Хабарҳо

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо ноиби Президенти Бонки Осиёии Рушд Ингминг Янг

28 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби Президенти Бонки Осиёии Рушд Ингминг Янг, ки барои иштирок дар нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд, мулоқот намуданд. Дар мулоқот масоили рушду тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд баррасӣ гардид. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Бонки Осиёии Рушдро яке аз шарикони асосии Тоҷикистон дар ҷодаи рушд номиданд. Таъкид гардид, ки тайи солҳои ҳамкорӣ портфели маблағгузории Бонк 190 лоиҳаро ба маблағи умумии зиёда аз 2,7 миллиард доллар дар бар гирифтааст ва ин лоиҳаҳо дар рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвари мо нақши муҳим доранд. Пешгирӣ ва коҳиш додани фишори омилҳои беруна ба иқтисоди миллӣ, аз ҷумла шиддат гирифтани таъсири пайомадҳои тағйирёбии иқлим, аз мавзуъҳои муҳими суҳбат буд. Барои ҳалли масъалаҳои умдаи иҷтимоӣ, энергетикӣ, рушди инфрасохтор ва коммуникатсия, ҷалби бештари сармоя барои татбиқи лоиҳаҳои соҳавӣ ва ҷудо намудани маблағҳои иловагии грантӣ зарур шумурда шуд. Тақвияти ҳамкорӣ дар самти ташаккули минбаъдаи иқтисоди рақамӣ, рушди соҳаҳои кишоварзӣ, нақлиёт, тандурустӣ, сайёҳӣ ва бахши хусусӣ муҳим арзёбӣ гардид. Таваҷҷуҳи зиёд ба татбиқи босамари лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” зоҳир гардида, таъсиси ҷойҳои кории нав ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум муҳим дониста шуд. Изҳори умед карда шуд, ки Бонки Осиёии Рушд ҷиҳати дастгирии “Бунёди эътимоди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки тибқи қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Мутаҳҳид дар бораи эълони соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” таъсис ёфтааст, иқдомоти шоистаро роҳандозӣ хоҳад кард. Атрофи мукаммалсозии стратегияи навбатии шарикии Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд барои панҷ соли минбаъда низ табодули афкор сурат гирифт. 28.05.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Дабири кулли Созмони ҷаҳонии метеорология Селеста Сауло

28 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони ҷаҳонии метеорология Селеста Саулоро, ки барои иштирок дар нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили вобаста ба густариши ҳамкории дуҷониба ва рӯзномаи конфронси сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряҳхо баррасӣ шуд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олимақомро хайрамақдам гуфта, барои дастгирӣ аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон, аз ҷумла дар самти ҳифзи пиряхҳо, изҳори сипос карданд. Дабири кулли Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ дар навбати худ ба талошҳои пайвастаи Тоҷикистон ва Сарвари давлати моро дар ҷодаи истифодаи об ҳамчун сарчашмаи сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ баҳои баланд доданд. Бо сарпарастии Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ ва мусоидати дигар шарикони рушд дар шаҳри Душанбе таъсис додани Маркази ҳамоҳангсозии минтақавӣ оид ба яхшиносӣ пешниҳоди муҳим дониста шуд. Ҳамчунин, атрофи ташаббуси Тоҷикистону Фаронса “Даҳсолаи амал барои илмҳои криосферӣ 2025-2034” ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак табодули судманди афкор сурат гирифт. 28.05.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Таъиноти кадрӣ

  28 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар соҳаҳои маориф, кишоварзӣ, хариди давлатӣ, таъмини амволи махсус ва ғайра таъиншавандаро барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд. Ба вазифаҳои директори Агентии хариди мол, кор ва хизматрасонӣ, муовини вазири кишоварзӣ, муовини вазири нақлиёт, муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ,  муовини директори Агентии таъминоти амволи махсус, директори Корхонаи махсуси (қазонии) давлатии ҷумҳуриявии «Тиллои Тоҷик», ректорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва директори Муассисаи давлатии маҷмааи «Кохи Борбад»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кадрҳои ҷавону соҳибтахассус ва варзидаи ин соҳаҳо таъин гардиданд. Зимни суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба хизмати содиқонаю софдилона ба Ватан ва мардуми Тоҷикистон даъват намуда, таъкид доштанд, ки пайваста барои баланд бардоштани савияи донишу малакаи худ ва кормандонашон, омӯзиши техникаю технологияи муосир, забони давлатӣ ва забонҳои байналмилалӣ ва тарбияи кадрҳои ҷавон ҷаҳду талош намоянд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки ба тарбияи ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ ва баланд бардоштани ҳувияти миллию масъулияти хизматӣ дар давлатдории тоҷикон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад. 28.05.2025 шаҳри Душанбе

Хабарҳо

Идомаи Конференсияи илмӣ – назариявии олими бузург ва асосгузори каломи Мовароуннаҳр Абумансури Мотуридӣ дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа

27 – уми май соли 2025 давоми Конференсияи илмӣ – назариявӣ таҳти унвони “Абумансури Мотуридӣ асосгузори каломи ақлгароӣ ва таҳаммулпазирӣ”дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа баргузор гардид. Дар кори конференсия роҳбарияти Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар меҳмонони ҳамоиш иштирок ва дар мавзуоти пешниҳоднамудасуханронӣ намуданд. Лозим ба ёддоварист, ки маърӯзаҳои иштирокчиёни конфронс дар шакли маҷмуаи мақолот дар рӯзҳои наздик нашр хоҳанд шуд. https://www.facebook.com/share/p/1Cr5S5MB91/ Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Хабарҳо

Баргузории Конференсияи илмӣ – назариявӣ бахшида ба 1155-солагии олими бузург ва асосгузори каломи Мовароуннаҳр Абумансури Мотуридӣ

27- уми майи соли 2025 бо ташаббуси Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 1155-солагии олими бузург, асосгузори каломи Мовароуннаҳр Абумансури Мотуридӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ – назариявӣ таҳти унвони “Абумансури Мотуридӣ асосгузори каломи ақлгароӣ ва таҳаммулпазирӣ” баргузор гардид. Дар кори конференсия Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдуллоҳ Қурбоналӣ, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Абдураҳим Ғафор, Раиси Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Сулаймон Пирхон, президенти АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, раиси Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Абдуқодирзода Саидмукаррам ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуданд. Нахуст Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдуллоҳ Қурбоналӣ бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, ба иштирокчиёни конфронс барору комёбӣ таманно намуд. Сипас, иштирокчиёни конфронс дар мавзуоти пешниҳоднамудаашон суханронӣ намуданд. Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Хабарҳо

БАРОМАДИ МИРЗОШАРИФ АБДУСАЛОМОВ – КОРМАНДИ МАРКАЗИ ИСЛОМШИНОСӢ ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ – НАЗАРИЯВӢ

Санаи 19-уми майи соли 2025 Мирзошариф Абдусаломов – корманди Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон, докторант PhD -и соли сеюми Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Конфренсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ, ки бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо, таҳти унвони “Ҳифз ва муаррифии мероси таърихию фарҳангӣ дар осорхонаҳо” баргузор гардид, иштирок намуда, дар мавзӯи “Мақоми осорхонаҳо дар самти ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО ва ҷаҳоникунонии мероси таърихию фарҳангӣ” баромад намуд. Дар фарҷом байни иштирокчиёни конференсия табодули афкор сурат гирифт. Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Хабарҳо

Баргузор намудани семинари илмӣ-назариявӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

19-уми майи соли 2025 дар Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Муҳайё кардани заминаҳо барои равнақи неруҳои ақлонӣ» баргузор гардид. Дар кори семинари мазкур мудири шуъбаи пажуҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавии Марказ, номзади илмҳои педагогӣ Одинашоҳ Вализода вобаста ба таваҷҷуҳи доимӣ ва хизматҳои арзандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонони мамлакатро хотиррасон карда, иброз доштанд, ки  Пешвои миллат аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, бахусус дар марҳалаи гузариш аз як низоми сиёсиву иҷтимоӣ ба низоми сифатан нави идоракунӣ нисбат ба масъалаҳои ҷавонон, аз ҷумла беҳдошти вазъи таълиму тарбия, соҳибихтисос, соҳибкасб, ба ҷойи кор таъмин гардонидан ва мавқеи хосса пайдо намудани ҷавонон дар ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда истодаанд. Кормандони Марказ андешаҳои худро вобаста ба мавзуи семинар иброз дошта, қабули фармону санадҳои қабулгардидаро дар самти дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонони кишвар ҷиҳати равнақи неруҳои ақлонии онҳо саривақтӣ медонанд. Бо истифода аз фурсати муносиб, ҳайати коллективи Маркази исломшиносӣ тамоми ҷавонони мамлакатро ба муносибати Рӯзи ҷавонон табрик гуфта, дар кору фаъолияташон муваффақиятҳо орзуманданд. Шуъбаи пажуҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ

Хабарҳо

Машғулияти сиёсӣ ва тарбиявӣ бо ҳайати афсарону прапоршикон ва сержантону сарбозони Маркази таълимии “Пойтахт”- и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

16 -уми майи соли равон дар асоси Нақша – чорабиниҳои Маркази таълимии “Пойтахт”- и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши хизматчиёни ҳарбии навдаъватшуда машғулияти сиёсӣ – тарбиявӣ бо ҳайати афсарону прапоршикон ва сержантону сарбозон баргузор гардид. Дар машғулияти сиёсӣ – тарбиявӣ сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоҳи Қодирӣ ва муовини сардори Маркази таълимии “Пойтахт”- и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковник Ғайратзода Амруллоҳ иштирок ва суҳбат намуданд. Дар ҷараёни машғулият Абдуллоҳи Қодирӣ дар мавзуи “ Паёмадҳои манфии худкушӣ аз назари дини мубини ислом” ва “ Ифротгароии рақамӣ дар асри иттилоот ва бархурди тамаддунҳо” суҳбат намуд. Дар фарҷом байни афсарону сарбозон табодули афкор сурат гирифт. Абдуллоҳи Қодирӣ сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ  

Хабарҳо

МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ

Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар якҷоягӣ бо Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 27 майи соли 2025 конференсияи ҷумҳуриявӣ бахшида ба 1155 солагии олим, мутафаккири бузурги тоҷик таҳти унвони «Абумансури Мотуридӣ” баргузор менамояд. Дар конференсия масоили зерин баррасӣ мешаванд: • Зарурат ва аҳамияти ҷашн гирифтани 1155 солагии мутафаккири (олими) бузурги тоҷик Абумансури Мотуридӣ; • Абумансури Мотуридӣ бунёдгузори мактаби каломи Мовароуннаҳр; • Нақши каломи Мотуридӣ дар ҳифзи арзишҳою манфиатҳои миллӣ; • Масоили дунявият дар таълимоти Мотуридӣ; • Мотуридӣ пайвандгари дустии халқҳои Мовароуннаҳр; • Нақши Мотуридӣ дар рушди фарҳангу тамаддуни исломӣ; • Ақлгароӣ дар таълимоти Мотуридӣ; • Мотуридия ва усулҳои илмии худошиносӣ; • Назари Мотуридия ба фалсафаи Юнону Рими Қадим; • Нақши Мотуридӣ дар рушди фарҳангу тамадуни исломӣ; • Таълимоти Мотуридӣ дар муқобили ҳама гуна зуҳуротҳои террористӣ, ифротӣ ва хурофотии динӣ; • Мотуридия ва илми ҳуқуқ • Мотуридия ва ахлоқи башарӣ Матнҳои ирсолшуда бояд таҳрир ва ба талаботҳои техникии зерин ҷавобгӯй бошанд: ҳуруфи шакли Times New Roman (русӣ), Times New Roman Тj (тоҷикӣ) бо андозаи-14; сатри якум – номи маърӯза БО ҲАРФҲОИ КАЛОН; сатри дуюм – насаби муаллиф ҳарфи аввали ном ва номи падар, дараҷаи илмӣ, унвони илмӣ, ҷои кор (таҳсил), дар қавс шаҳр, вилоят; сатри сеюм – матни асосӣ, ки дар таҳриргарӣ матнии MS Word ҳуруфчинӣ шудааст, фосилаи байнисатрӣ – 1,5, баробаркунии матн бо паҳноии саҳифа; ҳаҷми матни маърӯза бо формула, расм, ҷадвал, рӯйхати адабиёт, аннотатсия ва калидвожаҳо набояд аз 9 саҳифа зиёд бошад; рӯйхати адабиёт дар охири матн баъд аз калимаи «АДАБИЁТ» оварда шуда, бо тартиби алифбо омода карда мешавад; ишора ба адабиёти истифодашуда дар матн ҳатмӣ буда, ба таври [3, 25] омода карда мешавад, ки дар ин ҷо рақами аввал рақами тартибии сарчашма дар рӯйхати адабиёт ва рақами дуввум саҳифаи он мебошанд. Дархост барои иштирок ва матни маърӯза бояд то санаи 15 майи соли 2025 ба Кумитаи тадорукот супорида шавад. Забони конференсия: тоҷикӣ, русӣ арабӣ ва англисӣ. Суроғаи мо: 992372 ш. Душанбе, кўчаи Шодмонї, 58/1, почтаи электронӣ, E-mail: jalolozodas@mail.ru Шахси масъул барои гирд овардани мавод – Ҷалолов Суҳроб тел: 224 09 96, 902326662 ватсап ва телеграм; 935817886

Хабарҳо

ҚАДРДОНӢ

 5-уми майи 2025 аз ҷониби роҳбарияти баталиёни махсуси комендатии қисми ҳарбии 051054 Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои саҳми арзанда дар баланд бардоштани ҳисси миллӣ, садоқат ба халқу миллат, ватандӯстӣ ва савияи дониши афсарону сарбозони Гвардияи миллӣ Абдуллоҳи Қодирӣ-сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ифтихорнома қадрдонӣ шуд. Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Прокрутить вверх