Хабарҳо

Хабарҳо

Боздид аз растаи ҳунармандони ноҳияи Панҷ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар мактаби рақами 2 ноҳияи Панҷ

Дар доираи сафари гурӯҳи корӣ ба ноҳияи Панҷ, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Холиқзода Абдураҳим, раиси ноҳияи Панҷ  Иброҳимзода Акмал ва ҳайати меҳмонон аз растаи ҳунармандони ноҳияи Панҷ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар мактаби рақами 2 боздид намуданд. Дар намоиш, ҳунармандон маҳсули дастии худро, аз ҷумла гулдӯзӣ, бофандагӣ, сӯзанидӯзӣ ва дигар ҳунарҳои мардумиро ба маърази тамошо гузоштанд. Мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳо эҳё ва тарғиби ҳунарҳои миллӣ, дастгирии ҳунармандон ва шиносоии насли ҷавон бо мероси фарҳангии ниёгон мебошад. Директори Маркази исломшиносӣ ва раиси ноҳияи Панҷ, ба фаъолияти ҳунармандон баҳои баланд дода, изҳор доштанд, ки рушди ҳунарҳои мардумӣ на танҳо ба ҳифзи мероси фарҳангӣ мусоидат мекунад, балки барои таъмини шуғли аҳолӣ ва рушди иқтисоди маҳаллӣ низ аҳамияти калон дорад. Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи кӯдакистони №59 дар шаҳри Душанбе

21-уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Саид Носири ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Муассисаи давлатии томактабии рақами 59-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Иттилоъ дода шуд, ки бинои нави кӯдакистон бо иқдому ташаббусҳои бевоситаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи омодагӣ ба истиқболи сазовори ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатӣ дар муҳлати 2 сол бунёд гардида, барои 450 кӯдак пешбинӣ шудааст. Муассисаи тозабунёд аз 3 ошёна ва таҳхона иборат аст ва дар он барои инкишофи зеҳни кӯдакон ва бозиҳои гуногуни шавқовар шароити хуб фароҳам оварда шудааст. Муассисаи давлатии таҳсилоти томактабии №59 бо мақсади амалӣ намудани дастурҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз ҷониби Муассисаи давлатии Раёсати сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо тарҳи муосир ва сифати баланд сохта шудааст. Ҳуҷраҳои таълимии кӯдакистон бо лавозимоти зарурӣ, аз ҷумла мизу курсӣ ва ҳар гуна бозичаҳои шавқовари кӯдакона, таъмин буда, омӯзишу парасторӣ дар он бо 3 забон тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад. Тибқи лоиҳа, дар ин муассиса барои 22 гурӯҳ шароити хуб, аз ҷумла ҳуҷраҳои таълимӣ бо хобгоҳ ва ҳаммом, толорҳои мусиқӣ, рақс, гимнастика, рассомӣ, толор барои гузаронидани маҳфилу чорабиниҳо бо 90 курсӣ, ошхона, майдончаи бозӣ ва ҳавзи оббозӣ, фароҳам оварда шуда, дар арафаи соли нави хониши 2025-2026 барои кӯдакони хуштолеи замони истиқлол туҳфаи арзанда номида шуд. Дар кӯдакистони нав 129 парастору дигар кормандони педагогӣ ва маъмуриву техникӣ ба кор ҷалб шудаанд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, масъулону омӯзгоронро ба таълими босифати кӯдакон ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани онҳо ҳидоят намуданд. Бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хушсаводу доно ба воя расонидани кӯдакон ва дар рӯҳияи ватанпарварӣ тарбия намудани онҳо шумораи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар шаҳри Душанбе зиёд мешаванд. Дар дораи нақшаи генералӣ солҳои оянда дар пойтахт ба ҳамин монанд бунёди 70 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар ин самт қарори дахлдори раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба имзо расида, дар доираи он то охири соли 2025 10 кӯдакистони дигар сохта, ба истифода дода хоҳад шуд. Мувофиқи нақша дар кӯчаи Саид Носири ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ва марказҳои савдою хизматрасонӣ бо тарҳи муосир қомат афрохтааст ва бунёди кӯдакистони замонавӣ дар ин ҷо барои ба таълуму тарбия фаро гирифтани насли наврас замина мегузорад. 21.08.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи биноҳои нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит

21 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе биноҳои нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собитро мавриди истифода қарор доданд. Биноҳои нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон бо маблағгузорӣ аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии соҳибкорони саховатпешаи кишвар мутобиқ бо анъанаҳои меъморию фарҳангии тайи ҳазорсолаҳо шаклгирифтаи миллати тамаддунофари тоҷик бо тарҳи басо зебову дилкаш бунёд ёфта, яке аз марказҳои муҳими илмӣ-таҳқиқотӣ ва таълимии кишвар ба ҳисоб меравад. Биноҳои тозабунёд дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ қомат афрохта, барои 2500 донишҷӯ пешбинӣ гардидааст. Иншоот дар майдони зиёда аз ду гектар қомат афрохта, аз 7 бинои 6 ва 8 ошёна иборат аст. Масоҳати биноҳо 46 ҳазору 816 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2019 оғоз гардида, бо риояи талаботи муосири соҳавӣ ва ороиши зебои тоҷикӣ анҷом ёфтааст. Дар ин иншоот маҷлисгоҳ бо 513 ҷойи нишаст, 90 синфхона, утоқи корӣ ва дигар ҳуҷраҳои зарурӣ ҷойгир аст. Ҳуҷраҳои корию дарсӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти насли нави соҳавӣ муҷаҳҳаз буда, дорои шароити зарурӣ барои гузарондани машғулиятҳои амалӣ мебошад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки дар рушди маориф ва илм сиёсати давлатӣ ҳамеша авлавият дошта, Ҳукумати кишвар тамоми имконотро барои таҳкими пояҳои маърифат, баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия ва рушди неруи зеҳнии ҷавонон сафарбар месозад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо осорхонаи мукаммал ва дорои аҳамияти илмӣ-фарҳангии Донишкадаи исломии Тоҷикистон шинос шуданд. Иттилоъ дода шуд, ки дар осорхона таърихи ғании ислом дар сарзамини тоҷикон, нақши илмии устодону олимони бузурги миллати тоҷик ва саҳми онҳо дар рушди тамаддуни исломӣ ба таври шоиста муаррифӣ мегардад. Дар осорхона нусхаҳои нодири дастнависҳо, китобҳои таърихӣ ва осори хаттии олимони машҳури тоҷик ба намоиш гузошта шудаанд. Фонди осорхона, инчунин, дорои ашёву ёдгориҳои таърихиест, ки аз осори меъморӣ ва фарҳанги мусулмонии тоҷикон шаҳодат медиҳанд. Дар ин миён нусхаҳои нодири Қуръони карим, сангнавиштаҳо, лавҳаҳои хаттотӣ ва ашёи дигари таърихӣ ҷой дода шудаанд. Бахши дигари осорхона ба нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эҳёи арзишҳои миллӣ ва мусулмонӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ бахшида шуда, тавассути аксҳо, ҳуҷҷатҳо ва маводи расмӣ фаъолияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати давлатро дар эҳё ва тарғиби мероси фарҳанги ниёгони пуршарафамон инъикос мекунад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки ташкили чунин осорхона дар заминаи Донишкадаи исломии Тоҷикистон барои муҳассилон ва муҳаққиқон имконияти фарох фароҳам меорад, то ба таърихи ислом дар сарзамини мо, шахсиятҳои барҷаста ва осори илмӣ-фарҳангӣ ошно гарданд. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар ошёнаҳои болоии донишкада китобхонаи электронӣ, толори тестӣ, толори варзишӣ бо 168 ҷойи нишаст ва ду ҳуҷраи тиббӣ ҷой дода шудаанд. Нуқтаи тиббӣ имкон дорад, ки дар як вақт ба 300 кас хизмати тиббӣ расонад. Дар донишкада, ҳамзамон хобгоҳ барои 520 донишҷӯ омода шудааст. Саҳн ва атрофи бинои Донишкадаи исломии Тоҷикистон дар масоҳати 6 ҳазору 560 метри мураббаъ мумфарш гардида, ҳамчунин, ободу сабзкорӣ шудааст. Шароиту имкониятҳои фароҳамшуда дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон минбаъд ҳамчун пойгоҳи муҳимми илмию таълимӣ ва таҷрибивию амалӣ, барои фанҳои гуногун истифода бурда шуда, ба афзун намудани донишҳои динию дунявии донишҷӯён мусоидат менамояд. Зимни боздид Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳо баҳои баланд дода, ба масъулин барои омода намудани кадрҳои баландихтисос ва ҷалби онҳо ба илмомӯзӣ, таҳқиқоти илмӣ ва пос доштани арзишҳои волои миллӣ дастуру тавсияҳо доданд. 21.08.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои заҳролудшавӣ ва осебҳои сӯхта дар шаҳри Душанбе

21 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси милии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бинои нави Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои заҳролудшавӣ ва осебҳои сӯхтаро мавриди истифода қарор доданд. Бинои асосии Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои заҳролудшавӣ ва осебҳои сӯхта дар шаҳри Душанбе аз ҳафт ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 167 ҳуҷра, аз ҷумла 105 ҳуҷра барои бистарии беморон бо 230 кат, шуъбаҳои қабул ва ташхис, ҷарроҳӣ, осебҳои сӯхта, бемориҳои заҳролудшавӣ, шикастабандӣ, асаб ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2022 оғоз гардида, бо истифода аз масолеҳи баландсифат мутобиқ ба талаботи соҳа ва унсурҳои меъмории миллӣ дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расонда шудааст. Зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамшуда Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ифтитоҳи чунин иншоотро ба истиқболи сазовори ҷашни пуршукӯҳи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иқдоми шоиста ва намунаи ибрат арзёбӣ карданд. Таъкид шуд, ки ба фаъолият оғоз кардани муассисаи нави тиббӣ, ки бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бунёд гардидааст, туҳфаи идонаи Ҳукумати кишвар ба кормандони соҳаи тандурустии пойтахт мебошад. Дар ин муассисаи тандурустӣ 107 номгӯйи дастгоҳу таҷҳизоти муосир, аз ҷумла катҳои махсус барои бемориҳои сӯхта, дастгоҳи сайёр барои шустушуйи беморон, барокамераи сайёр, дастгоҳи лазерии табобати оқибатҳои сӯхта, дастгоҳи лазерии лифтинги табобативу косметологӣ, дастгоҳи ултрасадои табобатию барқарорсозии бемориҳои сӯхта, таҷҳизоти даруннигарии видеоӣ барои рўдаву меъда, видеоэндоскопӣ ва видеобронхоскопи сайёр аз навгониҳои иншоот аст, ки таҷҳизоти насли нав буда, бори аввал ба Тоҷикистон ворид карда шудааст. Ҳамзамон рентгени рақамӣ, дастгоҳи ташхисии ултрасадо,  сабти барқии дил  ва таҷҳизоти нодири ташхису муолиҷа аз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон оварда шудаанд, ки барои хизматрасонии сатҳи баланди тиббӣ ба аҳолӣ нигаронида мешаванд. Дар беморхона 62 нафар табиби соҳибтахассус ва мутахассисони ҷавон фаъолият доранд, ки дар ташхис, табобат ва ҷарроҳиҳои гуногун таҷрибаи баланд доранд. Дар дигар ошёнаҳои беморхона шуъбаҳо бо катҳои муолиҷавӣ ва дигар хизматрасониҳои зарурӣ барои фаъолияти самарабахши табибон ва истифодаи беморон муҳайё карда шудаанд. Бо фарох гардидани имкониятҳо дар бинои нави Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои заҳролудшавӣ ва осебҳои сӯхта дар шаҳри Душанбе кафедраи ҷарроҳии умумии №2-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва кафедраи бемориҳои асаб, осебшиносӣ ва ортопедии Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамин ҷо ҷойгир шудаанд. Дар беморхона гӯшаи гиёҳҳои шифобахш низ ташкил карда шудааст, ки дар он бо истифода аз ин неъматҳои табиати Тоҷикистон нушобаҳо омода карда мешаванд. Беморхона, ҳамчунин, дорои маҷлисгоҳ бо 60 курсӣ ва ошхона бо 108 ҷойи нишаст мебошад. Ҳамчунин, дар ҳудуди беморхона таваққуфгоҳ низ сохта шудааст. Бино бо тарҳи зебои меъморӣ бунёд гашта, саҳн ва атрофи он ободу сабзкорӣ ва бо насби чароғакҳои ороишӣ ба симои шаҳри дилорои Душанбе зебоии тоза зам намудааст. Табибон ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхориҳои доимӣ нисбат ба кормандони соҳаи тандурустӣ изҳори сипос намуданд. Бо муҳайё гардидани чунин шароити муосиру сатҳи баланди хизматрасонии тиббӣ, минбаъд шаҳрвандон метавонанд тамоми навъҳои ташхису табобати бемориҳоро дар дохили кишвар анҷом диҳанд, ки ин  барои ҳифзи сиҳатии аҳолӣ заминаи боэътимод фароҳам меорад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои суҳбати самимӣ бо табибон ва кормандони беморхона ба онҳо барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани хизматрасониҳои тиббӣ ба сокинон ва муомилаи хуб бо беморон дастуру тавсияҳо доданд. 21.08.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 дар шаҳри Душанбе

21-уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳраки 192-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Иншооти мазкур дар доираи тавааҷҷуҳу ғамхориҳои Сарвари  давлат ба соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас ва иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахт бунёд гардидааст. Ифтитоҳи иншооти нави соҳаи маориф дар идомаи тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва оғози соли нави таҳсил барои омӯзгорону хонандагон ва сокинони ин маҳалла туҳфаи арзишманд унвон гардид. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Рањмон иттилоъ доданд, ки бинои муассисаи таълимӣ аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 1450 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст. Иншоот бо назардошти талаботи соҳа, унсурҳои меъмории миллӣ ва ҷавобгӯ ба зарфиятҳои муосир бо сифати баланд сохта шуда, синфхона ва дигар кабинетҳои фаннӣ бо таҷҳизот ва аёнияти дарсӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Бинои дигари бунёдгардида дар муассисаи таълимӣ аз 4 ошёна иборат буда, барои синфҳои ибтидоӣ пешбинӣ гардидааст. Сохтмони бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 соли 2024 оғоз гардида, дар асоси лоиҳа мутобиқ ба талаботи муосир дар масоҳати 16 ҳазору 400 метри мураббаъ бунёд шудааст. Аснои шиносоӣ бо шароиту имконоти ин муассисаи наву замонавӣ Пешвои миллат ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, саҳмгузорӣ дар соҳибилм шудани насли наврасро амали шоиста унвон намуданд. Бинои муассиса дорои 64 синфхонаи муҷаҳҳаз бо муҳимтарин лавозимоти хониш, аз ҷумла 26 кабинети фаннӣ, мебошад. Кабинетҳои фаннии химия, биология, физика, география, технологияи меҳнат, омодагии ибтидоии ҳарбӣ, инчунин синфхонаҳои технологияи иттилоотӣ ва лингафонӣ мутобиқ ба талабот сохта шуда, ба ташаккули зеҳну тафаккури хонандагон заминаи мусоид хоҳад гузошт. Вобаста ба талаботи муосир муассиса дорои зиёда аз 70 компютери пайваст бо шабакаи байналмилалии интернет мебошад. Озмоишгоҳҳои фаннӣ ва китобхона бо теъдоди 10 ҳазор нусха адабиёт, гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ ва синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо асбоби мусиқӣ барои рушди ҷаҳонбинии муҳассилин пешбинӣ гардидааст. Толори барҳаво ва муҷаҳҳази варзишӣ дорои 40 ҷои нишаст буда, ба тарғибу ташаккули тарзи ҳаёти солим ва обутоби ҷисмонию рӯҳии хонандагон мусоидат хоҳад кард. Майдончаи варзишӣ низ бо 135 ҷои нишаст аз бартариҳои дигари муассиса дар самти рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш унвон мешавад. Муассисаи таълимӣ, ҳамчунин дорои толори маҷлис бо 386 курсӣ ва ошхонаи дорои 192 ҷои нишаст мебошад. Дар иншооти наву замонавӣ барои инкишофи зеҳни кӯдакон, аз худ кардани донишҳои замонавӣ ва машғул шудани онҳо ба бозиҳои гуногуни шавқовар низ шароити хуб фароҳам оварда шудааст. Зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи масъулини соҳаро ба истифодаи самарабахш аз имкониятҳои фароҳамшуда, омӯзиши илмҳои дақиқ, забонҳои хориҷӣ ва расидан ба қадри дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҷалб намуданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки бунёди биноҳои нав, ворид намудани технологияи муосир барои омӯзиш ва дигар тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар ба таъмини имрӯзу фардои босаодати насли наврас равона карда шудааст. Аз ин лиҳоз таълимгирандагонро зарур аст, ки хонанд, илм омӯзанд, соҳибкасбу забондон ва вориси шоистаи гузаштагони хеш бошанд. 21.08.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Оғози тақсими “Шоҳнома”-и безаволи ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ

Тақсими шоҳасари безаволи ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ “Шоҳнома” ба аҳолии Тоҷикистон, ки бо иқдоми неки фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав ва бо сифати баланд ба нашр расид, оғоз ёфт. Тақсим намудани ин шоҳасар, ки бо дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як хонаводаи аҳолии кишвар бояд дастрас карда шавад, аз шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва водии Рашт шурӯъ шуд. Ин иқдоми наҷибу камназири Пешвои маърифатпарвари миллат ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии  Тоҷикистон пеш гирифта шуда, ҳадаф аз он, ба таъкиди Сарвари давлат “пеш аз ҳама, эҳёи ҳофизаи таърихӣ, густариши худшиносию худогоҳии миллӣ ва эҳсоси ватандӯстиву ватанпарастии мардум, бахусус, наврасону ҷавонон мебошад”. Мардуми кишвар аз оғози татбиқи ин иқдоми ватандӯстона изҳори сипосу қадрдонӣ намуда, аз ҷумла таъкид менамоянд, ки он ба таҳкими ҳисси ифтихору сарфарозӣ ва масъулияти ватандории ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мусоидати фаъол хоҳад дошт. Китоби мазкур дар Нашриёти “Шарқи озод”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми ду ҷилд бо теъдоди 1 700 000 нусха ба табъ расидааст. Бояд ёдовар шуд, ки “Шоҳнома”-и безаволи ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ бузургтарин ҳамосаи миллии мардуми ориёинажод ва ганҷинаи ҳикмату хирад ба ҳисоб меравад. Доир ба сифатҳои Шоҳнома Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар сарсухани нашри нави он, аз ҷумла мефармоянд: “Дар ҳақиқат, Фирдавсӣ дар “Шоҳнома”, ки дар ҳеҷ миллати дунё ҳамсанги ин китоб асаре нест, таърихи пур аз шодию ифтихор, комёбию нокомӣ, дарду ормонҳои мардумашро бо хуни дил қаламӣ кард ва ба ин васила таърих, фарҳанг, фалсафа, ҳикмат, қисса, асотир ва урфу одатҳои ориёиҳоро зинда ва пойдор гардонид ва ба хизмати наслҳои оянда гузошт”. Президенти кишвар аз мавзӯъҳои меҳварии ин шоҳасар: ситоиши донишу хирад, тарғиби ватанхоҳию ватандӯстӣ, тараннуми истиқлолу озодӣ, ташвиқи баробарии инсонҳо, пирӯзии некӣ бар бадӣ ва адолату дод бар беадолативу бедодӣ ёдовар мешаванд, ки баъд аз ҳазор сол дар рӯзгори имрӯзаи мо низ аз аҳамияти бузург бархӯрдоранд. Дар идома таъкид мегардад, ки фалсафаи волои Фирдавсӣ моро аз гузаштаамон огоҳ сохта, барои наслҳои имрӯзу фардо сабақи омӯзанда ва ибратбахш медиҳад. Бахусус, дар раванди ҷаҳонишавӣ, ки аз байн рафтани давлатҳо, миллатҳо, забон ва фарҳангҳои бумиро дар пай дорад, мо ба афкору андешаҳои ватандӯстона ва ҳувиятсози “Шоҳнома” ниёзи бештар дорем. Мавриди зикр аст, ки ин иқдоми наҷиб ва фарҳангпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар ташаббусҳои созандаашон, аз ҷумла нашр ва тақдими асари барҷастаи аллома Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” ба ҳар як хонавода метавонад барои боло рафтани ҳисси худогоҳиву хештаншиносии ҳар сокини кишвар хидмат карда, барои тарбияи насли бедору созанда ҳамаҷониба мусоидат намояд. Агар аҳамияти “Шоҳнома” ва шоҳномахониро дар роҳи тарғиб ва таҳкими ватанхоҳию ватандӯстӣ ва ҳифзи марзу буми кишвари худ ба таври кӯтоҳу муъҷаз бигӯем, пас беҳ аз худи Фирдавсӣ касе ӯро васф накардааст, ки мегӯяд: Ҳар он кас, ки шаҳномахонӣ кунад, Агар зан бувад, паҳлавонӣ кунад. Ва ё Басе ранҷ бурдам дар сол сӣ, Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ. 19.08.2025

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи бинои нави Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

19 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт бинои нави Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд. Бинои нави асосии Раёсат, ки аз чор қисм ва 10 ошёна иборат аст, дар масоҳати наздик ба ду гектар мутобиқ ба талаботи фаъолияти мақомоти милитсия ва бо дарназардошти унсурҳои меъмории миллӣ сохта шуда, дорои тарҳи замонавӣ мебошад. Иншооти мазкур аз ҳисоби маблағҳои буҷети Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бунёд гардидааст. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои тозабунёд дорои инфрасохтори мукаммал ва имкониятҳои фарох буда, 246 утоқи корӣ ва ёрирасон, маҷлисгоҳи асосӣ бо 346 курсӣ, маҷлисгоҳи хурд бо 40 ҷойи нишаст, хобгоҳ бо 290 рахти хоб, ошхона барои 178 кас дар як вақт, толори варзиш барои машқу тамрини бадан, инчунин майдонҳои варзиш барои футболи хурд, волейбол ва дигар намудҳои варзишро дар бар мегирад. Дар ошёнаи якуми бинои мазкур осорхонаи таърихӣ таъсис ёфтааст, ки дар он саҳму хизматҳои арзандаи кормандони мақомоти милитсияи пойтахт бо нигоштаҳо, аксҳо ва санадҳои муҳиму нодир инъикос ёфтааст. Таъкид гардид, ки бо ба истифода додани бинои нав, кормандони милитсия бо дастгоҳу лавозимоти муосири ҷустуҷӯиву амалиётӣ таъмин гардидаанд, ки ин иқдом дар таҳкими волоияти қонун, мубориза бо ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар пойтахти кишвар нақши муҳим хоҳад бозид. Бинои нави Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе дар идомаи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ қомат афрохта, на танҳо шароити муосири фаъолиятро барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ фароҳам овардааст, балки бо намои хуштарҳу зебои худ ба симои шаҳр низ зебоӣ зам кардааст. Ҳангоми шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи сохтмони литсеи “Дурахшандагон”-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 640 хонанда бо хобгоҳи муосир барои 260 нафар муаррифӣ гардид. Ин иқдом ифодагари таваҷҷуҳи хоссаи давлат ба рушди илму маърифат, тарбияи насли соҳибилм ва таҳкими пояҳои сохтории мақомоти қудратӣ маҳсуб меёбад. Саҳну атрофи бино комилан мумфарш гардида, дар масоҳати беш аз 3200 метри мураббаъ дарахтони гуногуни нодири ороишӣ шинонида шудаанд, ки ба муҳити атроф зебоию таровати бештар мебахшанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида, ба корҳои сохтмонию муҷаҳҳазсозӣ баҳои баланд дода, аз масъулин ва кормандони мақомоти милитсияи пойтахт талаб намуданд, ки бо истифода аз имкониятҳои муҳайёгардида содиқона хизмат намуда, дар ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини амнияту субот намунаи ибрат бошанд. 19.08.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи бинои нави Дастаи алоҳидаи таъиноти махсуси милитсия “Шоҳин”-и Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе

19-уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти кишвар бинои нави Дастаи алоҳидаи таъиноти махсуси милитсия “Шоҳин”-и Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанберо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити фароҳамгардида шинос шуда, бо ҳайати шахсии дастаи мазкур суҳбат намуданд. Иншооти навбунёд аз як бинои асосӣ ва се бинои ёрирасони 3 ошёна иборат буда, бо дарназардошти меъёрҳои муосири меъморӣ ва талаботи махсуси соҳа бунёд ёфтааст. Зимни шиносоӣ ба Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки биноҳои нав мутобиқ ба меъёрҳои хизматӣ ва шароити мусоиди корӣ омода карда шудааст. Ғайр аз ҳуҷраҳои корӣ ва толору маҷлисгоҳҳо, биноҳои навбунёди Дастаи алоҳидаи таъиноти махсуси милитсия “Шоҳин”-и Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе дорои синфхонаҳо ва майдончаҳои махсуси таълимӣ буда,  онҳо бо аёниятҳои зарурии соҳавӣ муҷаҳҳаз мебошанд. Аз ҷумла, дар ин ҷо навъҳои гуногуни дастгоҳҳои соҳавӣ, яроқу аслиҳа, воситаҳои алоқа, сару либоси низомӣ ва дигар лавозимоти корӣ ҷой дода шудааст. Ҷиҳати фароҳам овардани шароити арзанда ба хизматчиёни ин даста, дар иншооти мазкур хобгоҳи замонавӣ бунёд ёфтааст. Дар ҳамин ҷо ҳамчунин ду ошхонаи замонавӣ бо муосиртарин шароит сохта шуда, яке аз онҳо дар фазои кушод дар фасли тобистон хизматрасонӣ хоҳад кард. Дар доираи корҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳи хоса ба ободонии гирду атроф низ зоҳир гардида, дар саҳни иншоот майдони сафороӣ ва дигар иншооти ёрирасон бунёд ёфтааст. Ҳамчунин бино дорои майдонча ва майдони муосири варзишӣ мебошад, ки дар он дар баробари гузаронидани мусобиқаҳои варзишӣ, ҳамчунин имкони ба машқу тамрини ҳаррӯза фаро гирифтани хизматчиёни даста мавҷуд аст. Дар саҳни иншооти навбунёд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши техникаву таҷҳизоти ҳарбӣ дидан карданд. Дар ин намоишгоҳ муосиртарин дастгоҳу лавозимоти соҳавӣ, ки имрӯз мавриди истифода қарор доранд, ба намоиш гузошта шуда буд. Иттилоъ дода шуд, ки парки техникии дастаи мазкур аз мошину механизмҳои муосири ҳарбӣ иборат буда, ҳамаи он дар омодагии хуби доимӣ қарор дорад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо ҳайати шахсии дастаи мазкур таъкид доштанд,  ки ҳушёриву зиракии касбию сиёсиро ҳаргиз аз даст надиҳанд ва донишу малакаи худро пайваста баланд бардошта, барои рафъи ҳолатҳои фавқулодаву ғайричашмдошт ҳамеша омода бошанд. Таъкид гардид, ки ҳамаи шароити навтарини зист, фаъолияти ҳаррӯза ва омодасозии босифати ҳайати шахсӣ ба иҷрои амалиёти махсуси низомӣ ҳар яки онҳоро ба хизмати содиқонаю софдилона ва машқу тамрини матлуб бояд водор намояд. Бо ёдоварӣ аз вазъи басо мураккабу пешгӯинашаванда, ки дар минтақа ва ҷаҳон ба назар мерасад, аз роҳбарияти сохторҳои қудратию ҳифзи ҳуқуқ ва ҳар як хизматчии низомию воҳидҳои таъиноти махсус талаб карда шуд, ки барои ҳифзи дастовардҳои Ватани соҳибистиқлол ва амну суботи пойдори Тоҷикистони азиз ҳамеша омодагии зарурӣ дошта бошанд. Дар ҳамин ҷо аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Дастаи алоҳидаи таъиноти махсуси милитсия “Шоҳин”-и Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе нақлиётҳои нави корӣ тақдим карда шуд, ки ба фаъолияти босамари кормандони ин ниҳод кумаки амалӣ хоҳад расонд. 19.08.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Барқияи изҳори тасаллӣ ба Президент ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон

18 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот ба фавтидан ва осеб дидани шумораи зиёди шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Покистон бар асари боришоти шадид ва обхезиҳои фалокатовар, ба Президент ва Сарвазири ин кишвар муҳтарам  Осиф Алӣ Зардорӣ ва муҳтарам Шаҳбоз Шариф барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд. Дар он, аз ҷумла, омадааст: “Дар робита ба ин мусибати гарон ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, мардуми дӯсти Покистон ва наздикону пайвандони фавтидагон таслият ва ҳамдардии амиқи инҷонибро изҳор менамоям. Ба тамоми осебдидагон шифои ҳарчи зудтар хоҳонам”. 18.08.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин

18 август суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин доир гардид. Зимни суҳбат сарони давлатҳо масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва ҷанбаҳои алоҳидаи муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд. Пешвои миллат бо таъкид бар аҳамияти хоссаи сиёсии натиҷаҳои музокироти Президентҳои Федератсияи Русия ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Аляска барои коҳиши сатҳи ташаннуҷ ва таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ дар арсаи байналмилалӣ, аз раванди мусолиматомези ҳалли буҳрони Украина ҷонибдорӣ карданд. Дар ҷараёни суҳбат ҳамзамон оид ба масъалаҳои ҷории ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русия, ки мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб қарор доранд, табодули назар сурат гирифт. Ҷонибҳо дар робита ба идомаи муколама ва тамосҳо дар сатҳи олӣ ба мувофиқа расиданд. 18.08.2025 шаҳри Душанбе

Прокрутить вверх