Хабарҳо

Президент, Хабарҳо

Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон

20 декабр дар шаҳри Токио Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон баргузор гардид. Дар кори форуми тиҷоратӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири Ҷопон ва дигар сарони кишварҳои Осиёи Марказӣиштирок намуданд. Ҳадафи баргузории ин ҳамоиш таҳкими минбаъдаи муносиботи иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷопон, хусусан бо таваҷҷуҳ ба самтҳои рушди сабз ва устуворӣ, рақамикунонӣ, молия, зарфияти инсонӣ ва рушди низоми иҷтимоӣ барои тиҷорат мебошад. Дар интиҳои кори форум Сарвазири Ҷопон хонум Санаэ Такаичи суханронӣ намуда, сарони давлатҳо ва доираҳои соҳибкории кишварҳоро хайрамақдам гуфт. Дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷопон аз руи натиҷаи мулоқоту музокирот як қатор санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Аз ҷумла, Изҳороти муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон дар бораи рушди минбаъдаи муносибатҳо ҷиҳати эҷоди ҳамкории мутақобилан судманд, Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷопон дар бораи ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ, Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати иқтисод, савдо ва саноати Ҷопон дар соҳаи саноат, Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон барои солҳои 2026-2028, Ёддоштҳои табодулӣ ва Созишномаи грантӣ оид ба “Лоиҳаи таҷдиди таҷҳизоти сканкунии борҳо дар гузаргоҳи гумрукии ноҳияи Спитамен дар масири нақлиёти байналмилалии Транскаспий”, Созишномаи грантӣ дар бораи лоиҳаи «Бунёди зеристгоҳи барқии 220 кВ барои шаҳри Душанбе», Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати замин, инфрасохтор, нақлиёт ва сайёҳии Ҷопон оид ба ҳамкорӣ, Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва моҳидории Ҷопон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва Ёддоштҳо оид ба “Лоиҳаи таҳкими низоми коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон ”. Дар ҳошияи Бизнес-форуми минтақавии Осиёи Марказӣ + Ҷопон ва форуми тиҷоратии Тоҷикистону Ҷопон низ санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонда шуд. Аз қабили, Ёддошти тафоҳум миёни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Masui Co., Ltd”, Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати ҷопонии “Curtis Creek Co., Ltd. дар самти пешбурди содироти маҳсулоти нассоҷии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази муҳандисии метеорологии Ҷопон, Ёддошти тафоҳум миёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ва ширкати ҷопонии “Splice-Lab Co., Ltd. дар самти омода намудани муҳандисони маҳаллӣ дар соҳаи сохтмони пулҳо ва Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи ҷопонии “Sansei Corporation” барои қабули мошинҳои мобилии тиббӣ. Дар маҷмуъ аз руи натиҷаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон наздики 20 санади нав ба имзо расид. 20.12.2025 Ҷопон

Президент, Хабарҳо

Иштирок дар Ҳамоиши муколамаи Осиёи Марказӣ + Ҷопон

20 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Токиои Ҷопон дар Ҳамоиши муколамаи Осиёи Марказӣ + Ҷопон иштирок ва суханронӣ намуданд. Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба Ҳукумати Ҷопон барои дастгирӣ аз татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои иқтисод, зерсохтор, нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ, экология, тандурустӣ, маориф ва беҳдошт миннатдории самимӣ изҳор намуданд. Бо дарназардошти аҳамияти калидии иқтисоди “сабз” барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷалби сармоя ва технологияи Япония барои татбиқи стратегияҳои кишварҳои минтақа дар соҳаи энергетикаи “сабз”, аз ҷумла аз худ намудани иқтидори гидроэнергетикӣ ва ҳамчунин, ба бахши воқеии иқтисоди Тоҷикистон истиқбол намуданд. Гуфта шуд, ки дар ин самт, дар кишвари мо сиёсати гузариш ба саноати “сабз”, ҳамчунин, мавриди истифода қарор додани технологияҳои инноватсионӣ ва аз ҷиҳати экологӣ тоза дар бахшҳои калидии истеҳсолот ба таври фаъол пеш бурда мешавад. Таъкид гардид, ки дар шароити воқеиятҳои нави иқтисодӣ, робитаҳои саноатӣ ва ҳамкории байниҳамдигарии сохторҳои соҳибкорӣ, бешубҳа, бояд ба рушди минбаъда ва таъмини суботи иқтисодии давлатҳои мо нигаронида шаванд. Саҳми Ҷопон дар татбиқи тарҳҳои хурду миёна дар кишвари мо баланд арзёбӣ карда шуда, иштироки Ҷопон дар амалӣ сохтани тарҳҳои калонҳаҷм дар Тоҷикистон, ки дорои аҳамияти миллӣ ва минтақавӣ мебошад, зарур шумурда шуд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаҳои гидроэнергетика, саноати коркарди маъданҳои кӯҳӣ, саноати сабук ва хӯрокворӣ, химиё ва дорусозӣ, мошинсозӣ ва металлургияро аз бахшҳои афзалиятнок номиданд. Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти захираҳои зиёди табиӣ, омодагии Тоҷикистонро барои ҳамкории васеъ бо шарикони ҷопонии худ дар кори истихроҷ ва коркарди онҳо иброз доштанд. Ба масъалаи тағйирёбии иқлим, обхезӣ, хушксолӣ, тӯфонҳои чангу ғубор, сел ва тахриби экосистемаҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. “Мо хуб дарк менамоем, ки ҳифзи захираҳои об ҳамчун манбаи ҳаёт, амнияти озуқаворӣ, энергетика ва рушди устувор то кадом андоза муҳим аст”, иброз доштанд Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Дар ин зимн гуфта шуд, ки кишвари мо дар пешбурди дипломатияи об пешсаф мебошад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамаи кишварҳои манфиатдор даъват намуданд, то дар кори Конфронси байналмилалии сатҳи баланди дар доираи “Раванди обии Душанбе” моҳи майи соли 2026 баргузоршаванда, фаъолона ширкат варзанд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки мо барои ҳамкорӣ дар бахшҳои ҳифзи гуногунии биологӣ, коркарди партовҳо ва мутобиқшавӣ ба тағйироти иқлим манфиатдорем. Зикр гардид, ки кишвари мо ба технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳи хос дорад, чун ин соҳаҳо барои анҷоми таҳқиқоти илмӣ, назорати муҳити зист ва беҳбуди сифати мудирияти захираҳо уфуқҳои нав боз мекунанд. Дар робита ба ташаббуси кишвари мо оид ба қабули Қатъномаи махсуси СММ зери унвони “Нақши зеҳни сунъӣ дар эҷоди имкониятҳои нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ” мусоидату дастгирии Ҷопон ва дигар кишварҳои шарик мувофиқи матлаб дониста шуд. Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари маҳсур дар хушкӣ, ба рушди логистика ва пайвастагии нақлиётӣ аҳаммияти хоса медиҳад. Ҳамчунин, гуфта шуд, ки такмили зерсохтори роҳҳои мошингард ва оҳан, густариши робитаҳои ҳавоӣ ва ҷорӣ намудани лоиҳаҳои рақамии логистикӣ – ин ҳама барои рушди тиҷорат, сармоягузорӣ ва иқтисодиёт дар минтақа фурсатҳои нав фароҳам меоварад. Пешниҳод гардид, ки барои рушди ҳамлу нақли транзитии борҳо бунёди марказҳои логистикӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии Шимол ва Ҷануби кишвар ҳам марказҳои логистикӣ сохта шаванд ва ҳам маҷмааҳои агрологистикӣ бунёд гарданд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷопонро шарики боэътимоди Тоҷикистон дар таълиму тарбияи кадрҳо тавассути барномаҳои ҶАЙКА (JICA) ва бурсияҳои Ҷей-Ди-Эс (JDS) номиданд. Барои густариши ҳамкории босамар бо Ҷопон як қатор самтҳо муайян ва пешниҳод карда шуд, аз ҷумла баланд бардоштани сатҳи касбии мутахассисон, таълиму тарбияи кадрҳои техникӣ дар бахшҳои саноат ва ҷорӣ намудани технологияҳои “сабз”, таъсиси озмоишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ оид ба гидроэнергетика, кишоварзии устувор ва идораи таҳдидҳои табиӣ. Дар фароварди сухан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки тамоми пешниҳодҳои имрӯз дар Ҳамоиш ироашуда, талоши дастҷамъонаи моро барои сулҳ, субот, эҳтироми якдигар ва рушди устувор инъикос менамоянд. 20.12.2025 Ҷопон

Хабарҳо

Иштирок ва суҳбати кормандони Маркази исломшиносӣ О.Вализода ва А.Мирзозода дар барномаи «Маросимҳои мардумӣ»-и Радиои фарҳанги Тоҷикистон

Мутобиқи нақшаи муштараки Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти татбиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз Паёми навбатии Сарвари давлат барои соли 2026 бармеояд, кормандони Марказ О.Вализода ва А.Мирзозода дар барномаи «Маросимҳоии мардумӣ»-и Радиои фарҳанги Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 17-уми декабри соли 2025 соати 11-00 иштирок ва мусоҳиба анҷом доданд. (Ровии барнома Бунавша Қосимзода ). Дар барнома доир ба баъзе нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, ки 16 декабри соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Шурои Олии кишвар бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои ҳукумат, намояндагони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, собиқадорони меҳнат, аҳли ҷамоатчигии кишвар ва намояндагони сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмиллалӣ доир гардид, суҳбат ороста шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат соли 2025-ро «боз як соли таърихӣ» номид. Дар идомаи суҳбат доир ба раванди амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-мушкилоти таассубу хурофот, арҷгузорӣ ба забон ва либоси миллӣ мавриди суҳбат қарор дода шуд. Аз ҷумла қайд гардид, ки Қонуни мазкур бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи ниҳоят номусоиди буҳронҳои ҷаҳонӣ қабул гардид. Вақт ҳамчун довар исбот намуд, ки иқдоми созандаи Пешвои миллат хело саривақтӣ ва ба манфиати мардум будааст. Бояд ёдовар шуд, ки қонун ба ҳадафҳои худ расида бошад, ҳам зиёдаравӣ, таасубу хурофот, манманию, худхоҳӣ аз ҷониби баъзе шаҳрвандон, бетарафии аҳли ҷамоатчигӣ ва раисони маҳалла дар пешгирии маъракаҳои манъшудаи азодорӣ, қонуншиканиҳо аз ҷониби соҳибмаъракаҳо ба назар мерасад. Дар ин ҷода ягона роҳ пурзур намудани фаҳмондадиҳӣ ва назорати баргузории маъракаҳо аз ҷониби ваколатдори соҳа ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҷоннок намудани фаъолияти комиссияҳои доимӣ ва ҷамъиятӣ ба мақсад мувофиқ аст.  О. Вализода ва А. Мирзозода Кормандони Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо муовини Раиси ҳизби ҳокими Либералӣ-демократии Ҷопон, собиқ Сарвазири Ҷопон ҷаноби Таро Асо

19 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Токио бо муовини Раиси ҳизби ҳокими Либералӣ-демократии Ҷопон, собиқ Сарвазири Ҷопон ҷаноби Таро Асо мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории дуҷониба ва нақши муколамаи “Осиёи Марказӣ + Ҷопон” дар рушду густариши робитаҳои Тоҷикистону Ҷопон баррасӣ шуд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми Таро Асоро дар рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Япония назаррас номиданд. Саҳми Ҳукумати Ҷопон дар татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ, обтаъминкунӣ, тандурустӣ, таҳкими иқтидорҳои энергетикӣ ва омодасозии кадрҳо баланд арзёбӣ карда шуд. Дар мулоқот оид ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт. 19.12.2025 Ҷопон

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо донишҷӯёни тоҷик дар Ҷопон

19 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Токиои Ҷопон бо як гуруҳ донишҷӯёни тоҷик мулоқоти самимӣ доир намуданд. Зимни суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шароити таҳсили донишҷӯён пурсон шуда, бо итминон иброз доштанд, ки онҳо донишу малакаи дар Ҷопон бадастовардаи худро барои рушду пешбурди Тоҷикистони азизамон сафарбар хоҳанд кард. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ба бештар ва амиқтар андӯхтани илму дониш ва малакаҳои беҳтарин дар донишгоҳҳои Ҷопон ҳидоят намуданд. Аз рушди мунтазами соҳаи маориф ёдовар шуда, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон, ба туфайли талошҳои пайвастаи Ҳукумат, соҳаҳои илму маориф, фарҳанг ва маънавиёт аз рушду таҳаввулоти ҷиддӣ бархурдор гардидааст. Гуфта шуд, ки ба мақсади таълиму тарбияи насли нави ояндасоз барои афзоиши назарраси шумораи муассисаҳои таълимӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот тадбирҳои муассири амалӣ андешида шудааст. Зикр гардид, ки барои истифодаи пурсамари ҳамаи имкониятҳо барои кишвар мутахассисони баландихтисос дар соҳаҳои гуногун лозиманд. Аз ин рӯ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷавонон даъват намуданд, ки бояд ба омӯзиши илмҳои дақиқ, муҳандисиву сохтмон, роҳсозӣ, энергетика, технологияҳои нав ва дигар соҳаҳои муҳим таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд. 19.12.2025 Ҷопон

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Раиси Палатаи мушовирони Парлумони Ҷопон Секигучи Масакадзу

19 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Токио бо Раиси Палатаи мушовирони Парлумони Ҷопон Секигучи Масакадзу мулоқот намуданд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон ба ҳамкории байнипарлумонӣ бо Ҷопон таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Дипломатияи парлумонӣ василаи муассири таҳкими минбаъдаи муколамаи байнидавлатӣ номида шуд. Пешбурди робитаҳои фаъоли Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи мушовирони Парлумони Ҷопон зарур шумурда шуд. Ҷонибҳо, ҳамчунин, оид ба дигар ҷанбаҳои дӯстонаи Тоҷикистону Ҷопон, самтҳои мавриди таваҷҷуҳ, аз ҷумла рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодӣ, бахшҳои инфрасохтор, саноат, энергетика, кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист ва тандурустӣ табодули андеша намуданд. Ба масъалаи рушди ҳамкорӣ дар бахши иқтисоди рақамӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои “сабз”, рақамӣ ва зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Ҷалби сармоя ба бахши сайёҳӣ, рушди ҳамкории амалӣ бо Ҷопон дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва густариши муносибатҳои фарҳангиву башарӣ аз мавзуъоти дигари суҳбат буд. 19.12.2025 Ҷопон

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Императори Ҷопон Наруҳито

19 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Токио бо Императори Ҷопон муҳтарам Наруҳито мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ масоили муносибатҳои Тоҷикистону Ҷопон баррасӣ шуд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Император барои пазироии самимӣ ва ҳусни таваҷҷуҳ изҳори сипос намуданд. Гуфта шуд, ки муносибатҳои Тоҷикистону Ҷопон имрӯз доираи васеи ҳамкориро дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо фаро мегиранд. Дастгирии Ҷопон дар татбиқи лоиҳаҳои хурду миёнаи бахшҳои инфрасохтор, нақлиёт, энергетика, кишоварзию экологӣ, инчунин, омодасозии захираҳои инсонӣ, тандурустиву беҳдошт, таъкид гардид. Оид ба дигар масъалаҳои ҳамкории барои ҳарду ҷониб судманд табодули андеша сурат гирифт. 19.12.2025 Ҷопон

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Директори иҷрокунандаи Созмони амнияти соҳаҳои металлургия ва энергетикаи Ҷопон (JOGMEC) Ичиро Такаҳара

19 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Токио бо Директори иҷрокунандаи Созмони амнияти соҳаҳои металлургия ва энергетикаи Ҷопон (JOGMEC) Ичиро Такаҳара мулоқот намуданд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат иброз доштанд, ки мо ҳавасманди ҳамкорӣ бо Созмон барои амалисозии лоиҳаҳо дар бахшҳои энергетика ва истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ мебошем. Ба истифодаи имкониятҳои кишвари мо дар соҳаи саноат, муосирсозии технологияҳои истихроҷ ва коркарди маъданҳо ва таъсиси корхонаҳои истеҳсолии муштарак таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Роҳандозии ҳамкории амалӣ дар самти татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи энергеияи барқароршаванда бо ҷалби сармоя ва технологияҳои нав зарур шумурда шуд. Ҳамчунин, таъкид гардид, ки мо ба иштироки фаъоли ширкатҳои ҷопонӣ дар татбиқи “технологияҳои сабз” дар Тоҷикистон манфиатдор ҳастем. Аз Созмони амнияти соҳаҳои металлургия ва энергетикаи Ҷопон даъват карда шуд, ки бо ниҳодҳои давлатӣ, донишгоҳҳо ва муассисаҳои таҳқиқотии Тоҷикистон дар самти омӯзиш ва коркарди сарватҳои зеризаминӣ ҳамкории муштарак ба роҳ монад. 19.12.2025 Ҷопон

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Президенти Ассотсиатсияи Ҷопон оид ба савдо бо Русия ва давлатҳои нави соҳибистиқлол РОТОБО Масами Ииҷима

19 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Токио бо Президенти Ассотсиатсияи Ҷопон оид ба савдо бо Русия ва давлатҳои нави соҳибистиқлол (РОТОБО) Масами Ииҷима мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ самтҳои ояндадори ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Ҷопон баррасӣ шуд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ассотсиатсияи Ҷопон оид ба савдоро василаи муҳимми густариши робитаҳои иқтисодӣ ва таҳкими алоқаҳои тиҷоратӣ миёни кишварҳои мо номиданд. Таъкид гардид, ки Тоҷикистон дорои захираҳои нодир, мавқеи географии муносиб ва иқтидори зиёди инсонӣ мебошад. Дар ин зимн гуфта шуд, ки ин имкониятҳо кишвари моро ба макони ояндадори ташаккули занҷираҳои логистикӣ ва истеҳсолӣ табдил медиҳанд. Ба истифодаи имкониятҳои роҳандозии коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, тавсеаи саноати нассоҷӣ, бонкдорӣ, зеҳни сунъӣ ва дорусозӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Аз Ассотсиатсия даъват карда шуд, ки дар сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқии обӣ, офтобиву бодӣ ва муосиргардонии иншооти мавҷудаи энергетикӣ, ҳамчунин, ва таъсиси корхонаҳои муштарак иштирок намоянд. Парвариши маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза, аз ҷумла меваҷот, ангур, лӯбиёгиҳо ва растаниҳои шифобахш, самтҳои қобили таваҷҷуҳ дониста шуд. Ҳамчунин, шароити мусоиди таъсиси корхонаҳои саноатӣ, истифодаи  ашёи хоми минералӣ ва захираҳои энергетикӣ муаррифӣ гардид. 19.12.2025 Ҷопон

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Президенти Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (ҶАЙКА) Акиҳико Танака

19 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Токио бо Президенти Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (ҶАЙКА) Акиҳико Танака мулоқот намуданд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки ҷониби Тоҷикистон сатҳи ҳамкорӣ бо Ҷопонро дар чаҳорчӯби Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (ҶАЙКА) баланд арзёбӣ мекунад. Ҷонибҳо ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои муҳимми иқтисоди миллии кишвари мо, аз ҷумла ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои саноат, нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ, обтаъминкунӣ, маориф ва тандурустӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд. Аз имзои ду созишномаи нави грантӣ оид ба лоиҳаҳои сохтмони як зеристгоҳ ва муосирсозии таҷҳизоти сканерии борҳо дар дидбонгоҳи гумрукӣ истиқбол карда шуд. Ҷалби сармояи мустақими ҷопонӣ, аз ҷумла қарзҳои имтиёзноки иенӣ, аз мавзуъоти дигари суҳбат буд. Рушди энергетикаи “сабз” аз самтҳои ояндадори ҳамкорӣ номида шуд. Барои тавсеаи бахшҳои Барномаи “JDS” дар соҳаҳои тиб, нанотехнология, технологияҳои иттилоотӣ, техникаи авиатсионӣ, амнияти иттилоотӣ, ҳифзи муҳити зист ва таъсиси Маркази инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистону Ҷопон дар кишвари мо изҳори ҳавасмандӣ карда шуд. 19.12.2025 Ҷопон

Прокрутить вверх