Президент

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи бинои нави Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

19 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт бинои нави Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд. Бинои нави асосии Раёсат, ки аз чор қисм ва 10 ошёна иборат аст, дар масоҳати наздик ба ду гектар мутобиқ ба талаботи фаъолияти мақомоти милитсия ва бо дарназардошти унсурҳои меъмории миллӣ сохта шуда, дорои тарҳи замонавӣ мебошад. Иншооти мазкур аз ҳисоби маблағҳои буҷети Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бунёд гардидааст. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои тозабунёд дорои инфрасохтори мукаммал ва имкониятҳои фарох буда, 246 утоқи корӣ ва ёрирасон, маҷлисгоҳи асосӣ бо 346 курсӣ, маҷлисгоҳи хурд бо 40 ҷойи нишаст, хобгоҳ бо 290 рахти хоб, ошхона барои 178 кас дар як вақт, толори варзиш барои машқу тамрини бадан, инчунин майдонҳои варзиш барои футболи хурд, волейбол ва дигар намудҳои варзишро дар бар мегирад. Дар ошёнаи якуми бинои мазкур осорхонаи таърихӣ таъсис ёфтааст, ки дар он саҳму хизматҳои арзандаи кормандони мақомоти милитсияи пойтахт бо нигоштаҳо, аксҳо ва санадҳои муҳиму нодир инъикос ёфтааст. Таъкид гардид, ки бо ба истифода додани бинои нав, кормандони милитсия бо дастгоҳу лавозимоти муосири ҷустуҷӯиву амалиётӣ таъмин гардидаанд, ки ин иқдом дар таҳкими волоияти қонун, мубориза бо ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар пойтахти кишвар нақши муҳим хоҳад бозид. Бинои нави Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе дар идомаи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ қомат афрохта, на танҳо шароити муосири фаъолиятро барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ фароҳам овардааст, балки бо намои хуштарҳу зебои худ ба симои шаҳр низ зебоӣ зам кардааст. Ҳангоми шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи сохтмони литсеи “Дурахшандагон”-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 640 хонанда бо хобгоҳи муосир барои 260 нафар муаррифӣ гардид. Ин иқдом ифодагари таваҷҷуҳи хоссаи давлат ба рушди илму маърифат, тарбияи насли соҳибилм ва таҳкими пояҳои сохтории мақомоти қудратӣ маҳсуб меёбад. Саҳну атрофи бино комилан мумфарш гардида, дар масоҳати беш аз 3200 метри мураббаъ дарахтони гуногуни нодири ороишӣ шинонида шудаанд, ки ба муҳити атроф зебоию таровати бештар мебахшанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида, ба корҳои сохтмонию муҷаҳҳазсозӣ баҳои баланд дода, аз масъулин ва кормандони мақомоти милитсияи пойтахт талаб намуданд, ки бо истифода аз имкониятҳои муҳайёгардида содиқона хизмат намуда, дар ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини амнияту субот намунаи ибрат бошанд. 19.08.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи бинои нави Дастаи алоҳидаи таъиноти махсуси милитсия “Шоҳин”-и Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе

19-уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти кишвар бинои нави Дастаи алоҳидаи таъиноти махсуси милитсия “Шоҳин”-и Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанберо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити фароҳамгардида шинос шуда, бо ҳайати шахсии дастаи мазкур суҳбат намуданд. Иншооти навбунёд аз як бинои асосӣ ва се бинои ёрирасони 3 ошёна иборат буда, бо дарназардошти меъёрҳои муосири меъморӣ ва талаботи махсуси соҳа бунёд ёфтааст. Зимни шиносоӣ ба Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки биноҳои нав мутобиқ ба меъёрҳои хизматӣ ва шароити мусоиди корӣ омода карда шудааст. Ғайр аз ҳуҷраҳои корӣ ва толору маҷлисгоҳҳо, биноҳои навбунёди Дастаи алоҳидаи таъиноти махсуси милитсия “Шоҳин”-и Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе дорои синфхонаҳо ва майдончаҳои махсуси таълимӣ буда,  онҳо бо аёниятҳои зарурии соҳавӣ муҷаҳҳаз мебошанд. Аз ҷумла, дар ин ҷо навъҳои гуногуни дастгоҳҳои соҳавӣ, яроқу аслиҳа, воситаҳои алоқа, сару либоси низомӣ ва дигар лавозимоти корӣ ҷой дода шудааст. Ҷиҳати фароҳам овардани шароити арзанда ба хизматчиёни ин даста, дар иншооти мазкур хобгоҳи замонавӣ бунёд ёфтааст. Дар ҳамин ҷо ҳамчунин ду ошхонаи замонавӣ бо муосиртарин шароит сохта шуда, яке аз онҳо дар фазои кушод дар фасли тобистон хизматрасонӣ хоҳад кард. Дар доираи корҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳи хоса ба ободонии гирду атроф низ зоҳир гардида, дар саҳни иншоот майдони сафороӣ ва дигар иншооти ёрирасон бунёд ёфтааст. Ҳамчунин бино дорои майдонча ва майдони муосири варзишӣ мебошад, ки дар он дар баробари гузаронидани мусобиқаҳои варзишӣ, ҳамчунин имкони ба машқу тамрини ҳаррӯза фаро гирифтани хизматчиёни даста мавҷуд аст. Дар саҳни иншооти навбунёд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши техникаву таҷҳизоти ҳарбӣ дидан карданд. Дар ин намоишгоҳ муосиртарин дастгоҳу лавозимоти соҳавӣ, ки имрӯз мавриди истифода қарор доранд, ба намоиш гузошта шуда буд. Иттилоъ дода шуд, ки парки техникии дастаи мазкур аз мошину механизмҳои муосири ҳарбӣ иборат буда, ҳамаи он дар омодагии хуби доимӣ қарор дорад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо ҳайати шахсии дастаи мазкур таъкид доштанд,  ки ҳушёриву зиракии касбию сиёсиро ҳаргиз аз даст надиҳанд ва донишу малакаи худро пайваста баланд бардошта, барои рафъи ҳолатҳои фавқулодаву ғайричашмдошт ҳамеша омода бошанд. Таъкид гардид, ки ҳамаи шароити навтарини зист, фаъолияти ҳаррӯза ва омодасозии босифати ҳайати шахсӣ ба иҷрои амалиёти махсуси низомӣ ҳар яки онҳоро ба хизмати содиқонаю софдилона ва машқу тамрини матлуб бояд водор намояд. Бо ёдоварӣ аз вазъи басо мураккабу пешгӯинашаванда, ки дар минтақа ва ҷаҳон ба назар мерасад, аз роҳбарияти сохторҳои қудратию ҳифзи ҳуқуқ ва ҳар як хизматчии низомию воҳидҳои таъиноти махсус талаб карда шуд, ки барои ҳифзи дастовардҳои Ватани соҳибистиқлол ва амну суботи пойдори Тоҷикистони азиз ҳамеша омодагии зарурӣ дошта бошанд. Дар ҳамин ҷо аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Дастаи алоҳидаи таъиноти махсуси милитсия “Шоҳин”-и Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе нақлиётҳои нави корӣ тақдим карда шуд, ки ба фаъолияти босамари кормандони ин ниҳод кумаки амалӣ хоҳад расонд. 19.08.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Барқияи изҳори тасаллӣ ба Президент ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон

18 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот ба фавтидан ва осеб дидани шумораи зиёди шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Покистон бар асари боришоти шадид ва обхезиҳои фалокатовар, ба Президент ва Сарвазири ин кишвар муҳтарам  Осиф Алӣ Зардорӣ ва муҳтарам Шаҳбоз Шариф барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд. Дар он, аз ҷумла, омадааст: “Дар робита ба ин мусибати гарон ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, мардуми дӯсти Покистон ва наздикону пайвандони фавтидагон таслият ва ҳамдардии амиқи инҷонибро изҳор менамоям. Ба тамоми осебдидагон шифои ҳарчи зудтар хоҳонам”. 18.08.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин

18 август суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин доир гардид. Зимни суҳбат сарони давлатҳо масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва ҷанбаҳои алоҳидаи муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд. Пешвои миллат бо таъкид бар аҳамияти хоссаи сиёсии натиҷаҳои музокироти Президентҳои Федератсияи Русия ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Аляска барои коҳиши сатҳи ташаннуҷ ва таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ дар арсаи байналмилалӣ, аз раванди мусолиматомези ҳалли буҳрони Украина ҷонибдорӣ карданд. Дар ҷараёни суҳбат ҳамзамон оид ба масъалаҳои ҷории ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русия, ки мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб қарор доранд, табодули назар сурат гирифт. Ҷонибҳо дар робита ба идомаи муколама ва тамосҳо дар сатҳи олӣ ба мувофиқа расиданд. 18.08.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Боздиди корӣ аз шаҳри Турсунзода

16 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ  бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти кишоварзон, истифодаи мақсадноки заминҳои корам, ҷамъоварии беталафи ҳосил, таъмини талаботи бозорҳои пойтахти кишвар бо маводи ғизоии хушсифати ватанӣ ва тақвияти иқтидори содиротӣ ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд. Нахуст Сарвари давлат аз заминҳои шолӣ, ки баъд аз ҷамоварии ҳосили гандум дар кишти такрорӣ парвариш меёбад, дидан намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки имсол дар шаҳри Турсунзода дар майдони 5200 гектар шолӣ кишт кардаанд, ки аз ин 4000 гектараш кишти такрорӣ мебошад. Тавре аён гардид, нашъунамои шолӣ хуб буда, ҳосилнокии интизорӣ аз ҳар гектари он 65 сентнерӣ мебошад. Дар маҷмӯъ кишоварзони шаҳр мақсад доранд, ки имсол зиёда аз 40 ҳазор тонна ҳосили хушсифати шолӣ ҷамоварӣ карда, дар баробари таъмини талаботи дохилӣ, ҳамзамон содироти онро ба хориҷи кишвар низ ба роҳ монанд. Дар идомаи боздид Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Ангури Сомон” шинос гардиданд. Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии мазкур дорои 500 гектар токзор буда, дар он вобаста ба шароити созгори иқлим навъҳои гуногуни ангур, ки бештар барои содирот ва истеҳсоли мавиз нигаронида шудааст, парвариш ёфта, ҳамасола аз он ҳосили фаровону хушсифат ҷамъоварӣ карда мешавад. Имсол ҳосили ангур дар токзори хоҷагӣ фаровон буда, аҳли заҳмати он мақсад доранд, ки зиёда аз 20 ҳазор тонна ҳосили аълосифати ангур ҷамъоварӣ карда, дар баробари таъмини фаровонӣ дар бозори дохилӣ, ҳамзамон 10 ҳазор тоннаи онро ба хориҷи кишвар содир намоянд. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки майдони умумии токзор дар шаҳри Турсунзода 5300 гектар буда, токпарварон аз он соли 2024 зиёда аз 32 ҳазор тонна ангур ба хориҷи кишвар содир намудаанд. Бо дарназардошти ҳосили фаровон имсол токпарварон мақсад доранд, ки ҳаҷми содироти ангурро ба хориҷи кишвар ба 40 ҳазор тонна расонанд. Зимни боздид аз майдони ҷуворимаккаи дон ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла иттилоъ доданд, ки имсол баъд аз ҷамъоварии ҳосили зироати гуногун аз кишти асосӣ, дар шаҳри Турсунзода дар майдони зиёда аз 780 гектар ин зироат кишт шудааст. Нашъунамои ҷуворимаккаи дон хуб буда, кишоварзон аз он ҳосили фаровон умедворанд. Дар фароварди боздид аз шаҳри Турсунзода Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагии деҳқонии Ҳоҷӣ Неъмат, ки асосан, ба токпарварию ниҳолпарварӣ машғул аст, ташриф оварданд. Зикр гардид, ки хоҷагӣ дорои 105 гектар токзор буда, дар он 6 намуд ангур парвариш меёбад. Токпарварони хоҷагӣ бовар доранд, ки имсол зиёда аз 5 ҳазор тонна ангури хушсифат ба даст меоранд. Хоҷагӣ барои нигоҳдории 1200 тонна ангур сардхона низ дорад, ки барои захираи ангуру дигар меваю сабзавот ва пешниҳод ба бозор дар 4 фасли сол пешбинӣ шудааст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин хоҷагӣ, ҳамчунин, шоҳиди оғози мавсими хушксозии ангур барои истеҳсоли мавиз шуданд. Тавре иттилоъ дода шуд, токпарварони шаҳри Турсунзода тайи солҳои охир ин таҷрибаи барои худашон навро хуб аз худ намуданд. Аз ҷумла соли гузашта онҳо 1500 тонна мавиз ба хориҷи кишвар содир карданд. Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки аз 4-4,5 кг ангур як кг мавиз ба даст меояд ва фоидаи он нисбат ба фуруши ангури тару тоза қариб як баробар зиёд аст. Дар маҷмуъ аз иттилооти расмӣ бармеояд, ки кишоварзони шаҳри Турсунзода дар афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ин соҳа, татбиқи амалии Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва ситруспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029 ва таъмини амнияти ғизоии кишвар саҳми намоён доранд. Онҳо, аз ҷумла барои таъмини фаровонию суботи бозори истеъмолӣ дар 4 фасли сол дар майдони 77 гектар гармхонаҳои сабзавотпарварӣ ва барои нигоҳдории 28 ҳазор тонна меваю сабзавоти тару тоза сардхонаҳо бунёд намудаанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо роҳбарият ва кишоварзони шаҳр барои боз ҳам зиёд намудани нишондодҳои истеҳсолӣ, пешниҳоду паҳн намудани таҷрибаҳои пешқадами деҳқонони Турсунзода дар дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар, афзун намудани қудрати содиротии Тоҷикистон, фаровон захира намудани озуқаворӣ барои зимистон, пеш аз ҳама барои эҳтиёҷоти пойтахт-шаҳри Душанбе, ба онҳо дастуру ҳидоятҳо доданд. Таъкид гардид, ки бо мақомоти масъули шаҳри Душанбе барои таъмини фаровонию субот дар бозори истеъмолӣ ва захираи озуқаворӣ барои ҳамаи фаслҳои сол ҳамкории босамар ба роҳ монда шавад. 16.08.2025 шаҳри Турсунзода

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №129 дар шаҳри Душанбе

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №129 дар маҳаллаи Сомони ноҳияи Фирдавсӣ сеюмин иншооти соҳаи маориф аст, ки санаи 15-уми август бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ифтитоҳ ёфт. Иншоот дар идомаи ташаббусҳои раҳнамунсози роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳсозии фазои таълиму тарбия ва рушди соҳаи илму маориф аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Умар Алимадов сохта шудааст. Ба ҳолати имрӯз шумораи хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №129 дар маҳаллаи Сомони ноҳияи Фирдавсӣ 1733 нафарро ташкил медиҳад. Иншоот имкони дар беҳтарин шароит ба таҳсил фаро гирифтани насли ояндаи миллатро дорад, зеро 56 синфхонаи муҷаҳҳаз бо муҳимтарин лавозимоти хониш барои 3400 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Кабинетҳои фаннии химия, биология, физика, география, технологияи меҳнат, омодагии ибтидоии ҳарбӣ ва технологияи иттилоотӣ мутобиқ ба талабот сохта шуда, ба ташаккули зеҳну тафаккури хонандагон замина хоҳад гузошт. Истифода аз ду китобхона: электронӣ ва анъанавӣ дастрасии хонандагонро ба адабиёт ва барномаҳои таълимии дар сомонаҳо маҳфуз таъмин месозад. Муассиса дар маҷмуъ дорои наздик ба 60 компютери пайваст бо шабакаи байналмилалии интернет аст. Толори барҳаво ва муҷаҳҳази варзиш, ки дар муассиса сохта шудааст, ба тарғибу ташаккули тарзи ҳаёти солим ва ҷисман обу тоб ёфтани хонандагон мусоидат мекунад. Маҷлисгоҳ бо 310 ҷойи нишаст, ошхона бо 216 ҷойи нишаст, ҳуҷраи табиб ва дигар иншооти ёрирасон, ки дар муассиса сохта шудаанд, дар маҷмуъ ба беҳбудии сифати таҳсил ва кору фаъолияти омӯзгорон замина мегузорад. Зимни шиносоӣ бо шароиту имконоти ин муассисаи нави таълимӣ Пешвои миллат ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, саҳмгузорӣ дар соҳибилм шудани насли наврасро амали шоиста унвон намуданд. Аз ин хотир ба соҳибкори саховатпешаю ватандӯст барои ин ташаббуси воло арзи сипос намуда, омӯзгорони ин муассисаи зеборо ба таълиму тарбияи хуби насли оянда ҳидоят карданд. 15.08.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи марҳилаи дуюми муассисаи таълимии хусусии «Ҳоризон» дар шаҳри Душанбе

15 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе марҳилаи дуюми муассисаи таълимии хусусии «Ҳоризон»-ро ифтитоҳ намуданд. Зимни шиносоӣ бо шароити муассиса ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иншоот барои ба таҳсил фаро гирифтани 820 хонанда дар як баст пешбинӣ шуда, дар он 54 омӯзгори соҳибтахассус бо кор таъмин шудаанд. Бинои таълимӣ дорои 38 синфхонаи муҷаҳҳаз, ҳуҷраҳои корӣ, толори фарҳанг бо 500 ҷойи нишаст, китобхона, ошхона, толору майдончаи варзишӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон буда, ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ сохта шудааст. Кабинетҳои фаннӣ, аз ҷумла физика, химия, биология, технологияи информатсионӣ ва дигар шароити мусоиди таълимӣ ба ташаккули дониши муҳассилин мусоидат менамояд. Барои фароҳам овардани шароити муосир, синфхонаҳо бо компютерҳои навтарин ва таҷҳизоти интерактивӣ таъмин гардидаанд. Ҳамзамон, системаи гармидиҳӣ, равшанидиҳии каммасраф ва дастрасӣ ба шабакаи интернети босуръат шароити мувофиқро барои омӯзиш фароҳам меоранд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба дуруст ба роҳ мондани сифати таълиму тарбия таъкид намуданд, ки маориф самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат аст ва сармоягузорӣ ба он – сармоягузорӣ ба ояндаи кишвар мебошад. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ дода шуд, ки раванди таълим дар муассиса пурра бо забони англисӣ ҷараён мегирад ва он бо системаи “стим эдюкейшн” (Steam education), ки яке аз пурнуфузтарин низоми омӯзиш дар давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон ба шумор меравад, роҳандозӣ гардидааст. Ҳамчунин ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани машғулиятҳо, ба муассиса омӯзгорони ҷавону ботаҷриба аз дохил ва хориҷи кишвар ҷалб гардидаанд. Ифтитоҳи ин муассиса як қадами устувор дар роҳи татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф то соли 2040 мебошад ва ба тақвияти неруи зеҳнии насли наврас, боло бурдани сатҳи саводнокӣ ва тавсеаи имкониятҳои таълимӣ мусоидат хоҳад кард. Дар муассиса, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди зист ва таълим, ҳамзамон хобгоҳ барои 280 нафар омода шудааст. Бо дарназардошти  талаботи рӯзафзуни ҷомеа ба таълимоти босифат, дар ояндаи наздик нақша гирифта шудааст, ки имконияти қабул то 1500 хонанда расонида шавад. Сарвари давлат ифтитоҳи чунин муассисаи замонавиро намунаи возеҳи шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар соҳаи маориф арзёбӣ намуда, ба соҳибкори ватандӯсту баландҳиммат Наврӯз Юнусов барои ин иқдоми наҷиб изҳори ташаккур намуданд ва ба омӯзгорон барои тарбияи насли соҳибмаърифат ва доною тавоно дастуру тавсияҳо доданд. 15.08.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Марям дар шаҳри Душанбе

15 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Лермонтови ноҳияи Синои пойтахт муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Марямро мавриди истифода қарор доданд. Иттилоъ дода шуд, ки бинои нави кӯдакистон дар доираи нақшаи чорабиниҳои ободонӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва тадбирҳои созандаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сохта шудааст. Сохтмони муассиса моҳи феврали 2023 оғоз гардида, дар муҳлати 16 моҳ ҷавобгӯ ба талаботи меъмориву шаҳрсозӣ  аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Исломҷон Муродов бунёд гардидааст. Дар вақти сохтмон зиёда аз 150 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин гардиданд. Муассисаи тозабунёд аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 200 кӯдак пешбинӣ ва дар он барои инкишофи зеҳни кӯдакон, аз худ кардани донишҳои замонавӣ ва машғул шудани онҳо ба бозиҳои гуногуни шавқовар шароити хуб фароҳам оварда шудааст. Ҳамаи ҳуҷраҳои таълимии боғча бо лавозими зарурӣ, аз ҷумла мизу курсӣ  ва ҳар гуна бозичаҳои кӯдакона таъмин буда,  омӯзиш дар он бо 3 забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад. Дар кӯдакистони нав 30 кас аз парастору дигар мутахассисони варзидаи соҳа бо кор таъмин шудаанд. Дар саҳни ҳавлии боғча 6 айвонча, нуқтаҳои бозии кӯдакон, ҳайкалчаҳои қаҳрамонҳои афсонавӣ, фаввораҳои зебову назаррабо ва дигар воситаҳои дилхушӣ сохта шудааст, ки ба муҳити ин мавзеъ зебоии дигар мебахшад. Ҳудуди муассиса ҳамчунин бо гулу дарахтони ороишӣ сабзкорӣ шудааст. Тибқи лоиҳа, дар ин муассиса барои 10 гурӯҳ ҳуҷраҳои хоб, мусиқӣ, рақс, рассомӣ, ҳамчунин ҳаммом, толори варзишӣ ва майдончаи бозӣ сохта шуда, дар арафаи таҷлил аз 34-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамчун туҳфаи арзанда ба кӯдакони хуштолеи замони соҳибистиқлолӣ мавриди истифода қарор гирифт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароити фароҳамшуда ба сифати корҳо баҳои баланд дода, иброз доштанд, ки таҳсилоти томактабӣ барои ташаккули қобилияти зеҳнии наврасон марҳалаи хеле муҳим ба ҳисоб меравад. Таъкид гардид, ки вусъати чунин иқдомҳои ватандӯстона метавонад дар самти иҷрои талаботи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар хусуси фарогирии ҳарчи бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ нақш гузорад. Ифтитоҳи кӯдакистони замонавиро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаи арзишманд номида, ба соҳибкори ҳимматбаланд барои ин иқдоми наку арзи сипос карданд. Аз мураббиён даъват намуданд, ки бо истифода аз шароити мусоид кӯдаконро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намоянд, то онҳо дар оянда барои пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзишманди худро гузоранд. 15.08.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин

10 август суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин баргузор гардид. Зимни он масъалаҳои мубрами рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва рӯзномаи байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Президенти Русия оид ба натиҷаҳои асосии музокирот бо ҷониби ИМА маълумот дод. Пешвои миллат зимни изҳори сипос аз пешниҳоди маълумот аз талошҳо ҷиҳати дарёфти роҳҳои сиёсиву дипломатии ҳалли қазияи Украина пуштибонӣ карданд. Ҳамзамон, омодагии ҷонибҳо барои андешидани тадбирҳои муштарак ҷиҳати рушди муносибатҳои шарикии стратегӣ миёни Тоҷикистон ва Русия таъкид гардид. Сарони давлатҳо нақшаи вохуриҳои дарпешистодаи сатҳи олиро ҳам дар қолаби дуҷониба ва ҳам бисёрҷониба баррасӣ карданд. 10.08.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Барқияи табрикӣ ба Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян

9 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон муҳтарам Никол Пашинян барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст: «Муҳтарам Никол Воваевич, Шумо ва мардуми дӯсти Арманистонро ба муносибати имзои Эъломияи муштарак бо Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки роҳро барои расидан ба сулҳи пойдор миёни ду кишвар мекушояд, самимона табрик мегӯям. Мо аз ин рӯйдоди таърихӣ истиқбол намуда, бар аҳаммияти муколамаи сулҳомез ҳамчун василаи ягонаи ҳалли буҳрону муноқишаҳо таъкид мекунем. Бовар дорем, ки расидан ба ин созиш барои рушди равобити ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкории шарикии ду давлат заминаи заруриро фароҳам оварда, ҳамзамон, ба таҳкими пояҳои суботу амният дар Қафқоз ва тавсеаи ҳамкории созандаи байниминтақавӣ мусоидат хоҳад кард. Бо истифода аз ин фурсат, ба Шумо, муҳтарам Никол Воваевич, сиҳатмандии бардавом ва дар фаъолияти пурмасъулатон комёбиҳои рӯзафзун ба нафъи мардуми дӯсти Арманистон орзумандам». 09.08.2025 шаҳри Душанбе

Прокрутить вверх