Имя автора: pressa

Хабарҳо

Иштирок ва суханронии муовини директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ваҳобзода Абдураҳмон дар семинари илмӣ

Санаи 5-уми декабри соли 2025 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар бо иштироки кормандони мақомоти иҷроия, ташкилоту муассисаҳо, бахшҳои ҷавонону занон, омӯзгорону фаъолони ҷомеа, раисону кӯчаю маҳаллаҳо ва ходимони масҷидҳои ҷомеъ ва паҷвақта семинари илмӣ дар мавзуи ” Ифтихор мекунам, ки аввал ман тоҷикам баъд мусулмон” барузор гардид. Дар семинари илмӣ Абдураҳмон Ваҳобзода – муовини директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шокиров Ҳусейн – мутахассиси пешбари шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносии Маркази исломшиносӣ ва Абдулазиззода Бурҳониддин-мутахассиси раёсати танзими ҷашну маросими Кумитаи дин ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуҳои мубрами рӯз аз ҷумла, риояи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ, тарғиби арзишҳои миллӣ, давлати дунявӣ, “Таҳаммулпазирӣ ва ваҳдати эътиқодӣ аз нигоҳи таълимоти мазҳаби ҳанафӣ”, суистифодаи воситаҳои технологӣ ва рақамии иттилоотӣ дар олами муосир ва таъсири манфии он дар рушди мафкураи динӣ, “Ман ифтихор мекунам, ки аввал ман тоҷикам баъд мусулмон”, Ҳаҷ набудани умра ва ҳоҷӣ нагардидани адокунандаи умра баромад карданд. Дар фарҷом байни иштирокчиёни семинар табодули афкор сурат гирифт.

Хабарҳо

Вохӯрии муовини директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ваҳобзода Абдураҳмон дар ноҳияҳои Нуробод, Рашт ва Тоҷикобод.

Рӯзҳои 25-28-уми ноябри соли 2025 бо мақсади амалисозии Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар 9-уми марти соли 2024 баён доштанд, инчунин нақшаи муштараки Маркази исломшиносӣ, Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Нуробод, Рашт ва Тоҷикобод бо иштироки мудирон ва сармутахассисони танзими анъана ва ҷашну маросими ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, фаъолони ҷомеа ва ходимони дин мулоқоту вохӯриҳои судманд баргузор карда шуданд. Дар мулоқотҳо масъалаҳои ифтихор аз тоҷик будан, таҳкими ваҳдати миллӣ, муқовимат бо ифротгароии хушунатомез, риояи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ, тарғиби арзишҳои миллӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Дар фарҷоми мулоқотҳо табодули афкор сурат гирифт. Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Президент

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Европа ва созмонҳои дигари байналмилалӣ (Вена, Австрия) таъин намудани Ҷобир М. Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам: Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия Ҷобир Манучеҳр ҳамзамон Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Европа ва созмонҳои дигари байналмилалӣ (Вена, Австрия) таъин карда шавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш. Душанбе 4 декабри соли 2025 №1098

Хабарҳо

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ: ЗЕРИ ШИОРИ “МАН ИФТИХОР МЕКУНАМ, КИ МАН АВВАЛ ТОҶИКАМ БАЪДАН МУСУЛМОН” МУЛОҚОТИ САТҲИ БАЛАНД БАРГУЗОР ГАРДИД.

4-уми декабри соли 2025 дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, дар доираи нақшаи якҷояи Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раисони маҳалла, масъулини кор бо ҷавонон, занон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорон, сархатибон, омӯзгорону донишҷӯёни фаъол, аъзоёни Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, масъулини як қатор кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия ва намояндагони васоити ахбори оммаи ноҳия мулоқот баргузор гардид. Нахуст раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ – Амирзода Маҳмуд Ҳамид, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, оид ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳми сокинон дар ободонии ноҳия изҳори сипос намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфт. Дар идома, намояндаи Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландаров Бурҳониддин дар доираи амалишавии қонунҳои миллӣ, пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ ва як қатор масъалаҳои дигар мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Сипас, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Абдураҳим Холиқзода суханронии худро зери шиори “Ман ифтихор мекунам, ки ман аввал тоҷикам баъдан мусулмон” оғоз намуда, ҳамзамон масъалаҳои пешгирии ҳамроҳшавии шаҳрвандон махсусан ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ, тақвият бахшидани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстии шаҳрвандон, риояи намудани танзими анъана ва ҷашну маросим, сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ, зиёдаравӣ нанамудан ва пешгирӣ аз таассуби динӣ миёни сокинон, тақвияти таълимоти мазҳаби ҳанафӣ ва муқовимат ба салафияи тундгаро ва пос доштани арзишҳои ахлоқӣ ва маънавии миллӣ дар замони истиқлолият баромад намуданд. Қайд карданд, ки “Истиқлоли давлатӣ моро назди ҷомеаи ҷаҳонӣ бо орзую омол, мақсаду ҳадафҳо, манфиату талаботи насли дирўзу имрўз ва фардои кишвар ҳамчун миллати сиёсии комили реша ба таърих муаррифӣ кард. Ҳамаи ин нишона ва завлонаи ногузири худшиносии миллӣ ва ватандўстии миллати мост ва мо уҳдадор ҳастем, ки ба он хотираи пуртуғёни миллӣ, ба он ганҷинаи ғановатманди ниёгон арҷ гузорем ва накҳати нусратбахши онро вобаста ба замону макон ҳамчун ғизои маънавии мафкураи миллии худ ҳифз ва таҳким бахшида, ба оянда мероси пурарзиш гузорем”. Дар идомаи мулоқот, Амирзода Маҳмуд Ҳамид – Раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ зери таассурот ва бардошт аз суханронии директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Абдураҳим Холиқзода баромад намуда, ҷиҳати ба роҳбарӣ гирифтани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, татбиқи минбаъдаи амалии ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, ҷиҳати назорати ҳаракати ободонӣ ва пешбурдани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ, тақвияти фаъолияти гурӯҳи тарғиботии ноҳия аз ҳисоби фаъолони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ибрози андеша намуданд. Дар фарҷом чанде аз сокинони ноҳия, собиқадорон, ҷавонони фаъол иродаи сиёсии хешро муайян намуда, ба ҳозирин ҷиҳати ташкили чунин мулоқоти сатҳи баланд изҳори сипос намуданд. Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Хабарҳо

Конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Оилаи солим ва пешгирии зўроварии хонаводагӣ”

Санаи 3-юми декабри соли 2025 бо ташаббуси Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Оилаи солим ва пешгирии зўроварии хонаводагӣ” баргузор гардид. Дар конференсия кормандони Маркази исломшиносӣ иштирок намуда, муовини директори Марказ Абдураҳмон Ваҳобзода дар мавзуи “Тағйир додани афкори манфии гендерӣ ва рафтори зӯроварона тавассути мафкураи динӣ, ки зӯроварӣ дар оиларо маҳкум мекунанд” баромад намуд. Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Президент

Ифтитоҳи Муассисаи давлатии “Мактаби бачагонаи мусиқии №3 ба номи Абдуфаттоҳ Одинаев” дар ноҳияи Сино

3 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Фазлиддин Муҳаммадиеви ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи давлатии “Мактаби бачагонаи мусиқии №3 ба номи Абдуфаттоҳ Одинаев”-ро мавриди истифода қарор доданд. Иншооти нави дуошёна дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе  дар масоҳати 0,17 гектар замин қомат афрохта, барои 300 хонанда дар 2 баст пешбинӣ шудааст. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки сохтмони иншоот аввали соли равон оғоз ёфта, дар муддати кӯтоҳ анҷом ёфтааст. Дар бинои нави Мактаби бачагонаи мусиқӣ шароити муосир фароҳам буда, он аз ҳуҷраҳои корӣ, синфхонаҳои таълимии рақс, фортепиано, созҳои халқӣ, сурудҳои академиву фалак ва ғайра иборат аст. Ҳамчунин, барои баргузор намудани ҳамоишу чорабиниҳо дар ин ҷо толори барҳаво бо 42 ҷойи нишаст ва китобхона ҷойгир шудааст. Мактаби бачагона соли 1962 дар заминаи хонаи истиқоматӣ ташкил шуда, ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ набуд. Ҳоло бошад, хонандагон имкон доранд дар бинои нав, ки дорои шароити муосир аст, ба таҳсил ва ҳунаромӯзӣ машғул шаванд. Ҳоло дар Муассисаи давлатии “Мактаби бачагонаи мусиқии №3 ба номи Абдуфаттоҳ Одинаев” 130 хонанда ҳунари рақс, навозиши асбобҳои халқиву ҷаҳонӣ ва сарояндагиро меомӯзанд. Ба онҳо 25 омӯзгор, аз ҷумла санъаткорони варзидаву собиқадор таълим медиҳанд. Дар баробари навсозӣ, инчунин муассиса бо номгӯи зиёди созҳои мусиқӣ, аз ҷумла фортепиано ва рояли хурди электронӣ, кларнет, флейта, гитара, ғижжак ва асбобҳои зарбӣ таъмин шуд. Лозим ба зикр аст, ки хонандагони мактаби мусиқӣ дар озмунҳои ҷумҳуривӣ, аз ҷумла “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” ва озмунҳои байналмилалӣ дар хориҷи кишвар, аз қабили давлатҳои Олмон, Швейтсария, Туркия ва Федератсияи Русия иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд. Баъд аз шиносоӣ бо шароити фароҳамшуда дар бинои нави мактаби мусиқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзгорону хонандагонро бо ин туҳфаи арзанда табрику таҳният гуфтанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо нақши фарҳанг беш аз пеш барои муаррифии давлату миллат меафзояд. Аз ин рӯ, аз омӯзгорон даъват карда шуд, ки ба тарбияи мутахассисони шоистаи санъату ҳунар ҷаҳду талош намоянд. Имрӯз бо иштироки Роҳбари давлат ва Раиси шаҳри Душанбе дар маҷмуъ дар пойтахт 8 муассисаи томактабӣ барои 1900 кӯдак ифтитоҳ гардид. Сохтмони боз 98 муассисаи томактабии дигар дар шаҳри Душанбе барои 23 ҳазор кӯдак идома дорад. Мавриди зикр аст, ки соли 2025 то имрӯз дар шаҳри Душанбе 5 мактаб бо 8650 ҷойи нишаст дар  ду баст  ва 16 муассисаи томактабӣ барои 3640 кӯдак ба истифода дода шудааст. 03.12.2025 шаҳри Душанбе

Хабарҳо

ВОХӮРИИ СУДМАНД БО ФАЪОЛОН, ХОДИМОНИ ДИН, ҶАВОНОНУ ЗАНОН ВА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ВАХШ

Санаи 3-юми декабри соли 2025, вохӯрии директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Холиқзода Абдураҳим Ғафор дар ноҳияи Вахш, дар якҷоягӣ бо намояндаи Прокуратураи генералӣ ва Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолон, ходимони дин, ҷавонону занон ва сокинони ноҳия вохӯрӣ гузаронида шуд. Сараввал, муовини раиси ноҳия Муҳаммади Шарифзода ташрифи меҳмононро ба ноҳияи Вахш хайрамақдам гуфта, онҳоро муаррифӣ намуд. Сипас, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Холиқзода Абдураҳим (Дар ҳошияи суханони Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Ман ифтихор мекунам, ки аввал тоҷикам баъдан мусулмон” ) суханронӣ намуда, дар бораи воқеияти ҳаҷ набудани умраи такрорӣ, фаҳмонидани моҳияти қонунҳои миллӣ, вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, истифодаи дурусти фарҳанги телефонҳои мобилӣ, пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ, тақвият бахшидани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстӣ, риояи намудани танзими анъана ва ҷашну маросим, инчунин, нуктаҳои асосии Паёми Президенти кишвар, сарфа намудани неруи барқ ва самаранок истифода намудани он ва анҷом додани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ ибрози андеша намуд. Ҳамзамон, намояндаи Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландаров Бурҳониддин доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум аз хатари терроризму экстримизм ва роҳҳои пешгири аз он, аз байн бурдани таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ, пешгирӣ аз бегонапарастиву майл ба фарҳанги бегона баромад намуд. Дар фарҷом муовини раиси ноҳия Муҳаммади Шарифзода барои саҳми назарраси сокинон дар ободкории ноҳия изҳори сипос намуда, зикр кард, ки интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз воситаҳои асосие мебошанд, ки ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ бо истифода аз онҳо дар паҳн кардани ҳар гуна маводҳои ғаразнок бо супориши шахсони алоҳидаи манфиатҷу, махсусан наврасону ҷавононро, ки ҳолати равониашон ҳанӯз комил нест, мағзшӯйӣ мекунанд, пешгирӣ карда шавад. Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Президент

Ба истифода додани Муассисаи таҳсилоти томактабии «Гулистон» дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

3 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии Гулистонро ба истифода доданд. Муассисаи таҳсилоти томактабии наву замонавӣ бо роҳнамоӣ ва ҳидоятҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Манучеҳр Каримзода бо тарҳи муосиру зебо бунёд ёфтааст. Ин муассисаи томактабӣ аз як бинои сеошёна ва таҳхона иборат буда, дар он раванди таълиму тарбияи кӯдакон ба таври босамар бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст. Корҳои сохтмонии иншоот соли 2023 оғоз гардида, дар ҷараёни корҳои биносозӣ бештар аз 70 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кории муваққатӣ таъмин шуданд. Дар бинои навбунёди кӯдакистони Гулистон 20 гурӯҳ фаъолият мекунад ва дар онҳо 400 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд. Дар ҳолати ба 400 кас расидани шумораи тарбиятгирандагон, 100 кас дар ин муассиса ба кори бо маоши хуб ҷалб карда мешаванд. Ҳоло 53 омӯзгор ва парастори соҳибтаҷриба бо кӯдакон машғулият мегузаронанд. Дар назди ҳар як синфхонаи машғулият ҳуҷраҳои ҷудогона барои хобу истироҳати кӯдакон фароҳам оварда шудааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тарбиятгирандагони кӯдакистон суҳбати самимӣ анҷом дода, ба онҳо тӯҳфаҳои идона, аз ҷумла ширинӣ ва бозичаҳои гуногун тақдим намуданд. Ошхонаи муассиса ба бинои асосӣ пайваст буда, барои қабули яквақтаи зиёда аз 100 кӯдак пешбинӣ шудааст. Ҳуҷраҳои корӣ, ҷомашӯӣ, анбори нигоҳдории хӯрокворӣ ва ҳуҷраи тиббӣ аз дигар имкониятҳои фароҳамгардидаи ин муассиса мебошанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз синфхонаҳо, ҳуҷраҳои хоб ва шароити умумии ин муассисаи томактабӣ дидан намуда, ба масъулин ҷиҳати таълиму тарбияи дурусти кӯдакон дастуру тавсияҳо доданд. Ҳуҷраҳои машғулият бо шиору овезаҳои ифодагари меҳру муҳаббат ба Ватан, инчунин қаҳрамонҳои афсонавӣ оро ёфтаанд, ки мутобиқ ба дунёи рангини кӯдакон мебошанд. Ҳуҷраи махсуси намакин бошад, ба беҳтар шудани роҳҳои нафас, паст гардидани илтиҳоб ва баланд шудани масунияти кӯдакон мусоидат мекунад. Ин гуна муҳит ҳаворо безарар гардонда, нишонаҳои зуком, аллергия ва хастагии асабро сабуктар менамояд. Ёдовар мешавем, ки чунин таҷриба бори аввал дар муассисаҳои томактабии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст. Дар саҳни ҳавлӣ барои бозии кӯдакон таҷҳизоти муосир насб гардидааст, ки онҳо самаранок истифода мешаванд. Ҳамчунин, майдончаи варзишӣ барои бозиҳои гуногуни кӯдакона сохта шудааст. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкониятҳои сохторӣ ва мавҷудияти таҷҳизот муаррифӣ гардида, таъкид шуд, ки бо мақсади фароҳам овардани шароити арзандаи таълиму тарбияи кӯдакон ҳамаи синфхонаҳо бо аёният ва воситаҳои муосири таълимӣ муҷаҳҳаз карда шудаанд. Омӯзгорону мураббиёни кӯдакистон ин иншооти муосирро туҳфаи арзанда ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуда, изҳор доштанд, ки дар чунин шароити мусоид насли наврасро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба таърихи пурғановати миллати тоҷик ва саҳмгузорӣ дар ободии кишвар тарбия мекунанд. Имрӯз бо иштироки Роҳбари давлат ва Раиси шаҳри Душанбе дар маҷмуъ дар пойтахт 8 муассисаи томактабӣ барои 1900 кӯдак ифтитоҳ гардид. Сохтмони боз 98 муассисаи томактабии дигар дар шаҳри Душанбе барои 23 ҳазор кӯдак идома дорад. Мавриди зикр аст, ки соли 2025 то имрӯз дар шаҳри Душанбе 5 мактаб бо 8650 ҷойи нишаст дар  ду баст  ва 16 муассисаи томактабӣ барои 3640 кӯдак ба истифода дода шудааст. 03.12.2025 шаҳри Душанбе

Президент

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии кӯдакистони байналмилалии инноватсионии Басбӣ

3 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Рустам Амакиеви ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Кӯдакистони байналмилалии инноватсионии Басбиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Иншооти навбунёди соҳаи маориф бо таваҷҷуҳу ғамхориҳои  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдому ташаббусҳои созандаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба истиқболи сазовор аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Рустам Саидов бо маблағи 20 миллион сомонӣ сохта шудааст. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2023 оғоз гардида, дар масоҳати 6700 метри мураббаъ бо сифати баланд бунёд шудааст. Муассисаи тозабунёд аз ду бинои 4-ошёна ва таҳхона иборат аст ва дар он барои инкишофи зеҳнии кӯдакон ва бозиҳои гуногуни шавқовар шароити хуби таълим фароҳам оварда шуда, барои 600 кӯдак пешбинӣ гардидааст. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ доданд, ки Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии инноватсионии Басбӣ бо мақсади татбиқи равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025-2030) дар Тоҷикистон рӯи кор омадааст. Тиқи иттилои масъулин, дар ин муассисаи томактабӣ кӯдакони аз синни 2 то 6 сола қабул гардида, бо 4 вақт хӯроки гарм таъмин мегарданд. Ҳуҷраҳои таълимии кӯдакистон бо лавозимоти зарурӣ ва ҳар гуна бозичаҳои шавқовари кӯдакона, таъмин буда, омӯзишу парасторӣ дар он бо 3 забон тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст. Истифода аз робототехникаҳои роҳбалад, Луна ва дигар таҷҳизоти муосири замонавӣ, ки дар раванди таълим мавриди истифода қарор мегиранд, аз афзалиятҳои дигари ин муассисаи наву замонавӣ арзёбӣ мегардад. Тибқи лоиҳа, дар ин муассиса барои 23 гурӯҳ шароити хуб, аз ҷумла ҳуҷраҳои таълимӣ бо хобгоҳ ва ҳаммом, толорҳои мусиқӣ, гимнастика, толор барои гузаронидани маҳфилу чорабиниҳо бо 120 ҷойи нишаст, ошхона, ҳуҷраи ҷомашӯӣ, майдончаи бозӣ ва ҳавзи оббозӣ, фароҳам оварда шуда, барои кӯдакони хуштолеи замони истиқлол туҳфаи арзишманд номида шуд. Дар ҳар як гурӯҳ 20 кӯдак амал мекунад, ки ба онҳо омӯзгорони пуртаҷриба дарс медиҳанд. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани муассисаи нави таълимӣ 23 парастори дорои таҷриба ва донандаи хуби забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ, дигар кормандони педагогӣ ва маъмуриву техникӣ, дар умум 88 нафар ба кор ва бо маоши хуб ҷалб шудаанд. Муассисаи наву замонавӣ ҳамчунин барои рафту омади бехатари кӯдакон бо нақлиёт таъмин аст. Саҳни бинои Муассиса бо дарахтон ва гулу буттаҳои ороишиву ҳамешасабз ороста шуда, даромадгоҳи он пештоқи ҷолибу назаррабое дорад, ки бо завқу салиқаи баланд ороиш ёфтааст. Ҳамзамон дар саҳни бино айвончаи тобистона барои гузаронидани машғулиятҳо сохта шудааст. Бояд тазаккур дод, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хушсаводу доно ба воя расонидани кӯдакон ва дар рӯҳияи ватанпарварӣ тарбия намудани онҳо шумораи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар шаҳри Душанбе зиёд мешаванд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, масъулону омӯзгоронро ба таълими босифати кӯдакон ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли наврас ҳидоят намуданд. 03.12.2025 шаҳри Душанбе

Президент

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Ватанпарвар дар ноҳияи Шоҳмансур

3 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Нисор Муҳаммадии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Ватанпарварро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Зимни шиносоӣ ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иншоот дар доираи омодагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба муосирсозии низоми таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Шаҳбоз Қодирзода барои 300 кӯдак сохта шудааст. Дар кӯдакистони хусусии Ватанпарвар барои 12 гуруҳ, 50 парастор ба кор бо маоши хуб ҷалб шудааст ва раванди таҳсил дар он бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад. Иншоот аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, масоҳаташ зиёда аз 1000 метри мураббаъ мебошад. Тибқи лоиҳа дар ин ҷо барои ҳар як гурӯҳ синфхонаи алоҳидаи таълимӣ бо хобгоҳ, ҳаммом ва ҳуҷраҳои ёрирасон бо шакл ва тарҳи ҷолиб сохта шудааст, ки барои инкишофи зеҳни кӯдакон ва машғул шудани онҳо ба ҳар гуна бозиҳои шавқовар макони дилнишину мувофиқ шудааст. Дар кӯдакистон барои гузаронидани маҳфилу чорабиниҳои гуногун, инчунин ҷалби кӯдакон ба тарзи ҳаёти солим толорҳои варзишӣ ва бозӣ, толори мусиқӣ, рақс ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон амал мекунад, ки ҳамаи он дорои таҷҳизот ва лавозимоти зарурӣ мебошад. Муассиса, ҳамчунин, дорои нуқтаи хизматрасонии тиббӣ ва ошхона бо 160 ҷойи нишаст мебошад. Дар боғчаи навтаъсис аз рӯи китоби тозанашри “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ машғулиятҳои инкишофи нутқ ба роҳ монда шудааст, ки ин иқдом ба бедор сохтани ҳисси худшиносӣ дар замири кӯдакон таъсир мегузорад. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорони ватаниро барои дастгирӣ ва бунёди кӯдакистонҳои наву замонавӣ намунавӣ ва дар рушди ояндаи соҳа муҳим арзёбӣ намуданд. Масъулон барои истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда ва тарбияи дурусти кӯдакон дар руҳияи худшиносии миллӣ вазифадор шуданд. Ҳамаи синфхона ва ҳуҷраҳои кории бино дар баробари таъмин шудан бо гармӣ, ҳамзамон бо таҷҳизоту лампаҳои каммасрафи барқӣ таъмин аст ва ин тадбир имкон медиҳад, ки неруи барқ дар фасли зимистон сарфа гардад. Дар доираи корҳои ободонӣ дар атрофи бино ҳамзамон айвону нишастгоҳҳо, майдончаи бозӣ барои кӯдакон ва ҳавзи шиноварӣ бо тарҳи муосиру ҷавобгӯи талабот бунёд шудааст. Бо сохта ба истифода додани ин боғчаи нав, шумораи муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба 31 адад ва фарогирии кӯдакон ба онҳо ба 6049 нафар расид. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо кӯдакон, онҳоро ба дӯст доштани Ватан, аз худ кардани дониш ва ба ҷо овардани эҳтироми калонсолон ҳидоят намуданд. Дар соли 2025 бо мақсади амалисозии дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тадбирҳои ободонӣ барои бунёду ба истифода додани муассисаҳои нави таҳсилоти томактабӣ вусъати тоза пайдо намуд. Дар ин давра бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва саҳми соҳибкорони ватанӣ дар пойтахт 16 муассисаи нави томактабӣ бо фарогирии 3640 кӯдак сохта ба истифода дода шуд. 03.12.2025 шаҳри Душанбе

Прокрутить вверх