Хабарҳо

Президент, Хабарҳо

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин

31 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд. Сарвари давлати мо ҳамлаи ахири ҳавопаймоҳои бесарнишин ба қароргоҳи Президенти Федератсияи Русия дар вилояти Новгородро маҳкум карданд. Бахусус таъкид гардид, ки чунин амалҳои таҳдидкунанда ба иншооти давлатӣ ва амнияти роҳбарияти кишвар ғайри қобили қабул аст ва онҳо ба раванди музокирот барои ноил шудан ба сулҳу субот монеа эҷод менамоянд. Президентҳои Тоҷикистон ва Русия якдигарро бо Соли нави наздикшавандаи 2026 табрик гуфта, самимона хоҳони саломатӣ ва комёбиҳои ҳам шуданд, ба мардумони дӯсти ду кишвар сулҳи устувор, некӯаҳволӣ ва шукуфоии бардавом орзу намуданд. Дар фароварди суҳбат, сарони давлатҳо рушди ҳамкории дуҷонибаро мусбӣ арзёбӣ карда, омодагии худро барои суръат бахшидан ба густариши шарикии стратегӣ дар соли 2026 таъкид карданд. 31.12.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Паёми шодбошӣ ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2026

Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2026 самимона табрик мегӯям. Ба ҳар як хонадони мардуми шарифу сарбаланди кишвар тандурустиву иқболи нек ва рӯзгори орому осуда орзу менамоям. Соли мелодие, ки сипарӣ шуда истодааст, барои Тоҷикистони маҳбуби мо боз як соли бобарору таърихӣ ва соли дастоварду пешравиҳои назаррас гардид. Бо вуҷуди шароити ҳассосу мураккаби ҷаҳони муосир ва таъсири манфии омилҳои берунӣ мо дар соли 2025 ҳам дар сиёсати дохилӣ ва ҳам дар самти сиёсати хориҷӣ ба як қатор дастоварду нишондиҳандаҳои қобили мулоҳиза ноил гардидем. Ин дастоварду пешравиҳо чанд рӯз пеш дар паёми Роҳбари давлат ба таври муфассал таҳлилу баррасӣ карда шуданд. Ба шарофати сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва заҳмати содиқонаи мардуми шарифи кишвар рушди устувори иқтисоди миллӣ таъмин гардид. Барномаву нақшаҳои муҳимме, ки дар доираи ҳадафҳои стратегии миллӣ қабул шудаанд, дар соли 2025 бомаром амалӣ гардида, ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат такони ҷиддӣ бахшиданд ва мо ба ҳадафҳои гузоштаамон хеле наздик шудем. Интихоботи даъвати нави Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллӣ ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, ки бо иштироки фаъолонаи интихобкунандагон, яъне мардуми шарифи Тоҷикистон баргузор гардиданд, рӯйдоди муҳимми сиёсии соли сипаришудаистода мебошад. Ин чорабинии муҳимми сиёсӣ ба рушди сиёсати дохилии кишвар мусоидат карда, боиси дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам боло рафтани обрӯи давлати тоҷикон ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ гардид. Мардуми кишвар, аз ҷумла соҳибкорон ва шахсони саховатпеша содиқона ва софдилона заҳмат кашида, корҳои созандаву бунёдгаронаро вусъати бесобиқа бахшиданд ва ҳазорҳо иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ, аз ҷумла коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, роҳу пулҳо, кӯдакистону мактабҳо ва муассисаҳои тиббиву хизматрасонӣ бунёд карданд. Дар ин лаҳзаҳои идона ба кулли мардуми ватандӯсту шарофатманди кишвар, соҳибкорон ва ҳамаи онҳое, ки дар раванди созандагиву ободонии сарзамини аҷдодӣ саҳм гузоштаанд, самимона сипосу миннатдорӣ баён менамоям. Ҳамчунин, мехоҳам хотирнишон намоям, ки ба мақсади боз ҳам баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва худогоҳиву хештаншиносии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ нашр ва ба ҳар як оилаи мамлакат дастрас карда шуд. «Шоҳнома» сарчашмаи ҷовидонаи арзишҳои ҳувиятсози миллӣ ва афкору андешаҳои ватандӯстиву истиқлолхоҳии тоҷикон мебошад ва бовар дорам, ки он ба таҳкиму тақвияти ҳисси миллии тамоми қишрҳои ҷомеаи мо такони ҷиддӣ мебахшад. Тақвияти ҳувият ва ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳимояи истиқлолу озодӣ барои мо амри ниҳоят муҳим мебошад. Зеро дар шароити ҷаҳонишавӣ вазъе ба амал омадааст, ки ба арзишҳои миллӣ хатарҳои зиёд таҳдид мекунанд. Маҳз ба ҳамин хотир, мо соли 2026-умро Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими ҳувият ва худшиносиву худогоҳии миллӣ эълон намудем. Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, барои мо аз лиҳози дастгирии ташаббусҳои байналмилалии кишварамон низ соли бобарору хотирмон гардид. Илова ба ибтикороти солҳои қаблӣ имсол низ аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид якчанд пешниҳоди Тоҷикистон ва танҳо 12-уми декабр ду ташаббуси он бо қабули қатъномаҳо пазируфта шуданд. Ҳамватанони азиз! Дар ин лаҳзаҳои идона мехоҳам бо ифтихору сарфарозӣ изҳор намоям, ки тамоми комёбиҳои то имрӯз бадастомада, пеш аз ҳама, самараи истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад. Ҳамчунин, бо самимият иброз медорам, ки мо ба чунин рӯзҳои орому осуда ва дастоварду пешравиҳо маҳз дар натиҷаи азму талошҳои ватандӯстонаи сокинони кишвар ва пуштибонии онҳо аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакат муяссар гардидем. Соле, ки фаро мерасад, ҳам аз лиҳози сиёсӣ ва ҳам аз нигоҳи иқтисодиву иҷтимоӣ соли хеле муҳим – 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистони азизамон мебошад ва мо бояд ба ифтихори ин ҷашни бузург корҳои азимро ба анҷом расонем. Дар робита ба ин, аз ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа ва тамоми мардуми заҳматқарини кишвар даъват ба амал меоварам, ки барои боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани маҳбубамон, пешрафти давлати соҳибистиқлоламон, яъне ба хотири ватансозиву давлатсозӣ ва боз ҳам беҳтар гардонидани шароити зиндагии ҳар як оилаи мамлакат беш аз ҳар вақти дигар талошу кӯшиш намоянд. Ҳамватанони азизи мо аз воқеаву рӯйдодҳои ҷаҳони нобасомону пурҳаводиси имрӯза хуб огоҳанд. Ин равандҳо ҳар фарди ватандӯсту ватанпараст, бонангу номус, худогоҳу хештаншинос ва кулли мардуми кишварро ҳушдор медиҳанд, ки тамоми саъю талоши худро ба хотири ҳимояи истиқлолу озодӣ, таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва рушду тараққиёти давлати соҳибистиқлоли тоҷикон сафарбар созанд. Дар шароити рушди бесобиқаи илму техника ва технологияҳо мо бояд ба тарбияи фарзандон, яъне наслҳое, ки ояндаи миллат ва Ватан мебошанд, эътибори аввалиндараҷа диҳем ва барои онҳо шароити беҳтарини таълимро муҳайё намоем. Мо бояд ҳарчи бештар коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд карда, барои ҳамватанонамон ҷойҳои корӣ таъсис диҳем. Бовар дорам, ки дар ин самт соҳибкорону сармоягузорони бонангу номуси ватанӣ минбаъд низ фаъолона саҳм мегузоранд. Бо эътимоди комил иброз медорам, ки ҳамаи мо – хурду бузурги Тоҷикистони биҳиштосо бо иттиҳоду сарҷамъӣ Ватани аҷдодии худро ободу зебо, давлати соҳибихтиёри хешро неруманду пешрафта мегардонем ва нуфузу обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем. Бо чунин ниятҳои нек бори дигар кулли мардуми шарафманди Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиро бо фарорасии соли нави мелодии 2026 самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони кишвар, пеш аз ҳама, саломативу хушбахтӣ, файзу баракати зиндагӣ ва ба Тоҷикистони маҳбубамон пешрафту ободии боз ҳам бештарро орзу менамоям. Соли нави мелодии 2026 муборак бошад, ҳамватанони азиз! 31.12.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

29 декабр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки масъалаҳои иҷрои буҷети давлатӣ дар соли 2026 ва ҷалби сармоя дар солҳои 2026-2030 аз масъалаҳои асосии он буд. Дар кори маҷлис нахуст гузориши Файзиддин Қаҳҳорзода вазири молия дар бораи лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026” шунида шуд. Таъкид гардид, ки  мақсад аз таҳияи лоиҳаи қарори мазкур, мушаххас намудани раванди иҷрои буҷети давлатӣ, истифодаи босамару мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, инчунин, муайян намудани уҳдадориҳои вазорату кумитаҳои давлатӣ, идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, корхонаю муассиса ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият, вобаста ба иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026» мебошад. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохторҳои масъулро вазифадор намуданд, ки таъмини босифати қисми даромади буҷети давлатӣ, аз ҷумла тавассути дарёфти сарчашмаҳои нав, чораҳои зарурӣ андешанд. Сипас Абдураҳмон Абдураҳмонзода вазири рушди иқтисод ва савдо, доир ба барномаи сармоягузориҳои давлатӣ барои солҳои 2026-2030 гузориш дода, зикр намуд, ки мақсади асосии барномаи мазкур ҷалби сармояи хориҷӣ ва дохилӣ, аз ҷумла маблағгузории қарзӣ, грантӣ ва ёрии техникӣ, барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, амалисозии онҳо ба рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар равона мегардад. Махсусан, ҷалби сармояи хориҷӣ барои амалисозии лоиҳаҳои афзалиятнок яке аз омилҳои асосии рушди минбаъдаи иқтисодиёти миллӣ арзёбӣ гашт. Ба Барнома дар маҷмуъ 864 лоиҳа ворид гардидааст, ки маблағи он 15,7 миллиард доллари америкоиро ташкил медиҳад. Таъкид гардид, ки Тоҷикистон дорои сарватҳои табиии зиёд, аз ҷумла захираҳои об, маъдан ва металҳои нодир, иқлими мусоиду заминҳои ҳосилхез, зарфиятҳои бузурги сайёҳиву инсонӣ ва имкониятҳои хуби сармоягузорӣ мебошад. Дар кишвари мо тайи солҳои охир барои таъмин намудани рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва муносибатҳои бозорӣ як қатор ислоҳоти назаррас татбиқ гардида, ташаббусҳои сармоягузорону соҳибкорон барои ривоҷи сармоягузорӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар ҳамаҷониба дастгирӣ меёбад. Дар идомаи маҷлис, ҳамчунин, лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарифҳои неруи барқ ва гармӣ” баррасӣ ва қабул гардид. Лоиҳаи мазкур бо мақсади рушди соҳаи энергетика ва расидан ба сатҳи худтаъминкунии фаъолияти молиявию иқтисодии ҷамъиятҳои саҳҳомии кушодаи “Барқи Тоҷик”, “Шабакаҳои интиқоли барқ” ва “Шабакаҳои тақсимоти барқ” таҳия ва пешниҳод гардидааст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохторҳои марбута барои андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати беҳсозии фаъолият дар соҳа дастуру тавсияҳо доданд. Супориш дода шуд, ки тарифҳои нави барқу гармӣ аз 1 феврали соли 2026 ҷорӣ карда шавад. Ҳамчунин, нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2026 тасдиқ шуд. Дар фароварди маҷлис Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҷамъбаст ва натиҷагирӣ аз рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар соли 2025,  масоили зимистонгузаронӣ, расондани ёрӣ ба ятимону бепарасторон ва маъюбону оилаҳои ниёзманд, омодагии ҳамаҷониба ба истиқболи сазовори ҷашнҳои байналмилалии Наврӯз ва 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба  масъулин супоришҳои мушаххас доданд. 29.12.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Ба истифода додани корхонаи орд ба номи Маҷид Ҳафизов дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

25 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ корхонаи орди ба номи Маҷид Ҳафизовро ифтитоҳ намуданд. Ин корхона аз ҷониби Корпоратсияи «Тоҷвар» бунёд шуда, иқтидори истеҳсолии он дар як шабонарӯз то 200 тонна коркарди ғалларо ташкил медиҳад. Ғалла аз Ҷумҳурии Қазоқистон ворид гардида, қабл аз коркард дар озмоишгоҳи махсуси корхона мавриди ташхиси сифат қарор дода мешавад. Барои таъмини мустақими воридоти ғалла, корхона ба хатти роҳи оҳан пайваст буда, дорои ду анбори муосири нигоҳдории ашёи хом бо ғунҷоиши умумии 50 ҳазор тонна мебошад. Дар корхонаи орд ба номи Маҷид Ҳафизов 150 мутахассиси маҳаллӣ дар ду баст бо кор таъмин гардида, барои онҳо шароити муносибу муосири корӣ ва маишӣ фароҳам оварда шудааст. Тавре иттилоъ дода шуд, таҷҳизоту дастгоҳҳои истеҳсолӣ ҷавобгӯ ба стандартҳои муосир буда, раванди истеҳсолот аз коркарди ашёи хом то бастубанди маҳсулоти тайёр тавассути се хатти автоматии банду баст анҷом дода мешавад. Маҳсулоти корхона таҳти бренди Балхӣ дар борхалтаҳои 50 ва 10 килограммӣ истеҳсол гардида, асосан ба бозори дохилӣ пешниҳод мешавад. Бо мақсади тақвияти занҷираи пурраи истеҳсолӣ, масъулин ният доранд дар ояндаи наздик дар назди корхона коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти нонӣ ва хӯроки чорво таъсис диҳанд. Ҳамчунин, дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истифодаи самараноки неруи барқ, бунёди неругоҳи барқии офтобӣ ба нақша гирифта шудааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулин ва мутахассисон ташаббуси бунёди ин корхонаи истеҳсолиро шоистаи таҳсин арзёбӣ намуда, барои фаъолияти самаранок, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти босифати ивазкунандаи воридот ва таъмини бозор бо маводи аввалияи ғизоӣ дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд. 25.12.2025 ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Президент, Хабарҳо

Боздид аз намоиши маҳсулоти кишоварзони ноҳияи Ҷайҳун

25 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Ҷайҳун ҳамчунин аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавот, анвои гуногуни меваи тару хушк, маҳсулоти консервашуда, полезӣ ва ғалладонагию лӯбиёгиҳо, ки бо истифода аз обу ҳавои мусоид, замини ҳосилхез ва тухмиҳои хушсифат ба даст омадаанд, дидан карданд. Соли равон кишоварзони ноҳия бо истифода аз имкониятҳои мавҷудаи табиӣ майдони кишти зироатҳои кишоварзиро ба 23 ҳазору 284 гектар расонидаанд. Заҳмати пайвастаи хоҷагидорон ва риояи агротехникаи кишту парвариш имкон фароҳам овардааст, ки дар ноҳияи Ҷайҳун афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ таъмин гардад. Тавре иттилоъ дода шуд, ба ҳолати 1 декабри соли 2025 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия 11 ҳазору 728 тонна картошка, 48 ҳазору 890 тонна ғалладонагӣ, 29 ҳазору 969 тонна меваҷот, 159 ҳазору 677 тонна сабзавот, 3 ҳазору 285 тонна ангур, 168 ҳазору 775 тонна полезӣ, 24 ҳазору 730 тонна шир, 5 ҳазору 255 тонна гӯшт, 23,9 тонна асал, 146,4 тонна моҳӣ ва 4 миллиону 146,9 ҳазор дона тухм истеҳсол шудааст. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳия ҷамъоварии ҳосили сабзӣ, ҷуворимаккаи дон ва полезиҳо аз кишти такрорӣ идома дорад. Намоишгоҳ, ки дар шакли хеле ҷолибу диданӣ пешниҳод гардид, баёнгари фаровонҳосилӣ ва таҷрибаи ғании деҳқонони заҳматқарини ноҳия дар самти оқилона истифода бурдани замин аст. Маҳсули ҳунари занону кадбонуҳои ноҳия, аз ҷумлаи анвои гуногуни нон ва таомҳои тоҷикӣ ҳам дар шакли густурда бозгӯи заҳмати аҳлона аст. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин ва кишоварзони ноҳия барои боз ҳам баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ, самаранок истифода бурдани замин, захираи маҳсулот барои давраи зимистон, зиёд намудани масоҳати боғу токзор ва шудгори замин дастуру тавсияҳо доданд. 25.12.2025 ноҳияи Ҷайҳун

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 53-и ноҳияи Ҷайҳун, 16 иншооти соҳаи маориф ва 3 корхонаи саноатӣ дар вилояти Хатлон

25 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷайҳун бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 53-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 53-и ноҳияи Ҷайҳун ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст. Корҳои сохтмониро мутахассисон ва бинокорони Кооперативи тиҷоратии Беҳбуд бо истифода аз маҳсулоти хушсифати сохтмонӣ, риояи стандартҳои байналмилалӣ ва тарҳу унсурҳои зебои меъморӣ анҷом додаанд, то дар ин боргоҳи илму маърифат кӯдакону наврасон солиёни зиёд бо таълиму тарбияи хушсифат фаро гирифта шаванд. Муассисаи таълимии мазкур барои 1300 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, дорои 28 синфхонаи барҳаво, маҷлисгоҳ, толори фарҳангию варзишӣ, ошхона бо 50 ҷойи нишаст, китобхона, бунгоҳи тиббӣ ва хонаҳои методӣ мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо омӯзгорону хонандагон изҳор доштанд, ки бо фароҳам гардидани шароити мусоиди таълиму тарбия дар тамоми муассисаҳои таълимии умумии кишвар бояд дар мадди аввал на миқдор, балки сифати таҳсилот ва дониш гузошта шавад. Иттилоъ доданд, ки дар 34 соли соҳибистиқлолӣ дар кишвар барои фаро гирифтани наврасону ҷавонон бо донишҳои муосири ба меъёрҳои стандарти байналмиллалӣ  ҷавобгӯ, омӯзиши фанҳои дақиқ, забонҳои хориҷӣ ва технология бунёди як қатор муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таълимии навъи нав дар сатҳи баланд роҳандозӣ гардида, шароити таълим фароҳам гардидааст. Танҳо дар солҳои 2024-2025 дар назди 52 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Ҷайҳун 91 синфхонаи иловагӣ бо 2 ҳазору 275 ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шудааст. Дар ҳамин ҷо, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 иншооти соҳаи маорифро дар ноҳияҳои Ҷайҳун, Дӯстӣ, Панҷ, Қубодиён, Шаҳритус, Носири Хусрав ва 3 корхонаи саноатиро дар ноҳияҳои Дӯстӣ ва Панҷ ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Ба истифода додани Муассисаи давлатии томактабии “Маърифат” дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  рақами 12 барои 400 кӯдак, Муассисаи таҳсилоти томактабии “Донояк”, биноҳои нави таълимӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-и шаҳраки Дӯстӣ, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6-и деҳоти Панҷ ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 11-и деҳоти Қумсангири ноҳияи Ҷайҳун бо фарогирии 1440 хонанда, бинои маъмурии маорифи ноҳияи Дӯстӣ, биноҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии деҳоти Ҷиликӯл, деҳоти Хуррамдиёр ва деҳоти Навзамини  ноҳияи Дӯстӣ, бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9 бо 1280 ҷойи нишаст ва бинои иловагӣ бо 480 ҷойи нишаст дар деҳаи Ҳамдилони ноҳияи Панҷ, бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 51 бо 1400 ҷойи нишаст ва Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ барои 375 кӯдак дар ноҳияи Қубодиён, бинои иловагии таълимӣ бо 800 ҷойи нишаст дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6 дар ноҳияи Шаҳритус ва ду бинои иловагии таълимӣ бо 800 ҷойи нишаст дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 дар ноҳияи Носири Хусрав аз он шаҳодат медиҳад, ки дар кишвар маориф аз соҳаҳои афзалиятнок эътироф гардида, сохтмон ва бунёди муассисаҳои нави таълимӣ дар ҳама шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вусъати тоза пайдо менамоянд. Иттилоъ дода шуд, ки ҳама иншооти соҳаи маориф бо шароити хуби таълимӣ ва компютеру синфхонаҳои фаннӣ таъмин карда шудааст. Дар доираи амалинамоии ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Корхонаи истеҳсоли шифер бо 45 ҷойи корӣ, Корхонаи коркарди пахтаи ҶДММ “Сармояи Дӯстӣ” барои коркарди 10 ҳазор тонна пахта бо 35 ҷойи корӣ дар ноҳияи Дӯстӣ ва Корхонаи коркарди пахта дар Парки технологӣ-инноватсионӣ бо 50 ҷойи корӣ дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлонро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми бунёдкоронаи соҳибкоронро шоистаи таҳсин хонда, ба масъулони корхонаҳои саноатӣ дастур доданд, ки ба сифати маҳсулот ва коркарди пахта таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда, дар оянда доираи фаъолияти корхонаҳоро васеъ ва ҷойҳои кориро зиёд намоянд. 25.12.2025 ноҳияи Ҷайҳун  

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун

25 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳунро ба истифода доданд. Ифтитоҳи ин иншоот дар доираи тадбирҳои созандагию бунёдкорї ва бо мақсади таҳкими заминаҳои моддиву техникии сохторҳои ҳизбӣ амалӣ гардид. Сохтмони бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун ҷиҳати амалӣ намудани ташаббуси наҷиби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст. Қобили зикр аст, ки бинои пешинаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун, ҳамагӣ аз 3 утоқи корӣ иборат буд ва барои фаъолияти самараноки кормандон шароити мусоиди корӣ фароҳам набуд. Бо назардошти афзоиши ҳаҷми фаъолият ва зарурати беҳтар намудани шароити корӣ, тасмим гирифта шуд, ки бинои нав бо талаботи муосири меъморӣ ва шаҳрсозӣ бунёд гардад. Бинои нав аз 6 ҳуҷраи корӣ, китобхона, ҳуҷраи волонтёрон ва маҷлисгоҳ бо 60 ҷойи нишаст иборат буда, дар он барои қабули шаҳрвандон, баргузории чорабиниҳои сиёсиву маърифатӣ ва фаъолияти мунтазами ҳизбӣ тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Зимни боздид аз бинои нав, Сарвари давлат ба сифати корҳои сохтмонӣ ва шароити фароҳамгардида баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки таҳкими фаъолияти сохторҳои ҳизбӣ дар маҳал ба баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва татбиқи самараноки сиёсати давлатӣ мусоидат менамояд. 25.12.2025 ноҳияи Ҷайҳун

Президент, Хабарҳо

Ба истифода додани Корхонаи коркарди шири ҶДММ Шири Ҷайҳун

25 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои созандагию бунёдкорӣ, ифтитоҳи як зумра иншооти муҳим ва боздид аз хоҷагиҳои кишоварзӣ ба минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ташриф оварданд. Зимни сафар дар маҷмуъ наздики 60 иншоот мавриди истифода қарор гирифта, ба сохтмони 7 иншооти дигар оғоз бахшида мешавад. Танҳо дар соҳаи маориф 18 муассисаи таҳсилоти умумӣ барои 13700 хонанда дар ду баст ва 10 муассисаи томактабӣ барои 1500 кӯдак мавриди истифода қарор мегирад. Ҳамчунин, 8 корхонаи саноатӣ бо наздики 600 ҷойи корӣ ифтитоҳ меёбад. Ғайр аз ин, давоми соли равон бо саҳмгузории соҳибкорон ва мардуми саховатпеша дар ҳудуди вилоят 546 километр роҳ навсозӣ гардидааст. Боздиди кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон бо ифтитоҳи Корхонаи Шири Ҷайҳун оғоз ёфт. Дар ин корхонаи нави саноатӣ, ки дар заминаи Ҷамъияти саҳҳомии пушидаи Комбинати шири Душанбе бунёд гардидааст, истеҳсоли зиёда аз 10 намуди маҳсулот, аз ҷумла қаймоқ, творог, кефир, ҷурғот, кефири мевагӣ, дуғоб ва маска ба роҳ монда шудааст. Корхонаи нави истеҳсолӣ дар ноҳияи Ҷайҳун дар заминаи дастуру ҳидоятҳои созандаи роҳбари давлат аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Наврӯз Комилов бо мақсади таъмини аҳолии кишвар бо маҳсулоти табиӣ ва аз ҷиҳати экологӣ тозаю безарар сохта шуда, бо хатҳои муосири истеҳсолӣ таъмин гардидааст. Корҳои сохтмонӣ соли 2024 дар асоси нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ оғоз гардида, дар муҳлати пешбинигардида ба анҷом расонида шуд. Таҷҳизоту дастгоҳҳои истеҳсолии корхонаи саноатӣ аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ворид ва васлу насб гардидааст. Корхона дорои ду сардхона барои нигоҳдории маҳсулот ва воситаи нақлиёти махсус барои ба нуқтаҳои фурӯш дастрас намудани маҳсулот мебошад. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Шири Ҷайҳун 35 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ, 15 каси дигар бо ҷамъоварии шир аз аҳолӣ ва дигар корҳои ёрирасон машғуланд, дар маҷмуъ 50 кас бо кор ва маоши хуб таъмин шудаанд. Иқтидори истеҳсолии Шири Ҷайҳун дар як шабонарӯз 10 тонна маҳсулоти ширии дорои сифати баландро ташкил медиҳад. Зимни шиносоӣ бо раванди истеҳсолот ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки маҳсулоти корхона таҳти номи Шири Ҷайҳун дар зарфҳои гуногун асосан дар бозорҳои дохилӣ ба фурӯш бароварда мешавад. Маҳсулоти хоми корхона аз аҳолӣ дастрас мегардад ва бо ин мақсад 3 воситаи нақлиёт ҷудо гардида, дар 4 деҳоти ноҳияи Ҷайҳун нуқтаҳо барои ҷамъоварии шир ташкил карда шудааст. Маҳсулоти дастрасшуда ба корхона дар озмоишгоҳ, ки мувофиқ ба талаботу меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷиҳозонида шудааст, қабл аз коркард мавриди санҷиш қарор дода мешавад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо раванди истеҳсолот дар ҳамин ҷо аз гӯшаи намоиши маҳсулоти истеҳсолии корхона дидан карданд. Дар намоишгоҳ маҳсулоти ширии корхонаи нави саноатӣ, ки бо сифати баланд истеҳсол ва барои пешниҳод ба бозори истеъмолӣ омода мегардад, муаррифӣ карда шуд. Пешвои миллат зимни шиносоӣ бо маҳсулоти корхона ҷиҳати равона намудани таваҷҷуҳи зиёд ба риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми коркарди шир ва бандубасти он дар асоси талаботи миллию байналмилалӣ ба масъулон дастуру тавсияҳо доданд. Дар навбати худ масъулини корхона омодагии худро барои дар оянда афзун намудани шумораи чунин корхонаҳои наву замонавӣ ва саҳмгузорӣ дар таъмини бозори дохилӣ баён доштанд. 25.12.2025 ноҳияи Ҷайҳун

Президент, Хабарҳо

Ба истифода додани майдони танкронӣ ва 4 дидбонгоҳи сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон

24 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Вазорати мудофиаи кишвар ташриф оварда, майдони танкронии машқгоҳи Ҳарбмайдон ва 4 дидбонгоҳи сарҳадиро дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд. Нахуст бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва роҳбарони сохторҳои қудратии кишвар тариқи фосилавӣ ба фаъолияти майдони танкронӣ дар машқгоҳи Ҳарбмайдон оғоз бахшида шуд. Барои дар сатҳи баланди касбӣ омода намудани мутахассисони соҳавӣ дар ин машқгоҳ иншооти зиёди таълимӣ бунёд ёфтааст. Бинои нуқтаи фармондеҳию мушоҳидавӣ бо синфхонаҳои ронандагӣ ва манораҳои мушоҳида аз имкониятҳои дигари ин машқгоҳ ба шумор меравад. Зимни шиносоӣ бо имконоти фарохи ин машқгоҳ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои қудратӣ дастур доданд, ки бо истифода аз имконоти ин майдон мутахассисони техникии дахлдори худро дар сатҳи баланд омода намоянд. Аз ҳамин ҷо, ҳамчунин тариқи фосилавӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 4 дидбонгоҳи сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ифтитоҳ ёфт. Ин дидбонгоҳҳои сарҳадӣ дар ин минтақаи баландкӯҳ ва душворгузари сарҳади давлатӣ бо Афғонистон, ки қаблан ба таври зарурӣ муҳофизат намешуд, бори аввал сохта шуд ва барои фаъолияти бемонеаи онҳо дар ин мавзеъ ба масофаи зиёда аз 70 километр роҳи нави мошингузар бунёд ёфта, дигар инфрасохтори ёрирасон низ фароҳам оварда шуд. Натиҷаи таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки давоми 31 соли фаъолияти худ Қӯшунҳои сарҳадӣ пуриқтидору мукаммал гардида, рӯз то рӯз шароити хизматию маишии афсарону сарбозон хубтару беҳтар мешавад. Ин раванд, бахусус давоми 2-3 соли охир хеле авҷ гирифта, дар ин муҳлати кӯтоҳ аллакай 80 дидбонгоҳи нави сарҳадӣ бунёд ёфта, бо техникаю таҷҳизот ва ҳама лавозимоти ҳарбию хизматию маишӣ таъмин гардиданд. Дар ҳамаи ин дидбонгоҳҳои сарҳадӣ, дар баробари муҳайёсозии шароити зарурии хизматӣ, аз ҷумла хобгоҳҳои сарбозӣ, ошхона, ҳаммом, шабакаи гармидиҳӣ, майдончаҳои машқу тамрин, ҳамчунин барои афсарон ва аҳли оилаи онҳо хонаҳои алоҳидаи истиқоматӣ сохта шудааст. Зимни ифтитоҳи иншооти сарҳадӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Ҳукумати кишвар барои фароҳамсозии шароити будубош ва хизмат дар Қувваҳои Мусаллаҳ, аз ҷумла Қӯшунҳои сарҳадӣ, пайваста чораандешӣ менамояд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин аз саҳмгузории соҳибкорони ватандӯсти кишвар, ки дар ин кори пурифтихор низ иштирок менамоянд, ёдовар шуда, ба ҳамаи касони дар ободонии кишвар ҳиссагузор арзи сипосу қадрдонӣ намуданд. 24.12.2025 город Душанбе

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи марҳилаи дуюми ҶДММ Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

24 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти марҳилаи дуюми  Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон, ки ҷузъи Гурӯҳи Анадолу  мебошад, оғози расмӣ бахшиданд. Корхонаи истеҳсолӣ дар заминаи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардидааст. Марҳилаи аввали фаъолияти ширкат аз соли 2015 оғоз гардида, бо як хатти истеҳсолӣ 100 кормандро фаро гирифта буд. Иттилоъ дода шуд, ки иқтидори корхона дар як сол истеҳсоли 170 миллион литр нӯшокиҳои ташнашикан буда, дар зарфҳои гуногунҳаҷм пешниҳоди бозори истеъмолӣ мегардад. Бо таъсис ва ба фаъолият оғоз намудани марҳилаи нави ин иншооти саноатӣ беш аз 600 кас бо кор таъмин гардиданд. Васли хатти нави истеҳсолӣ, ба афзоиши иқтидор, номгӯи маҳсулот ва шумораи кормандон мусоидат кард. Ҳоло дар корхона 7 намуд нӯшокиҳои брендӣ барои қонеъсозии талаботи мизоҷон истеҳсол мешавад. Маҳсулоти ниҳоӣ қабл аз муомилот дар озмоишгоҳи корхона бо усули хос ташхис шуда, мутахассисон таркиб ва бехатарии онро тавассути дастгоҳҳои соҳавӣ аз санҷиш мегузаронанд. Пас аз шиносоӣ бо раванди фаъолият ва иқтидори истеҳсолӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти корхона боздид намуда, ба масъулон ҷиҳати риояи талабот, стандартҳои бехатарӣ ва ҳам афзоиши содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар дастуру тавсияҳо доданд. 24.12.2025 шаҳри Душанбе

Прокрутить вверх