Президент

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Ғунчаҳои Истиқлоли шаҳри Турсунзода

9 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода бинои Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Ғунчаҳои Истиқлолро дар деҳаи Исмоили Сомонӣ мавриди истифода қарор доданд. Иттилоъ дода шуд, ки бинои нави кӯдакистон дар доираи нақшаи чорабиниҳои ободонӣ бахшида ба 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст. Сохтмони муассиса моҳи феврали соли 2024 оғоз гардида, дар муҳлати кӯтоҳ ҷавобгӯ ба талаботи меъмориву шаҳрсозӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Неъматулло Ҳаитов бунёд гардидааст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тарбиятгирандагон суҳбати самимӣ анҷом дода, ба онҳо туҳфаҳо тақдим намуданд. Муассисаи зебои тозабунёд барои 250 кӯдак пешбинӣ гардидааст. Дар иншоот барои инкишофи зеҳнии кӯдакон, аз худ кардани донишҳои замонавӣ ва машғул шудани онҳо ба бозиҳои гуногуни шавқовар шароити хуб фароҳам оварда шудааст. Ҳамаи ҳуҷраҳои таълимии боғча бо лавозимоти зарурӣ, аз ҷумла мизу курсӣ ва ҳар гуна бозичаҳои кӯдакона таъмин буда, омӯзиш дар он бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз синфхонаҳо, ҳуҷраҳои хоб ва шароити умумии ин муассисаи таҳсилоти томактабии наву замонавӣ дидан намуда, ба масъулин барои таълиму тарбияи дурусти кӯдакон дастуру тавсияҳо доданд. Дар кӯдакистони нав 35 парастору дигар мутахассисони варзидаи соҳа бо кор таъмин шудаанд. Ба истифода додани муассисаи таҳсилоти томактабии Ғунчаҳои Истиқлол як бахши муҳими тадбирҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилоти томактабӣ мебошад. Сохтмони чунин иншооти иҷтимоӣ шаҳодати таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат ба кӯдакон – насли ояндасози миллат ба шумор меравад. Дар саҳни ҳавлии боғча 2 айвонча, нуқтаҳои бозии кӯдакон ва дигар воситаҳои дилхушӣ сохта шудааст. Ҳудуди муассиса ҳамчунин бо гулу дарахтони ороишӣ сабзкорӣ шудааст. Тибқи лоиҳа, дар муассиса барои 6 гурӯҳ ҳуҷраҳои хоб, мусиқӣ, рақс, рассомӣ, толори варзишӣ, ҳавзи шиноварии зимистона ва майдончаи бозӣ сохта шуда, ҳамчун туҳфаи арзанда ба кӯдакони хуштолеи замони соҳибистиқлолӣ тақдим шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароити фароҳамшуда ба сифати корҳо баҳои баланд дода, иброз доштанд, ки таҳсилоти томактабӣ барои ташаккули қобилияти зеҳнии наврасон марҳалаи хеле муҳим ба шумор меравад. Таъкид гардид, ки вусъати чунин иқдомҳои ватандӯстона дар самти иҷрои талаботи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 баҳри фарогирии ҳарчи бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ саҳмгузор хоҳад буд. Ифтитоҳи кӯдакистони замонавиро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаи арзишманд номида, ба соҳибкори ҳимматбаланд барои ин иқдоми накӯ арзи сипос намуданд. Аз мураббиён даъват карда шуд, ки бо истифода аз шароити мусоид кӯдаконро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намоянд, то онҳо дар оянда барои пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзишманди худро гузоранд. Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Ғунчаҳои Истиқлол бо буғхона, обу корез ва манораи об бо зарфи ғунҷоишаш 30 тонна таъмин аст. Оби тозаи ошомиданӣ аз зери замин, аз чуқурии 150 метр бароварда шудааст. Ҳамчунин, бо хатти доимии барқ пайваст буда, илова бар ин тариқи панелҳои офтобӣ ва генератори худкор низ муассиса бо барқи доимӣ таъмин мебошад. Дар маҷмӯъ низоми гармидиҳии иншоот муосир буда, дар он фаршҳои гармидиҳии буғӣ васл карда шудааст. 09.12.2025 шаҳри Турсунзода

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи маҷозии 8 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шаҳри Турсунзода

9 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода 8 муассисаи наву замонавии соҳаи маориф, аз ҷумла Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №83 дар деҳаи Роҳати деҳоти Турсун Туйчиев, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №39 дар деҳаи Файзобод, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36 дар деҳаи Шӯрхок, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №44 дар деҳаи Юлдош Ашуров, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №99 дар деҳаи Ҳуснобод, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №122 дар деҳаи Навобод,  Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №108 дар деҳаи Шулум ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 дар деҳоти 10-солагии Истиқлолиятро тариқи фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Муассисаҳои нави соҳаи маориф дар доираи тадбирҳои ободонӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар натиҷаи таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани шароити мусоид барои ба таҳсил фаро гирифтани насли наврас бунёд гардидааст. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншооти наву замонавӣ дар умум 8000 хонанда ба таълим фаро гирифта шуда, 400 нафар бо ҷои кор ва маоши хуб таъмин гардиданд. 09.12.2025 шаҳри Турсунзода

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23 дар деҳаи Регари шаҳри Турсунзода

9 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Регари шаҳри Турсунзода Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии   № 23-ро мавриди истифода қарор доданд. Иншоот дар идомаи ташаббусҳои раҳнамунсози Роҳбари давлат дар самти беҳсозии фазои таълиму тарбия ва рушди соҳаи илму маориф бо саҳми сокинон ва соҳибкорони саховатпешаю ватандӯст сохта шудааст. Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони иншооти мазкур соли 2021 оғоз гардида буд. Муассисаи нави соҳаи маориф имкони дар беҳтарин шароит ба таҳсил фаро гирифтани насли ояндаи миллатро дорад. 20 синфхонаи муҷаҳҳаз бо муҳимтарин лавозимоти хониш барои 1056 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Кабинетҳои фаннии химия, биология, физика, география, таълими меҳнат, омодагии ибтидоии ҳарбӣ ва технологияи иттилоотӣ мутобиқ ба талабот сохта шуда, ба ташаккули зеҳну тафаккури хонандагон замина хоҳанд гузошт. Муассиса дорои компютерҳои пайваст ба шабакаи байналмилалии интернет аст. Майдончаи варзишӣ аз бартариҳои дигари муассиса аст, ки барои бозии футбол, волейбол ва баскетбол сохта шуда, ба тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим ва ҷисман обутоб ёфтани хонандагон мусоидат хоҳад кард. Ошхона ва дигар иншооти ёрирасон, ки дар муассиса сохта шудааст ба беҳбудии сифати таҳсил ва кору фаъолияти омӯзгорон замина мегузорад. Зимни шиносоӣ бо шароиту имконоти ин муассисаи нави таълимӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, саҳмгузорӣ дар соҳибилм шудани насли наврасро амали шоиста унвон намуданд. Аз ин хотир ба сокинон ва соҳибкорони саховатпешаю ватандӯст барои ин ташаббуси воло арзи сипос карда, омӯзгоронро ба таълиму тарбияи хуби насли оянда ҳидоят намуданд. 09.12.2025 шаҳри Турсунзода

Президент, Хабарҳо

Ба истифода додани марҳилаи дуюми ҶДММ Алюмин Проф дар шаҳри Турсунзода

9 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, раванди корҳои ободониву созандагӣ ва ифтитоҳи як зумра иншооти таъйиноти гуногун ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд. Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти марҳилаи дуюми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Алюмин Проф бо иқтидори 8760 тонна маҳсулоти пластикӣ дар як сол расман оғоз бахшиданд. Ёдовар мешавем, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  26 августи соли 2021 зимни ифтитоҳи марҳилаи якум ба бунёди марҳилаи дуюми корхона санги асос гузошта буданд. Аснои боздид ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар корхона зиёда аз 5 навъи маҳсулоти гуногуни пластикӣ ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ истеҳсол мешавад. Маҳсулоти корхона 100 фоиз содирот карда мешавад. Корхона аз ҷумлаи иншооти саноатӣ ба ифтихори ҷашни бошукуҳи миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, ба амалишавии босамари солҳои 2022-2026 – Солҳои рушди саноат мусоидат мекунад. Фаъолияти мунтазами марҳилаи дуюми корхона талаботи бозори дохилиро бо 5 намуди маҳсулоти босифати ватании ивазкунандаи воридот, аз ҷумла профилҳои пластикӣ, лулаҳои пластикӣ, резин, бутил ва ғайра таъмин намуда, ба паст шудани нархи он мусоидат мекунад. Ҳоло барои фаъолияти самарабахш ва коркарди босифати маҳсулоти корхона зиёда аз 80 мутахассиси маҳҳалӣ бо кори доимӣ таъмин гардид, ки 35 фоизашонро занҳо ташкил медиҳанд. Дар корхона намудҳои гуногуни профилҳои пластикӣ ва резин барои васли қисмҳои алоҳидаи дару тиреза, насби қисмҳои гуногуни мебел, лулаҳои пластикӣ барои интиқоли об дар биноҳои баландошёна ва боз чандин номгӯи маҳсулоти дигар истеҳсол карда мешавад. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ таъкид намуданд, ки барои боз ҳам зиёд намудан ҳаҷми истеҳсол, беҳсозии сифати маҳсулот ва  коҳиш додани нархи он таваҷҷуҳи хос зоҳир гардад. Дар ҳамин ҷо бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи бунёди марҳилаи сеюми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Алюмин Проф муаррифӣ карда шуд. Зимни муаррифӣ иттилоъ дода шуд, ки марҳилаи сеюм аз 4 коргоҳ иборат буда, тавассути он коркарди солонаи алюминий ба 8000 тонна расонда мешавад. Пас аз мавриди истифода қарор додани марҳилаи сеюми корхона, шумораи кормандон ба 300 нафар расонида мешавад. Дар марҳилаи баъдӣ дар ин корхона номгӯйи нави маҳсулоти саноатӣ аз алюминий истеҳсол карда мешавад. Масъулин аз таваҷҷуҳ ва дастгириҳои доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба рушди соҳаи саноат миннатдорӣ намуда, барои афзун кардани ҳаҷми маҳсулоти рақобатпазир ва саҳмгузорӣ дар раванди татбиқи босамари соҳа дастуру тавсияҳои мушаххас гирифтанд. Ҳоло дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 100 корхонаи хурду бузурги саноатӣ фаъолият намуда, ҳаҷми маҳсулоти онҳо дар 10 моҳи  соли  2025 ба зиёда аз якуним миллиард сомонӣ расонида шуд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 185 миллион сомонӣ зиёд мебошад. 09.12.2025 шаҳри Турсунзода

Президент

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Европа ва созмонҳои дигари байналмилалӣ (Вена, Австрия) таъин намудани Ҷобир М. Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам: Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия Ҷобир Манучеҳр ҳамзамон Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Европа ва созмонҳои дигари байналмилалӣ (Вена, Австрия) таъин карда шавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш. Душанбе 4 декабри соли 2025 №1098

Президент

Ифтитоҳи Муассисаи давлатии “Мактаби бачагонаи мусиқии №3 ба номи Абдуфаттоҳ Одинаев” дар ноҳияи Сино

3 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Фазлиддин Муҳаммадиеви ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи давлатии “Мактаби бачагонаи мусиқии №3 ба номи Абдуфаттоҳ Одинаев”-ро мавриди истифода қарор доданд. Иншооти нави дуошёна дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе  дар масоҳати 0,17 гектар замин қомат афрохта, барои 300 хонанда дар 2 баст пешбинӣ шудааст. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки сохтмони иншоот аввали соли равон оғоз ёфта, дар муддати кӯтоҳ анҷом ёфтааст. Дар бинои нави Мактаби бачагонаи мусиқӣ шароити муосир фароҳам буда, он аз ҳуҷраҳои корӣ, синфхонаҳои таълимии рақс, фортепиано, созҳои халқӣ, сурудҳои академиву фалак ва ғайра иборат аст. Ҳамчунин, барои баргузор намудани ҳамоишу чорабиниҳо дар ин ҷо толори барҳаво бо 42 ҷойи нишаст ва китобхона ҷойгир шудааст. Мактаби бачагона соли 1962 дар заминаи хонаи истиқоматӣ ташкил шуда, ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ набуд. Ҳоло бошад, хонандагон имкон доранд дар бинои нав, ки дорои шароити муосир аст, ба таҳсил ва ҳунаромӯзӣ машғул шаванд. Ҳоло дар Муассисаи давлатии “Мактаби бачагонаи мусиқии №3 ба номи Абдуфаттоҳ Одинаев” 130 хонанда ҳунари рақс, навозиши асбобҳои халқиву ҷаҳонӣ ва сарояндагиро меомӯзанд. Ба онҳо 25 омӯзгор, аз ҷумла санъаткорони варзидаву собиқадор таълим медиҳанд. Дар баробари навсозӣ, инчунин муассиса бо номгӯи зиёди созҳои мусиқӣ, аз ҷумла фортепиано ва рояли хурди электронӣ, кларнет, флейта, гитара, ғижжак ва асбобҳои зарбӣ таъмин шуд. Лозим ба зикр аст, ки хонандагони мактаби мусиқӣ дар озмунҳои ҷумҳуривӣ, аз ҷумла “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” ва озмунҳои байналмилалӣ дар хориҷи кишвар, аз қабили давлатҳои Олмон, Швейтсария, Туркия ва Федератсияи Русия иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд. Баъд аз шиносоӣ бо шароити фароҳамшуда дар бинои нави мактаби мусиқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзгорону хонандагонро бо ин туҳфаи арзанда табрику таҳният гуфтанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо нақши фарҳанг беш аз пеш барои муаррифии давлату миллат меафзояд. Аз ин рӯ, аз омӯзгорон даъват карда шуд, ки ба тарбияи мутахассисони шоистаи санъату ҳунар ҷаҳду талош намоянд. Имрӯз бо иштироки Роҳбари давлат ва Раиси шаҳри Душанбе дар маҷмуъ дар пойтахт 8 муассисаи томактабӣ барои 1900 кӯдак ифтитоҳ гардид. Сохтмони боз 98 муассисаи томактабии дигар дар шаҳри Душанбе барои 23 ҳазор кӯдак идома дорад. Мавриди зикр аст, ки соли 2025 то имрӯз дар шаҳри Душанбе 5 мактаб бо 8650 ҷойи нишаст дар  ду баст  ва 16 муассисаи томактабӣ барои 3640 кӯдак ба истифода дода шудааст. 03.12.2025 шаҳри Душанбе

Президент

Ба истифода додани Муассисаи таҳсилоти томактабии «Гулистон» дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

3 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии Гулистонро ба истифода доданд. Муассисаи таҳсилоти томактабии наву замонавӣ бо роҳнамоӣ ва ҳидоятҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Манучеҳр Каримзода бо тарҳи муосиру зебо бунёд ёфтааст. Ин муассисаи томактабӣ аз як бинои сеошёна ва таҳхона иборат буда, дар он раванди таълиму тарбияи кӯдакон ба таври босамар бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст. Корҳои сохтмонии иншоот соли 2023 оғоз гардида, дар ҷараёни корҳои биносозӣ бештар аз 70 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кории муваққатӣ таъмин шуданд. Дар бинои навбунёди кӯдакистони Гулистон 20 гурӯҳ фаъолият мекунад ва дар онҳо 400 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд. Дар ҳолати ба 400 кас расидани шумораи тарбиятгирандагон, 100 кас дар ин муассиса ба кори бо маоши хуб ҷалб карда мешаванд. Ҳоло 53 омӯзгор ва парастори соҳибтаҷриба бо кӯдакон машғулият мегузаронанд. Дар назди ҳар як синфхонаи машғулият ҳуҷраҳои ҷудогона барои хобу истироҳати кӯдакон фароҳам оварда шудааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тарбиятгирандагони кӯдакистон суҳбати самимӣ анҷом дода, ба онҳо тӯҳфаҳои идона, аз ҷумла ширинӣ ва бозичаҳои гуногун тақдим намуданд. Ошхонаи муассиса ба бинои асосӣ пайваст буда, барои қабули яквақтаи зиёда аз 100 кӯдак пешбинӣ шудааст. Ҳуҷраҳои корӣ, ҷомашӯӣ, анбори нигоҳдории хӯрокворӣ ва ҳуҷраи тиббӣ аз дигар имкониятҳои фароҳамгардидаи ин муассиса мебошанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз синфхонаҳо, ҳуҷраҳои хоб ва шароити умумии ин муассисаи томактабӣ дидан намуда, ба масъулин ҷиҳати таълиму тарбияи дурусти кӯдакон дастуру тавсияҳо доданд. Ҳуҷраҳои машғулият бо шиору овезаҳои ифодагари меҳру муҳаббат ба Ватан, инчунин қаҳрамонҳои афсонавӣ оро ёфтаанд, ки мутобиқ ба дунёи рангини кӯдакон мебошанд. Ҳуҷраи махсуси намакин бошад, ба беҳтар шудани роҳҳои нафас, паст гардидани илтиҳоб ва баланд шудани масунияти кӯдакон мусоидат мекунад. Ин гуна муҳит ҳаворо безарар гардонда, нишонаҳои зуком, аллергия ва хастагии асабро сабуктар менамояд. Ёдовар мешавем, ки чунин таҷриба бори аввал дар муассисаҳои томактабии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст. Дар саҳни ҳавлӣ барои бозии кӯдакон таҷҳизоти муосир насб гардидааст, ки онҳо самаранок истифода мешаванд. Ҳамчунин, майдончаи варзишӣ барои бозиҳои гуногуни кӯдакона сохта шудааст. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкониятҳои сохторӣ ва мавҷудияти таҷҳизот муаррифӣ гардида, таъкид шуд, ки бо мақсади фароҳам овардани шароити арзандаи таълиму тарбияи кӯдакон ҳамаи синфхонаҳо бо аёният ва воситаҳои муосири таълимӣ муҷаҳҳаз карда шудаанд. Омӯзгорону мураббиёни кӯдакистон ин иншооти муосирро туҳфаи арзанда ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуда, изҳор доштанд, ки дар чунин шароити мусоид насли наврасро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба таърихи пурғановати миллати тоҷик ва саҳмгузорӣ дар ободии кишвар тарбия мекунанд. Имрӯз бо иштироки Роҳбари давлат ва Раиси шаҳри Душанбе дар маҷмуъ дар пойтахт 8 муассисаи томактабӣ барои 1900 кӯдак ифтитоҳ гардид. Сохтмони боз 98 муассисаи томактабии дигар дар шаҳри Душанбе барои 23 ҳазор кӯдак идома дорад. Мавриди зикр аст, ки соли 2025 то имрӯз дар шаҳри Душанбе 5 мактаб бо 8650 ҷойи нишаст дар  ду баст  ва 16 муассисаи томактабӣ барои 3640 кӯдак ба истифода дода шудааст. 03.12.2025 шаҳри Душанбе

Президент

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии кӯдакистони байналмилалии инноватсионии Басбӣ

3 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Рустам Амакиеви ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Кӯдакистони байналмилалии инноватсионии Басбиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Иншооти навбунёди соҳаи маориф бо таваҷҷуҳу ғамхориҳои  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдому ташаббусҳои созандаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба истиқболи сазовор аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Рустам Саидов бо маблағи 20 миллион сомонӣ сохта шудааст. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2023 оғоз гардида, дар масоҳати 6700 метри мураббаъ бо сифати баланд бунёд шудааст. Муассисаи тозабунёд аз ду бинои 4-ошёна ва таҳхона иборат аст ва дар он барои инкишофи зеҳнии кӯдакон ва бозиҳои гуногуни шавқовар шароити хуби таълим фароҳам оварда шуда, барои 600 кӯдак пешбинӣ гардидааст. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ доданд, ки Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии инноватсионии Басбӣ бо мақсади татбиқи равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025-2030) дар Тоҷикистон рӯи кор омадааст. Тиқи иттилои масъулин, дар ин муассисаи томактабӣ кӯдакони аз синни 2 то 6 сола қабул гардида, бо 4 вақт хӯроки гарм таъмин мегарданд. Ҳуҷраҳои таълимии кӯдакистон бо лавозимоти зарурӣ ва ҳар гуна бозичаҳои шавқовари кӯдакона, таъмин буда, омӯзишу парасторӣ дар он бо 3 забон тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст. Истифода аз робототехникаҳои роҳбалад, Луна ва дигар таҷҳизоти муосири замонавӣ, ки дар раванди таълим мавриди истифода қарор мегиранд, аз афзалиятҳои дигари ин муассисаи наву замонавӣ арзёбӣ мегардад. Тибқи лоиҳа, дар ин муассиса барои 23 гурӯҳ шароити хуб, аз ҷумла ҳуҷраҳои таълимӣ бо хобгоҳ ва ҳаммом, толорҳои мусиқӣ, гимнастика, толор барои гузаронидани маҳфилу чорабиниҳо бо 120 ҷойи нишаст, ошхона, ҳуҷраи ҷомашӯӣ, майдончаи бозӣ ва ҳавзи оббозӣ, фароҳам оварда шуда, барои кӯдакони хуштолеи замони истиқлол туҳфаи арзишманд номида шуд. Дар ҳар як гурӯҳ 20 кӯдак амал мекунад, ки ба онҳо омӯзгорони пуртаҷриба дарс медиҳанд. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани муассисаи нави таълимӣ 23 парастори дорои таҷриба ва донандаи хуби забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ, дигар кормандони педагогӣ ва маъмуриву техникӣ, дар умум 88 нафар ба кор ва бо маоши хуб ҷалб шудаанд. Муассисаи наву замонавӣ ҳамчунин барои рафту омади бехатари кӯдакон бо нақлиёт таъмин аст. Саҳни бинои Муассиса бо дарахтон ва гулу буттаҳои ороишиву ҳамешасабз ороста шуда, даромадгоҳи он пештоқи ҷолибу назаррабое дорад, ки бо завқу салиқаи баланд ороиш ёфтааст. Ҳамзамон дар саҳни бино айвончаи тобистона барои гузаронидани машғулиятҳо сохта шудааст. Бояд тазаккур дод, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хушсаводу доно ба воя расонидани кӯдакон ва дар рӯҳияи ватанпарварӣ тарбия намудани онҳо шумораи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар шаҳри Душанбе зиёд мешаванд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, масъулону омӯзгоронро ба таълими босифати кӯдакон ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли наврас ҳидоят намуданд. 03.12.2025 шаҳри Душанбе

Президент

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Ватанпарвар дар ноҳияи Шоҳмансур

3 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Нисор Муҳаммадии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Ватанпарварро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Зимни шиносоӣ ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иншоот дар доираи омодагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба муосирсозии низоми таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Шаҳбоз Қодирзода барои 300 кӯдак сохта шудааст. Дар кӯдакистони хусусии Ватанпарвар барои 12 гуруҳ, 50 парастор ба кор бо маоши хуб ҷалб шудааст ва раванди таҳсил дар он бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад. Иншоот аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, масоҳаташ зиёда аз 1000 метри мураббаъ мебошад. Тибқи лоиҳа дар ин ҷо барои ҳар як гурӯҳ синфхонаи алоҳидаи таълимӣ бо хобгоҳ, ҳаммом ва ҳуҷраҳои ёрирасон бо шакл ва тарҳи ҷолиб сохта шудааст, ки барои инкишофи зеҳни кӯдакон ва машғул шудани онҳо ба ҳар гуна бозиҳои шавқовар макони дилнишину мувофиқ шудааст. Дар кӯдакистон барои гузаронидани маҳфилу чорабиниҳои гуногун, инчунин ҷалби кӯдакон ба тарзи ҳаёти солим толорҳои варзишӣ ва бозӣ, толори мусиқӣ, рақс ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон амал мекунад, ки ҳамаи он дорои таҷҳизот ва лавозимоти зарурӣ мебошад. Муассиса, ҳамчунин, дорои нуқтаи хизматрасонии тиббӣ ва ошхона бо 160 ҷойи нишаст мебошад. Дар боғчаи навтаъсис аз рӯи китоби тозанашри “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ машғулиятҳои инкишофи нутқ ба роҳ монда шудааст, ки ин иқдом ба бедор сохтани ҳисси худшиносӣ дар замири кӯдакон таъсир мегузорад. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорони ватаниро барои дастгирӣ ва бунёди кӯдакистонҳои наву замонавӣ намунавӣ ва дар рушди ояндаи соҳа муҳим арзёбӣ намуданд. Масъулон барои истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда ва тарбияи дурусти кӯдакон дар руҳияи худшиносии миллӣ вазифадор шуданд. Ҳамаи синфхона ва ҳуҷраҳои кории бино дар баробари таъмин шудан бо гармӣ, ҳамзамон бо таҷҳизоту лампаҳои каммасрафи барқӣ таъмин аст ва ин тадбир имкон медиҳад, ки неруи барқ дар фасли зимистон сарфа гардад. Дар доираи корҳои ободонӣ дар атрофи бино ҳамзамон айвону нишастгоҳҳо, майдончаи бозӣ барои кӯдакон ва ҳавзи шиноварӣ бо тарҳи муосиру ҷавобгӯи талабот бунёд шудааст. Бо сохта ба истифода додани ин боғчаи нав, шумораи муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба 31 адад ва фарогирии кӯдакон ба онҳо ба 6049 нафар расид. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо кӯдакон, онҳоро ба дӯст доштани Ватан, аз худ кардани дониш ва ба ҷо овардани эҳтироми калонсолон ҳидоят намуданд. Дар соли 2025 бо мақсади амалисозии дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тадбирҳои ободонӣ барои бунёду ба истифода додани муассисаҳои нави таҳсилоти томактабӣ вусъати тоза пайдо намуд. Дар ин давра бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва саҳми соҳибкорони ватанӣ дар пойтахт 16 муассисаи нави томактабӣ бо фарогирии 3640 кӯдак сохта ба истифода дода шуд. 03.12.2025 шаҳри Душанбе

Президент

Мулоқот бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Ҷумҳурии Туркия Нуман Куртулмуш

2 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Ҷумҳурии Туркия Нуман Куртулмушро ба ҳузур пазируфтанд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳу муҳтавои муносибатҳои Тоҷикистон ва Туркия, аз ҷумла дар арсаи дипломатияи парлумонӣ, изҳори қаноатмандӣ намуданд. Гуфта шуд, ки муносибатҳои фарогир бо Туркия дар сиёсати хориҷии давлати мо мақоми хосса доранд. Ба муколамаи сиёсии сатҳи олӣ ва баланд ва робитаҳои байнипарлумонии ду кишвар барои густариши робитаҳои гуногунҷанба таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шуд. Тавсеаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ низ аз мавзуъҳои муҳими суҳбат буд. Дар ин робита таъкид гардид, ки кишварҳои мо имконият доранд, дар соҳаҳои афзалиятноки саноати нассоҷӣ, коркарди алюминий, амалӣ намудани тарҳҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои воқеии иқтисодиёти Тоҷикистон, таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар асоси ашёи хоми маҳаллӣ ҳамкории бештар дошта бошанд. Фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва Агентии Туркия оид ба ҳамкории байналмилалӣ (ТИКА) василаи муҳими густариши робитаҳои дуҷониба номида шуд. Ҳарду ҷониб ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг ва сайёҳӣ ҳавасмандии худро таъкид намуданд. Ҳамчунин, доир ба ҳамкорӣ дар арсаи байналмилалӣ баҳри ҳалли масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули судманди афкор сурат гирифт. 02.12.2025 шаҳри Душанбе

Прокрутить вверх