НАҚШИ ТОҶИКОН ДАР ТАЪРИХИ ТАМАДДУНИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ
Қисми 1. Шарҳи мафҳуми тамаддун дар адабиёти илмӣ Дар доираи илмҳои гуногуни ҷамъиятиву гуманитарӣ як идда таърифҳои мафҳуми “тамаддун“ таҳия карда шудаанд, ки шиносоӣ ба онҳо барои дарки мазмун ва маънои истилоҳии ин мафҳум кӯмак мерасонад. Дар зер он таърифҳоро мухтасар шарҳ медиҳем. Аз нигоҳи умумиилмӣ-фалсафӣ: тамаддун шакли иҷтимоии ҳаракати материя мебошад, ки устуворӣ ва қобилияти худро барои рушди худ тавассути худтанзимкунии мубодила бо муҳити зист таъмин мекунад (тамаддуни инсонӣ дар миқёси сохтори кайҳонӣ); Аз нигоҳи таърихӣ ва фалсафӣ, тамаддун бо 3 навъ таъриф карда мешавад: – а) ягонагии раванди таърихӣ ва маҷмӯи дастовардҳои моддӣ, техникӣ ва маънавии инсоният дар ин раванд мебошад (тамаддуни инсонӣ дар таърихи Замин); б) марҳилаи раванди таърихии ҷаҳонӣ, ки бо ноил шудан ба сатҳи муайяни иҷтимоӣ (марҳилаи худтанзимкунӣ ва худистеҳсолкунӣ бо истиқлолияти нисбӣ аз табиат ва тафриқаи шуури иҷтимоӣ) алоқаманд аст; в) ҷомеае, ки дар замони ва макони муайян ҷойгир шудааст. Тибқи таърифи охирин, тамаддунҳо низомҳои куллӣ мебошанд, ки маҷмӯаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавиро инъикос менамоянд ва мувофиқи қонунҳои давраҳои ҳаётӣ рушд мекунанд . Яке аз аввалин шахсоне, ки кӯшиши пайгирии пайдоиши истилоҳи “тамаддун”-ро кардааст, таърихшиноси фаронсавӣ Люсйен Форе буд. Дар асари худ “Тамаддун: таҳаввули вожа ва як гурӯҳи ғояҳо”, ӯ бори аввал пайдоиши ин истилоҳро дар асари файласуфи фаронсавӣ Н.А. Буланже “Қадимият, ки дар расму оинҳои он ошкор шудааст” (1766) сабт кардааст. Буланже дар он асари худ навишта буд: “Вақте ки як халқи ваҳшӣ мутамаддин мешавад, пас аз он ки ба вай қонунҳои равшан ва дахлнопазир дода мешаванд, он халқ ба ҳеҷ ваҷҳ набояд амали тамаддунро анҷомёфта шуморад: он халқ бояд бо он қонунҳои барояш додашуда ҳамчун бо як тамаддуне, ки идома ёфта истодааст, муносибат кунад”. Яке аз аввалин олимоне, ки истилоҳи “тамаддун”-ро ба гардиши илмӣ ворид кард, файласуфи шотландӣ Адам Фергюсон буд. Ин олим таҳти мафҳуми “тамаддун” марҳилаеро дар рушди ҷомеаи инсонӣ мефаҳмид, ки бо мавҷудияти табақаҳои иҷтимоӣ, инчунин шаҳрҳо, навиштаҷот ва дигар падидаҳои иҷтимоӣ тавсиф мешавад. Чуноне ки ин олим дар асараш “Таҷрибаи таърихи ҷомеаи шаҳрвандӣ” ( англ. An Essay on the History of Civil Society, 1767) навишта буд: “На танҳо ҳар як фарди ҷудо, балки кулли инсоният, бо ҳаракат ва гузариш аз вуҳушу барбарият ба тарзи ҳаёти мутамаддин, масири ногузири зиндагиро аз туфулият то ба камолот мепаймояд”. Тибқи андешаи Адам Фергюсон, тамаддун ҳамчун марҳилаи ниҳоии камолот ва рушди иҷтимоӣ фаҳмида мешавад. Равиши даврабандии таърихи ҷамъияти инсонӣ (давраҳои ваҳшоният — барбарият — тамаддун), ки аз ҷониби ин олими шотландӣ пешниҳод шуда буд, дар охири асри XVIII ва аввали асри XIX дар доираҳои илмии ¬Ғарб дастгирӣ ёфт ва онро як силсила олимони маъруфи ғарбӣ ба кор гирифтанд. Азҷумла, Люис Морган дар асари худ “Ҷамъияти қадим”; 1877) ва Фридрих Энгелс дар “Пайдоиши оила, моликияти хусусӣ ва давлат” (1884) аз ин равиши даврабандии таърихи инсоният самаранок истифода бурданд . Тамаддун, ҳамчун як марҳилаи рушди иҷтимоӣ, бо ҷудоии ҷомеа аз табиат ва пайдоиши номувофиқатиҳо (ҳатто зиддиятҳо) байни омилҳои табиӣ ва сунъии рушди ҷомеа тавсиф мешавад. Дар ин марҳила, омилҳои иҷтимоӣ ва тафаккури ақлонӣ дар ҳаёти инсон бартарӣ доранд. Ин марҳилаи рушд бо бартарии қувваҳои истеҳсолии сунъӣ нисбат ба қувваҳои табиӣ тавсиф мешавад . Рушди кишоварзӣ ва ҳунармандӣ, мавҷудияти синфҳо ва табақаҳои иҷтимоӣ, давлат, шаҳрҳо, тиҷорат, моликияти хусусӣ ва пул, сохтмонҳои бузург, дини инкишофёфта, алифбо ва хат аломатҳо ва унсурҳои хоси тамаддун ва ҳаёти ҷомеаи мутамаддин мебошанд. Файласуфи шарқшинос Б.С. Ерасов меъёрҳои зеринро муайян кардааст, ки тамаддунро аз марҳилаи барбарӣ фарқ мекунанд : – бо тақсимоти меҳнат асос ёфтани низоми муносибатҳои иқтисодӣ; – назорат шудани воситаҳои истеҳсолот (аз ҷумла меҳнат) аз ҷониби табақаи ҳукмрон, ки маҳсулоти изофиро аз истеҳсолкунандагони аввалия тавассути андозҳо, инчунин тавассути истифодаи меҳнат барои корҳои ҷамъиятӣ мутамарказ ва аз нав тақсим мекунад; – мавҷудияти шабакаи мубодила, ки аз ҷониби тоҷирони касбӣ ё давлат назорат карда мешавад ва мубодилаи мустақими мол ва хидматҳоро иваз мекунад; – мавҷудияти сохтори сиёсие, ки аз ҷониби табақаи ҷомеа ҳукмронӣ мешавад ва ҳокимияти иҷроия ва маъмуриро дар дасти худ мутамарказ мекунад. Дар ҷомеае, ки ба ҳаёти мутамаддин ворид мешавад, созмони пешинаи қабилавӣ-авлодӣ, ки дар заминаи иттиҳоди оилаҳои бо ҳам хешованд асос ёфтааст, бо сохтори сиёсие иваз карда мешавад, ки дар он зимоми ҳокимияти иҷроия ва маъмуриро дар дасти табақаҳои болоӣ (синфи ҳукмрон) қарор мегирад. Давлат, ки низоми муносибатҳои синфӣ-иҷтимоӣ ва ягонагии ҳудудиро таъмин мекунад, асоси низоми сиёсии тамаддуниро ташкил медиҳад. Қисми 2. Тамаддунҳои маҳаллӣ ва меъёрҳои муайян кардани онҳо аз нигоҳи плюрализми даврӣ ба таърих Бо афзоиши корбурди равиши плюралӣ-даврӣ дар пажӯҳиши таърих, аз охири асри XIX ва аввали асри XX, мафҳуми умумии “тамаддун” бештар ба “тамаддунҳои маҳаллӣ” ишора мекардагӣ шуд. Дар асри XIX, дар давраи авҷи мустамликадорӣ таърихшиносони аврупоӣ дар бораи ҷомеаҳои шарқӣ маълумоти фаровон ҳосил карданд ва ба хулосае омаданд, ки байни ҷомеаҳо дар марҳилаи рушди тамаддунӣ фарқиятҳои сифатӣ вуҷуд дошта метавонанд. Ин ба онҳо имкон дод, ки на дар бораи як тамаддуни ҷаҳонӣ, балки дар бораи теъдоди зиёди тамаддунҳои маҳаллӣ (локалӣ) сухан ронанд. Истилоҳи “тамаддуни маҳаллӣ” бори аввал дар асари файласуфи фаронсавӣ Шарл Ренувйе бо номи “Дастури фалсафаи қадим” (1844) пайдо шудааст. Чанд сол пас, нависанда ва таърихшиноси фаронсавӣ Ҷозеф Гобино “Эссе дар бораи нобаробарии нажодҳои инсонӣ” (1853-1855)-ро нашр кард. Дар он муаллиф 10 тамаддунро муайян кардааст, ки ҳар кадоме бо роҳи рушди худ пеш мераванд ва дер ё зуд нобуд мешаванд. Аммо, мутафаккир ба фарқиятҳои фарҳангӣ, иҷтимоӣ ё иқтисодии байни тамаддунҳо тамоман таваҷҷӯҳ надошт: ӯ танҳо ба риштаҳои муштараки таърихи тамаддунҳо – пайдоиш ва суқути онҳо таваҷҷӯҳ дошт. Аз ин рӯ, консепсияи таърихшиносии ӯ бо назарияи тамаддунҳои маҳаллӣ робитаи ғайримустақим ва бо идеологияи консерватизм робитаи мустақим дорад. Муаррихи олмонӣ Генрих Рюккерт низ ақидаҳоеро баён кардааст, ки бо андешаҳои Гобино мувофиқанд. Чуноне ки ин олим хулоса кардааст, таърихи инсоният як раванди ягона нест, балки маҷмӯи равандҳои мувозӣ мебошад, ки дар организмҳои фарҳангӣ ва таърихӣ рух медиҳанд ва онҳоро дар як хат ҷойгир кардан мумкин нест. Рюккерт аввалин касе буд, ки ба мушкилоти марзҳои тамаддунҳо, таъсири мутақобилаи онҳо ва муносибатҳои сохтории дохили онҳо таваҷҷӯҳ зоҳир кард. Дар айни замон, Рюккерт ба тамоми ҷаҳон ҳамчун объекти таъсири Аврупо (яъне тамаддуни аврупоӣ ҳамчун пешсаф) нигоҳ мекард, ки ин боиси мавҷудияти боқимондаҳои равиши иерархӣ ба тамаддунҳо, инкори баробарӣ ва








