Хабарҳо

Президент, Хабарҳо

Вохӯрӣ бо Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп

6 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши дуюм дар қолаби “Осиёи Марказӣ-Иёлоти Муттаҳидаи Амрико” (С5+1) дар шаҳри Вашингтон бо Президенти ИМА муҳтарам Доналд Трамп мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ маҷмуи васеи масоили вобаста ба ҳолати кунунӣ ва рушди муносибатҳои ҳамкорӣ миёни ду кишвар баррасӣ шуд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба Президенти ИМА барои даъват ва пазироии гарм арзи сипос намуданд. Сарвари давлати мо дар идомаи суҳбат ба аҳаммияти таъмини сулҳ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ишора намуда, пойдории амну суботро заминаи бебаҳо барои рушди устувори ҳамаи кишварҳои дунё арзёбӣ намуданд. Зимни баррасии робитаҳои дуҷониба таваҷҷуҳи зиёд ба таҳким ва густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ зоҳир гардид. Зикр гардид, ки дар Тоҷикистон  зиёда аз 70 ширкат бо иштироки сармояи амрикоӣ фаъолият доранд. Бо ёдоварӣ аз ҷараён ва натиҷаҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаи саноати Тоҷикистон, аз ҷумла барои истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, бахусус фулузоти нодир, густариши чунин робитаҳо ба манфиати кор арзёбӣ шуд. Таъкид гардид, ки имкону захираҳои истифоданашуда барои таҳким ва густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории судовар миёни ду кишвар, аз ҷумла дар бахшҳои энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт, илму техника, зеҳни сунъи ва технологияҳои муосир хеле зиёд аст. Баррасии масоили вобаста ба мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, ба мисли терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, аз бахшҳои муҳими суҳбат буд. Табодули судбахши андеша, ҳамчунин, атрофи дигар масоили минтақавию ҷаҳонӣ сурат гирифт. 07.11.2025 Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Хабарҳо

ТАҚРИЗ БА КИТОБИ ДУҶИЛДИ ХОЛИҚЗОДА АБДУРАҲИМ ҒАФОР ТАҲТИ УНВОНИ “ДАВЛАТИ МИЛЛИИ ДЕМОКРАТӢ”

Китоби дуҷилди Абдураҳим Ғафор Холиқзода таҳти унвони “Давлати миллии демократӣ” яке аз пажӯҳишҳои муфассалу ҷиддии илмӣ дар соҳаи давлатшиносӣ ва назарияи ҳуқуқ дар Тоҷикистони муосир ба шумор меравад. Ин асар дар шаҳри Душанбе ба табъ расидааст. Ҷилди якум аз 3 фасл, 6 боб, 50 параграф, 428 саҳифа иборат буда, ҷилди дувум 5 фасл, 8 боб, 79 параграф ва 448 саҳифаро дар бар мегирад. Дар якҷояги ин асар фарогири 8 фасл, 14 боб, 129 параграф ва 876 саҳифа буда натиҷаи солҳои тӯлонии таҳқиқот, таҷрибаи илмӣ ва андешаҳои муаллиф дар мавриди ташаккули давлатдории миллӣ ва муносибати он бо демократия мебошад. Муаллиф, ки узви фаъоли ҷомеаи илмии кишвар ва аз чеҳраҳои шинохтаи илми ҳуқуқ ва сиёсатшиносӣ аст, бо ин асар кӯшиш намудааст то масъалаи давлат ва миллат, ҳокимият ва мардум, ҳуқуқ ва арзишҳои миллӣ, инчунин ҷаҳонишавӣ ва истиқлолиятро аз дидгоҳи илмӣ ва фалсафӣ баррасӣ намояд. Мақсади асосии ин китоб — муайян намудани асоси назариявӣ ва ҳуқуқии давлатдории миллӣ-демократӣ ва нишон додани роҳҳои мутобиқсозии он бо воқеияти ҷаҳони муосир мебошад. Холиқзода бар он аст, ки ҳар давлати миллӣ бояд на танҳо дорои унсурҳои ҳуқуқии муосир бошад, балки дар пояи фарҳанг, забон, худшиносии миллӣ ва анъанаҳои таърихӣ устувор гардад. Дар замони ҷаҳонишавӣ ва фишорҳои идеологӣ, ба андешаи муаллиф, эҳёи худшиносии миллӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ на танҳо як эҳсоси ифтихори фарҳангӣ, балки шарти сиёсии пойдории давлат аст. Ин нуқтаи назар, ки дар тамоми ду ҷилд бо далелҳо ва мисолҳо исбот мегардад, хати марказии китобро ташкил медиҳад. Холиқзода дар ҷилди якуми китоб пеш аз ҳама ба таҳлили мафҳумҳои калидӣ мепардозад. Ӯ мафҳуми “давлати миллӣ”-ро ҳамчун шакли сиёсиву ҳуқуқии ташаккули миллат мефаҳмонад, ки дар он ҳокимият ба воситаи волоияти қонун, забон ва фарҳанги умумимиллӣ амалӣ мегардад. Дар баробари ин, муаллиф таъкид мекунад, ки миллият на ба маънои нажодӣ ё қавмӣ, балки ба маънои ваҳдати маънавӣ ва ҳувиятӣ фаҳмида мешавад. Давлати миллӣ дар андешаи ӯ як сохтори ҳуқуқист, ки вазифаи асосиаш ҳифзи манфиатҳои умумимиллӣ дар доираи меъёрҳои демократӣ мебошад. Дар қисмати дигари таҳлил, муаллиф ба маънои “демократия” рӯ меорад. Ба гуфтаи Холиқзода, демократия набояд танҳо ба маънои интихобот ё тақсими ҳокимият фаҳмида шавад; он, пеш аз ҳама, фарҳанги сиёсӣ ва сатҳи баланди масъулияти шаҳрвандӣ аст. Давлати демократӣ бе арзишҳои миллӣ ва ахлоқии худ наметавонад пойдор бошад, зеро демократия танҳо дар ҷомеае муваффақ мешавад, ки мардум дар он дорои худшиносӣ ва ифтихори миллӣ бошанд. Аз ин ҷо муаллиф ба хулоса меояд, ки давлати миллӣ ва демократӣ ду сутуни ягонаи як сохтори муосир мебошанд — яке реша дар замини фарҳанг ва таърих дорад, дигаре рӯ ба сӯи озодӣ ва волоияти қонун. Дар ҷилди дуюм Холиқзода бештар ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва идоракунии сиёсӣ таваҷҷуҳ мекунад. Ӯ меъёрҳои асосии давлати миллӣ-демократиро чунин мешуморад: 1. Соҳибихтиёрии давлат ва миллат; 2. Баробарҳуқуқии шаҳрвандон новобаста ба миллат, дин ва нажод; 3. Волоияти қонун ва масъулияти мақомоти давлатӣ; 4. Ҳифзи арзишҳои фарҳангиву забонӣ ҳамчун пояи ваҳдати миллӣ; 5. Иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар идоракунии давлатӣ. Ба андешаи муаллиф, давлати миллӣ танҳо дар сурате метавонад воқеан демократӣ бошад, ки қонун ва ҳуқуқ ба манфиати мардум хизмат кунад, на баръакс. Барои ин зарур аст, ки сохтори сиёсӣ ва маъмурии кишвар бар асоси масъулияти шаҳрвандӣ, шаффофият ва адолат амал намояд. Дар ин қисмат Холиқзода бо мисолҳои таърихӣ — аз таҷрибаи давлатдории тоҷикон дар даврони Сомониён то давраи муосир — нишон медиҳад, ки решаҳои давлатдории миллӣ дар фарҳанги тоҷик аз қадим ҷой доштааст. Ӯ бо такя ба осори фалсафӣ ва сиёсӣ (Ибни Сино, Носири Хусрав, Саъдӣ ва дигарон) таъкид мекунад, ки дар анъанаи тоҷикон идоракунии одилона ва масъулиятпазирӣ ҳамеша арзиши марказӣ доштааст. Яке аз мавзӯъҳои муҳими китоб масъалаи таъсири ҷаҳонишавӣ ба давлатҳои миллӣ мебошад. Муаллиф мепурсад: оё дар ҷаҳони муосир, ки арзишҳо ва меъёрҳои умумӣ (глобалӣ) боло мегиранд, давлатҳои миллӣ метавонанд истиқлол ва ҳувияти худро ҳифз кунанд? Ҷавоби Холиқзода мусбат аст, вале бо шарти он ки давлат сиёсати фарҳангии худро дар асоси миллатсозӣ, таҳкими забон ва худшиносии таърихӣ роҳандозӣ кунад. Ба андешаи ӯ, ҷаҳонишавӣ хатар нест, агар миллат тавонад худро ҳамчун субъекти мустақили сиёсӣ муаррифӣ кунад. Муаллиф як қатор омилҳои муҳими ҳифзи соҳибихтиёриро ном мебарад: · худшиносии миллӣ ҳамчун нерӯи муттаҳидкунанда; · илму маорифи миллӣ ҳамчун пояи рушди фарҳангӣ; · сиёсати фарҳангии давлатӣ барои ҳифзи забон ва арзишҳои миллӣ; · ташаккули элитаи сиёсиву фарҳангии худшинос ва масъул. Дар ин бахш Холиқзода махсус ба нақши ҷавонон ва маориф диққати ҷиддӣ медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, демократияи воқеӣ аз тафаккури озоди шаҳрванд сар мешавад, ва ин тафаккур танҳо тавассути маорифи босифат ва ифтихори миллӣ ташаккул меёбад. Дар таҳлили сиёсати дохилӣ ва берунаи Тоҷикистон, муаллиф мавқеи кишварро ҳамчун намунаи давлатдории миллии муосир меорад, ки дар он арзишҳои миллӣ ва меъёрҳои демократӣ талош доранд ҳамоҳанг гарданд. Ӯ бар ин назар аст, ки таҷрибаи давлатдории Тоҷикистон баъди истиқлолияти давлатӣ (аз соли 1991 то имрӯз) нишон медиҳад, ки муттаҳид сохтани миллат дар асоси арзишҳои миллӣ ва таҳкими пояҳои ҳуқуқӣ имкони пойдории давлатро афзун кардааст. Дар баробари ин, муаллиф масъалаҳои ҳассос — монанди ноустувории сиёсӣ дар солҳои аввали истиқлол, ҷанги шаҳрвандӣ ва раванди оштии миллӣ —ро низ мавриди таҳлил қарор медиҳад. Ӯ менависад, ки сулҳ ва ваҳдати миллӣ танҳо вақте пойдор мешавад, ки давлат ба шаҳрванд ҳамчун арзиши асосӣ назар кунад ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро таъмин созад. Ҳамчунин, Холиқзода зарурати мутобиқсозии қонунгузорӣ бо меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи инсонро таъкид намуда, мегӯяд, ки давлати демократӣ бояд ҳамзамон ҳомили хусусияти миллӣ бошад, то худшиносии таърихӣ аз байн наравад. Дар поёни асар, Холиқзода ба як қатор хулосаҳои муҳим меояд: Давлати миллӣ ва демократӣ ду мафҳуми зиддиҳам не, балки пуркунандаи якдигар мебошанд. Миллатсозӣ ва демократия бояд ба таври ҳамзамон рушд кунанд. Соҳибихтиёрии миллӣ танҳо дар сурате устувор аст, ки ҷомеа дорои фарҳанги сиёсӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ бошад. Қонунгузорӣ бояд аз арзишҳои миллӣ илҳом гирад, то адолат воқеӣ гардад. Ҷаҳонишавӣ набояд сабаби аз даст рафтани ҳувияти миллӣ гардад, балки бояд имкони ҳамгироӣ ва муаррифии фарҳангии миллат бошад. Дар охири китоб, муаллиф тавсия медиҳад, ки барои таҳкими давлатдории миллӣ-демократӣ бояд се самти асосӣ татбиқ гардад: · тақвияти маориф ва илм, · ҳифзи забон ва фарҳанги миллӣ, · боло бурдани масъулияти шаҳрвандӣ ва шаффофияти ҳокимият. Китоби “Давлати миллии демократӣ” на танҳо як пажӯҳиши илмии назариявӣ,

Президент, Хабарҳо

Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи Конститутсия

Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол самимона табрик мегӯям. Шашуми ноябри соли 1994 мардуми шарафманди Тоҷикистон бо дарки масъулияти бузурги таърихӣ ва бо роҳи раъйдиҳии умумихалқӣ аввалин Конститутсияи давлати соҳибихтиёри худро қабул карданд, ки имрӯз ба ин санаи воқеан таърихӣ 31 сол пур мешавад. Қабули ин санади олӣ дастоварди бузургу тақдирсоз дар таърихи навини мардуми кишварамон ба ҳисоб меравад. Халқи Тоҷикистон бо қабули ин санад ояндаи худро интихоб кард, ки он барпо кардани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Бо интихоби ин роҳ мардуми Тоҷикистон бо ҷомеаи мутамаддини ҷаҳон пайвастанд ва барои ояндаи дурахшони худ таҳкурсии устувор гузоштанд. Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд. Дар Конститутсия таъмин намудани истиқлолу озодӣ, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии кишвар вазифаи асосии давлат муқаррар гардид. Дар ин санади бунёдӣ, ҳамчунин, мақсаду вазифаҳо, асосҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии кишвар, ташкил ва фаъолияти рукнҳои давлатдорӣ муайян гардиданд. Тибқи Конститутсия давлати соҳибистиқлоли мо хусусияти иҷтимоӣ дорад ва мақсади он фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон мебошад. Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар мамлакат фазои орому осуда, волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ таъмин шуда, барои рушди бонизом ва устувори иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа шароити мусоид муҳайё гардид. Дар фазои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, қонунияту тартибот, инчунин, қабул ва амалӣ намудани консепсияҳо ва стратегияву барномаҳои давлатӣ мо дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳуқуқиву сиёсӣ ва фарҳангӣ ба дастовардҳои муҳимму арзишманди таърихӣ ноил гардидем. Тоҷикистони мо тибқи Конститутсия узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон ва тамоми созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ буда, имрӯз бо ташаббусҳои созандаи худ дар ҳалли масъалаву мушкилоти глобалии сайёра нақши назаррас мегузорад. Бахусус, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи амният, обу энергетика, муҳити зист ва нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор ва рафъи дигар мушкилоти ҷаҳониву минтақавӣ аз ҷониби ҷомеаи башарӣ дастгирӣ ёфтаанд. Дар робита ба ин, мехоҳам як масъалаи муҳимро бори дигар ба мардуми шарифи Тоҷикистон хотирнишон намоям: ба ҳамаи мо зарур аст, ки ба хотири ҳифзи меъёрҳои Конститутсия, истиқлолу озодӣ ва сулҳу субот дар кишварамон ҳамеша саъю талош намоем, ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, ба қадри неъмати бузурги зиндагиамон – озодиву истиқлол расем ва тамоми имконияту неруи худро барои рушди давлати соҳибихтиёрамон ва ободии Ватани маҳбубамон сафарбар созем. Дар ин раванд, ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки ба Конститутсия ҳамчун бахтнома, санади олии сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуҷҷати муайянкунандаи имрӯзу ояндаи ҷомеа ва давлат муносибат намояд, ба он эҳтиром гузорад ва моҳияту аҳаммияти онро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад. Вазифаи муқаддаси ҳар як узви ҷомеа аз он иборат аст, ки меъёрҳои Конститутсияро аз худ намояд ва дар асоси ин санади муқаддаси миллат дар ҷодаи роҳи ноил шудан ба ҳадафҳои олии давлати озоду соҳибистиқлоли хеш боз ҳам бештар кӯшиш намояд. Мо вазифадорем, ки бо заҳмати аҳлонаву содиқона, муттаҳидиву сарҷамъӣ, риояву иҷрои Конститутсия ва қонунҳо зиндагии шоистаи худ ва фарзандонамонро таъмин карда, ба наслҳои оянда як мулки орому осуда ва давлату ҷомеаи пешрафтаро мерос гузорем. Бори дигар тамоми ҳамватанони азизро ба ифтихори Рӯзи Конститутсия табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки онҳо сулҳу оромӣ, иқболи нек ва ба Тоҷикистони маҳбубамон устувории сиёсиву иқтисодӣ ва пешрафту комёбиҳои рӯзафзун орзу менамоям. Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон муборак бошад, ҳамватанони азиз! 06.11.2025

Президент, Хабарҳо

Сафари корӣ ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

5 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муҳтарам Доналд Трамп барои иштирок дар Вохӯрии сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ – Иёлоти Муттаҳидаи Амрико» аз шаҳри Давҳа ба Вашингтон сафар карданд. 05.11.2025 Қатар

Президент, Хабарҳо

Сафари корӣ ба Давлати Қатар

3 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Саммити дуюми ҷаҳонӣ оид ба рушди иҷтимоӣ ба Давлати Қатар сафар карданд. Сипас, аз Давлати Қатар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муҳтарам Доналд Трамп барои иштирок дар Вохӯрии сарони давлатҳои қолаби «Осиёи Марказӣ – Иёлоти Муттаҳидаи Амрико» ба шаҳри Вашингтон сафар хоҳанд кард. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд. 03.11.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Таъиноти кадрӣ

3 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  кадрҳои барои таъин ба вазифаҳои ҳайати роҳбарикунандаи Прокуратураи генералӣ, Вазоратҳои энергетика ва захираҳои об, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва  Хадамоти алоқа пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд. Зимнан сардорони якчанд раёсати Прокуратураи генералӣ, прокуророни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд ва прокуророни шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Хуросон, Балҷувон, Шаҳритус, Зафаробод, Спитамен, Деваштич, Рашт, Файзобод, прокурори ҳарбии гарнизони Рашт аз ҳисоби кадрҳои ҷавону кордон ва соҳиби таҷрибаву собиқаи корӣ дар мақомот таъин карда шуданд. Бо қарорҳои Ҳукумати кишвар директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, муовини вазири энергетика ва захираҳои об, муовини якум ва муовинони сардори Хадамоти алоқа, раиси комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок, ректорони Донишгоҳи Славянии Тоҷикистон-Россия, Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон, филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов ва Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа Нуъмон Ибни Собит аз ҳисоби мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир таъин гардиданд. Прокурори вилояти Хатлон Назарзода Аваз бинобар сабаби риоя накардани санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳавӣ ва содир намудани кирдоре, ки шаъну шарафи корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқро паст мезанад, аз вазифа озод ва аз мақомоти Прокуратура хориҷ карда шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарикунандаи мақомоти давлатӣ таъиншуда таъкид намуданд, ки вазифаи асосии онҳо, пеш аз ҳама таъмини волоияти қонун, амну субот, ҳифзи манфиатҳои давлат ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва  омода намудани мутахассисони варзидаву забондон мебошад. Ҳамчунин, таъкид гардид, ки вазифаҳои хизматии худро дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар ба роҳ монанд. 03.11.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

31 октябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маҷлис, нахуст, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026” ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2027-2028 баррасӣ гардид. Таъкид карда шуд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026” хусусиятҳои фарқкунанда дошта, дар он як қатор муқаррароти нав ва тағйирот пешбинӣ карда шудааст. Гуфта шуд, ки дар заминаи рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои воридот дар ҳаҷми 65,0 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад, ки ҳаҷми умумии он нисбат ба буҷети тасдиқшудаи соли 2025 15,5 миллиард сомонӣ ё 31,2 фоиз зиёд ва ба 33,3 фоизи Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2026 баробар мешавад. Дар буҷети давлатӣ барои соли оянда ҷиҳати маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ 29, 5 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки 44 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷет ё 15,1 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад. Чунин хароҷоти зиёд ба ин соҳаҳо, аз ҷумла маорифу тандурустӣ, нишона аз таваҷҷуҳи баланди Ҳукумати кишвар ба рушди сармояи инсонӣ арзёбӣ гардид. Доир ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026” ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2027-2028 ва лоиҳаи Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2027-2028 вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода гузориш дод. Таъкид карда шуд, ки барномаи қарзгирии берунаи давлатӣ 52 созишномаи қарзӣ, аз ҷумла 36 созишномаи қарзии амалкунанда ва 16 созишномаи дар сатҳи мувофиқасозӣ қарордоштаро дар бар мегирад. Ҳадаф аз таҳияи барнома амалӣ намудани назорати дахлдор дар самти ҷалби маблағҳои қарзии хориҷӣ ба Тоҷикистон ва роҳ надодан ба андӯхти назоратнашавандаи қарзи берунӣ мебошад. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, дастур доданд, ки барои дарёфти роҳу василаҳои афзун намудани даромад ба буҷети давлатӣ, аз ҷумла тавассути тезонидани раванди рақамикунонӣ, гузаштан ба пардохтҳои ғайринақдӣ дар ҳама соҳаҳо ва истифодаи васеи технологияҳои муосир дар гузаргоҳҳои сарҳадию гумрукӣ, чораҳои иловагии муассир андешида шавад. Дар бораи лоиҳаи Барномаи давлатии мақсадноки рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2026-2030 вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода гузориш дода, аз ҷумла иттилоъ дод, ки барномаи мазкур бо мақсади идома бахшидан ба низоми самарабахши дастгирӣ ва рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, баланд бардоштани самаранокии таҳқиқоти илмӣ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ, ҳамгироии неруҳои илмӣ ва технологӣ ба самтҳои афзалиятдоштаи рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар, таҳия гардидааст. Дар кори маҷлис, ҳамчунин, дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Сангвор дар хусуси ба категорияи шаҳрак мансуб донистани деҳаи Тавилдара ва номгузорӣ намудани он, дар бораи омодагӣ ва баргузор намудани Конфронси чоруми байналмилалии  сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ва дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаи сохтмони Неругоҳи барқи обии “Хуталон” гузориши шахсони масъул шунида шуд. Дар фароварди кори маҷлис Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои амалисозии барномаҳои давлатӣ, татбиқи Қонунҳои амалкунанда ва дигар супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулини вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ супоришҳои мушаххас доданд. Дастурҳои дигар, ҳамчунин, барои дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани чорабиниҳо дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026, ҷамъоварии беталафи меваю сабзавот, захираи кофии маводи хӯрока ва сӯзишворӣ, вусъати корҳои созандагию ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра дода шуд. 31.10.2025 шаҳри Душанбе

Хабарҳо

СУҲБАТУ МОЛОҚОТИ СУДМАНД БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ НУРОБОД

Санаи 30-юми октябри соли 2025 вохӯрии гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Абдураҳим Ғафор, сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносии Марказ, Абдуллоҳи Қодирӣ, мушовири директори Марказ Мирзозода Азизулло Файз ва сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ Санавбар Шарипова бо аҳли ҷамоатчигии ноҳияи Нуробод, хизматчиёни давлатӣ, масъулини танзими ҷашну маросими ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, ходимони дин ва фаъолони ноҳияи Нуробод суҳбату мулоқоти судманд баргузор гардид. Зимни суҳбат директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Холиқзода Абдураҳим дар атрофи мавзуъҳои муҳими рӯз, аз қабили риояи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», инчунин татбиқи «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» ва «Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъадор» ибрози назар намуданд. Ҳамчунин, масъалаҳои “пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ”, “ман ифтихор мекунам, ки аввал тоҷикам баъд мусулмон”, “Салафия”, “умра ҳаҷ нест ва умракунанда ҳоҷи нест”, “либоси миллӣ” “тарғиби арзишҳои миллӣ”, “таҳкими ваҳдати миллӣ”, “устувор намудани суботу оромӣ ва муаррифии дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар” мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Қайд гардид, ки баргузории чунин мулоқотҳо на танҳо барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва динӣ миёни аҳли ҷомеа, балки барои ташаккули ҷаҳонбинии солими шаҳрвандон, таҳкими суботу амният, пояҳои ваҳдати миллӣ, ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ, инчунин баланд бардоштани эҳсоси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстии сокинон нақши муассир мегузорад. Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Хабарҳо

СУҲБАТУ МОЛОҚОТИ СУДМАНД БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ РАШТ

Санаи 29-уми октябри соли 2025 вохӯрии гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Абдураҳим Ғафор, сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносии Марказ, Абдуллоҳи Қодирӣ, мушовири директори Марказ Мирзозода Азизулло Файз ва сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ Санавбар Шарипова бо аҳли ҷамоатчигии ноҳияи Рашт, хизматчиёни давлатӣ, масъулини танзими ҷашну маросими ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, ходимони дин ва фаъолони ноҳияи Рашт суҳбату мулоқоти судманд баргузор гардид. Дар ҷараёни мулоқот директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Холиқзода Абдураҳим дар атрофи мавзуъҳои муҳими рӯз, аз қабили риояи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», инчунин татбиқи «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» ва «Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъадор» ибрози назар намуданд. Ҳамчунин, масъалаҳои “пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ”, “ман ифтихор мекунам, ки аввал тоҷикам баъд мусулмон”, “Салафия”, “умра ҳаҷ нест ва умракунанда ҳоҷӣ нест”, “либоси миллӣ” “тарғиби арзишҳои миллӣ”, “таҳкими ваҳдати миллӣ”, “устувор намудани суботу оромӣ ва муаррифии дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар” ва “КОНСТИТУТСИЯ – КАФИЛИ ҲУҚУҚИ ОЗОДИҲОИ ИНСОН” мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода Абдураҳим дар мавзуи “КОНСТИТУТСИЯ – КАФИЛИ ҲУҚУҚИ ОЗОДИҲОИ ИНСОН” маъруза намуд. Мавсуф бо овардани иқтибос аз суханронии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз дошт: “Конститутсия ба сифтаи қонуни олӣ заминаҳои ҳуқуқи пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор дода, асосҳои ҳуқуқии рушду таомули минбаъдаи чунин муносибатҳоро фароҳам меоварад”. Эмомалӣ Раҳмон Дар таърихи давлату миллатҳои ҷаҳон рӯйдодҳое ба вуқӯъ мепайванданд, ки сарнавишт ва роҳи минбаъдаи онҳоро муайян мекунанд. Чунин рӯйдоди муҳим дар таърихи давлатдории навини тоҷикон қабули нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад, ки мо имсол 31-юмин солгарди онро таҷлил менамоем. Конститутсияи Тоҷикистони соҳибихтиёр ҳамчун санади ифодагари истиқлолу озодии халқи мо дар таъсиси давлатдории навини тоҷикон ва пойдориву бардавомии он нақши ҳалкунанда дорад. Ин санади таърихӣ ва сарнавиштсоз барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории навини тоҷикон, ноил гардидан ба сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ, дастовардҳои бузурги сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташаккули озодонаи шахс заминаи мустаҳкам ва боэътимоди ҳуқуқӣ фароҳам овард. Конститутсия аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон буда, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати тозабунёд ва соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ мебошад. Конститутсия сарчашмаи асосии ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба ҳисоб рафта, дигар қонунҳо, санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, қонунҳои соҳавӣ дар асоси он қабул мегарданд. Воқеан, Конститутсия ҳуҷҷати муҳими сиёсиву таърихӣ буда, муносибатҳои муҳими ҷамъиятиро ба танзим медарорад. Ин ҳуҷҷати муҳим ҳамеша муҳаррики асосии пешрафти ҷомеа ва таҷасумгари сохтори давлат ва ҷамъият ба ҳисоб меравад. Таърих гувоҳ аст,ки халқи шарифи тоҷик таъриху фарҳанги кӯҳан ва бойро соҳиб аст, ки инро тамоми ҷаҳониён эътироф кардаанд. Қабули санадҳои ҳуқуқии халқи тоҷик таърихи тӯлонӣ дорад. Зеро ҳанӯз дар аҳди давлатдории Ҳахоманишиниён дар асри панҷи пеш аз милод эъломияи ҳуқуқи инсон ва ҷомеаи боадолат ҳамчун роҳнамо барои кулли шаҳрвандон хидмат мекард. Аз нуқтаи назари таърихшиносон ва мутахассисони таърихи ҳуқуқ ин санади таърихиро ба сифати нахустин эъломияи ҳуқуқи башар эътироф кардан мумкин аст. Аз таърихи даврони соҳибистиқлолии кишвар ёдовар шуда, бояд қайд кард,ки бевосита бо ташаббусу дастурҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи кории Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо корбандии дастовардҳои илми ҳуқуқшиносӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ ва суннату тафаккури ҳуқуқии миллӣ дар муддати шаш моҳ ду лоиҳаи Конститутсия, яке дар шакли идораи президентӣ ва дигар дар шакли идораи парламентиро таҳия намуда, ба баррасии мардум пешниҳод кард. Таҳия намудани ду лоиҳа бесабаб набуд. Аз замони таҳияи аввалин лоиҳаи Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи апрели соли 1992 пешниҳод гардида буд, дар афкори умум дар асоси бархӯрди неруҳои мухталифи сиёсиву иҷтимоии кишвар дар масъалаи интихоби шакли идории давлати Тоҷикистон ақидаҳои гуногун ва ҳатто комилан хилофи ҳамдигар изҳор мешуданд. Комиссияи конститутсионӣ бо дарки масъулият ва дар натиҷаи таҳлили амиқи воқеияти сиёсии кишвар, бинобар набудани ҳизбу созмонҳои соҳибтаҷриба ва фароҳам наомадани пойгоҳи муносиби идоракунии парламентӣ дар Тоҷикистон, ба хулосаи ягона расид, ки лоиҳаи шакли идораи президентӣ ба баррасии халқ тавсия карда шавад. Баробари ин, бояд қайд кард, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити низоми байни тоҷикон таҳия ва қабул гардида буд,аз ин лиҳоз вазифаи аввалиндаҷҷаи он таъмини оштии миллӣ ва сулҳи тоҷикон буд. Дар вақти таҳияи лоиҳаи Конститутсияи кишвар пешниҳоди доираи васеи аҳолӣ, намояндагони гурӯҳҳои гуногуни ҷомеа ба инобат гирифта шудаанд. Аз ин нуқтаи назар Конститутсияи мо дар воқеъ ҳуҷҷати созиши иҷтимоӣ ва сиёсию ҳуқуқии таъмини сулҳи точикон гардид. Чунин таҷрибаи конститутсионии тоҷикон ҳоло чун намунаи ҳалли низоми дохилӣ аз тарафи чаҳониён ва сиёсатмадорони эътироф шудааст. Конститутсия Тоҷикистонро чун давлати иҷтимоӣ эълон намудааст, ки дар он барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда пешбинӣ шудааст. Ифодаи меъёри мазкур дар Конститутсия барои доираи васеи ҳуқуқҳои шахсӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии шаҳрвандони Тоҷикистон, шаҳвандони хориҷӣ, таъминоти моддиву иҷтимоии нафақахӯрон, ятимон, маъюбон, гирифтани пеши роҳи нобаробарии иқтисодии байни гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ ва таъмини инкишофи озодонаи ҳар як шахс хизмат мекунад. Бояд зикр кард, ки се ҳиссаи моддаҳои конститутсия ба ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд бахшида шудааст, ки ин мавқеи баландро соҳиб будани мақоми ҳуқуқу озодиҳои шаҳвандонро ифода менамояд: ”Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон даҳлнопазиранд”. Бояд эътироф кард, ки Конститутсияи Тоҷикистон ба мисли конститутсияҳои давлатҳои дигари дунё баробари пешравии ҷомеа ва дигаргуниҳои ҳаёти мардум, пайдоишавии муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ҳадафҳо ва самтҳои гуногун, ба монанди ислоҳотҳои судӣ, идоракунии давлатӣ, иқтисодӣ, молиявӣ, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо табиаст,ки бояд тағйир ёбад ва мукаммал гардад. Ҳамаи тағйироту иловаҳо ба Конститутсия шаҳодати он аст,ки ҷомеаи мо, давлати мо зина ба зина инкишоф ёфта истодааст ва мо бояд ҳамчун шаҳрвандони ин давлат, узви ин ҷомеа баҳри рушду нумӯи он ва ҳифзи марзу буми он ҳиссагузор бошем. Имрӯз мо дар остонаи чандин ҷашнвораҳои муҳими сиёсӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ қарор дорем. Тамоми мардуми шарафи Тоҷикистонро зарур аст, ки ташаббускориро пеша намуда, баҳри ободу зебо гаштани Ватани азизамон ва бо шукӯҳу шаҳомати хоса гузаронидани ҷашнвораҳо, аз ҷумла сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатӣ саҳми арзандаи хешро гузорем, то дар саросари давлатамон сулҳу

Хабарҳо

Вохӯрии гурӯҳи корӣ дар н. Лахш

29 – уми октябри соли 2025 вохӯри гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Абдураҳим Ғафор, сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносии Марказ Абдуллоҳи Қодирӣ, Мирзозода Азизулло Файз – мушовири директори Марказ ва Санавбар Шарипова – сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ бо аҳли ҷамоатчигии ноҳия, хизматчиёни давлатӣ, масъулини танзими ҷашну маросими ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, ходимони дин ва фаъолони ҷомеа суҳбату мулоқоти судманд баргузор гардид. Маърузачиён дар атрофи мавзуъҳои муҳимми рӯз, аз қабили риояи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъадор”, пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ, тарғиби арзишҳои миллӣ ва дигар дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ватан суханронӣ намуданд, ки чунин мулоқоти самимӣ мақбули сокинони меҳнатқарини ноҳия Лахш гардид. Дар фарҷом байни иштирокчиёни мулоқот табодули афкор сурат гирифт. Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Прокрутить вверх