Хабарҳо

Хабарҳо

4 сентябр дар Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони Марказ семинари илмӣ – омӯзишӣ ва ҳамоиши идона ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар семинари омӯзишӣ ва ҳамоиши идона директори Марказ доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ профессор, Холиқзода Абдураҳим Ғафор иштирок ва зимни суханронии ифтитоҳии худ таъкид намуд, ки Истиқлолият масъулият аст ва барои мардуми тоҷик муқаддастарин арзишҳо ҳастанд. Дар идомаи ҳамоиш кормандони Марказ доир ба моҳияти Истиқлол ва нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Истиқлоли миллӣ фикру мулоҳизаҳои хешро баён намуданд. Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Хабарҳо

ҚАДРДОНИИ ФАЪОЛИЯТИ НАМОЯНДАГОНИ ҶОМЕАИ ИЛМӢ БО МЕДАЛИ СОҲАВИИ КУМИТА “ШУҶОАТ ВА ҶАВОНМАРДӢ”, ИФТИХОРНОМА ВА СИПОСНОМАЮ ТУҲФАҲОИ ХОТИРАВӢ

Дар доираи конференсия ба маърӯзачиён аз ҷумлаи директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Холиқзода Абдураҳим Ғафор бахшида ба 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саҳми арзандаашон дар рушди илму маърифати кишвар қадрдонӣ шуданд. Бознашр аз: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Президент, Хабарҳо

Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ба кормандони сохторҳои қудратӣ ва низомии кишвар

3 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат ба ифтихори ҷашни муқаддас ва бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти судӣ ва сохторҳои қудратию низомии кишвар мукофотҳои давлатӣ, унвону рутбаҳои махсус супориданд. Зимни суханронӣ дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба нақши Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар роҳи расидан ба истиқлоли давлатӣ ва ҳифзи музаффариятҳои он андешаронӣ намуданд. Таъкид гардид, ки маҳз руҳияи баланди ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва садоқат ба Ватан миллати моро дар марҳалаҳои гуногуни таърих аз озмоишҳои сангин сарбаландона берун овардааст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми шоистаи ҳозиринро дар роҳи ҳифзи истиқлоли давлатӣ, таъмини амнияти миллӣ, суботу оромии ҷомеа ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон таъкид намуданд. Гуфта шуд, ки дар ҳар давру замон ҳимояи Ватан, ҳифзи марзу буми он ва таъмини зиндагии осоиштаи мардум барои ҳар як ҷавонмарди бонангу номус вазифаи муқаддас ва қарзи пуршараф ба ҳисоб меравад. Дар робита ба вазъи мураккабу пуртазоди ҷаҳони муосир, ки таҳдиду хатарҳои гуногун, аз ҷумла терроризму экстремизм, радикализми динӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқи маводди мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ вусъат гирифта истодаанд, аз афсарону сарбозон зиракии касбӣ ва хизмати содиқона талаб карда шуд. Аз ҷумла, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки ин вазъият аз ҳар як хизматчии ҳарбӣ на танҳо сатҳи баланди касбият ва омодабошии доимӣ, балки ҷаҳонбинии васеъ, зиракии сиёсӣ ва маҳорату малакаи истифодаи технологияҳои муосирро талаб менамояд. Зикр карда шуд, ки ҳифзи истиқлоли давлатӣ, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва амнияти ҷомеа вазифаи муқаддас ва қарзи ҷавонмардии ҳар як хизматчии ҳарбӣ ва корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад. Ба таъкиди Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматчиёни ҳарбӣ бояд дарк намоянд, ки иҷрои содиқонаи вазифаи хизматӣ на танҳо масъулияти касбӣ, балки қарзи виҷдонӣ ва нишонаи садоқат ба миллату давлат мебошад. Зарур шумурда шуд, ки баланд бардоштани сатҳи донишҳои касбӣ, аз худ намудани техникаву технологияҳои муосир, аз ҷумла истифодаи имкониятҳои техникаву технологияҳои навин, таҳкими ҳисси миллӣ, ватандӯстӣ ва садоқат ба давлату миллат бояд самти асосии фаъолияти ҳайати роҳбариву фармондеҳӣ ва ҳар як хизматчии ҳарбӣ бошад. Дар фароварди сухан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ минбаъд низ вазифаҳои хизматии худро бо масъулияти баланд, интизоми намунавӣ, сатҳи баланди касбият ва руҳияи устувор иҷро намуда, ба савганди ҳарбии худ содиқ мемонанд ва дар роҳи ҳифзи манфиатҳои миллӣ, амнияти давлат ва оромии ҷомеа саҳми арзишманд мегузоранд. Дар маросими тантанавии супоридани мукофотҳои давлатӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як гуруҳ низомиён мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳо тақдим карда шуд. Ҳамин тавр, ин навбат мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфарозгардонии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти судӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ барои хизмати намунавӣ ва саҳми арзанда дар ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, мубориза бо ҷинояткорӣ, нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ ва ҷасорату фидокорӣ” хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як гуруҳ фарзандони шуҷоъу далер бо унвонҳои фахрӣ ва рутбаҳои махсуси навбатӣ, олии ҳарбӣ, навбатии ҳарбӣ ва дараҷавӣ қадрдонӣ шуданд. Аз ҷумла, дар ин маросим сарбозону афсарон, хизматчиёни низомӣ ва як гуруҳ собиқадорон бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, ордени Спитамен дараҷаи I, ордени Спитамен дараҷаи II, ордени Шараф дараҷаи I, ордени Шараф дараҷаи II, медали Ҷасорат, медали Хизмати шоиста, медали Шафқат, медали Марзбони шуҷои Тоҷикистон, медали ҷашнии 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи додани рутбаҳои махсуси навбатӣ, тахассусии навбатӣ, олии ҳарбӣ, навбатии ҳарбӣ ва дараҷавӣ ба як гуруҳ хизматчиёни низомӣ” ва кормандони масъул аз Хадамоти гумрук, Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати маводи нашъаовари  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаҳои олии ҳарбӣ ва махсус, аз ҷумла рутбаи навбатии ҳарбии генерал-полковник, рутбаи махсуси навбатии генерал-полковники адлия, рутбаи олии генерал-полковник, рутбаи олии навбатии генерал-лейтенанти хизмати назорати маводи нашъаовар, рутбаи махсуси навбатии генерал-лейтенант, рутбаи дараҷавии мушовири адлияи дараҷаи 2, рутбаи олии ҳарбии генерал-майори адлия, рутбаи дараҷавии мушовири адлияи дараҷаи 3, рутбаи махсуси навбатии генерал-майори милитсия, рутбаи олии ҳарбии генерал майор, рутбаи навбатии ҳарбии генерал-майори адлия, рутбаи махсуси навбатии генерал-майори адлия, рутбаи олии ҳарбии генерал-майор ва рутбаи тахассусии навбатии мушовири давлатии мақомоти андози дараҷаи 3, дода шуд. Бояд гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ хизматҳои содиқонаи афсарону кормандони масъул, фаъолияти пурмаҳсул ва хизмати намунавии онҳо аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша қадр карда мешавад. Ба таъкиди Роҳбари давлат маҳз ҷасурию далерӣ, зиракию ҳушёрӣ ва дарки баланди масъулият боис гашт, ки ин ҷавонон имрӯз аз байни ҳазорон сарбози Ватан бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гарданд. Аз роҳбарони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот талаб карда шуд, ки бо сарбозон чун фарзандони худ муносибат намоянд. Аз онҳо кадрҳои аз ҳар ҷиҳат обутобёфтаро тарбия кунанд. Дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи ҳозиринро бо сарфароз шуданашон бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбию махсус шодбош гуфтанд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба хизмати содиқона бар нафъи давлату миллат, таъмини амнияту суботи сарзамин, риояи ҳатмии қонунияту тартибот, яъне волоияти қонун ва иҷрои бечунучарои талаботи ойинномаҳо ҳидоят намуданд. Дар фароварди маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон карданд, ки кормандону хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, дар оянда низ барои ободонии Ватани азизамон, пойдории сулҳу суботи ҷомеа, амнияти давлат ва осоишу оромии сокинони кишвар талош меварзанд.

Президент, Хабарҳо

Ба истифода додани маркази хизматрасонии Аҳмадҷон дар шаҳри Душанбе ва мулоқот бо 151 ятим ва тақдими туҳфаҳо ба онҳо

2 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт Маркази хизматрасонии Аҳмадҷонро мавриди истифода қарор доданд. Зимни муаррифӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иншооти мазкур бо саҳми соҳибкори ватанӣ Мустафо Атобуллоев дар масоҳати умумии 11 ҳазор метри мураббаъ бунёд ёфта, барои фароҳам овардани шароити мусоиди хизматрасонӣ, тиҷоратӣ ва фароғатӣ ба сокинону меҳмонони пойтахт пешбинӣ шудааст. Маркази хизматрасонии Аҳмадҷон аз маҷмӯи биноҳои се ва чорошёна иборат буда, дар он се ошхона, маркази савдо, тарабхона бо 150 ҷойи нишаст, маркази дилхушии кӯдакон, меҳмонхона бо 18 ҳуҷра, 12 ҳуҷраи корӣ ва маҷлисгоҳ ҷойгир шудаанд. Ҳамчунин, дар маҷмаа таваққуфгоҳи замонавӣ бо шароити зарурӣ, майдони саққобозӣ (билярд), толори машқҳои варзишӣ ва фароғатӣ мавҷуд буда, дар он барои истироҳату дилхушии сокинону меҳмонон имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар болои бино  панелҳои офтобӣ насб гардидаанд, ки қисме аз эҳтиёҷоти онро бо неруи барқ таъмин менамоянд. Баробари ба истифода додани марказ дар маҷмуъ 250 нафар бо кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд. Ба истифода додани чунин иншооти муосири хизматрасонӣ дар пойтахт ба рушди соҳибкории ватанӣ, фароҳамсозии ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва боз ҳам ободу зебо гардондани муҳити шаҳр мусоидат менамояд. Дар идомаи боздид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо 151 ятим мулоқот намуда, ба онҳо туҳфаҳои идона тақдим карданд. Таваҷҷуҳи пайваста ба қишрҳои ниёзманди ҷомеа, бахусус ятимону бепарасторон, яке аз самтҳои муҳимми сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, иқдоми мазкур идомаи тадбирҳои хайру савоб дар самти дастгирии кӯдакону наврасон ва фароҳам овардани шароити муносиб барои зиндагиву таҳсили онҳо мебошад. Ёдовар мешавем, ки ин иншооти зебои муосир дар соҳили чапи рӯди Душанбе дар доираи навсозии васеи кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови пойтахт бунёд ёфта, ба симои ин мавзеъ, ки ба макони истироҳату фароғат ва сайру гашти сокинону меҳмонони  Душанбешаҳри нозанин бояд табдил ёбад, ҳусни дилкаш зам намудааст. Ҳамчунин, ҷойи зикр аст, ки 13 марти соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои навсозии васеи кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови пойтахт санги асос гузошта буданд. Инак маркази наву муосири хизматрасонии Аҳмадҷон аз ҷумлаи нахустин иншоот мебошад, ки дар ин масир бо тарҳи зебову замонавӣ ба истифода дода шуд.

Президент, Хабарҳо

Ба истифода додани бинои нави муассисаи таълимии ғайридавлатии таҳсилоти миёнаи умумии Имкон дар шаҳри Душанбе

2 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави муассисаи таълимии ғайридавлатии таҳсилоти миёнаи умумии Имконро барои 800 хонанда дар кӯчаи Аҳрории шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор доданд. Иншооти нав бо мақсади фароҳам овардани шароити арзандаи таълиму тарбия аз ҷониби бародарони соҳибкор Валиҷон, Пиран ва Пайрав Ахмедовҳо бунёд шудааст. Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар тарҳрезӣ ва сохтмони бино ба сифати корҳо ва истифодаи масолеҳи ватании ҷавобгӯ ба меъёрҳои муосир  таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир шудааст. Сохтмони ин муассисаи муосири таълимӣ бо риояи талаботи меъёрҳои муосири шаҳрсозӣ анҷом дода шудааст. Дар раванди бунёди иншоот 80 сокини маҳаллӣ бо кори муваққатӣ таъмин гардиданд. Муассиса дорои 59 синфхонаи таълимӣ ва як қатор ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад. Дар синфхонаҳои муассиса барои омӯзиши фанҳои гуногун, аз ҷумла технологияҳои иттилоотӣ, касбу ҳунар, биология, физика, санъати тасвирӣ ва забонҳои хориҷӣ заминаи зарурии моддию техникӣ фароҳам оварда шудааст. Ҳар як кабинети фаннӣ бо назардошти хусусияти таълимӣ ва талаботи барномаи таълимӣ муҷаҳҳаз карда шудааст. Дар муассисаи таълимӣ ҳоло 34 омӯзгор, ки 90 фоизи онҳоро бонувон ташкил медиҳад, ба фаъолияти касбӣ машғул буда, раванди таълим асосан бо забонҳои  тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ  ба роҳ монда шудааст. Оянда дар ин ҷо таълими забони чинӣ ҳам ба роҳ монда мешавад. Ин равиш ба хонандагон имконият медиҳад, ки дар баробари гирифтани дониши муосир, малакаи муошират бо забонҳои хориҷиро низ такмил диҳанд. Муассиса, ҳамчунин дорои ошхона бо 290 ҷойи нишаст, толори варзишӣ, ду ҳавзи шиноварӣ барои писарону духтарон, толори маҷлис бо 180 ҷойи нишаст, боғи зимистона ва толори тирпарронӣ барои гузаронидани машғулиятҳои омодагии ибтидоии ҳарбӣ мебошад. Толори варзишӣ бо таҷҳизоти зарурӣ барои баргузории машғулиятҳои гуногуни варзишӣ пешбинӣ шуда, ба хонандагон имконият медиҳад, ки дар шароити муносиб ба тарбияи ҷисмонӣ машғул шаванд ва маҳорати варзишии худро такмил диҳанд. Ҳавзҳои шиноварӣ бо назардошти талаботи муосир бунёд гардида, барои писарону духтарон алоҳида пешбинӣ шудаанд ва муҳити муносиб барои омӯзиши шиноварӣ, обутоби ҷисмонӣ ва беҳсозии саломатии хонандагон фароҳам меоранд. Толори барҳавои маҷлис бо 180 ҷойи нишаст барои баргузории чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ, маҳфилҳои таълимӣ ва ҷамъомадҳои гуногун пешбинӣ шуда, толори тирпарронӣ низ бо таҷҳизоти зарурӣ барои гузаронидани машғулиятҳои ҳарбӣ имконияти хуб фароҳам месозад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки фароҳам овардани шароити муосири таълиму тарбия ва баланд бардоштани сифати таҳсилот аз самтҳои муҳимтарини сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Омӯзгорон ба истифодаи самараноки имкониятҳои омодашуда, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва тарбияи насли соҳибмаърифату ватандӯст ҳидоят карда шуданд.

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин

1 сентябр дар шаҳри Бишкек дар ҳошияи ҷаласаи Шурои Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ҳамчунин, мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин баргузор гардид. Дар вохӯрӣ вазъи кунунии ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия ва дурнамои он баррасӣ шуд. Таваҷҷуҳи зиёд ба масоили вобаста ба амну субот, тиҷорату иқтисод ва робитаҳои фарҳангию башарӣ зоҳир гардид. Пеш аз ҳама, аз суръати сохтмони Маркази рушди кӯдакони болаёқат ва бинои нави театри драмавии ба номи Маяковский дар шаҳри Душанбе изҳори қаноат карда шуд. Масоили вобаста ба рушди тиҷорат, соҳибкорӣ, сармоягузорӣ ва ҳамкори энергетикӣ низ дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошт. Таҳкими ҳамкорӣ барои таъмини амну суботи минтақавӣ, аз ҷумла дар мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз мавзӯъҳои муҳими суҳбат буд. Табодули андеша, ҳамчунин атрофи масоили алоҳидаи  вазъият дар минтақа ва ҷаҳон сурат гирифт.

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ

Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ, ки дар ҳошияи ҷаласаи Шурои Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Бишкек баргузор гардид, масоили густариши минбаъдаи ҳамкории амалӣ ва эътимодбахши ду кишвар баррасӣ шуд. Ҷонибҳо доир ба рушди муносибатҳои байнидавлатӣ дар бахшҳои сиёсат, тиҷорату иқтисод, илму маориф, фарҳанг ва амният табодули афкор намуданд. Идомаи фаъоли муколамаи сатҳи олӣ ва баланд, таъмини рушди муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои гуногун муҳим дониста шуд.

Президент, Хабарҳо

Иштирок ва суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳо дар қолаби СҲШ+

1 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳо дар қолаби СҲШ+ дар мавзӯи «СММ ҳамчун унсури калидии низоми одилонаи ҷаҳонӣ: саҳми давлатҳои СҲШ+ дар ташаккули ҷаҳони бисёрқутба» иштирок ва суханронӣ намуданд. Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози сухан бори дигар ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарм Садир Жапаров барои пазироии самимӣ ва танзими хуби кори ҳамоиш изҳори сипос намуда, қолаби СҲШ+ро “заминаи хуби рушди ҳамкории бисёрҷониба ва нишонаи эътибори афзояндаи Созмони ҳамкории Шанхай” номиданд. Дар идома гуфта шуд, ки “имрӯз ҷаҳон бо мухолифатҳои геополитикӣ ва низоъҳои минтақавӣ, таҳдидҳои афзояндаи терроризм, экстремизм ва радикализм, инчунин мушкилоти амнияти энергетикӣ ва озуқаворӣ рӯбарӯ аст”. Бо изҳори нигаронӣ аз авзои ҷаҳони имрӯза Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон , ҳамчунин, таъкид доштанд, ки “таъсири тағйирёбии иқлим рӯз аз рӯз бештар ба назар мерасад ва моро водор мекунад, ки нерӯҳои худро муттаҳид кунем ва стратегияи вокуниши муштарак таҳия намоем”. Зимни суханронӣ Сарвари давлати мо аз пешниҳоди нави Тоҷикистон дар бораи “Барномаи чаҳорчӯбаи Душанбе оид ба об” барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 ёдовар шуданд, ки дар баробари чаҳорчӯбҳои муҳиме чун “Раванди оби Душанбе” ва “Раванди Душанбе барои ҳифзи пиряхҳо” ҷавобгӯи ормонҳои аҳли башар дар ин масир хоҳад буд. Зикр гардид, ки “Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм” ҳам, ки аз ҷониби Тоҷикистон бо дастгирии СММ пешбарӣ шудааст, ҳамчун як чаҳорчӯби байналмилалии матлуб рушд мекунад. Изҳори итминон карда шуд, ки ноил шудан ба ҳадафҳо ва вазифаҳои дар қатъномаи ба наздикӣ бо пешниҳоди Тоҷикистон қабулшудаи СММ доир ба “Даҳсолаи таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда” саҳми назаррас дар таъмини сулҳ, субот ва рушди устувор дар ҷаҳон хоҳад буд. Сарвари давлати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки соли 2027 Тоҷикистон нақша дорад дар доираи ин даҳсола якҷоя бо СММ аввалин Конфронси байналмилалӣ баргузор намояд ва аз шарикони байналмилалӣ даъват карданд, ки дар ин чорабинӣ фаъолона иштирок варзанд. Ҳамчунин гуфта шуд, ки “Тоҷикистон ҳамчун ҳаммуаллифи қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба пешбурди муколамаи байнифарҳангӣ ва таҳаммулпазирӣ таъкид мекунад, ки муколамаи байни тамаддунҳо ва тақвияти сулҳ, дӯстӣ ва таҳаммулпазирӣ воситаҳои муҳими муқовимат ба тафриқа, экстремизм ва радикализм мебошанд”. Дар фароварди сухан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори бовар намуданд, ки СММ ва СҲШ бар асоси арзишҳо ва принсипҳои муштараки ҳамкории созанда метавонанд дар ташаккули тартиботи ҷаҳонии одилона, фарогир ва устувор нақши боз ҳам муҳимтар дошта бошанд. Гуфта шуд, ки “Тоҷикистон омода аст дар пешрафти ин раванди созанда якҷоя бо ҳамаи давлатҳо дар доираи “СҲШ+”, СММ ва дигар шарикони байналмилалӣ саҳмгузор бошад”.

Президент, Хабарҳо

Иштирок дар ҷаласаи Шурои Сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай таҳти унвони “25 соли СҲШ: таҳкими субот, густариши ҳамкорӣ барои рушди ояндаи муштарак”

1 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои Сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай таҳти унвони “25 соли Созмони ҳамкории Шанхай: таҳкими субот, густариши ҳамкорӣ барои рушди ояндаи муштарак”  иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар оғози сухан Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раёсати Ҷумҳурии Қирғизистон дар Созмони ҳамкории Шанхай баҳои баланд дода, ба Роҳбари он Садир Жапаров барои меҳмоннавозии анъанавӣ ва ташкили  сатҳи баланди ҳамоиш изҳори сипос намуданд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Тоҷикистон ҳамчун яке аз кишварҳои таъсисдиҳандаи “Панҷгонаи Шанхай” ва Созмони ҳамкории Шанхай иштирокдори фаъол дар таҳаввули онҳо, бунёдгузории созмон ва таҳкими обурӯи байналмилалии он буду ҳаст. Сарвари давлати мо аз шиддат гирифтани зиддиятҳои геополитикӣ ва низоъҳои минтақавӣ, афзоиши таҳдидҳои терроризм, экстремизм, радикализм ва дигар мушкилоти кунунӣ ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки  таъмини амният дар ин авзоъ корбурдҳои бештар муассирро тақозо менамояд. “Дар фурсатҳои наздиктарин фаъол гардондани кори Маркази зидди маводи нашъадор ва Маркази универсиалии мубориза бо хатару таҳдидҳои амниятӣ метавонад аз ҷумлаи табдирҳои муштараки муассир дар ин самт бошад”, – изҳор доштанд Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар зарурати бо роҳҳои сиёсию дипломатӣ ҳал намудани ҳамаи низоъҳои минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла дар Ховари Миёна ва атрофи Ҷумҳурии Исломии Эронро, таъкид намуданд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқамандии устувори Тоҷикистонро ба пешбурди минбаъдаи рӯзномаи ҷаҳонии сулҳу субот таъкид дошта, ба сарони давлатҳои шарик барои дастгирии ташаббуси кишвари мо дар эълон намудани “Даҳсолаи таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда” арзи сипос намуданд. Дар идомаи сухан Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ дар доираи созмонро аз авлавиятҳои дигар номида, зарур донистанд, ки ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, нақлиёту транзит ва кишоварзӣ такони бештар дода шавад. Гуфта шуд, ки густариши иқтисоди рақамӣ, навоварӣ ва технологияҳои баланд, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, ба рушди дарозмуддат мусоид мекунад. Бо назардошти танишҳо дар бозорҳои энергетикии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, даъват карда шуд, ки ҳамоҳангсозии амалҳо дар соҳаи энергетикаи анъанавӣ ва пешбурди лоиҳаҳои гузариш ба неруи “сабз” тақвият дода шавад. Пешниҳод гардид, ки таъсиси минтақаҳои рушди иқтисодӣ ва Платформаи минтақавии рақамии агроэкологӣ дар минтақаи СҲШ омӯхта шавад. Аз пешрафт дар таъсиси Бонки рушди СҲШ истиқбол карда шуд. Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзи пиряхҳо, истифодаи оқилонаи захираҳои об, пешгирии вайроншавии замин ва таъмини амнияти экологиро дар шароити имрӯза аз ҳадафҳои стратегии рушди устувор номиданд. Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори умед намуданд, ки ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар ин самтҳо минбаъд низ мавриди дастгирӣ қарор хоҳанд гирифт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар охир Ҷумҳурии Исломии Покистонро барои қабули раёсат дар Созмони ҳамкории Шанхай таҳният гуфта, ҷонибдории худро аз иқдоми эълони шаҳри Лоҳур чун пойтахти сайёҳӣ ва фарҳангии Созмони ҳамкории Шанхай дар солҳои 2026-2027 изҳор намуданд.

Президент, Хабарҳо

Қабули қатънома оид ба Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъӣ

31 августи соли 2026 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон қатънома қабул намуд, ки тибқи он аз соли 2027 ба баъд 31 август ҳамчун Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод таҷлил мегардад. Қабули қатъномаи мазкур идомаи сиёсати пайгиронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди зеҳни сунъӣ, технологияҳои навин ва истифодаи масъулонаи онҳо мебошад. Интихоби 31 август аҳаммияти таърихӣ дорад, зеро маҳз дар ҳамин рӯз, соли 1955, пешниҳоди лоиҳаи таҳқиқотии Донишгоҳи Дартмут оид ба зеҳни сунъӣ ба миён гузошта шуда буд. Эълон гардидани ин Рӯзи байналмилалӣ барои таҳкими ҳамкории ҷаҳонӣ, табодули таҷриба ва рушди бехатару масъулонаи зеҳни сунъӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Ин ташаббус саҳми муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули рӯзномаи байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ буда, мавқеи фаъоли кишварро дар истифодаи технологияҳои навин ба манфиати рушди устувор ва некӯаҳволии инсоният инъикос менамояд.

Прокрутить вверх