Президент

Президент, Хабарҳо

Ба истифода додани бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ 1 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

10 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе бинои нави шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ 1 дар ноҳияи Синоро ба истифода доданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити фароҳамгардида шинос шуда, бо ҳайати шахсии шуъбаи Вазорати корҳои дохилии 1-и ноҳияи Сино суҳбат намуданд. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бино аз таҳхона ва панҷ ошёна иборат буда, дорои 64 ҳуҷраи корӣ мебошад. Он мувофиқи талаботи хизматӣ ва бо шароити мусоиди корӣ сохта шудааст. Маҷлисгоҳи васеи бино дорои 240 ҷойи нишаст буда, барои баргузорсозии ҷаласаҳои корӣ ва машғулиятҳои соҳавӣ пурра муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Синфхонаҳо ва толорҳои таълимии бино бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин мебошанд. Дар ин ҷо навъҳои гуногуни дастгоҳҳои соҳавӣ, яроқу аслиҳа, воситаҳои алоқа ва дигар лавозимоти корӣ ҷой дода шудааст. Барои кормандон китобхонаи замонавӣ низ фаъолият мекунад. Ҳамчунин ҳангоми корҳои сохтмонӣ ба ободонии гирду атроф таваҷҷуҳи махсус дода шуда, дар саҳни бино майдони сафороӣ, таваққуфгоҳ барои мошинҳои хизматӣ ва дигар иншооти ёрирасон низ бунёд гардидааст. Зимни суҳбат бо ҳайати шахсӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки кормандон бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд, дониш ва малакаи худро баланд бардоранд ва барои пешгирӣ аз ҳар гуна ҳолатҳои ногаҳонӣ омода бошанд. Бунёди чунин бинои замонавӣ ва таъмин намудани он бо таҷҳизоти муосир имкон медиҳад, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ вазифаҳои худро боз ҳам беҳтар ва бо масъулияти баланд иҷро намоянд. Дар охир ба шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ 1 дар ноҳияи Сино як зумра нақлиёти нави хизматӣ супурда шуд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандон дастур доданд, ки ба Ватан содиқона хизмат намуда, дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон ва таҳкими асосҳои давлатдории миллӣ саҳми арзанда гузоранд. 10.11.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик

Муҳтарам кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ! Ҳамаи шумо, инчунин, собиқадорони мақомоти корҳои дохилиро, ки дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда гузоштаед, ба ифтихори ҷашни касбиатон – Рӯзи милитсия самимона табрик мегӯям. Ҷашни касбии кормандони милитсия дар замоне таҷлил мегардад, ки кишвари мо ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ тайи беш аз се даҳсола дар ҷодаи пешрафту тараққиёт ва бунёдкориву созандагӣ қадамҳои устувор мегузорад. Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон аз оғози соҳибистиқлолӣ то имрӯз масъулияти басо ҳассосу душвор – ҳифзи молу мулк ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои мардум, осоишу оромии ҷомеа ва мубориза бо ҷинояткориро сарбаландона иҷро карда истодаанд. Ҳамчунин, мехоҳам бо қаноатмандӣ иброз намоям, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилӣ дар солҳои бисёр душвору ҳассоси таърихи навини халқи тоҷик якҷо бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбии мамлакат барои барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, таъмин намудани суботу оромӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ саҳми таърихӣ гузоштанд. Кормандони милитсия, хусусан, дар солҳои нахустини истиқлол бо вуҷуди мушкилоти сангини иқтисодиву иҷтимоӣ ва норасоии шароити моддиву техникӣ вазифаи худро содиқона ба ҷой оварданд. Вақтҳои охир мардуми сайёраро зуҳуроти хатарноку фоҷиабори терроризму ифротгароӣ, радикализми динӣ, қочоқу муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромарзӣ сахт ба нигаронӣ овардаанд. Дар чунин шароит кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла мақомоти корҳои дохилӣ бояд зиракии сиёсиро фаромӯш насозанд, дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва рисолати касбии худ, яъне ҳифзи оромиву суботи ҷомеа ва давлат, волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ ҳамеша омода бошанд. Ҳамзамон бо ин, таъкид менамоям, ки барои таъмин намудани фаъолияти самараноки мақомот ба сифати омодасозии кадрҳо, интихобу ҷобаҷогузории дуруст ва баланд бардоштани сатҳи касбияти онҳо, аз худ кардани техникаву технологияҳои муосир ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забонҳои русӣ ва англисӣ бояд диққати махсус дода шавад. Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон барои таҳкими асосҳои моддиву техникии мақомоти корҳои дохилӣ ва Қӯшунҳои дохилӣ, тарбияи кадрҳои баландихтисос, ба хизмат ҷалб кардани мутахассисони ба талаботи замони муосир ҷавобгӯй ва беҳтар намудани шароити зиндагиву хизмати ҳайати шахсӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Кормандони милитсияи тоҷик бояд доимо дар ёд дошта бошанд, ки оромиву осоиштагии диёри азизи мо бар ивази ҷоннисорӣ, матонату шуҷоат ва иродаи қавии ҳазорон нафар сарсупурдагони роҳи истиқлолу озодӣ ба даст омадааст. Таъмин намудани оромиву субот ва ҳаёти осудаи мардуми кишвар аз ҳисси баланди масъулияти шахсӣ ва қобилияту маҳорати касбии ҳар яки онҳо вобастагӣ дорад. Ман ба қудрату тавоноӣ, далериву мардонагӣ ва садоқати кормандони милитсия, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ ба давлату миллат, сарзамини муқаддас ва Ватани аҷдодӣ итминони комил дорам. Бовар дорам, ки шумо ба савганди худ ҳамеша содиқ мемонед, вазифаҳои хизматӣ ва рисолати муқаддаси худро минбаъд низ содиқонаву сарбаландона иҷро мекунед. Бори дигар тамоми кормандони милитсияи тоҷик ва ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилиро ба ифтихори Рӯзи кормандони милитсия самимона табрик гуфта, ба ҳамаи шумо тансиҳатӣ ва дар кору зиндагиатон барору комёбӣ орзу менамоям. Ҷашни касбӣ муборак бошад, ҳомиёни қонунияту тартибот ва фарзандони содиқи Ватан! 10.11.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Иштирок дар зиёфати корӣ дар чаҳорчӯби Ҳамоиши дуюм дар қолаби “Осиёи Марказӣ-ИМА” (С5+1)

6 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Вашингтон дар зиёфати кории Ҳамоиши дуюми “Осиёи Марказӣ-Иёлоти Муттаҳидаи Амрико” (С5+1) иштирок ва суханронӣ намуданд. Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбари кишвари мизбон Доналд Трамп барои даъват ва пазироии самимӣ  изҳори сипос карда, доир ба зарурат ва роҳҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико андешаронӣ намуданд. Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот ва амнияти пойдорро “заминаи бунёдии ҳама гуна робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ” арзёбӣ намуданд. Дар идомаи сухан ба тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ, афзоиши гардиши мол миёни кишварҳо ва ҷалби сармоя ба соҳаҳои ояндадори Тоҷикистон таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Бинобар захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ ва мавқеи географиии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омодагии ҷониби моро бо дигар шарикон дар тавсеаи ҳамкорӣ оид ба таҳкими соҳаи “энергияи сабз” ва интиқоли он ба кишварҳои ҳамсоя таъкид намуданд. Таъкид карда шуд, ки дар кишвари мо, бо дарназардошти имкониятҳои мавҷуда, ба рушди соҳаҳои гуногуни саноат ва энергетика, бахусус афзоиши иқтидорҳои тавлидоти нерӯи барқ аз манбаъҳои барқароршаванда, аҳаммияти хосса зоҳир карда мешавад.   Дар ин зимн алоқамандии Тоҷикистон ба таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳо бо шарикони байналмилалӣ дар ин самтҳо иброз гардид. Сармоягузорӣ ба истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок низ,  аз ҷумлаи самтҳои ояндадори иқтисоди Тоҷикистон номида шуд. Дар фароварди сухан иброз гардид, ки Тоҷикистон ба инобати иқтидори иқтисодии худ, метавонад тавассути густариши ҳамкорию ҳамёрӣ дар таҳкими занҷираҳои устувори истеҳсолӣ ва тиҷоратӣ мавқеи назаррас дошта бошад. 06.11.2025 Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Президент, Хабарҳо

Вохӯрӣ бо Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп

6 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши дуюм дар қолаби “Осиёи Марказӣ-Иёлоти Муттаҳидаи Амрико” (С5+1) дар шаҳри Вашингтон бо Президенти ИМА муҳтарам Доналд Трамп мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ маҷмуи васеи масоили вобаста ба ҳолати кунунӣ ва рушди муносибатҳои ҳамкорӣ миёни ду кишвар баррасӣ шуд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба Президенти ИМА барои даъват ва пазироии гарм арзи сипос намуданд. Сарвари давлати мо дар идомаи суҳбат ба аҳаммияти таъмини сулҳ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ишора намуда, пойдории амну суботро заминаи бебаҳо барои рушди устувори ҳамаи кишварҳои дунё арзёбӣ намуданд. Зимни баррасии робитаҳои дуҷониба таваҷҷуҳи зиёд ба таҳким ва густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ зоҳир гардид. Зикр гардид, ки дар Тоҷикистон  зиёда аз 70 ширкат бо иштироки сармояи амрикоӣ фаъолият доранд. Бо ёдоварӣ аз ҷараён ва натиҷаҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаи саноати Тоҷикистон, аз ҷумла барои истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, бахусус фулузоти нодир, густариши чунин робитаҳо ба манфиати кор арзёбӣ шуд. Таъкид гардид, ки имкону захираҳои истифоданашуда барои таҳким ва густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории судовар миёни ду кишвар, аз ҷумла дар бахшҳои энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт, илму техника, зеҳни сунъи ва технологияҳои муосир хеле зиёд аст. Баррасии масоили вобаста ба мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, ба мисли терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, аз бахшҳои муҳими суҳбат буд. Табодули судбахши андеша, ҳамчунин, атрофи дигар масоили минтақавию ҷаҳонӣ сурат гирифт. 07.11.2025 Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Президент, Хабарҳо

Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи Конститутсия

Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол самимона табрик мегӯям. Шашуми ноябри соли 1994 мардуми шарафманди Тоҷикистон бо дарки масъулияти бузурги таърихӣ ва бо роҳи раъйдиҳии умумихалқӣ аввалин Конститутсияи давлати соҳибихтиёри худро қабул карданд, ки имрӯз ба ин санаи воқеан таърихӣ 31 сол пур мешавад. Қабули ин санади олӣ дастоварди бузургу тақдирсоз дар таърихи навини мардуми кишварамон ба ҳисоб меравад. Халқи Тоҷикистон бо қабули ин санад ояндаи худро интихоб кард, ки он барпо кардани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Бо интихоби ин роҳ мардуми Тоҷикистон бо ҷомеаи мутамаддини ҷаҳон пайвастанд ва барои ояндаи дурахшони худ таҳкурсии устувор гузоштанд. Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд. Дар Конститутсия таъмин намудани истиқлолу озодӣ, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии кишвар вазифаи асосии давлат муқаррар гардид. Дар ин санади бунёдӣ, ҳамчунин, мақсаду вазифаҳо, асосҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии кишвар, ташкил ва фаъолияти рукнҳои давлатдорӣ муайян гардиданд. Тибқи Конститутсия давлати соҳибистиқлоли мо хусусияти иҷтимоӣ дорад ва мақсади он фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон мебошад. Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар мамлакат фазои орому осуда, волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ таъмин шуда, барои рушди бонизом ва устувори иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа шароити мусоид муҳайё гардид. Дар фазои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, қонунияту тартибот, инчунин, қабул ва амалӣ намудани консепсияҳо ва стратегияву барномаҳои давлатӣ мо дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳуқуқиву сиёсӣ ва фарҳангӣ ба дастовардҳои муҳимму арзишманди таърихӣ ноил гардидем. Тоҷикистони мо тибқи Конститутсия узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон ва тамоми созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ буда, имрӯз бо ташаббусҳои созандаи худ дар ҳалли масъалаву мушкилоти глобалии сайёра нақши назаррас мегузорад. Бахусус, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи амният, обу энергетика, муҳити зист ва нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор ва рафъи дигар мушкилоти ҷаҳониву минтақавӣ аз ҷониби ҷомеаи башарӣ дастгирӣ ёфтаанд. Дар робита ба ин, мехоҳам як масъалаи муҳимро бори дигар ба мардуми шарифи Тоҷикистон хотирнишон намоям: ба ҳамаи мо зарур аст, ки ба хотири ҳифзи меъёрҳои Конститутсия, истиқлолу озодӣ ва сулҳу субот дар кишварамон ҳамеша саъю талош намоем, ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, ба қадри неъмати бузурги зиндагиамон – озодиву истиқлол расем ва тамоми имконияту неруи худро барои рушди давлати соҳибихтиёрамон ва ободии Ватани маҳбубамон сафарбар созем. Дар ин раванд, ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки ба Конститутсия ҳамчун бахтнома, санади олии сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуҷҷати муайянкунандаи имрӯзу ояндаи ҷомеа ва давлат муносибат намояд, ба он эҳтиром гузорад ва моҳияту аҳаммияти онро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад. Вазифаи муқаддаси ҳар як узви ҷомеа аз он иборат аст, ки меъёрҳои Конститутсияро аз худ намояд ва дар асоси ин санади муқаддаси миллат дар ҷодаи роҳи ноил шудан ба ҳадафҳои олии давлати озоду соҳибистиқлоли хеш боз ҳам бештар кӯшиш намояд. Мо вазифадорем, ки бо заҳмати аҳлонаву содиқона, муттаҳидиву сарҷамъӣ, риояву иҷрои Конститутсия ва қонунҳо зиндагии шоистаи худ ва фарзандонамонро таъмин карда, ба наслҳои оянда як мулки орому осуда ва давлату ҷомеаи пешрафтаро мерос гузорем. Бори дигар тамоми ҳамватанони азизро ба ифтихори Рӯзи Конститутсия табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки онҳо сулҳу оромӣ, иқболи нек ва ба Тоҷикистони маҳбубамон устувории сиёсиву иқтисодӣ ва пешрафту комёбиҳои рӯзафзун орзу менамоям. Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон муборак бошад, ҳамватанони азиз! 06.11.2025

Президент, Хабарҳо

Сафари корӣ ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

5 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муҳтарам Доналд Трамп барои иштирок дар Вохӯрии сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ – Иёлоти Муттаҳидаи Амрико» аз шаҳри Давҳа ба Вашингтон сафар карданд. 05.11.2025 Қатар

Президент, Хабарҳо

Сафари корӣ ба Давлати Қатар

3 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Саммити дуюми ҷаҳонӣ оид ба рушди иҷтимоӣ ба Давлати Қатар сафар карданд. Сипас, аз Давлати Қатар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муҳтарам Доналд Трамп барои иштирок дар Вохӯрии сарони давлатҳои қолаби «Осиёи Марказӣ – Иёлоти Муттаҳидаи Амрико» ба шаҳри Вашингтон сафар хоҳанд кард. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд. 03.11.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Таъиноти кадрӣ

3 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  кадрҳои барои таъин ба вазифаҳои ҳайати роҳбарикунандаи Прокуратураи генералӣ, Вазоратҳои энергетика ва захираҳои об, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва  Хадамоти алоқа пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд. Зимнан сардорони якчанд раёсати Прокуратураи генералӣ, прокуророни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд ва прокуророни шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Хуросон, Балҷувон, Шаҳритус, Зафаробод, Спитамен, Деваштич, Рашт, Файзобод, прокурори ҳарбии гарнизони Рашт аз ҳисоби кадрҳои ҷавону кордон ва соҳиби таҷрибаву собиқаи корӣ дар мақомот таъин карда шуданд. Бо қарорҳои Ҳукумати кишвар директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, муовини вазири энергетика ва захираҳои об, муовини якум ва муовинони сардори Хадамоти алоқа, раиси комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок, ректорони Донишгоҳи Славянии Тоҷикистон-Россия, Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон, филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов ва Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа Нуъмон Ибни Собит аз ҳисоби мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир таъин гардиданд. Прокурори вилояти Хатлон Назарзода Аваз бинобар сабаби риоя накардани санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳавӣ ва содир намудани кирдоре, ки шаъну шарафи корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқро паст мезанад, аз вазифа озод ва аз мақомоти Прокуратура хориҷ карда шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарикунандаи мақомоти давлатӣ таъиншуда таъкид намуданд, ки вазифаи асосии онҳо, пеш аз ҳама таъмини волоияти қонун, амну субот, ҳифзи манфиатҳои давлат ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва  омода намудани мутахассисони варзидаву забондон мебошад. Ҳамчунин, таъкид гардид, ки вазифаҳои хизматии худро дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар ба роҳ монанд. 03.11.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

31 октябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маҷлис, нахуст, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026” ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2027-2028 баррасӣ гардид. Таъкид карда шуд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026” хусусиятҳои фарқкунанда дошта, дар он як қатор муқаррароти нав ва тағйирот пешбинӣ карда шудааст. Гуфта шуд, ки дар заминаи рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои воридот дар ҳаҷми 65,0 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад, ки ҳаҷми умумии он нисбат ба буҷети тасдиқшудаи соли 2025 15,5 миллиард сомонӣ ё 31,2 фоиз зиёд ва ба 33,3 фоизи Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2026 баробар мешавад. Дар буҷети давлатӣ барои соли оянда ҷиҳати маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ 29, 5 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки 44 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷет ё 15,1 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад. Чунин хароҷоти зиёд ба ин соҳаҳо, аз ҷумла маорифу тандурустӣ, нишона аз таваҷҷуҳи баланди Ҳукумати кишвар ба рушди сармояи инсонӣ арзёбӣ гардид. Доир ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026” ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2027-2028 ва лоиҳаи Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2027-2028 вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода гузориш дод. Таъкид карда шуд, ки барномаи қарзгирии берунаи давлатӣ 52 созишномаи қарзӣ, аз ҷумла 36 созишномаи қарзии амалкунанда ва 16 созишномаи дар сатҳи мувофиқасозӣ қарордоштаро дар бар мегирад. Ҳадаф аз таҳияи барнома амалӣ намудани назорати дахлдор дар самти ҷалби маблағҳои қарзии хориҷӣ ба Тоҷикистон ва роҳ надодан ба андӯхти назоратнашавандаи қарзи берунӣ мебошад. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, дастур доданд, ки барои дарёфти роҳу василаҳои афзун намудани даромад ба буҷети давлатӣ, аз ҷумла тавассути тезонидани раванди рақамикунонӣ, гузаштан ба пардохтҳои ғайринақдӣ дар ҳама соҳаҳо ва истифодаи васеи технологияҳои муосир дар гузаргоҳҳои сарҳадию гумрукӣ, чораҳои иловагии муассир андешида шавад. Дар бораи лоиҳаи Барномаи давлатии мақсадноки рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2026-2030 вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода гузориш дода, аз ҷумла иттилоъ дод, ки барномаи мазкур бо мақсади идома бахшидан ба низоми самарабахши дастгирӣ ва рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, баланд бардоштани самаранокии таҳқиқоти илмӣ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ, ҳамгироии неруҳои илмӣ ва технологӣ ба самтҳои афзалиятдоштаи рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар, таҳия гардидааст. Дар кори маҷлис, ҳамчунин, дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Сангвор дар хусуси ба категорияи шаҳрак мансуб донистани деҳаи Тавилдара ва номгузорӣ намудани он, дар бораи омодагӣ ва баргузор намудани Конфронси чоруми байналмилалии  сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ва дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаи сохтмони Неругоҳи барқи обии “Хуталон” гузориши шахсони масъул шунида шуд. Дар фароварди кори маҷлис Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои амалисозии барномаҳои давлатӣ, татбиқи Қонунҳои амалкунанда ва дигар супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулини вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ супоришҳои мушаххас доданд. Дастурҳои дигар, ҳамчунин, барои дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани чорабиниҳо дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026, ҷамъоварии беталафи меваю сабзавот, захираи кофии маводи хӯрока ва сӯзишворӣ, вусъати корҳои созандагию ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра дода шуд. 31.10.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо роҳбарони ҳайатҳои прокуратураҳои генералии давлатҳои иштирокдори ИДМ

21 октябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳои прокуратураҳои генералии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки барои иштирок дар ҷаласаи 35-уми Шурои ҳамоҳангсози  прокуророни генералӣ дар шаҳри Душанбе қарор доранд, ба ҳузур пазируфтанд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки баргузории ҷаласаи навбатии Шуро дар давраи раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар арафаи 30-солагии таъсиси он аҳамияти хоса дорад. Бо ишора ба нақши муҳими прокуратураҳо дар таҳкими қонуният ва таъмини тартиботи ҳуқуқӣ гуфта шуд, ки дар давоми се даҳсола кишварҳои Иттиҳод низоми боэътимоди ҳамкориро барои таъмини қонуният ва мубориза бо ҷинояткорӣ бунёд кардаанд. Сарвари давлат аз натиҷаҳои мусбати ҷаласаи сарони давлатҳои ИДМ ва Ҳамоиши “Осиёи Марказӣ – Русия”, ки чанде пеш дар шаҳри Душанбе баргузор гардиданд, изҳори қаноатмандӣ намуданд. Таъкид шуд, ки зимни ҷаласаи Шурои сарони давлатҳо Барномаи сесолаи ҳамкории кишварҳои иштирокдор оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2026-2028 қабул гардид, ки татбиқи он ба таҳкими сулҳу субот ва амният дар минтақа мусоидат менамояд. Дар ин зимн нақши калидии мақомоти прокуратура дар таҳкими заминаи ҳуқуқии муносибатҳои байнидавлатӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бо ҷинояткорӣ, аз ҷумла коррупсия, экстремизм ва терроризм таъкид карда шуд. Дар идома иброз гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори фаъоли талошҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар самти мубориза бо терроризм ва дигар таҳдидҳо мебошад. Ҳамзамон, ба зарурати таҳкими ҳамкории прокуратураҳо дар доираи ИДМ ва дигар сохторҳои байналмилалию минтақавӣ ҷиҳати муқовимат ба ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва ҳама гуна зуҳуроти таҳдиду хатарҳои муосири амниятӣ ишора карда шуд. Дар ин замина  иброз гардид, ки ҷонибҳоро зарур  аст, то дар самти муқовимат ба ҷинояткории киберӣ, минҷумла истифодаи гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ аз технолгияҳои муосир ва зеҳнӣ сунъӣ барои роҳандозии ҳадафҳои ҷиноятии худ чораҳои муштараки ҳамоҳангшуда андешида, мавриди татбиқ қарор диҳанд. Дар фарҷом изҳори бовар карда шуд, ки натиҷаҳои ҷаласаи 35-уми Шурои ҳамоҳангсозии прокуророни генералӣ ба тавсеаи ҳамкории судманд ва мубодилаи самараноки таҷриба мусоидат менамояд. 21.10.2025 шаҳри Душанбе

Прокрутить вверх