Президент

Президент, Хабарҳо

Суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №105-уми шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз! Муҳтарам кормандони соҳаи маориф! Хонандагону донишҷӯён ва омӯзгорони гиромӣ! Имрӯзҳо мо дар остонаи таҷлили ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистони азизамон қарор дорем. Аз ин рӯ, ҳамаи шуморо ба ифтихори ин ҷашни бузурги таърихӣ, инчунин, оғози соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш самимона табрик мегӯям. Ҳамчунин, кӯдаконеро, ки имсол бо шодиву сурур бори аввал ба мактаб қадам мегузоранд, шодбош мегӯям ва ба онҳо саломативу хушбахтӣ орзу менамоям. Хотирнишон месозам, ки маҳз ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва сулҳу суботи комили кишварамон мо барои муҳайё кардани шароити беҳтарини таҳсил ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбияи кӯдакон ва наврасону ҷавонон корҳои азимро ба сомон расонида истодаем. Ифтитоҳи бинои наву замонавии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 105, ки ҳоло мову шумо дар он қарор дорем, самараи истиқлоли давлатӣ ва фазои орому осоиштаи кишварамон мебошад. Муассисаи мазкур аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо тарҳи муосиру замонавӣ бунёд гардида, бо беҳтарин шароиту имкониятҳои таълиму тарбия барои 2400 нафар хонанда пешбинӣ гардидааст. Бояд ёдовар шуд, ки дар нуҳ соли охир дар ҳудуди шаҳри Душанбе 55 муассисаи нави таълимӣ бо зиёда аз 95 ҳазор ҷойи нишаст ва 42 кӯдакистони замонавӣ барои 8 ҳазор тарбиягиранда бунёд ва ба истифода дода шудааст. Танҳо соли ҷорӣ ба ифтихори 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар пойтахти мамлакат 7 муассисаи нави таълимӣ бо 10 ҳазор ҷойи нишаст ва 8 муассисаи томактабии наву замонавӣ барои 1000 нафар тарбиягиранда ба фаъолият оғоз менамояд. Дар маҷмуъ, тайи даврони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 4135 бинои муассисаи таълимӣ бо 1 миллиону 800 ҳазор ҷойи нишаст ба маблағи 8,4 миллиард сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Як падидаи хеле хушоянди замони соҳибистиқлолии кишвар дар он аст, ки дар кори пуршарафи бунёди таълимгоҳҳои нави муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла соҳибкорони бонангу номус бо Ҳукумати мамлакат ҳамкории самарабахшро ба роҳ мондаанд, ки мо барои ҳиммати ватандӯстонаашон аз онҳо сипосгузорем. Ҳозирини арҷманд! Тамоми дастовардҳои мо дар ободиву пешрафти Ватани азизамон, аз ҷумла дар соҳаи маориф, ки созандаи ояндаи миллат ва давлат ба ҳисоб меравад, маҳз самараи истиқлоли давлатӣ, сулҳу суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати пойдори миллӣ мебошанд. Аз ин лиҳоз, барои мо – мардуми Тоҷикистон сулҳу ваҳдат омили муҳимтарини пояндагии давлату миллат маҳсуб меёбад. Бинобар ин, расидан ба қадри сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстиву инсонпарварӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди огоҳу солимфикри кишвар ба шумор меравад. Дар моҳи июни соли ҷорӣ қабул гардидани Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» низ, ки бо пешниҳоди Тоҷикистон сурат гирифт, нишонаи саъю талоши пайгиронаи кишвари мо барои ҳифзи сулҳу оромӣ дар сайёра мебошад. Бо қаноатмандиву ифтихор мехоҳам иброз намоям, ки заҳмати омӯзгорон ва аҳли маорифи кишвар дар роҳи тақвияти истиқлоли давлатӣ, тарғиби ғояҳои давлатдории миллӣ, роҳнамоӣ кардани мардум ба таҳкими сулҳу ваҳдат ва таълиму тарбияи шоистаи насли даврони истиқлол бисёр назаррас ва шоистаи таҳсину қадрдонӣ мебошад. Аҳли маориф дар давраи бағоят печидаву пурихтилофи таърихи давлати тоҷикон бори дигар собит карданд, ки ақлу хирад, илму дониш, сабру таҳаммул ва кӯшиш барои сулҳу субот ҷиҳати раҳоӣ аз ҳама гуна буҳрон нақши асосӣ мебозад ва роҳро барои ояндаи босаодат равшану ҳамвор месозад. Ман борҳо гуфтаам ва боз ҳам таъкид менамоям, ки истиқлолу озодӣ ва сулҳу оромӣ муқаддастарин неъмат ва бузургтарин дастоварди мардуми мо, мояи ифтихор ва нангу номуси ватандорӣ, рамзи ҳастии миллат ва шарти хушбахтиву сарбаландии кулли сокинони Тоҷикистон мебошад. Истиқлоли давлатӣ ҳастии халқи тоҷикро дар паҳнои ҷаҳон ҳифз кард, адолати таърихиро барқарор сохт, тоҷиконро ба аҳли олам ҳамчун миллати фарҳангиву тамаддунсоз ва таҳаммулгарову сулҳҷӯй муаррифӣ намуд. Ҳозирини гиромӣ! Миллати мо ҳанӯз аз аҳди бостон илм, маърифат ва китобро чароғи зиндагӣ, асоси давлатдорӣ ва сарчашмаи пешрафти ҷомеа медонист. Дар тӯли ҳазорсолаҳо фарзандони фарзонаи миллати тоҷик бо қудрати хирад ва илму дониш дар рушди тамаддуни башарӣ саҳми арзишманд гузоштаанд. Соҳиби илму дониш будан, махсусан, дар замони мо, ки марҳалаи рушду такомули бесобиқаи техникаву технологияҳо ва густариши зеҳни сунъӣ маҳсуб меёбад, аҳаммияти зиёд пайдо кардааст. Дар чунин шароит на танҳо захираҳои табиӣ, балки инсонҳои донишманд, ҷавонони соҳибмаърифат ва кадрҳои баландихтисос сарвати асосии давлатҳо ба ҳисоб мераванд. Бинобар ин, хеле муҳим аст, ки насли наврасу ҷавони мо ба омӯзиши илму дониш таваҷҷуҳи ҳамешагӣ дошта бошад, мунтазам омӯзад ва дар ин замина, ба эҷодкориву навоварӣ машғул шавад. Барои ин имрӯз дар кишвари мо тамоми шароиту имкониятҳо фароҳам оварда шудаанд. Ҳукумати Тоҷикистон соҳаи илму маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ муайян намудааст. Зеро мо хуб дарк мекунем, ки сармоягузорӣ ба таълиму тарбияи кӯдакону наврасон – сармоягузорӣ ба ояндаи миллат ва давлат аст.   Аз ин лиҳоз, дар давраи соҳибистиқлолӣ ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 70 миллиард сомонӣ, аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ 10 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ шудааст ва ин рақамҳо далели равшани таваҷҷуҳи махсус ва ҳамешагӣ ба соҳаи маориф мебошад. Ҳозирини муҳтарам! Маълум аст, ки нахустин давраи фарогирии кӯдакон ба таълиму тарбия бо муассисаҳои томактабӣ алоқаманд аст. Яъне таълиму тарбияи кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ зинаи муҳимтарин барои ояндаи онҳо ба шумор меравад. Дар робита ба ин, чанд сол қабл ба сохтору мақомоти дахлдор супориш дода будам, ки барои дар ҳар маҳаллаи дорои беш аз сад нафар аҳолӣ бунёд намудани кӯдакистон чораҷӯйӣ намоянд. Ин масъалаи бисёр муҳим аст ва дар ин самт мо бояд корҳои боз ҳам бештарро анҷом диҳем. Бо қарори Ҳукумати мамлакат Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022 – 2027 тасдиқ гардидааст, ки қадами устувор дар самти зиёд намудани имкониятҳои фарогирии кӯдакон маҳсуб меёбад. Бинобар ин, ба роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, Вазорати маориф ва илм, ҳамчунин, дигар мақомоти дахлдор бори дигар хотиррасон месозам, ки ба масъалаи бунёди муассисаҳои томактабӣ таваҷҷуҳи бештар диҳанд. Имкониятҳои мавҷударо бояд ба иҷрои пурраи талаботи Стратегияи миллии рушди маориф барои давраи то соли 2030, барномаи зикршуда ва то 50 фоиз расонидани фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ сафарбар намоянд. Илова бар ин, барои таъмин намудани муассисаҳои томактабӣ бо кадрҳои баландихтисос ва ҷавобгӯй ба талаботи замон бояд тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд. Дар хотир бояд дошт, ки ҳар қадар низом ва сифати тарбия дар кӯдакистонҳо баланд бошад, идомаи таҳсили фарзандони мо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳамон андоза пурсамар хоҳад

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 95 воқеъ дар маҳаллаи 4-уми шаҳраки Данғараи ноҳияи Данғара

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари кории худ ба ноҳияи Данғара дар маркази шаҳрак, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 95-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, ки барои 1620 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Мактаби замонавии бошукӯҳ сеошёна буда, аз ҷониби ходими маъруфи давлатӣ Шералӣ Гулов ва оилаи онҳо бо мақсади фароҳам овардани шароити арзандаи таълиму тарбияи насли наврас бунёд ёфтааст. Тавре ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2025 оғоз гардида, дар муддати камтар аз ду сол ва қабл аз муҳлати муқарраршуда бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонида шуд. Муассисаи замонавии таълимӣ аз 27 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла барои фанҳои химия, физика, математика, омӯзиши компютер, технологияи таълими меҳнат барои писарон ва духтарон, ҳамчунин аз китобхонаву толори барҳавои хониш, китобхонаи электронӣ, ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорону кормандони муассиса ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад. Дар озмоишгоҳҳои мактаб асбобу аёниятҳои дарсӣ мавҷуд аст, ки хонандагон барои дар амал гузаронидани таҷрибаҳои гуногун аз онҳо босамар истифода мебаранд. Дар синфхонаи барҳавои компютерӣ, ки бо дастгоҳҳои муосир муҷаҳҳаз аст, хонандагон имкон доранд, аз нозукиҳои кор бо технологияи иттилоотӣ бохабар гарданд. Баҳри иҷрои супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва соҳибкасб гардонидани хонандагон асбобҳои дуредгарӣ, кандакорӣ, мошинаҳои дӯзандагӣ ва дигар шароити муосир фароҳам оварда шудааст. Духтарон баробари омӯхтани дӯзандагӣ, ҳамзамон бо роҳнамоии омӯзгорон метавонанд бо нозукиҳои касбу ҳунарҳои дигар низ бохабар шаванд. Дар назди муассисаи навбунёд бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи насли наврас ва баланд бардоштани сатҳи фарогирии кӯдакон ба зинаи ибтидоии таълимӣ маркази инкишофи барвақтии кӯдак низ фаъолият мекунад, ки ҳоло дар он 24 кӯдак ба таълиму тарбияи томактабӣ фаро гирифта шудаанд. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №95-и шаҳраки Данғараи ноҳияи Данғара Осорхонаи Пешвои миллат низ таъсис дода шудааст. Осорхона бо тарҳи муосир оро ёфта, дар он экспонатҳо аз зиндагию корномаҳои Пешвои миллат, овони мактабӣ то замони давлатдориашон ҳикоят мекунанд. Ҳадаф аз таъсиси осорхона пеш аз ҳама тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва дар сатҳи хуб муаррифӣ намудани воқеияти зиндагию корнома ва ҷонбозию фидокориҳои Сарвари маҳбуби давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба насли наврас мебошад. Барои тарғибу ташвиқи бештари варзиш ва ба ин восита ташаккул додани тарзи ҳаёти солим дар муассисаи таълимии навбунёд толори барҳавои варзишӣ барои бозиҳои баскетболу волейбол ва як майдончаи варзишии дигар дар саҳни бино барои бозии футбол сохта шудааст. Дар таълимгоҳ толори барҳавои маҷлисӣ бо 250 ҷойи нишаст мавҷуд аст, ки бо мизу курсии босифат ва дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз мебошад. Дар ошёнаи якуми бинои муассиса ошхона мавҷуд аст, ки дорои 200 ҷойи нишаст мебошад. Дар мактаб барои таълиму тарбияи хонандагон 45 омӯзгори соҳибтахассус кору фаъолият менамоянд. Мактаб дорои таҷҳизоти гармидиҳӣ мебошад, ки тариқи он синфхонаҳо дар фасли зимистон гарм нигоҳ дошта мешаванд. Ҳадаф аз бунёд ва ба истифода додани муассисаи нави таълимӣ дар ноҳияи Данғара идомаи мантиқии сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба ин восита беҳтар намудани сатҳу сифати таҳсилот, ҷорӣ кардани усулҳои нави таълим ва тарбияи хонандагони болаёқат дар руҳияи илмомӯзӣ ва ватандӯстӣ мебошад. Атрофи бинои нави муассисаи таълимӣ бо дарахтони сояафкан ва гулу буттаҳои ороишӣ сабзу хуррам карда шудааст, ки ба ташаккули ҳисси зебоипарастии хонандагон мусоидат менамояд. Роҳҳои кӯчаҳои ҳамшафат ва гирду атрофи иншоот низ бо ташаббус ва маблағгузории оилаи Гуловҳо наздик ба як километр мумфарш карда шудааст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити муҳайёшуда дар иншооти таълимӣ ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ба омӯзгорон барои истифодаи оқилонаи имкониятҳои мавҷуда ва тарбияи ҷавонони босаводу лаёқатманд дастуру ҳидоятҳо доданд.

Президент, Хабарҳо

Ба истифода додани Маҷмааи варзишии болопӯшида ва майдончаи бозии кӯдакон дар маҳаллаи 9-уми деҳоти шаҳраки Данғара

26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар маҳаллаи 9-уми шаҳраки Данғара майдонҳои муосири варзишӣ ва бозии кӯдаконаро ифтитоҳ намуда, бо шароити фароҳамгардида шинос шуданд. Иншооти мазкур бо ташаббус ва иқдоми соҳибкори ватандӯст Муҳаммадҷон Сафарзода, дар пайравӣ аз сиёсати созандаву иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, дар ободонии маҳал ва фароҳам овардани шароити мусоид барои машқу тамрин ва фароғати сокинон саҳми арзанда гузоштааст. Тавре ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, иншооти нав дар ҷойи қаблан нообод ва бекорхобида бунёд гардида, бо анҷоми корҳои созандагӣ симои ин мавзеъ ба куллӣ дигаргун шудааст. Акнун ҷойи қаблан бесамар ба гӯшаи зебову обод ва макони муносиб барои машқу тамрини варзишӣ, истироҳату фароғати кӯдакон ва наврасон табдил ёфтааст. Майдони варзишӣ дар масоҳати 6 ҳазору 400 метри мураббаъ бунёд шуда, барои баргузории намудҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла футбол, волейбол ва баскетбол, шароити зарурӣ фароҳам меорад. Дар иншоот ду майдони болопӯшидаи муосири варзишӣ ва майдончаи бозии кӯдакон ҷойгир буда, онҳо бо таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ таъмин гардидаанд. Майдонҳо бо дарназардошти талаботи меъёрҳои муосир сохта шуда, барои машқҳои пагоҳирӯзӣ, тамрини дастаҳои варзишӣ ва баргузории мусобиқаҳои варзишӣ имконияти хуб фароҳам меоранд. Майдончаи бозии кӯдакон низ бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз буда, барои бозиҳои шавқовару судманд ва фароғати кӯдакон муҳити мусоид фароҳам овардааст. Тавре иттилоъ дода шуд, дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара то имрӯз 23 иншооти соҳаи варзиш, аз ҷумла толорҳои машқу тамрин, майдончаҳои муосири варзишӣ, майдончаҳои бозии кӯдакон ва ҳавзи шиноварӣ бунёд гардида, мавриди истифода қарор дода шудаанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити иншооти нав ба ташаббуси соҳибкор ва корҳои анҷомдодашуда баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки фароҳам овардани чунин шароити замонавӣ барои наврасону ҷавонон яке аз омилҳои муҳими тарбияи ҷисмонии насли наврас, рушди истеъдодҳои варзишӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим мебошад. Дар идомаи корҳои ободониву созандагӣ, бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Муҳаммадҷон Сафарзода наздик ба 3 километр роҳҳои атрофи иншоот ва кӯчаҳои ҳамшафати он мумфарш карда шудааст. Ҳудуди иншоот бо гулу буттаҳои ороишӣ сабзу хуррам гардонида шуда, чароғонкунии он дар вақти шаб ба муҳити атроф ҳусни тоза бахшидааст.

Президент, Хабарҳо

Ба истифода додани корхонаи равған дар деҳаи Шаҳбури ноҳияи Данғара

26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Шаҳбури ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли равғанро ифтитоҳ намуданд. Иншооти истеҳсолӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд карда шудааст. Технологияи воридшуда иқтидор дорад, ки дар як шабонарӯз то 7 тонна ашёи хомро коркард ва аз он равған истеҳсол намояд. Корхонаи саноатӣ аз бинои истеҳсолӣ, маъмурӣ, ҳуҷраҳои корӣ, ошхона ва маҷлисгоҳ иборат буда, дар он 18 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи иншооти навро барои коркарди ашёи хоми маҳаллӣ то сатҳи маҳсулоти ниҳоӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот, фарогирии шаҳрвандон ба ҷойи кор ва беҳшавии зиндагии мардум муҳим арзёбӣ карданд. Умуман, дар доираи татбиқи нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара бо ҷалби сармояи хориҷию дохилӣ 25 иншооти нави истеҳсолӣ бунёду ба истифода дода шудааст. Дар ҳамин рӯз дастовардҳои сокинони деҳоти ба номи Исмат Шарифи ноҳияи Данғара, аз ҷумла таомҳои миллӣ, маҳсулоти гуногуни нонӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои истеҳсолии меҳнаткашон муаррифӣ гардид.

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи бинои нави Маркази ташхисии минтақавии Агентии Тоҷикстандарт дар ноҳияи Данғара

Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Данғара Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Файзбахши деҳоти Сафобахши ноҳия бинои нави Маркази ташхисии минтақавии Агентии Тоҷикстандартро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Иншооти мазкур дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳи муосири меъморӣ бунёд гардида, дар масоҳати 2 ҳазору 850 метри мураббаъ ҷойгир мебошад. Сохтмони он моҳи марти соли 2023 оғоз гардида, бо маблағгузории Агентии Тоҷикстандарт пурра ба анҷом расонида шудааст. Бинои нави Маркази ташхисии минтақавӣ дар маҷмӯъ дорои 51 ҳуҷраи корӣ мебошад. Бино, ҳамчунин, дорои толори барҳавои маҷлисӣ буда, барои гузаронидани чорабиниҳои гуногун бо 80 ҷойи нишаст муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Иншоот бо техникаву технологияҳои муосир ва таҷҳизоти зарурии ташхисиву озмоишӣ таъмин гардида, дар он барои фаъолияти самараноки кормандон ва дар сатҳи баланд ба роҳ мондани хизматрасонӣ ба субъектҳои хоҷагидор шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки марказ хусусияти минтақавӣ дошта, хизматрасониҳои ташхисӣ, озмоишӣ ва метрологиро барои ноҳияҳои Данғара, Балҷувон, Темурмалик ва шаҳри Норак анҷом медиҳад. Фаъолияти марказ ба баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои соҳавӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва таъмини бехатарии молу маҳсулот равона гардидааст. Дар бино як қатор озмоишгоҳҳои махсус фаъолият менамоянд, ки бо таҷҳизоти муосири техникӣ ва озмоишӣ таъмин буда, имконият медиҳанд, ки ташхису санҷиши молу маҳсулоти гуногун дар сатҳи зарурӣ анҷом дода шуда, нишондиҳандаҳои сифат ва бехатарии онҳо муайян карда шаванд. Дар марказ мутахассисони соҳибтаҷриба ва дорои донишу малакаи касбӣ фаъолият намуда, бо истифода аз имкониятҳои фароҳамгардида ба субъектҳои хоҷагидор ва аҳолӣ хизматҳои босифату саривақтӣ пешниҳод менамоянд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо имкониятҳои иншооти нав ба фаъолияти Марказ баҳои баланд дода, ба масъулон ҷиҳати истифодаи самараноки таҷҳизоти муосир, такмили минбаъдаи хизматрасониҳои ташхисӣ, озмоишӣ ва метрологӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва иҷрои саривақтии вазифаҳои соҳавӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Президент, Хабарҳо

Оғози сафари корӣ ба ноҳияи Данғара ва ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Cокина ва китобхонаи деҳаи Хуррамзамин дар ноҳияи Данғара

26 август  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ ба ноҳияи Данғара ташриф оварданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Сокинаро дар деҳаи Хуррамзамини деҳоти Исмат Шарифи ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Бинои нави кӯдакистон дар пайравӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати кишвар ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Саид Сиддиқзода бо сифати баланд ва тарҳи меъмории муосир бунёд гардидааст. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки  муассисаи тозабунёд барои 260 кӯдак пешбинӣ шудааст. Дар кӯдакистон 10 гурӯҳ амал намуда, ба онҳо 10 парастори ботаҷриба бо  бозиҳои ҷолибу шавқовар машғулият мегузаронанд. Омӯзиш дар он бо 3 забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ, сурат мегирад.     Шумораи умумии кормандон дар муассисаи томактабӣ 30 нафарро ташкил медиҳад. Ҳуҷраҳои барҳавои машғулиятҳо ва истироҳати тарбиятгирандагон бо рахтҳои хоб, ҷевон, мизу курсӣ, ошхона бо 100 ҷойи нишаст ва бозичаҳои гуногун муҷаҳҳаз буда, бо завқу салиқаи баланди эстетикӣ ва мувофиқ ба дунёи рангини кӯдакон оро ёфтааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кӯдакони хуштолеъ туҳфаҳои хотиравӣ  тақдим карда, бо онҳо суҳбати самимӣ доир намуданд. Саҳни биноро гулҳои рангоранг, айвонҳо барои гузаронидани машғулиятҳо дар ҳавои тоза, инчунин дигар таҷҳизоти зарурӣ, зебу зиннат додааст. Роҳрав ва дигар деворҳои муассиса рангину зебо ва бо қаҳрамонҳои дӯстдоштаи кӯдакон аз филмҳои машҳури тасвирӣ оро ёфтааст. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар кӯдакистони замонавӣ барои дар деҳот муҳайё  намудани чунин имконот ба соҳибкори ҳимматбаланд изҳори сипос намуда, аз ҷумла иброз доштанд, ки таҳсилоти томактабӣ барои ташаккули қобилияти зеҳнии наврасон марҳалаи хеле муҳим ба ҳисоб меравад. Аз масъулон даъват намуданд, ки таълиму тарбияро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, кӯдаконро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ тарбия намоянд. Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти китобхонаи хуштарҳу муосир, ки дар паҳлуи муассиса сохта шудааст, оғоз бахшиданд. Иншоот ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо ҳадафи тақвияти дониш ва омодагии довталабон ба сабқатҳои зеҳнӣ аз ҷониби  соҳибкор Абдусалом Умарзода бунёд ёфтааст. Китобхона дорои толори хониш, ҳуҷраи нигоҳдории китоб, толор барои баргузории маҳфилҳои илмию адабӣ, китобхонаи электронӣ бо дастрасии беш аз 10 ҳазор адабиёт буда, бо техникаю лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз  шудаанд. Дар қисми алоҳидаи китохбона гӯшаи озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ташкил шудааст, ки дар он ҳамаи адабиёти зарурӣ барои дӯстдорони китоб маҳфуз аст. Фароҳам будани ин шароит имкон медиҳад, ки хоҳишмандон ба асарҳои бузургтарин шахсиятҳои ҷаҳон дастрасӣ дошта бошанд. Дар китобхона 8 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин шудаанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳиммати соҳибкор, барои ташкили чунин пойгоҳи илму дониш баҳои хуб дода, иқдоми мазкурро намунаи ибрат арзёбӣ намуданд.

Президент, Хабарҳо

Оғози бунёди корхонаи нави истеҳсоли семент дар ноҳияи Кӯшониён

26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон ба сохтмони корхонаи нави семент санги асос гузоштанд. Корхона дар ҳудуди деҳаи Нурафшони шаҳраки Бӯстонқалъа, дар масоҳати 30 гектар бунёд гардида, дар таҳкими иқтидори истеҳсолии кишвар ва рушди саноати масолеҳи сохтмонӣ қадами муҳим хоҳад буд. Корхонаи мазкур аз ҷониби ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сементи Хуталон то соли 2029 бунёд хоҳад ёфт. Ба Сарвари давлат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 1 миллиону 200 ҳазор тонна семент пешбинӣ шудааст. Бартарии дигари корхонаи истеҳсолӣ дар он ифода меёбад, ки истеҳсолот бар пояи истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ ба роҳ монда мешавад. Корхона дар наздикии кони оҳаксанги Қурғонтеппаи ноҳияи Кӯшониён ҷойгир буда, ашёи хоми зарурӣ аз ҳамин минтақа дастрас карда мешавад. Ҳамчунин, барои таъмини раванди истеҳсолӣ ангишт аз конҳои дигари ҷумҳурӣ интиқол дода хоҳад шуд. Тибқи лоиҳа, корхона бо техникаву технология, дастгоҳу таҷҳизоти муосир ва дигар воситаҳои зарурии истеҳсолӣ таъмин гардида, дар раванди фаъолияти он талаботи экологӣ ва меъёрҳои бехатарии муҳити зист ба инобат гирифта мешавад. Корхона, лоиҳа ҳамчунин барои рушди бозори меҳнат ва беҳтар гардидани сатҳи иҷтимоии аҳолӣ заминаи мусоид фароҳам меорад, зеро дар давраи сохтмони он беш аз 1000 сокини маҳаллӣ ба кори муваққатӣ ҷалб карда мешаванд. Пас аз ба истифода додани корхона барои зиёда аз 700 нафар ҷойи кори доимӣ фароҳам хоҳад шуд.   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорон баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки бунёди чунин корхонаҳои истеҳсолӣ идомаи мантиқии сиёсати саноатикунонии босуръати кишвар буда, ба афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди иқтисодии минтақаҳо мусоидат менамояд. Ба таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғози сохтмони ин корхона бозгӯи идомаи раванди созандагиву бунёдкорӣ дар мамлакат мебошад. Бояд гуфт, ки баробари ба истифода додани иқтидори нави истеҳсолӣ, мавқеи ноҳияи Кӯшониён ҳамчун минтақаи дорои имкониятҳои бузурги саноатӣ боз ҳам тақвият ёфта, истеҳсоли сементи ватанӣ афзоиш хоҳад ёфт. Ҳамин тавр сохтмони корхонаи нави истеҳсоли семент оғози татбиқи як лоиҳаи муҳимми саноатӣ буда, дар маҷмӯъ ба таҳкими иқтидори истеҳсолии кишвар, рушди иқтисоди миллӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нави меҳнатӣ барои аҳолӣ равона гардидааст. Дар доираи сафари кории Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Хатлон дар шаҳру ноҳияҳои Ёвон, Хуросон, Кӯшониён ва Левакант 60 иншооти соҳаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Аз ҷумла, 13 муассисаи таълимӣ  бо 9060 ҷойи нишаст. Инчунин ба таври фосилавӣ 4 муассисаи томактабӣ барои 1120 кӯдак ва 1 маркази инкишофи барвақтии кӯдакон барои 96 кӯдак ифтитоҳ гардид. Аз ҷониби соҳибкорони ҳимматбаланд 12 корхонаи саноатӣ бо 411 ҷойи корӣ бунёд шуда, 110 км роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ асфалтпуш карда шуд. Ҳамчунин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди корхонаи саноатии семент бо 700 ҷойи корӣ, ки бояд пурра бо ашёи хоми маҳаллӣ фаъолият намояд, санги асос гузоштанд. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  лоиҳаи 3 иншооти дигар муаррифӣ карда шуд, ки аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бунёд хоҳанд шуд.

Президент, Хабарҳо

Боздид аз шаҳри Левакант ва ба истифода додани корхонаи истеҳсолии Хишти диёри ҶДММ Парки инноватсионии саноатию технологии шаҳри Левакант

26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ, мулоқот бо сокинон ва шиносоӣ бо раванди корҳои созандагӣ аз ноҳияи Ёвон ба шаҳри Леваканти вилояти Хатлон ташриф оварданд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти шаҳри Левакант ва фаъолону сокинон бо самимияти баланд истиқбол гирифтанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Косибони деҳоти Ваҳдати шаҳри Левакант корхонаи истеҳсолии Хишти диёрро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Корхонаи муосири «Хишти диёр» дар шаҳри Левакант ба истиқболи ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ, 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръат аз тарафи ҶДММ Парки инноватсионии саноатию технологии шаҳри Левакант бунёд шуда, иқтидори он дар як шабонарӯз 250 ҳазор ва дар як сол 90 миллион дона хишт мебошад. Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корхона дар муҳлати 1 сол бо сифати баланду ҷавобгӯи талаботи стандартҳои байналмилалӣ сохта шуда, дар раванди сохтмон сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб шуда буданд. Корхона дар заминаи фазои мусоиди соҳибкорию сармоягузорӣ бо мақсади  саҳмгузорӣ дар рушди истеҳсолоти ватанӣ ва вусъати корҳои созандагӣ бо истифода аз таҷҳизоти муосири истеҳсолӣ дар масоҳати бештар аз 12 гектар бунёд шуда, раванди коркарду истеҳсоли маҳсулот дар ин ҷо автоматӣ сурат мегирад. Ин омил ба татбиқи солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия мусоидати амиқ менамояд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани Корхонаи истеҳсолии Хишти диёр 40 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин шуданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкори ватаниро барои бунёди чунин иншооти саноатӣ муҳим арзёбӣ карда, ба масъулон супориш доданд, ки бештар ба сифат ва стандарти маҳсулот таваҷҷуҳ зоҳир намоянд. Сокинон ва соҳибкорони ватанӣ дар пайравӣ ба иқдомҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талош мекунанд, ки ба хотири таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон тадбирҳои ободониро дар шаҳру ноҳияҳои кишвар вусъат дода, саҳми худро дар ободонии Ватани азизамон гузоранд. Баъди шиносоӣ бо раванди истеҳсоли хишти пухта дар Корхонаи Хишти диёр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии нозироти андоз дар шаҳри Левакант ва бинои  иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 барои 400 хонандаро дар ду баст дар деҳаи Зағертути деҳоти Ваҳдат ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи бинои нави Нозироти андоз дар ноҳияи Данғара

26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара бинои нави Нозироти андози ноҳияро мавриди истифода қарор доданд. Бинои нави Нозироти андоз дар доираи сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои кормандони мақомоти андоз ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба андозсупорандагон бунёд гардидааст. Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонии иншоот соли 2024 оғоз гардида, бо риояи талаботи муосири меъморӣ ва сохтмонӣ дар муҳлати муайян ва бо сифати баланд бунёд карда шудааст. Дар бинои мазкур барои фаъолияти самараноки кормандон шароити зарурии корӣ муҳайё карда шудааст. Дар бинои нав 35 ҳуҷраи корӣ, ҳуҷраҳои компютерӣ ва машваратӣ, толори калони маҷлис бо 100 ҷойи нишаст, маркази хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, бойгонӣ ва ҳуҷраҳои техникӣ ҷойгир шудаанд. Таъкид гардид, ки ҳангоми тарҳрезӣ ва бунёди иншоот ба фароҳам овардани муҳити муносиб барои фаъолияти кормандон, истифодаи технологияҳои муосир ва рақамикунонии равандҳои хизматрасонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шудааст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида ба сифати корҳои сохтмонӣ ва ороиши бино баҳои баланд дода, масъулинро ба истифодаи самараноки имкониятҳои муҳайёгардида, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва риояи талаботи қонунгузории андоз ҳидоят намуданд. Ифтитоҳи бинои нави Нозироти андози ноҳияи Данғара дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи арзанда ба кормандони соҳа арзёбӣ гардид.

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи Майдони Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ ва муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ дар ноҳияи Ёвон

26 август сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз ноҳияи Ёвон оғоз гардид. Дар фурудгоҳи муваққатии ноҳияи Ёвон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти вилояти Хатлон, масъулони ноҳия ва намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа бо самимият истиқбол гирифтанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвон нахуст Майдони Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ ва муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомониро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Ин маҷмааи муҳташами меъморӣ, ки бозгӯй аз таъриху тамаддун, давлатдории миллӣ ва дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад, дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи шаҳраки Ёвон бунёд гардидааст. Майдони рамзҳои давлатӣ ва муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ дар масоҳати 1,1 гектар ҷойгир шудааст. Сутунпояи Парчами давлатӣ 56 метрро ташкил намуда, матоъи Парчам бо дарозии 15 ва паҳноии 7,5 метр парафшон шудааст. Таҳкурсии иншоот аз сангҳои хорои ватанӣ бунёд ёфтааст. Дар паҳлуи Парчами давлатӣ муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ қомат афрохта, ба ҳусни мавзеъ шукӯҳи бештар бахшидааст. Баландии худи муҷассама 8 метр буда, бо таҳкурсӣ баландии умумии он ба 14 метр мерасад. Истифодаи масолеҳи баландсифати ватанӣ ва маҳорати ҳайкалтарошони тоҷик ба муҷассама намои хос бахшида, онро ба як асари меъмории дорои мазмуни баланди таърихиву миллӣ табдил додааст. Гузоштани шер аз ду паҳлӯи муҷассама бозгӯй аз мардонагӣ, ҷасорат ва тавонмандии миллати тоҷик аст. Рамзи дигари кишвари соҳибистиқлол ва давлатдории навини тоҷикон – Нишони давлатӣ бо баландии 22 метр сохта шудаааст. Иншооти муҳташами меъморӣ ҳамчун рамзи давлатдорӣ, истиқлолу озодӣ, ваҳдати миллӣ ва эҳтирому арҷгузорӣ ба таъриху тамаддуни миллат хизмат намуда, дар таҳкими худшиносӣ ва ифтихору сарафарозӣ аз давлатдории навини тоҷикон аҳамияти хос дорад. Имрӯз ин макон на танҳо симои ноҳияи Ёвонро дигаргун кардааст, балки метавонад ба як мактаби маънавии худшиносӣ ва ватандӯстии насли наврас табдил ёбад. Зеро ҳар як рамзи давлатӣ дар ин ҷо ба таърихи миллат, соҳибистиқлолӣ ва арзишҳои давлатдории миллӣ пайванд дорад. Баробари ба истифода додани Майдони Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ ва муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ дар ноҳияи Ёвон як гӯшаи нави ободу зебо ва дорои аҳамияти миллӣ ба вуҷуд омад, ки аз ин пас барои баргузории чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, инчунин тамошову истироҳати сокинону меҳмонон хизмат хоҳад кард. Муҳимтар аз ҳама, ин макон метавонад ба мавзеъе табдил ёбад, ки дар он эҳтиром ба Парчам, Нишони давлатӣ, таърихи давлатдории тоҷикон ва арзишҳои миллӣ дар қалби наслҳои нав боз ҳам устувор мегардад.

Прокрутить вверх