Хабарҳо

Президент, Хабарҳо

Сафари корӣ ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

21 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар 80-умин иҷлосияи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба шаҳри Ню-Йорк сафар карданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд. Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд. 21.09.2025 шаҳри Душанбе

Хабарҳо

ИШТИРОКИ КОРМАНДОНИ МАРКАЗ ДАР ИФТИТОҲИ НАМОИШИ ҶАШНӢ БА ИФТИХОРИ 700-СОЛАГИИ ҲОФИЗИ ШЕРОЗӢ ДАР ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ

  Имрӯз, 19.09.2025 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №АП-713 аз 02.01.2025 ҷиҳати баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025 ва ба ифтихори 700-солагии бузургтарин шоири ғазалсарои тоҷику форс Ҳофизи Шерозӣ намоиши ҷумҳуриявии ҷашнӣ таҳти унвони “Ҳофизи Шерозӣ ва ҳунари хушнависии тоҷик” ифтитоҳ гардид, ки кормандони Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он фаъолона иштирок намуданд. Дар қисмати ифтитоҳи расмии намоиш директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Панҷшанбезода Муҳиддин, ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммадовуд, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа, котиби масъули Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Зулфия Бурҳон, директори Маркази мероси хаттии назди раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Давлатов Раҳматкарим, мудири шуъбаи таърихи адабиёти Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ, доктори илмҳои филологӣ Юсуфов Амриддин, сардори раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳим Аҳмад иштирок намуда, роҷеъ ба мақому манзалат ва саҳми мондагори Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ дар рушди адабиёти оламшумули форсу тоҷик суханронӣ намуданд. Ҳамзамон, дар ҷараёни чорабинӣ ходимони илмии Осорхонаи миллӣ аз ашъори Ҳофизи Шерозӣ шеъру ғазалҳо қироат намуданд. Сипас, бо буридани лентаи рамзӣ намоиши ҷашнӣ ифтитоҳ гардид, ки дар он аз фонди тиллоии Осорхона маҷмӯи осори таърихию фарҳангие, ки инъикосгари ҳаёту рӯзгор ва фаъолияти илмию адабии Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ мебошанд, ба монанди нусхаҳои дастнавис ва китобҳои чопи сангии девонҳо, куллиёт ва баёзҳои Ҳофизи Шерозӣ, намунаҳои ҳунари хушнависӣ аз ашъори шоир, асари санъати рассомӣ бо тасвири симои Ҳофиз, аксҳо аз ҷараёни баргузории намоиши байналмилалии “700 сол бо Ҳофиз” дар қароргоҳи ЮНЕСКО, осори нодири мисӣ, биринҷӣ, сангӣ ва чӯбии катибадор, лавҳаҳои хушнависӣ бо хатҳои зебои настаълиқ ва куфӣ, сӯзаниҳои катибадор, асарҳои илмии тозанашри олимону ҳофизшиносони ватаниву хориҷӣ роҷеъ ба ҳаёту рӯзгори Ҳофизи Шерозӣ ва дигар осори аҳамияти осорхонавидошта, ба маърази тамошо гузошта шуд. Намоиши “Ҳофизи Шерозӣ ва ҳунари хушнависии тоҷик” то 01.10.2025 идома меёбад.

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

17 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бинои нави Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарону кормандони соҳа мулоқот намуданд. Нахуст, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва зерсохторҳои онро ба муносибати ифтитоҳи иншооти муосир – бинои муосири кумита самимона табрик гуфтанд. Таъкид гардид, ки тайи солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати кишвар аксари сохторҳои кумита дар ҷумҳурӣ бо биноҳои нави маъмурӣ таъмин гардиданд, ки арзиши умумии сохтмони онҳо беш аз 200 миллион сомонӣ мебошад. Гуфта шуд, ки тибқи нақшаи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ иловатан 4 бинои маъмурӣ барои кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳои кишвар бо харҷи зиёда аз 40 миллион сомонӣ ба истифода дода мешавад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки баҳри беҳтар намудани вазъи иҷтимоии кормандони соҳа дар шаҳри Душанбе бунёди ду бинои 11-ошёнаи истиқоматӣ барои 120 оила бо арзиши 59 миллион сомонӣ ба истифода дода шуд. Зарур шумурда шуд, ки роҳбарият ва ҳар як корманди соҳа бо истифода аз шароиту имкониятҳои муҳайёгардида вазифаҳои хизматии худро бо дарки баланди масъулият иҷро намоянд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзи муҳити зист, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва таъмин намудани амнияти экологиро вазифаи бисёр муҳимми ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла кишвари мо маънидод карда, изҳор доштанд, ки ин вазифаҳои басо муҳим амалӣ кардани чораҳои таъхирнопазир ва муассирро тақозо менамоянд. Кумитаи ҳифзи муҳити зист вазифадор гардид, ки якҷо бо мақомоти марбутаи давлатӣ ва бо истифода аз таҷрибаи пешқадам оид ба такмил додани қонунгузории соҳа, аз ҷумла таҳияи Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва стратегияву барномаҳои нави соҳавӣ чораҷӯйӣ намояд. Зимни суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба мушкилоти тағйирёбии иқлим ва таъсири манфии пайомадҳои он андешаронӣ намуда, аз ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон, бахусус, дар самти обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо ёдовар шуданд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи фаъолияти шабакаи умумии обуҳавошиносии Тоҷикистонро таҳлил намуда, тавсеаи онҳову дидбонгоҳҳои обченкунии кишвар ва истифода аз таҷҳизоти навинро зарур шумурданд. Нигоҳ доштани гуногунии биологии кишвар, ҳифзи набототу ҳайвоноти нодир ва пешбурди назорати давлатӣ доир ба истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ самти муҳимми фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист ва дигар вазорату идораҳои дахлдор арзёбӣ карда шуд. Бо мақсади таъмин намудани рушди минбаъдаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ба Кумитаи ҳифзи муҳити зист супориш дода шуд, ки лоиҳаи «Стратегияи миллии ҳифзи гуногунии биологӣ» ва «Барномаи рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда барои солҳои 2026-2030»-ро таҳия ва ба Ҳукумати кишвар пешниҳод намояд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Комиссияи миллии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО ва Кумитаи ҳифзи муҳити зистро вазифадор намуданд, ки дар соли 2026 барои ворид намудани Резервати биосферии Ромит ба Феҳристи шабакаи ҷаҳонии резерватҳои биосферии ЮНЕСКО чораҳои амалӣ андешанд. Ҳамчунин, ба Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва дигар мақомоти дахлдори давлатӣ супориш дода шуд, ки дар асоси маълумоти Китоби сурх фаъолияти худро дар самти барқарор ва афзун намудани саршумори ҳайвоноти нодир ва захираи олами наботот самаранок ба роҳ монанд. Сохторҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор гардиданд, ки барои таҳия ва тасдиқи харитаҳои роҳ ва хатсайрҳои нави сайёҳии экологӣ дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва минтақаҳои дорои аҳаммияти экологӣ чораҳои зарурӣ андешанд. Барои рушди низоми рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ зарур шумурда шуд, ки фаъолияти мақомоти дахлдор оид ба омода намудани барномасозон ва дигар мутахассисони соҳибтахассус тавассути бозомӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва илмии ватаниву хориҷӣ тақвият дода шавад. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзи муҳити зистро дар кишвар таҳлил намуда, барои ҳалли мушкилоти экологии мавҷуда дар назди масъулин як қатор вазифаҳои мушаххас гузоштанд. Аз ҷумла, супориш дода шуд, ки барои татбиқи босамари «Барномаи давлатии кабудизоркунӣ барои давраи то соли 2040» чораҳои иловагӣ роҳандозӣ карда шавад. Сохторҳои марбута супориш гирифтанд, ки иҷрои нақшаи Барномаи давлатии кабудизоркуниро пурра таъмин намуда, шинонидану парвариши ниҳолҳоро дар асоси қоидаҳои агротехникӣ ба роҳ монанд. Гуфта шуд, ки ба танзим даровардани масъалаҳои вобаста ба партовҳо, аз ҷумла ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, кашонидан, ба навъҳо ҷудо кардан ва коркарди партовҳои сахти маишӣ дар кишвар беҳбудии ҷиддиро талаб менамояд. Дар ин зимн, ташкили корхонаҳои калони коркарди партовҳо ва механизмҳои ҳавасмандгардонӣ ва коркарду истифодаи такрории партовҳо амри муҳим дониста шуд. Ҳамчунин, ба Кумитаи ҳифзи муҳити зист супориш дода шуд, ки барои ҷалби бештари маблағҳои грантӣ аз ҳисоби фондҳои махсуси иқлимӣ ва созмонҳои байналмилалӣ барои амалӣ намудани стратегияву барномаҳо чораҳои иловагӣ андешад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохторҳои давлатӣ ва дигар мақомоти дахлдор супориш доданд, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифтнокии аҳолии кишвар тадбирҳои зарурӣ андешида, бо дар назар гирифтани таҷрибаи пешқадам «Барномаи нави рушди маърифати экологӣ барои солҳои 2026-2030»-ро таҳия ва ба Ҳукумати кишвар пешниҳод намоянд. Омода намудани мутахассисони баландихтисоси сатҳи байналмилалии донандаи забонҳои хориҷӣ яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати кишвар маънидод гардида, мувофиқи мақсад дониста шуд, ки дар назди Кумитаи ҳифзи муҳити зист «Институти илмиву таҳқиқотии ҳифзи муҳити зист, тағйирёбии иқлим ва экосистемаҳо» таъсис дода шавад. Дар фароварди сухан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист минбаъд низ тамоми донишу таҷриба ва малакаву маҳорати хешро барои иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошташуда равона намуда, рисолати худро бо ҳисси баланди ватандӯстӣ иҷро менамоянд. 17.09.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Мавриди баҳрабардорӣ қарор додани биноҳои истиқоматии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

17 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи бинои маъмурии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври фосилавӣ биноҳои истиқоматии Агентии обуҳавошиносиро, ки дар шакли кампус бунёд гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони биноҳои зисти бо ҷалби маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд соли 2022 оғоз ёфта, фармоишгари он Агентии обуҳавошиносии назди Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Иншооти хизматӣ аз ду бинои 11-ошёна, кӯдакистон, майдони варзишӣ, ду майдончаи бозии кӯдакон, маркази хизматрасонӣ, таваққуфгоҳи нақлиётӣ ва таҳхона иборат буда, дар масоҳати 1,26 га дар кӯчаи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бунёд ёфтааст. Ду бинои зист дорои 120 хона, аз ҷумла 40 хонаи якҳуҷрагӣ, 40-то дуҳуҷрагӣ ва 40 хонаи 3 ҳуҷрагӣ бо масоҳати умумии 10 904 метри мураббаъ мебошад. Дар иншооти мазкур 120 оилаи кормандони соҳа соҳиби манзили истиқоматӣ гардиданд ва дар як вақт фарзандони онҳо метавонанд ба таълим дар муассисаи томактабӣ фаро гирифта шуда, мутахассисони ҷавон бо оилаҳояшон аз имкониятҳои мавҷуда, ба таври самаранок истифода намоянд. Дар ошёнаи якуми бино боғчаи кӯдакона ҷойгир буда, дар он 4 толори бозии зеҳнӣ, 4 синфхонаи машғулияти таълимӣ, 4 ҳуҷраи либосивазкунӣ ва ҷойи шустушӯӣ мавҷуд мебошад. Ҳамаи хонаҳои хизматӣ ба шабакаи ягонаи гармидиҳии шаҳрӣ пайваст гардидааст. Майдони варзишӣ дар масоҳати 960 метри мураббаъ бо лавозимоти зарурӣ сохта шудааст. Дар назди биноҳо дарахтони сояафкану ороишӣ шинонида шуда, гирду атрофи он чароғон гардидааст, ки шабонгоҳ ба симои шаҳр ҳусни дигар зам мекунад. 17.09.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи бинои нави маъмурии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

7 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Шевченкои ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бинои нави Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои маъмурӣ аз 9 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он ҳуҷраҳои кории роҳбарият, раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар соҳаи муҳити зист ва дигар ташкилоту муассисаҳои зерсохтори Кумита, ки қаблан дар дигар ҷойҳо фаъолият доштанд, ҷойгир карда шудааст. Аснои боздид аз шароит ва имконоти муҳайёгардида дар иншооти тозабунёд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд. Дар Маркази нави рақамикунонӣ ва инноватсионӣ, ки дар ошёнаи якуми бинои тозабунёди маъмурии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудааст, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Барномаи рақамикунонии муҳити зист, ки бо истифода аз зеҳни сунъӣ идора карда мешавад, шинос шуда, бо як гуруҳ мутахассисони соҳа, суҳбати самимию созанда доир намуданд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мутахассисони ҷавон даъват намуданд, ки аз шароиту имкониятҳои мусоид самаранок истифода бурда, ба нафъи давлату миллати хеш содиқона хизмат намоянд. Дар маркази номбурда, ҳамзамон, бахши рақамикунонӣ, мониторинги сабзиши дарахтон, назорати партовгоҳҳо, вазъи обу ҳаво, муайяннамоии мавзеи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда бо истифода аз аксҳои моҳворавӣ ва дигар бахшҳо ҷой дода шуда, барномасозону мутахассисони ботаҷриба дар маркази мазкур ба кор ҷалб гардидаанд. Ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар Маркази рақамикунонӣ ва инноватсионӣ толори махсус ва муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти замонавӣ ташкил карда шудааст ва бо истифода аз он мутахассисони ботаҷриба ва сармутахассисони соҳавии Кумита зимни баргузории амалиёти гуногуни назорати давлатӣ ва дар ҳолатҳои зарурӣ ба нозирони минтақаҳои гуногуни кишвар ба таври фосилавӣ тавсияву машваратҳо медиҳанд. Иттилоъ дода шуд, ки дар бинои маъмурӣ 92 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ бо 150 ҷой, ошхона, китобхона, бойгонии Кумита, ду толори конфронсӣ, таҳхона барои нақлиёти хизматӣ ва 100 пенели офтобӣ бо иқтидори 70 кВт/с мавҷуд мебошад. Бинои нави Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд шуда, дар корҳои сохтмонӣ маҳсулоти баландсифати ватанӣ, аз қабили сангҳои серанит, гранит, мармар ва кошинҳои сафолӣ истифода шудааст. Корҳои сохтмонӣ соли 2022 оғоз ёфта, Фармоишгари бунёди иншоот Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва паймонкори асосӣ ширкати ватании Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мақсад” мебошад. Сохтмони бинои маъмурӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардид. Гирду атрофи бино чароғон карда шуда, дарахтҳои ҳамешасабз ва гулҳои мавсимӣ шинонида шудааст. Ифтитоҳи бинои хуштарҳу замонавии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи арзанда ба кормандони соҳаи муҳити зист дар рӯзҳои таҷлил аз 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон номида шуд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз коргарону масъулони ин бахш даъват намуданд, ки бо истифода аз шароиту имкониятҳои муҳайёгардида тамоми кушиш ва талоши хешро баҳри таъмини беҳдошти муҳити зист дар кишвар равона созанд. Дар навбати худ кормандони соҳаи муҳити зисти кишвар барои ғамхорӣ ва дастгириҳои пайваста ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосу қадрдонии амиқи хешро иброз доштанд. 17.09.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи меҳмонхонаи 5 ситорадори “Кровн Плаза Душанбе”

16 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе меҳмонхонаи 5 ситорадори “Кровн Плаза Душанбе”-ро (Crowne Plaza Dushanbe) бо Маркази бузурги тиҷоратӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Иттилоъ дода шуд, ки ин маркази бузурги бисёрфунксионалӣ аз ду бино иборат буда, дорои меҳмонхонаи 20-ошёна ва маркази тиҷоратии 18-ошёна мебошад. Ёдовар мешавем, ки 4 сентябри соли 2019 Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз мавзеъҳои зебоманзари пойтахт – кӯчаи Низомии Ганҷавии ноҳияи Сино дар соҳили рӯди Лучоб бо гузоштани санги асос ба сохтмони бинои бисёрфунксионалии баландошёна оғози расмӣ бахшида буданд. Зимни шиносоӣ бо шароити кору хизматрасонӣ дар ин иншооти замонавӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки меҳмонхонаи 5 ситорадори “Кровн Плаза Душанбе” аз 124 ҳуҷра, аз ҷумла 1 ҳуҷра дар ошёнаи 15-ум барои меҳмони воломақом бо масоҳати 260 метри мураббаъ, 34 ҳуҷраи люкс, 30 ҳуҷраи нимлюкс ва 59 ҳуҷраи стандартӣ иборат мебошад. Дар маҷмуъ меҳмонхона барои 150 мизоҷ дар як вақт имкони будубошро фароҳам меоварад. Баъди бунёди иншооти мазкур аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ 150 кас соҳиби кори доимӣ шуд. Имкон аст, ки дар меҳмонхона 200 нафар ба кор таъмин гардад. Аксари коргарон дорои ихтисосҳои хизматрасонию меҳмондорӣ ва донандаи чанд забони хориҷӣ мебошанд. Сатҳи баланди донишу омодагии кормандон имконият медиҳад, ки ба мизоҷон хизмати баландсифат расонида шавад. Мавриди зикр аст, ки дар рафти корҳои сохтмонӣ 400 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин гаштанд. Мувофиқи лоиҳа масоҳати умумии бинои бисёрфунксионалӣ 1,18 гектарро ташкил дода, фармоишгар ва лоиҳакаши он Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Элит-Строй-Сервис” мебошад. Корҳои лоиҳакашӣ бо ҷалби мутахассисони хориҷӣ ба анҷом расонида шудааст. Соҳибкорони ватанӣ аз 1 июли соли 2023 ба муҳлати 20 сол бо ширкати Интерконтинентал Ҳотелз Групи Лондон (Intercontinental Hotels Group) таҳти бренди “Кровн Плаза” (Crowne Plaza) шартнома ба имзо расонида буданд. Меҳмонхона бо ба инобат гирифтани унсурҳои миллӣ ва муосири шаҳрсозӣ бунёд гардидааст. Бо завқу салиқаи баланд ва бо истифода аз санъати баланди меъморӣ оро ёфтани дохили бино, ҳуҷраҳои хоб, роҳраву макони қабули мизоҷон иншоотро зебову диданӣ намудааст. Дар дохили бинои бисёрфунксионалӣ марказҳои хизматрасонӣ, фароғатӣ, ҳуҷраҳои корӣ, 3 тарабхона, толор барои зиёфатҳои расмӣ бо 150 ҷой, 3 қаҳвахона, кошонаи ҳусн, ҳавзи шиноварӣ, толори варзишӣ, синамо ва ғайра пешбинӣ гардидааст. Дар ошёнаи дуюм толорҳои конфронс бо номҳои зебои марказҳои маъмурии шаҳрҳои кишвар номгузорӣ шуда, инчунин макони баргузории вохӯриҳои сатҳи баланд, омода гардидааст. Дар ду қабат таҳхонаи бинои меҳмонхона таваққуфгоҳи зеризаминӣ барои 100 нақлиёт ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасони техникӣ сохта шудааст. Иншооти бошукӯҳ дар доираи тадбирҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни фархундаи миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарияти Мақомоти иҷроияти ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби соҳибикорони ватанӣ бунёд гардид. Аснои шиносоӣ бо шароиту имкониятҳои меҳмонхона Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба услуби кори меъморон ва сифати корҳои сохтмонию шароити фароҳамгардида баҳои баланд дода, сохтмони чунин иншоотро дар шароити имрӯза муҳим арзёбӣ карданд, зеро шумораи сайёҳон ба кишвари мо сол то сол зиёд мегардад. Дар маркази калони тиҷоратӣ, ки аз 18 ошёна иборат мебошад, барои доираҳои васеи соҳибкорӣ шароити муосири кор фароҳам гардидааст. Аз ҷумла, аз ошёнаҳои аз 1 то 8 идораи маъмурии ширкатҳо ва дар ошёнаҳои аз 9 то 18 дигар ҳуҷраҳои корӣ ҷойгир карда шудааст. Баъди ифтитоҳи маркази тиҷоратӣ дар ин ҷо барои 100 нафар ҷои кори доимӣ ташкил гардид. Иншооти мазкур дар доираи нақшаи генералии шаҳри Душанбе бунёд гардида, дар рафти корҳои лоиҳакашӣ тамоми инфрасохтори шаҳрсозии муосир ба инобат гирифта шудааст. Бо сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин иншооти баландошёна дар баробари муҳайё гардидани шароити арзандаи хизматрасонӣ ҳамзамон ба пойтахти кишвар зебогии нав зам гардид. Бунёди гулгашти зебо дар назди меҳмонхона ба ҳусни иншоот зебогии дигар зам намуда, хоса шомгоҳон ин макон дилкашу назаррабо мегардад. Ҳудуди он бо чароғҳои ранга зинат ёфта, барои сайругашт ва истироҳати мизоҷон дар ҳавои тоза шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Баъди шиносоии пурра бо шароити кору хизматрасонӣ дар меҳмонхонаи “Кровн Плаза Душанбе” Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони ватандӯст барои ҷавобгӯ ба талаботи меъморию шаҳрсозӣ, бунёд кардани иншооти муосир изҳори сипос карда, онҳоро ба риояи меъёрҳои баланди соҳавӣ, одобу рафтор ва суннатҳои баланди меҳмондории миллӣ ва дар сатҳу сифати баланд ба роҳ мондани хизматрасонӣ ҳидоят намуданд. 16.09.2025 шаҳри Душанбе

Хабарҳо

ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ ДИРЕКТОРИ МАРКАЗИ ИСЛОМШИНОСӢ БА МУНОСИБАТИ 34-УМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳамкорони азиз, мардуми шарифи Тоҷикистон ! Бо камоли эҳтиром ҳамаи Шуморо ба муносибати фарорасии Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод мегӯям. Истиқлолият барои миллати тоҷик бузургтарин дастоварди таърихӣ буда, рамзи озодӣ, худшиносӣ ва сарбаландии мост. Маҳз ба шарофати истиқлолият мо тавонистем давлатдории миллии худро эҳё намоем, фарҳангу арзишҳои миллӣ ва таъриху тамаддуни пурғановати хешро рушд диҳем. Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил дар арсаи байналмилалӣ мавқеи шоиста пайдо кардааст. Сулҳу оромӣ, ваҳдат ва пешрафти иқтисодию иҷтимоии кишвар маҳз самараи истиқлолият ва заҳматҳои халқи меҳнатқарини мост. Ҳамкорони гиромӣ! Мо вазифадорем, ки ин дастоварди бузургро ҳифз намуда, барои ободиву пешрафти минбаъдаи Ватан саҳми арзандаи худро гузорем. Танҳо бо меҳнату ваҳдат метавонем Тоҷикистони азизро боз ҳам шукуфонтар созем. Дар охир, бори дигар ҳамаи Шумо – ҳамкорони гиромӣ ва мардуми шариф ва сарбаланди кишварро ба ифтихори Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ табрику муборакбод гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо сулҳу оромӣ, хушбахтӣ ва комёбиҳои беназирро таманно менамоям. Рӯзи Истиқлолият муборак бошад, ҳамкорони азиз ва мардуми шарифи Тоҷикистон! Бо эҳтиром, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Абдураҳим Ғафор

Хабарҳо

ҲАМОИШИ ИЛМӢ – НАЗАРИЯВӢ БАХШИДА БА ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР МАРКАЗИ ИСЛОМШИНОСӢ

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи МД “Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳамоиши илмию назариявӣ бахшида ба 34 -умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва ҳайати кормандон баргузор карда шуд. Ҳамоишро директори Марказ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода Абдураҳим Ғаффор ҳусни оғоз бахшида, оид ба муҳимтарин арзишҳои даврони истиқлол ва арҷгузорӣ ба ватану миллат ва ҳифзи Истиқлолият изҳори андеша карданд. Дар идома, муовини директори Марказ Ваҳобзода Абдураҳмон, сардори шуъбаи пажӯҳиши анъана ва ҷашну маросим Одинашоҳ Вализода, сармутахассиси шӯъбаи пажӯҳиши исломи муосир Салимов Наҷмиддин, сармутахассиси шӯъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ Шарифова Санавбар, мутахассиси пешбари шӯъбаи кадрҳо ва корҳои махсус Холиқова Маҳфуза, Абдусаломов Мирзошариф ва дигарон суханронӣ ва ибрози назар карданд. Қобили зикр аст, ки Истиқлолият бузургтарин дастоварди таърихии миллати тоҷик дар замони нав аст. Маҳз истиқлолият ба мардуми мо имкон дод, ки соҳибихтиёрии давлатӣ ва сарнавишти миллии худро мустақилона муайян намуда, роҳу равиши рушди сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавиро худ интихоб намояд. Яке аз муҳимтарин арзишҳое, ки истиқлолият таъмин кард, озодии эътиқод ва боварҳои мардум мебошад. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 1994 қабул гардид, озодии виҷдон ва озодии эътиқод ҳамчун ҳуқуқи асосии инсон ва шаҳрванд эътироф шудааст. Дар фарҷоми ҳамоиш аз тарафи директори Марказ ба ҳайати кормандон барои ҳавасмандӣ кӯмаки молиявии якдафъаина расонида шуд. Ҳамин тариқ, ҳамоиш бо табрикоти директори Марказ ва ҳайати кормандон анҷом ёфт. ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА ТАШХИСИ ДИНШИНОСӢ

Хабарҳо

ТАҚДИМИ МУКОФОТИ ДАВЛАТӢ – “ИФТИХОРНОМА” АЗ НОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

2-юми сентябри соли равон дар толори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулло Раҳмонзода мукофоти давлатӣ – “Ифтихорнома” ба сармутахассиси шӯъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломии Марказ Наҷотзода Мутеъулло, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сазовор гардиданд, супурда шуд. Роҳбарият ва ҳайати кормандони Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофоти давлатиро ба Наҷотзода Мутеъулло табрику муборакбод гуфта, дар кору фаъолият ва тадқиқотҳои илмии соҳавии минбаъда муваффақиятҳои беназирро таманно доранд. ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА ТАШХИСИ ДИНШИНОСӢ

Хабарҳо

ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ ДИРЕКТОРИ МАРКАЗИ ИСЛОМШИНОСӢ ДАР НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ХОЛИҚЗОДА АБДУРАҲИМ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ДОНИШ ВА ОҒОЗИ СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛИ 2025-2026

Устодон ва омӯзгорони гиромиқадр! Хонандагони азиз! Ҳамасола 1-уми сентябр чун Рӯзи Дониш ва Дарси сулҳ дар қаламрави кишварамон ботантана таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат ҳамаи Шумо ва махсусан кӯдаконе, ки нахустинбор ба остонаи мактаб қадам мегузоранд бо ин санаи муборак самимона табрику таҳният менамоям. Бояд қайд намоям, ки ҳамасола дар арафаи Соли нави хониш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли маорифи кишвар мулоқот намуда, вазъи ин соҳаи ҳаётан муҳимро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор медиҳанд. Имсол чунин мулоқот санаи 30-юми август дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он Сарвари давлат таъкид намуданд, ки тамоми пешрафту дастовардҳои мо, аз ҷумла дар соҳаи маориф, ҳаёти шоиставу осоиштаи мардум, пеш аз ҳама, ба пойдории сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ вобаста мебошад. Бинобар ин, боиси қаноатмандиву ифтихор аст, ки соли нави таҳсил дар диёри маҳбуби мо бо Дарси сулҳ оғоз меёбад. Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки ҳамасола соли нави таҳсил, ки бо дарси сулҳ оғоз мегардад, ҳар яки моро водор месозад, ки доир бо моҳияти сулҳ, аҳамияти суботу оромӣ ва ваҳдати миллӣ дар шароити кунунӣ бори дигар андеша ронем, ки дар ин бора Пешвои муаззами миллат дар мулоқот ба маврид қайд намуданд, ки “Мактаб, оила ва ҷомеа – ин се неруи масъулу тавоно бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд ва ба хотири таълиму тарбияи шоистаи наврасону ҷавонон дар ҳамбастагӣ ҷидду ҷаҳд намоянд. Ман ба мардуми шарафманди кишвар, аз ҷумла ба ҷавонону наврасони ватандӯсти Тоҷикистон муроҷиат карда, таъкид менамоям, ки мо бояд ба шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем, ҳисси баланди миллӣ дошта бошем ва тамоми неруи худро барои ободии Ватанамон ва пешрафти давлати соҳибихтиёрамон равона созем”. Вобаста ба ин, насли наврас ва ҷавононро мо бояд дар руҳияи ҳисси баланди миллӣ, ватандустӣ ва ифтихори ватандорӣ тарбия намоем. Мо ба ақлу заковат, донишу маҳорат ва малакаи касбии омӯзгорон, масъулиятшиносии падару модарон, эҳтироми аҳли зиё, сидқан рӯ овардани аҳли ҷомеа ба мактаб эътимод намуда, умедвор ҳастем, ки аҳли илму маориф ва устодони соҳибзавқ барои нақши созандаву мондагор дар тарбияи насли донишманду соҳибмаърифат бо масъулияти баланди касбӣ саҳм мегузоранд. Ҳар яки мо вазифадорем, ки барои эмин нигоҳ доштани ҷомеаи кишвар аз таъсири зуҳуроти манфии ҷаҳони муосир, аз ҷумла фарҳангу маънавиёти бегона тадбирҳои муассир андешида, фарзандони худро дар рӯҳияи ифтихори ватандорӣ, эҳтироми забони модарӣ, суннату анъанаҳои фарҳангӣ, расму ойинҳо ва эҳтироми либоси миллӣ тарбия намоем. Фарорасии оғози соли нави таҳсилро ба кормандони соҳаи маориф, омӯзгорону хонандагон, бахусус ба дӯстрӯяконе, ки ба синфи 1-ум қабул гардиданд ва кулли сокинони шарафманди Тоҷикистон самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ, саодату сарбаландӣ ва музаффариятҳои шоистаи таҳсилро таманно менамоям. Соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш муборак, омўзгорону хонандагони азиз! Бо эҳтиром, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Абдураҳим Ғаффор

Прокрутить вверх