Президент

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи шаҳраки нави саноатӣ дар шаҳри Душанбе

20 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар қисмати шимолии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт шаҳраки нави саноатиро ифтитоҳ намуда, ба фаъолияти 3 корхонаи калони саноатии ҶСП Сантайлс (Suntiles) бо зиёда аз 650 ҷойи корӣ оғоз бахшиданд ва ба бунёди 3 корхонаи дигари истеҳсолӣ санги асос гузоштанд. Бо омода шудани се корхонаи дигар, ки санги асосашон ҳамакнун гузошта шуд, шумораи коргарон дар ин шаҳрак ба наздики 1200 кас хоҳад расид, ки аз онҳо беш аз 300 кас занону духтарон хоҳанд буд. Таъкид бояд намуд, ки маоши коргарон аз 4500 то 12000 ҳазор сомонӣ аст. Санги асоси ин 3 корхона ва шаҳраки саноатӣ низ, ки дар муҳлати начандон зиёд ба кор омода шудаанд, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ гузошта шуда буд. Се корхона, ки дар шаҳраки нави саноатӣ ба кор дароварда шуд, бо харҷи қариб 800 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ бо ворид намудани таҷҳизоту технологияи нави соҳа ва аз ҷиҳати экологӣ безарару бехатар бунёд ёфтаанд. Маблағи умумӣ барои ин се корхонаи фаъолгардида ва се корхонаи дигар, ки дар муҳлати кӯтоҳ сохта хоҳанд шуд, наздики 2 миллиард сомониро ташкил хоҳад дод. Аз 3 корхонаи фаъолшуда якумаш бо ду хатти технологию истеҳсолӣ барои тавлиди сафолаку кошинҳо  ва серанит омода шудааст, ки маҳсулоташ ивазкунандаи воридот ва ҳам ба содирот нигаронида мебошад. Иқтидори истеҳсоли сафолаку кошин ва серанит дар корхона дар як сол 6 миллиону 500 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад, ки 3 миллиону 500 ҳазор метри мураббаъ серанит мебошад. Тавре зикр гардид, ҳоло ҳамасола беш аз 10 миллион метри мураббаъ сафолаку кошин ва серанит ба Тоҷикистон аз беруни кишвар ворид мешавад ва акнун зиёда аз 65 дар сади  талаботи кишвар ба ин маҳсулот дар ҳамин як корхона қонеъ карда мешавад. Дар корхонаи сафолаку кошин ва серанит, ки маҳсулоташ бо тарҳу намои гуногун ва нақшу нигори миллию ҷаҳонӣ ороиш дода мешавад, аз 11 намуд ашёи хом истифода мегардад, ки ҳама аз дохили кишвар бо харҷи нисбатан кам дастрас мешавад ва ин омил боиси коҳиш ёфтани арзиши аслии маҳсулот ва арзон шудани нархи он дар бозор мегардад. Корхонаи мазкур бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизот ва техникаи муосири истеҳсолии ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгуй маҷаҳҳаз гардонида шуда, дар тамоми хатти истеҳсолот технологияи муосири рақамӣ истифода мешавад. Арзиши сохтмону омодасозии танҳо ҳамин корхона 500 миллион сомониро ташкил медиҳад. Корхона ташхисгоҳи худро дорад, ки дар он, аз ҷумла 40 зану духтар бо истифода аз таҷҳизоти пешрафта сифати ҳам ашёи хом ва ҳам маҳсулоти тайёр ва мутобиқати онро ба талаботи стандартӣ санҷиш мекунанд. Дар ин ташхисгоҳ, ҳамчунин, имкон аст, ки тамоми маъданҳои кӯҳии дигар низ санҷида шаванд. Корхонаи дуюм, ки ба кор дароварда шуд, ба истеҳсоли хишти сабук (газоблок) нигаронда шуда, бо харҷи 150 миллион сомонӣ омода шудааст. Хишти сабуки  корхона пурра ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй буда, аз хишти маъмулӣ се маротиба сабуктар аст ва ҳамчунин, садо ва гармию сардиро намегузаронад. Ба сифати ашёи хом дар истеҳсоли хишти сабук асосан оҳак истифода мешавад. Тамоми дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолии корхона аз кишварҳои пешрафтаи хориҷӣ ворид гардида, маҳсулоташ ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй аст. Ин намуд хишти сабук низ ивазкунандаи воридот аст ва оянда ба содирот ҳам равона хоҳад шуд. Иқтидори солонаи истеҳсолии корхона баробар ба 250 ҳазор метри мукааб хишти сабук аст, ки беш аз 30% талаботи шаҳри Душанберо қонеъ менамояд. Хишти сабуки ин корхона дар оташ намесӯзад, гармию хунукиро намегузаронад ва арзиши аслиаш паст ва  нархи фурушаш ҳам нисбатан арзону дастрас аст. Корхонаи сеюм, ки дар деҳаи Харангони ноҳияи Варзоб бунёд ёфтааст, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба таври фосилавӣ ифтитоҳ ёфт. Корхона бо харҷи 100 миллион сомонӣ бунёд ёфта, иқтидори истеҳсолии он 80 ҳазор тонна оҳак дар як сол мебошад. Истеҳсоли оҳак ба таври экологӣ ва безарар ба роҳ монда шуда, он дар корхонаҳои саноатии кишвар, аз ҷумла дар бахши металлургия ва ҳам дар истеҳсоли хишти сабуки сохтмонӣ ба таври васеъ истифода мешавад. Маҳсулоти ҳарсе корхонаи фаъолшуда ивазкунандаи воридот, ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ ва ҳам нисбат ба нархҳои имрӯзаи бозор арзон аст. Аз ин хотир, соҳибкорону истифодабарандагони маҳсулот метавонанд ба ин ширкатҳои ватанӣ муроҷиат намоянд. Пас аз ба кор даровардани 3 корхона ва шиносоӣ бо маҳсулоти онҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба сохтмони 3 корхонаи дигари саноатии ҶДММ Кристалл Грин Гласс  санги асос гузоштанд, ки ҳарсе бо техникаю таҷҳизот ва технологияҳои муосир ба истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва содиротӣ машғул хоҳанд шуд. Сохтмони  ин 3 корхона дар муҳлати якуним сол ба анҷом бояд расад. Ҳарсе корхона, ки  яке барои истеҳсолу ғанигардонии квартс, дувумӣ шишаҳои панелӣ ва сеюмаш барои тавлиди зарфҳои шишагӣ пешбинӣ шудаанд, як силсилаи ба ҳам алоқамандро ташкил медиҳанд, зеро аз маҳсулоти ҳамдигар дар раванди истеҳсолӣ истифода мекунанд. Корхонаҳо басо калонҳаҷм хоҳанд буд, зеро онҳо бо харҷи наздики 1 миллиарду 200 миллион сомонӣ омода хоҳанд шуд. Барои бунёди корхонаи квартс 150 миллион сомонӣ, корхонаи панелҳои шишагӣ 650 миллион сомонӣ ва корхонаи зарфҳои шишагӣ 380 миллион сомонӣ равона хоҳад шуд, ки ҳама маблағҳои соҳибкорони ватанӣ аст. Ҷойи зикри хос аст, ки корхонаи истеҳсол ва ғанигардонии квартс, ки маҳсулоташ дар бахшҳои гуногуни истеҳсолию технологӣ истифода хоҳад шуд, бори нахуст дар Тоҷикистон бунёд меёбад. Ин корхона боиси воридшавии кишвар ба марҳилаи сифат нави технологӣ хоҳад шуд, зеро квартси ғанигардондашуда дар истеҳсоли намудҳои гуногуни шиша, сафол, олоти барқӣ ва электронию оптикӣ, линзаҳои баландсифат, генераторҳои ултрасадо, таҷҳизоти соҳаи алоқа ва ҳам дар бахши заргарӣ истифода мешавад. Рӯйпӯшҳои квартсӣ, ҳамчунин барои муҳофизати ранги мошинҳо аз таъсири офтоб ва сардию намӣ муфид аст. Иқтидори корхона барои истеҳсоли 130 ҳазор тонна  квартс пешбинӣ шудааст. Корхонаи дувум барои истеҳсоли панелҳои шишагӣ пешбинӣ шудааст, ки бо маблағи 650 миллион сомонӣ бунёд гардида, иқтидори солонаи он 10 миллион метри мураббаъ шиша бо қутру андозаҳои гуногун мебошад. Панелҳои шишагии ин корхона аз квартси ғанигардондашудаи корхонаи ҳамсояаш истеҳсол

Президент, Хабарҳо

Паёми шодбошӣ ба муносибати ҷашни Меҳргон

Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шуморо ба ифтихори ҷашни бостонии Меҳргон, ки чун арзиши бузурги маънавӣ аз гузаштагони некномамон ба мо мерос мондааст, самимона табрик мегӯям. Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии    мо – тоҷикон аст, ки реша дар таърихи чандинҳазорсола дорад. Меҳргон ҳамчун ҷашни баракату фаровонӣ ва меҳру меҳрубонӣ дар қалбҳои мардуми ориёитабор ҷой гирифта, ойини вобаста ба мавсими ҷамъоварии ҳосил ва ҷамъбасти самараи заҳмати марди деҳқон мебошад. Ҷашни Меҳргон чун дигар ҷашнҳои миллии мо асосҳои муътамади нуҷумӣ дорад. Гузаштагони хирадманди мо тибқи тақвими бостонӣ ва дар асоси илми нуҷум санаи понздаҳуми меҳрмоҳро рӯзи меҳр меномиданд ва ҷашни Меҳргонро дар ҳамин рӯз таҷлил мекарданд. Тайи ҳазорсолаҳо арзишҳои ин ойини мардумӣ дар тамаддуни тоҷикон решаҳои амиқ давонда, ҷанбаҳои гуногуни фарҳангиву фалсафӣ гирифта, дар адабиёти оламшумули тоҷик васеъ инъикосу тавсиф шудааст. Ҷашни шоҳону хусравон будани Меҳргонро ҳанӯз дар асри даҳи мелодӣ қофиласолори шеъри Аҷам устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ хеле зебо сурудааст: Малико, ҷашни Меҳргон омад, Ҷашни шоҳону хусравон омад. Заминаи ривоятии пайдоиши ҷашни Меҳргон дар «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ тасвир шудааст ва шоир ин падидаро ба рӯзи ба тахт нишастани Фаридун нисбат медиҳад: Фаридун чу шуд бар ҷаҳон комгор, Надонист ҷуз хештан шаҳрёр, Ба рӯзи хуҷаста сари меҳрмоҳ, Ба сар барниҳод он каёнӣ кулоҳ. Ҷавҳари ахлоқии Меҳргонро дар мисоли ғалабаи Фаридун бар Заҳҳоки золим пирӯзии некӣ бар бадӣ, рӯшноӣ бар торикӣ ва дӯстӣ бар душманӣ ташкил медиҳад. Яъне фалсафаи ин ҷашн инсонҳоро ба адолатхоҳӣ, баробарӣ ва меҳрубонӣ ба ҳамдигар, сулҳпарварӣ, инсондӯстӣ ва накӯкорӣ ҳидоят мекунад. Дар робита ба ин, хотирнишон месозам, ки соли ҷорӣ бо дастури Роҳбари давлат «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ дар ду ҷилд ба нашр расида, ҳоло ба ҳар як хонаводаи кишвар ба таври ройгон тақсим шуда истодааст. Мақсад аз ин ташаббус тарғибу ташвиқи таърихи бостонӣ, худшиносии миллӣ ва боз ҳам боло бурдани сатҳи ватандӯстиву хештаншиносии мардум, аз ҷумла наврасону ҷавонони кишвар мебошад. Хонандаи ин шоҳасар бо мутолиаи он дар бораи таърихи пайдоиш ва моҳияти ҷашнҳои миллии бостонӣ – Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон маълумоти амиқ пайдо карда, аҳаммияти бузурги онҳоро дар таҳкими истиқлоли фарҳангӣ ва ташаккули ҳувияти миллӣ дарк менамоянд. Азбаски гузаштагони мо аз давраҳои қадим кишоварзу боғдор буданд, дар баробари корҳои деҳқонӣ одобу русум ва суннатҳои маънавии неку созандаро ба мо мерос гузоштаанд. Ҳамчун ҷашни умумимиллӣ ба ҳукми анъана даромадани таҷлили Меҳргон ва дигар ойинҳои мардумӣ далели он аст, ки миллати куҳанбунёди мо рӯ ба арзишҳои гузаштаи фарҳангии хеш овардааст ва эҳё кардану густариш бахшидани онҳоро вазифаи бошарафи худ медонад. Идома додани суннату анъанаҳои миллӣ, аз ҷумла истифодаи оқилонаи обу замин ва дигар сарватҳои табиат, махсусан, дар шароити имрӯза вазифаи бисёр муҳим мебошад. Дар робита ба ин, кишоварзон ҷиҳати таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо маводи озуқа, хусусан, дар фасли зимистон ба масъалаи пурра ҷамъоварӣ кардани ҳосил, захираи маҳсулот, сари вақт анҷом додани кишти тирамоҳӣ ва гузоштани замина барои ҳосили фаровони соли оянда бояд эътибори аввалиндараҷа диҳанд. Вазъи ноороми сайёра, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он, таҳримҳои иқтисодиву молиявӣ ва омилҳои дигар дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон боиси болоравии босуръату бесобиқаи нархи маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи ғизоӣ гардида истодаанд. Аз ин лиҳоз, ҳамаи мо, махсусан, масъулону мутахассисони соҳаи кишоварзиро зарур аст, ки ба хотири ҳифзи амнияти озуқавории кишвар беш аз ҳар вақти дигар заҳмат кашем, ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол ва захира намоем. Бо густариш додани ойину ҷашнҳои миллати бостониямон ва дигар суннатҳои неки мардумамон мо бояд минбаъд низ тамоми саъю талоши худро ба хотири рушди кишвар, ободии Ватан, дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани обрӯи давлат ва мунтазам беҳтар гардонидани шароити зиндагии халқамон равона созем. Бо ибрози чунин ниятҳои нек бори дигар мардуми шарифи Тоҷикистонро ба ифтихори ҷашни пурфайзи Меҳргон самимона табрик мегӯям. Ба ҳар як хонадони кишвар рӯзгори осуда, файзу баракати меҳргонӣ ва хушбахтиву саодатмандӣ орзу менамоям. Ҷашни Меҳргон муборак бошад, ҳамватанони азиз! 19.10.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Вазири давлатӣ оид ба корҳои савдои хориҷии Вазорати тиҷорат ва савдои Давлати Қатар Аҳмад ибни Муҳаммад Ас-Сайид

14 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Форуми сармоягузории  “Душанбе Инвест – 2025” Вазири давлатӣ оид ба корҳои савдои хориҷии Вазорати тиҷорат ва савдои Давлати Қатар Аҳмад ибни Муҳаммад Ас-Сайидро ба ҳузур пазируфтанд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рушди муносибатҳои ҳамкории миёни Тоҷикистону Қатар изҳори қаноат намуданд. Ба амалишавии 42 санади ҳамкорӣ, ки соҳаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ, ташвиқ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ, алоқаи ҳавоӣ, фарҳанг, тандурустӣ, сайёҳӣ ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро фаро мегиранд, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Аз тавсеаи ҳамкории амалии доираҳои соҳибкории ду ҷониб истиқбол карда шуд. Ҷалби маблағҳои грантиву қарзҳои имтиёзноки фондҳо ва муассисаҳои молиявии Қатар барои татбиқи лоиҳаҳои дорои аҳамияти милливу минтақавӣ, аз ҷумла дар бахши энергетика ба мақсад мувофиқ шумурда шуд. Фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ барои рушди ҳамкории дуҷониба ва таъсиси “Фонди муштараки иқтисодӣ ва сармоягузорӣ” байни ду кишвари дӯст аз мавзуъоти муҳими суҳбат буд. Ба масъалаи густариши ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт, аз ҷумла ифтитоҳи хатсайрҳои ҳавоӣ низ таваҷҷуҳ карда шуд. Барои роҳандозӣ ва омӯзиши таҷрибаи Қатар оид ба низоми бонкдории исломӣ изҳори омодагӣ карда шуд. Ҳамчунин, оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт. 14.10.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолеҳ

14 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Форуми сармоягузории “Душанбе Инвест – 2025” Вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолеҳро ба ҳузур пазируфтанд. Дар вохӯрӣ раванди рушди ҳамкории ду кишвар баррасӣ шуд. Аз фаъолияти Фонди саудии рушд дар Тоҷикистон изҳори қаноат карда шуд. Ҷонибҳо барои рушди робитаҳои ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратию сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои энергетика ва кишоварзӣ алоқамандии худро иброз доштанд. Ба ҷоннок кардани фаъолияти василаҳои дуҷонибаи густариши ҳамкорӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Ҷалби сармояи саудӣ барои амалисозии лоиҳаҳои соҳаҳои саноати сабук, нассоҷӣ, дорусозӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, коркарди маъданҳо ва энергетика зарур шумурда шуд. Роҳандозии хатсайри ҳавоӣ дар масири Душанбе-Ҷидда-Душанбе намунаи хуби ҳамкории кишварҳо номида шуд. Табодули андеша, ҳамчунин, доир ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб сурат гирифт. 14.10.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Вазири иқтисод ва дороии Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Алӣ Маданизода

14 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Форуми байналмилалии сармоягузории “Душанбе Инвест – 2025” Вазири иқтисод ва дороии Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Алӣ Маданизодаро ба ҳузур пазируфтанд. Зимни мулоқот аз рафти густариши муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо изҳори қаноатмандӣ карда шуда, таъкид гардид, ки бо саъю талоши бештари ҷонибҳо ин раванд дар оянда  низ самаранок идома хоҳад ёфт. Натиҷаҳои боздидҳои расмии роҳбарияти олии Тоҷикистону Эрон, гуфтушунидҳо ва тавофуқоти дар сатҳи олӣ ҳосилшуда, инчунин санадҳои нави имзошуда барои рушди минбаъдаи муносибатҳо муҳим арзёбӣ гардид. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро ба тавсеаи бештари ҳамкории тиҷоративу иқтисодии дуҷониба таъкид намуда, аз тамоюли рӯ ба афзоиши табодули тиҷоратӣ миёни ду кишвар ёдовар шуданд. Таъкид гардид, ки дар соли 2024 гардиши мол миёни ду кишвар тақрибан ба 380 миллион доллари амрикоӣ баробар гардид ва изҳори бовар карда шуд, ки ин рақам дар наздиктарин фурсат ба 500 миллион доллар ва аз он бештар низ хоҳад расид. Дар ин робита тақвияти кори абзорҳои дуҷонибаи рушди ҳамкорӣ зарур дониста шуд. Изҳори итминон карда шуд, ки ҳамкории судманд миёни ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг дар оянда боз ҳам густариш хоҳад ёфт. 14.10.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо Татяна Молчан

14 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Форуми байналмилалии сармоягузории “Душанбе Инвест – 2025” Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо хонум Татяна Молчанро ба ҳузур пазируфтанд. Зимни вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо баррасӣ карда шуд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ҳамкорӣ бо Комиссия ҷузъи муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва рушди устувори иқтисодии кишвар мебошад. Президенти кишвар илова намуданд, ки ин ҳамкорӣ масъалаҳои муҳими рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳифзи муҳити зист, беҳтар намудани инфрасохтор, ҳамчунин татбиқи ҳадафҳои “Раванди Душанбе оид ба  об” ва “Раванди Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳо”-ро дар бар мегиранд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми назарраси Комиссияро дар мусоидат ба татбиқи иқдомҳои Тоҷикистон дар соҳаҳои истифодаи устувори захираҳои обӣ, соддагардонии расмиёти савдо ва рушди иқтисоди сабз баланд арзёбӣ намуданд. Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст ҳамкории худро бо Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо баҳри татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои нақлиёт, логистика, сертификатсия, рақамисозии омор ва таҳкими иқтисоди минтақавӣ идома диҳад. Дар идома нақши Барномаи махсуси Созмони Милал барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) дар таҳкими ҳамгироии минтақавӣ ва густариши савдои байнидавлатӣ муҳим арзёбӣ карда шуд. Масоили марбут ба мубориза бо тағйирёбии иқлим низ аз мавзӯъҳои муҳими суҳбат буд. Дар анҷом омодагии Тоҷикистон барои боз ҳам густариш додани ҳамкории ҳамаҷониба бо Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо таъкид гардид. 14.10.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Иштирок дар Форуми байналмилалии сармоягузории “Душанбе Инвест – 2025”

14 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Кохи Ваҳдати пойтахт дар Форуми байналмилалии сармоягузории “Душанбе Инвест – 2025” иштирок ва суханронӣ намуданд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст иштирокдорони форумро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд. Таъкид гардид, ки ҳадафҳои асосии ҳамоиш ин муаррифии захира ва имкониятҳои фарохи Тоҷикистон барои сармоягузорӣ, омодагии кишвар ба ҳамкорӣ ва фановариву ғояҳои нав, инчунин тасмими Ҳукумати кишвар ба идомаи ислоҳоту дигаргуниҳое, ки шароити мусоидро барои рушди устувор ва ташаккули шарикии дарозмуддат фароҳам меоранд, ба ҳисоб меравад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Форуми Душанбе сармоягузориҳои “сабз”-ро, ки рушди устувори иқтисодиро бо дарназардошти адолати иҷтимоӣ ва истифодаи сарфакоронаи захираҳои табиӣ таъмин менамояд, дар маркази таваҷҷуҳ қарор додааст. Гуфта шуд, ки маҳз ба ҳамин хотир, Форум зери унвони “Сармоягузориҳои сабз: имкониятҳои имрӯза барои устувории фардо” баргузор карда мешавад. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Форум барои таҳияи қарорҳои амалӣ, таҳкими эътимоди тарафайн, кушодани иқтидори сармоягузории минтақа дар асоси принсипҳои устуворӣ ва манфиати мутақобила заминаи муҳим фароҳам меорад. Аз ҷумла, гуфта шуд, ки ҷойгиршавии стратегии Тоҷикистон дар маркази Авруосиё ба мо имкон медиҳад, ки ҳамчун пайвандгари минтақаҳо ва қитъаҳо баромад карда, долонҳои нави нақлиётӣ, энергетикӣ ва логистикӣ, ки бозорҳо ва мардумони гуногунро муттаҳид мекунанд, таъсис диҳем. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки “Тоҷикистони муосир кишвари дорои иқтисодиёти босуръат тараққиёбанда, рушди боэътимоди муносибатҳои байналмилалӣ ва фазои боз ҳам мусоиди сармоягузорӣ мебошад”. Зикр карда шуд, ки таи солҳои охир кишвари мо ислоҳоти фарогир ба таҳкими уствории макроиқтисодӣ, рушди бахши хусусӣ, дастгирии соҳибкорӣ, рақамикунонӣ ва татбиқи қарорҳои инноватсионӣ нигаронидаро амалӣ менамояд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтидори бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон, захираҳои ғании маъдан ва сарватҳои муҳими стратегӣ, сармояи инсонии ҷавон ва пурнеруро аз афзалиятҳои рақобатпазири кишвари мо номиданд. Оид ба зарурати таваҷҷуҳ ба рушди иқтисоди сабз ва қабули Стратегияи рушди иқтисоди сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2037 низ андешаронӣ сурат гирифт. Бо ба назар гирифтани имконияту иқтидорҳои соҳаи энергетика ба ширкатҳои манфиатдор лоиҳаҳои ояндадори ин бахш барои сармоягузорӣ пешниҳод карда шуд. Ҳамчунин, аз сармоягузороне, ки дар самти истеҳсоли технологияҳои муосир, батареяҳо, истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия фаъолият мекунанд, барои саҳм гузоштан дар амалисозии лоиҳаҳои бузургмиқёси ин соҳаҳо истиқбол карда шуд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба самъи иштирокдорони форум имкониятҳои дигари сармоягузории кишвар, аз ҷумла саноати сабук ва хӯрокворӣ, кимиё ва дорусозӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, комплекси агросаноатӣ ва соҳаи сайёҳиро муаррифӣ намуданд. “Ҳукумати Тоҷикистон барои ташкили фазои мусоиди соҳибкорӣ пайваста чораҷӯйӣ менамояд. Имрӯз мо ба сармоягузорон зиёда аз 240 кафолат ва имтиёзҳои гуногун пешниҳод менамоем, ки зиёда аз 110-тои онҳо имтиёзҳои андозӣ ва гумрукӣ мебошанд”, изҳор доштанд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон панҷ минтақаи озоди иқтисодии Тоҷикистонро барои фаъолияти тиҷоратии соҳибкорон ва сармоягузорон созгор номиданд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ҳадафи стратегии мо табдил додани Тоҷикистон ба макони боэътимоди сармоягузории дарозмуддат мебошад, ки ба ҳамкорӣ баҳри рушди устувор ва ҳамгироӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ нигаронида шудааст. 14 октябр дар Тоҷикистон Рӯзи соҳибкорон таҷлил мегардад. Бо истифода аз фурсат, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи соҳибкоронро ба ин муносибат самимона табрик гуфта, ба онҳо саломатӣ ва барору муваффақиятҳо орзу намуданд. Дар фарҷоми сухан Роҳбари давлат изҳори итминон намуданд, ки Форум ба оғози ташаббусҳои нави судманд замина гузошта, ҳамкориро таҳким мебахшад ва барои мардумони кишварҳо ва тараққиёти ҷаҳон натиҷаҳои намоён медиҳад. Баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳии Форуми байналмилалии сармоягузории “Душанбе Инвест – 2025”, ҳамчунин, Султон Раҳимзода – Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Арипов Абдулло – Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон, Скляр Роман – муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон, Тунку Алӣ Ризауддин ибни Туанку Муҳриз – Валиаҳди Шоҳигарии Нигери-Сембилан, Малайзия, Татяна Молчан – Муовини котиби генералӣ, котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид дар Аврупо, Сайид Али Маданизаде – Вазири иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Холид бин Абдулазиз Ал-Фолеҳ – Вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ суханронӣ намуданд. 14.10.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Анҷоми сафари Президенти Федератсияи Русия

12 октябр Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин баъд аз анҷоми сафари давлатӣ ва иштирок дар ҳамоиши Осиёи Марказӣ-Русия ва ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои иштирокдори ИДМ аз шаҳри Душанбе бозгашт намуд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтироми  баланд меҳмони олиқадрро самимона гусел намуданд. Ёдовар мешавем, ки сафари давлатӣ ва кории Владимир Путин дар Душанбе аз 8 то 12 октябр ҷараён гирифт. Зимнан аз рӯи натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Русия 16 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Санади аз ҳама муҳим – Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Федератсияи Русия дар бораи таъмиқи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Русия буд, ки аз ҷониби сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин ба имзо расид. Тавофуқоти зиёди судманд, ҳамчунин дар шаҳри Душанбе зимни ду ҳамоиши муҳими минтақавӣ ҳосил шуд. Тоҷикистон, ба хусус пойтахти он шаҳри Душанбе ва мардуми шарифи кишвари мо таҳти сарварии Пешвои маҳбуби худ бори дигар собит намуданд, ки Тоҷикистон мулки сулҳу дӯстӣ, рушди ҳамкорию ҳамёрии судбахш  ва сарзамини биҳиштосою меҳмоннавоз аст. Барои гусели меҳмони олиқадр – Президенти Федератсияи Русия майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатии ду кишвар ва аксҳои сарони ду давлат ороста шуд. Роҳрави сурх ва ороишоти гулгун густурда шуда, сарбозони горди фахрӣ аз ду тарафи роҳрав саф оростанд. 12.10.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко

10 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко мулоқот намуданд. Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки “ҳамкорӣ бо шарики стратегии мо Ҷумҳурии Беларус аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии мост ва мо ба он манфиатдорем, ки муносибатҳои байни кишварҳоямон бо мазмуни нав ғанӣ гарданд”. Зарурати рушди ҳамкории байнипарлумонӣ ҳам таъкид карда шуд. Ба масоили рушду густариши робитаҳо дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, кишоварзӣ ва саноат таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Сарони давлатҳо барои бештар фаъол гардондани кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Беларус, ҳамчунин, Гурӯҳи кории муштарак оид ба рушди ҳамкории сармоягузорӣ, изҳори алоқамандӣ намуданд. Дар бахши кишоварзӣ ба масъалаи афзоиши ҳаҷми содироти меваю сабзавот ва пахта ба Беларус ва таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Рушди ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ ва маориф ҳам аз мавзуъҳои муҳими суҳбат буд. Барои густариши робитаҳо дар бахши тандурустӣ, ташкили корхонаҳои истеҳсоли доруворӣ ва тайёр кардани кадрҳои соҳа, табодули афкор сурат гирифт. Дар доираи ҳамкорӣ дар ҷаҳорчуби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ҷонибдории ташаббусҳои ҳамдигар дар арсаи ҷаҳон таъкид гардид. 10.10.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев

10 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев мулоқот намуданд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат иброз доштанд, ки “муколамаи мунтазами мо ба рушди ҳамкории кишварҳоямон такони тоза мебахшад”. Фаъолтар шудани робитаҳои байнипарлумонӣ ва фаъолияти гурӯҳҳои дӯстӣ таъкид карда шуд. Ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, тавсеаи сармоягузорӣ ва афзоиши ҳаҷми гардиши мол таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Ҳамкории сохторҳои марбута барои роҳандозии фаъолияти муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодии ду кишвар ва истеҳсоли молҳои содиротӣ, аз ҷумла дар бахши коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, зарур шумурда шуд. Густариши ҳамкорӣ дар самтҳои ояндадори саноат, бунёди паркҳои технологӣ ва татбиқи лоиҳаву барномаҳои иқтисодӣ аз мавзуъоти дигари суҳбат буд. Дар соҳаи нақлиёт парвозҳои мунтазам миёни пойтахтҳои ду кишвар ва истифодаи имконоти транзитӣ барои интиқоли бор муҳим арзёбӣ гардид. Дар бахшҳои фарҳангию гуманитарӣ дар бораи баргузорсозии рӯзҳои фарҳанг ва афзун намудани шумораи бурсияҳои таълимӣ барои ҷавонони Тоҷикистон табодули андеша сурат гирифт. Ҳамчунин, аз сатҳи ҳамкорӣ дар чаҳорчуби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ изҳори қаноат карда шуд. 10.10.2025 шаҳри Душанбе

Прокрутить вверх