Хабарҳо

Президент, Хабарҳо

Боздид аз намоишгоҳи Саммити минтақавии экологӣ

22 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остона дар ҳошияи Саммити минтақавии экологӣ дар мавзуи “Диди муштарак барои ояндаи устувор” якҷо бо дигар сарони давлатҳо ва ҳайатҳои иштирокдор аз намоишгоҳи Саммит боздид намуданд. Дар намоишгоҳ павилиони Тоҷикистон ҳам мавҷуд аст, ки саҳми кишвари моро дар пешбурди рӯзномаи иқлим нишон медиҳад. Ба сарони давлатҳо дар павилиони Тоҷикистон оид ба мушкилоти ҷаҳонии обшавии пиряхҳо, ҳифзи гуногунии биологӣ, беҳдошти муҳити зист, аҳамияту авлавияти гузариш ба “иқтисодиёти сабз” ва рушди экотуризм маълумот пешкаш гардид. Дар гӯшаи Тоҷикистон гуногунии табиат ва мероси фарҳангии Тоҷикистон, анъанаҳо, ҳунарҳо ва санъат, ки робитаи амиқи мардумро бо муҳити зист инъикос мекунанд, мақоми хоса дорад. Иттилоъ дода шуд, ки дар Тоҷикистон ба ҳифзи гуногунии биологӣ ва робитаи инсону табиат диққати махсус медиҳанд. Татбиқи босамари барномаҳои ҳифзи бабри барфӣ ва барқарорсозии саршумори бузи пармашох ва гӯсфанди кӯҳии архар (Марко Поло) аз ҷумлаи тадбирҳои назарраси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. 22.04.2026 Қазоқистон

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Арманистон Ваагн Хачатурян

21 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши экологӣ дар Остона бо Президенти Ҷумҳурии Арманистон муҳтарам Ваагн Хачатурян мулоқот намуданд. Зимни суҳбат атрофи доираи васеи масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак дар муносибатҳои ду кишвар ва ҳам вобаста ба рӯзномаи бисёрҷониба мубодилаи афкор сурат гирифт. Президенти кишвари мо, аз ҷумла, изҳор доштанд, ки “муносибатҳои миёни Тоҷикистон ва Арманистон ба анъанаҳои деринаи дӯстию  ҳамкорӣ, эҳтиром ва эътимод ба якдигар асос ёфтаанд”. Дар идома ҳамкории сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангию башарии миёни ду кишвар баррасӣ гардид. Таваҷҷуҳи хос ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ, бахусус, ба вазъият дар Ховари Миёна зоҳир карда шуд. Вобаста ба ин мавзуъ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар мавқеи устувори давлати моро дар ин масъала таъкид карда, изҳор доштанд: “Мо қотеъона ҷонибдори ҳалли осоиштаи ҳама гуна низоъҳо ва баҳсҳо бо истифода аз воситаҳои сиёсӣ ва дипломатӣ ҳастем.” 21.04.2026 Қазоқистон

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев

21 апрел дар шаҳри Остона мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев баргузор гардид. Дар ҷараёни суҳбат сарварони ду давлат ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистонро дар заминаи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ мавриди муҳокима қарор доданд. Ҷонибҳо аз  ҷараёни баланди густариши шарикии ду кишвар дар ҳамаи самтҳо изҳори қаноатмандӣ намуданд. Аҳаммияти таҳкими минбаъдаи муколамаи сиёсии байнидавлатӣ, тавсеаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар соҳаҳои мавриди манфиатҳои тарафайн, бахусус дар бахшҳои саноат, нақлиёт, логистика ва аграрӣ таъкид гардид. Ба сатҳи хуби афзоиши ҳаҷми тиҷорати дуҷониба,  ки аз рӯйи натиҷаҳои соли 2025 1,2 миллиард долларро ташкил дод, ишора карда шуд. Соҳаҳои рақамикунонӣ, инноватсия, технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ ба сифати самтҳои ояндадори ҳамкорӣ муайян карда шуданд. Дар арсаи фарҳангиву башарӣ суҳбат атрофи тавсеаи таҷрибаи мубодилаҳои эҷодӣ, ҳамчунин, робитаҳо дар соҳаҳои илму маориф сурат гирифт. Дар самти амният сарони давлатҳо ба маъалаҳои таҳкими ҳамкориҳо  дар соҳаҳои низомӣ, низомиву техникӣ, инчунин, муқовимат ба хатару таҳдидҳои ҷаҳониву минтақавӣ диққати махсус доданд. Дар баробари ин, суҳбат фарогири масъалаҳои ҳамкории бисёрҷониба дар чорчӯби сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ буд. Дар ин замина мубодилаи афкор оид ба рӯзномаи Ҳамоиши экологии минтақавӣ ва ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал, ки пагоҳ дар пойтахти Қазоқистон баргузор мешаванд, сурат гирифт. 21.04.2026 Қазоқистон

Президент, Хабарҳо

Оғози сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон

21 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Ҳамоиши минтақавии экологӣ ва ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии ба номи Нурсултон Назарбоев Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ва дигар намояндагони воломақом гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Ба ифтихори меҳмони олиқадр майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ оро ёфта, қаровули фахрӣ саф ороста буд. 21.04.2026 Қазоқистон

Хабарҳо

Вохӯрии намояндаи Марказ бо ҳайати шахсии наваскарони қисми ҳарбии 6593 СРИҶҶ ВА Ҷумҳурии Тоҷикистон

6 – уми апрели соли равон мулоқоти Наҷотзода Мутеъулло – сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломӣ бо ҳайати шахсии наваскарони қисми ҳарбии 6593 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар мулоқот Наҷотзода Мутеъулло – сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломӣ, номзади филология иштирок намуда, ҷиҳати пешгирии қонуншиканӣ ва ҷиноят дар байни ҳайати шахсӣ дар мавзӯи “Хизмат ба Ватан шараф аст” ва “Манъи худкушӣ аз нигоҳи дини мубини ислом” маърӯза намуд. Дар фарҷом байни афсарону сарбозон вобаста ба мавзуоти баррасишуда табодули афкор сурат гирифт. Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Президент, Хабарҳо

Маросими қабули эътимодномаҳо аз сафирони нави давлатҳои хориҷӣ

15 апрел дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз як гуруҳ сафирони навтаини давлатҳои хориҷӣ эътимоднома қабул намуданд. Зимни маросим ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон   Ирфон Аҳмед, Подшоҳии Арабистони Саудӣ Холид ибни Абдулло Аш-Шамронӣ, Ҷумҳурии Арабии Миср Тамер Фатхӣ Абдуссалом Ҳаммад, Ҷумҳурии Италия Гвидо Де Санктис, Шоҳигарии Белгия Эрик Де Майер, Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри Ланка Фред Сеневиратне, Ҷумҳурии Зимбабве Грей Маронгве, Ҷумҳурии Малӣ Сейду Камиссоко ва Гвинеяи Экваторӣ Ндонг Айекаба Лусиано Нкого эътимодномаҳои худро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳояшон тақдим карданд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ сафирони навро ба муносибати оғози фаъолияти дипломатиашон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки имсол 9 сентябр мо 35-умин солгарди бузургтарин дастоварди таърихи навини худ – истиқлоли давлатиамонро ҷашн мегирем ва афзуданд, ки тайи ин давра Тоҷикистон сиёсати хориҷии мутавозину мусолиматомез ва созандаро роҳандозӣ намуда, дар асоси усули «дарҳои кушода» тавонист дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи шоиста касб намояд. Сарвари давлат аз робитаҳои фаъоли дипломатӣ бо 186 кишвари ҷаҳон дар соҳаҳои гуногун ёдовар шуда, изҳор доштанд, ки сафирон бо иқдомот ва тадбирҳои амалии худ метавонанд ба таҳкиму тавсеаи минбаъдаи ҳамкории миёни кишварҳои мо ҳамаҷониба мусоидат намоянд. Дар идомаи сухани худ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оид ба рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманди Тоҷикистон бо кишварҳое, ки сафиронашон дар маросим иштирок доштанд, андешаронӣ намуданд. Изҳори умед карда шуд, ки талошҳои пайвастаи сафирон дар ҷодаи рушду такомули робитаҳои гуногунҷанбаи байни Тоҷикистон ва кишварҳои онҳо самараву натиҷаҳои наву нек ба бор хоҳанд овард. Дар хотима Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сафирони нав комёбӣ хоста, ба роҳбарони давлатҳои онҳо салому паёми гарм ирсол намуданд.

Хабарҳо

МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ АЗ РӮЙИ НАМУДИ ТЕНИСИ РӮИМИЗӢ, ШОҲМОТ ВА ШАШКА БАЙНИ КОРМАНДОНИ МАРКАЗ ҶАМБАСТ ГАРДИД.

Бо мақсади рушди тафаккури мантиқӣ, баланд бардоштани сатҳи зеҳнии кормандон ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, аз санаи 02.03.2026 то 06.04.2026 дар асоси фармоиши директори Марказ доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода А.Ғ. дар Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни кормандон мусобиқаи варзишӣ аз рӯйи намудҳои тениси рӯимизӣ, шоҳмот ва шашка баргузор гардид. Дар мусобиқа кормандон фаъолона ширкат варзида, маҳорати баланди зеҳнӣ ва қобилияти баланд нишон доданд. Раванди мусобиқа дар фазои дӯстона ва рақобати солим сурат гирифта, иштирокчиён бо эҳтироми якдигар ва риояи қоидаҳои бозӣ ҳунари худро санҷиданд. Мусобиқаи варзишии мазкур, бахшида ба сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, соли 2026 – «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ», ҷашни байналмилалии Наврӯз, ҷиҳати оммавигардонии варзиш, нишон додани сатҳи баланди маҳорати зеҳнӣ, малакаи хуби варзишӣ, мустаҳкам намудани робитаи дӯстӣ миёни кормандони Марказ баргузор гардид. Баъди муайян шудани ғолибон ва иштирокчиёни фаъол аз ҷониби роҳбарият диплом, сипоснома ва мукофотпулӣ супорида шуд. Дар фарҷом таъкид гардид, ки чунин чорабиниҳо барои рушди зеҳнии кормандон, таҳкими дӯстӣ ва оммавигардонии варзиш нақши муҳим дошта, дар оянда низ мунтазам баргузор хоҳанд шуд. Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Президент, Хабарҳо

Барқияи табрикӣ ба Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам То Лам

11 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам муҳтарам То Лам барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст: «Ҷаноби Олӣ, Сарфарозам Шуморо ба муносибати интихоб шуданатон ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам сидқан табрик  намоям. Интихоби Шумо ба ин маснади олӣ дастгирии васеи ҷомеаро аз сиёсату ташаббусҳои стратегии Шумо, ки ба рушди ҳамаҷонибаи сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодии кишваратон нигаронида шудаанд, боз ҳам тасдиқ мекунад.   Бовар дорам, ки таҳти роҳбарии Шумо Вйетнами дӯст дар роҳи рушди устувор дар оянда низ ба дастовардҳои чашмрас ноил гардида, мақому манзалати худро дар арсаи байналмилалӣ таҳким хоҳад бахшид. Тоҷикистону Вйетнамро анъанаҳои деринаи дӯстӣ ва муносибатҳои ҳамкории судманд дар қолабҳои гуногун ба ҳам мепайванданд. Мо ҷонибдори таҳкиму тавсеаи шарикӣ ва  робитаҳои  байнидавлатии ду кишвар дар ҳамаи соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мебошем ва аз дурнамои он хушбин ҳастем. Омодагии инҷонибро ҷиҳати пешбурди ин раванд, аз ҷумла тавассути муколамаи созандаи байнидавлатӣ дар сатҳи олӣ изҳор менамоям. Ба Шумо сиҳатмандии комил ва дар фаъолияти давлатиатон  комёбиҳо, ба мардуми дӯсти Вйетнам сулҳу субот ва рифоҳу шукуфоии пойдор орзумандам».

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Таалатбек Масадиқов

10 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Таалатбек Масадиқовро, ки бо сафари корӣ ба Душанбе омадааст, ба ҳузур пазируфтанд. Сарвари давлат дар оғози суҳбат Таалатбек Масадиковро барои ба кор дар вазифаи Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ шурӯъ карданаш табрик гуфтанд. Ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар доираи СААД-ро баррасӣ карданд. Дар бораи вазъият дар минтақаи масъулияти Созмон ва атрофи он мубодилаи афкор сурат гирифт. Ҳамчунин, масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалии муосир баррасӣ шуд. Таваҷҷуҳи хос ба тақвияти ҳамкорӣ дар доираи Созмон барои таъмини вокуниши саривақтӣ ва самаранок ба таҳдиду хатарҳои амниятӣ зоҳир гардид. Дар ин замина, Пешвои миллат аҳамияти татбиқи ҳамаҷонибаи қарорҳои дар ин самт аз ҷониби Шӯрои Амнияти Дастҷамъии СААД қабулшударо таъкид намуданд.

Хабарҳо

Машғулияти сиёсӣ дар ҚС КДАМ

10-уми апрели соли равон, дар Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти сиёсӣ бо афсарону сарбозон ва ҳайати шахсӣ баргузор гардид. Дар машғулият сардори шуъбаи итилоот ва ташхиси диншиносии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоҳи Қодирӣ иштирок ва дар мавзуоти зерин: “Роҳу воситаҳои такмил ва таҳкими корҳои сиёсӣ – тарбиявии афсарону сарбозони Қӯшунҳои сархадӣ” ва “Тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ” маърӯза намуд. Дар фарҷом байни афсарону сарбозон табодули афкор сурат гирифт. Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Прокрутить вверх