзёбӣ мекунам. Шаке нест, ки бо кӯшишҳои муштарак ҳамкориҳои серпаҳлуи байнидавлатии мо минбаъд низ ба нафъи ҳарду давлат босуръат рушд хоҳанд кард. Ба Шумо, Эмомалӣ Шарифовичи муҳтарам, саломатии комил, нерӯи бепоён, некӯаҳволии оилавӣ ва дар фаъолияти масъулиятноки давлатиатон ба нафъи мардуми бародари Тоҷикистон дастовардҳои нав ба нав орзу дорам». Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ***** «Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, Шуморо ба муносибати зодрӯзатон самимона табрик мегӯям. Сиёсати давлатие, ки Шумо пеша кардаед, ба рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон, баланд бурдани сатҳи некӯаҳволии мардум ва таҳкими обрӯи кишвар дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд. Бовар дорам, ки ҳамкории байни Кирғизистону Тоҷикистон дар рӯҳияи эҳтироми ҳамдигар, дӯстӣ ва ҳамсоягии нек пайваста таҳкиму таъмиқ хоҳад ёфт. Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, саломатии бардавом, рифоҳ ва дар фаъолияти давлатиатон комёбиҳо, ба мардуми Тоҷикистон – сулҳу шукуфоӣ орзумандам». Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров ***** «Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович! Табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманниёти маро ба муносибати зодрӯзатон қабул фармоед. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо боварӣ мавқеи худро устувор ва таҳаввулоти густурдаро татбиқ намуда, ҳамкориҳои байналмилалии худро тавсеа мебахшад. Дар ин раванд таҷрибаи ғании давлатӣ, роҳбарии хирадмандона ва талошҳои пайгиронаи Шумо, ки ба таъмини рушди устувор ва рифоҳи мардуми тоҷик равона шудаанд, аҳаммияти хос доранд. Муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва эҳтироми ҳамдигариро, ки байни Туркманистону Тоҷикистон барпо шудаанд, хеле арзишманд медонам. Бовар дорам, ки ба шарофати боварии барпогардида ва ҳамкории зич, давлатҳои мо минбаъд низ муносибатҳои ба ҳар ду ҷониб судоварро таҳким бахшида, имкониятҳои нави ба ҳам наздик гардидани мардумони бародари моро фароҳам хоҳанд кард. Аз ин фурсати фарабахш истифода намуда, ба Шумо Эмомалӣ Шарфовичи муҳтарам, саломатии бардавом, баракати оилавӣ ва дар фаъолияти пурмасъулияти давлатиатон муваффақият, ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ ва дастовардои нав ба нав орзу менамоям». Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов ***** «Эмомалӣ Шарифовичи муҳтарам, Табрикоти самимии маро ба муносибати зодрӯзатон бипазиред. Хидмати содиқонаи Шумо ба нафъи ҷомеаи тоҷик ва муносибати ғамхорона ба мероси фарҳангиву таърихиатон намунаи пешвоии барҷастаи давлатӣ буда, сиёсати дурбинонаи Шумо имкони пешрафти устуворро фароҳам месозад. Ман дӯстии деринаамонро, ки ба боз кардани уфуқҳои нави ҳамкории Минску Душанбе мусоидат менамояд, арзишманд медонам ва онро қадр мекунам. Ба Шумо, Эмомалӣ Шарифовичи муҳтарам, аз самими қалб сиҳатмандии бардавом, хушбахтӣ, некӯаҳволӣ ва ҷиҳати амалӣ намудани нақшаҳои минбаъдаатон неруву тавоноӣ орзумандам». Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ***** «Муҳтарам, Эмомалӣ Шарифович, Шуморо ба муносибати зодрӯзатон табрик намуда, беҳтарин таманниёти худро мерасонам. Тамоми дастовардҳои Тоҷикистон дар тули даврони истиқлол, инчунин, обрӯи баланди кишваратон дар арсаи байналмилалӣ ба таври ногусастанӣ