Хабарҳо

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев

21 апрел дар шаҳри Остона мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев баргузор гардид. Дар ҷараёни суҳбат сарварони ду давлат ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистонро дар заминаи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ мавриди муҳокима қарор доданд. Ҷонибҳо аз  ҷараёни баланди густариши шарикии ду кишвар дар ҳамаи самтҳо изҳори қаноатмандӣ намуданд. Аҳаммияти таҳкими минбаъдаи муколамаи сиёсии байнидавлатӣ, тавсеаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар соҳаҳои мавриди манфиатҳои тарафайн, бахусус дар бахшҳои саноат, нақлиёт, логистика ва аграрӣ таъкид гардид. Ба сатҳи хуби афзоиши ҳаҷми тиҷорати дуҷониба,  ки аз рӯйи натиҷаҳои соли 2025 1,2 миллиард долларро ташкил дод, ишора карда шуд. Соҳаҳои рақамикунонӣ, инноватсия, технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ ба сифати самтҳои ояндадори ҳамкорӣ муайян карда шуданд. Дар арсаи фарҳангиву башарӣ суҳбат атрофи тавсеаи таҷрибаи мубодилаҳои эҷодӣ, ҳамчунин, робитаҳо дар соҳаҳои илму маориф сурат гирифт. Дар самти амният сарони давлатҳо ба маъалаҳои таҳкими ҳамкориҳо  дар соҳаҳои низомӣ, низомиву техникӣ, инчунин, муқовимат ба хатару таҳдидҳои ҷаҳониву минтақавӣ диққати махсус доданд. Дар баробари ин, суҳбат фарогири масъалаҳои ҳамкории бисёрҷониба дар чорчӯби сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ буд. Дар ин замина мубодилаи афкор оид ба рӯзномаи Ҳамоиши экологии минтақавӣ ва ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал, ки пагоҳ дар пойтахти Қазоқистон баргузор мешаванд, сурат гирифт. 21.04.2026 Қазоқистон

Президент, Хабарҳо

Оғози сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон

21 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Ҳамоиши минтақавии экологӣ ва ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии ба номи Нурсултон Назарбоев Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ва дигар намояндагони воломақом гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Ба ифтихори меҳмони олиқадр майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ оро ёфта, қаровули фахрӣ саф ороста буд. 21.04.2026 Қазоқистон

Хабарҳо

Вохӯрии намояндаи Марказ бо ҳайати шахсии наваскарони қисми ҳарбии 6593 СРИҶҶ ВА Ҷумҳурии Тоҷикистон

6 – уми апрели соли равон мулоқоти Наҷотзода Мутеъулло – сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломӣ бо ҳайати шахсии наваскарони қисми ҳарбии 6593 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар мулоқот Наҷотзода Мутеъулло – сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломӣ, номзади филология иштирок намуда, ҷиҳати пешгирии қонуншиканӣ ва ҷиноят дар байни ҳайати шахсӣ дар мавзӯи “Хизмат ба Ватан шараф аст” ва “Манъи худкушӣ аз нигоҳи дини мубини ислом” маърӯза намуд. Дар фарҷом байни афсарону сарбозон вобаста ба мавзуоти баррасишуда табодули афкор сурат гирифт. Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Президент, Хабарҳо

Маросими қабули эътимодномаҳо аз сафирони нави давлатҳои хориҷӣ

15 апрел дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз як гуруҳ сафирони навтаини давлатҳои хориҷӣ эътимоднома қабул намуданд. Зимни маросим ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон   Ирфон Аҳмед, Подшоҳии Арабистони Саудӣ Холид ибни Абдулло Аш-Шамронӣ, Ҷумҳурии Арабии Миср Тамер Фатхӣ Абдуссалом Ҳаммад, Ҷумҳурии Италия Гвидо Де Санктис, Шоҳигарии Белгия Эрик Де Майер, Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри Ланка Фред Сеневиратне, Ҷумҳурии Зимбабве Грей Маронгве, Ҷумҳурии Малӣ Сейду Камиссоко ва Гвинеяи Экваторӣ Ндонг Айекаба Лусиано Нкого эътимодномаҳои худро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳояшон тақдим карданд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ сафирони навро ба муносибати оғози фаъолияти дипломатиашон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки имсол 9 сентябр мо 35-умин солгарди бузургтарин дастоварди таърихи навини худ – истиқлоли давлатиамонро ҷашн мегирем ва афзуданд, ки тайи ин давра Тоҷикистон сиёсати хориҷии мутавозину мусолиматомез ва созандаро роҳандозӣ намуда, дар асоси усули «дарҳои кушода» тавонист дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи шоиста касб намояд. Сарвари давлат аз робитаҳои фаъоли дипломатӣ бо 186 кишвари ҷаҳон дар соҳаҳои гуногун ёдовар шуда, изҳор доштанд, ки сафирон бо иқдомот ва тадбирҳои амалии худ метавонанд ба таҳкиму тавсеаи минбаъдаи ҳамкории миёни кишварҳои мо ҳамаҷониба мусоидат намоянд. Дар идомаи сухани худ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оид ба рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманди Тоҷикистон бо кишварҳое, ки сафиронашон дар маросим иштирок доштанд, андешаронӣ намуданд. Изҳори умед карда шуд, ки талошҳои пайвастаи сафирон дар ҷодаи рушду такомули робитаҳои гуногунҷанбаи байни Тоҷикистон ва кишварҳои онҳо самараву натиҷаҳои наву нек ба бор хоҳанд овард. Дар хотима Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сафирони нав комёбӣ хоста, ба роҳбарони давлатҳои онҳо салому паёми гарм ирсол намуданд.

Хабарҳо

МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ АЗ РӮЙИ НАМУДИ ТЕНИСИ РӮИМИЗӢ, ШОҲМОТ ВА ШАШКА БАЙНИ КОРМАНДОНИ МАРКАЗ ҶАМБАСТ ГАРДИД.

Бо мақсади рушди тафаккури мантиқӣ, баланд бардоштани сатҳи зеҳнии кормандон ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, аз санаи 02.03.2026 то 06.04.2026 дар асоси фармоиши директори Марказ доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода А.Ғ. дар Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни кормандон мусобиқаи варзишӣ аз рӯйи намудҳои тениси рӯимизӣ, шоҳмот ва шашка баргузор гардид. Дар мусобиқа кормандон фаъолона ширкат варзида, маҳорати баланди зеҳнӣ ва қобилияти баланд нишон доданд. Раванди мусобиқа дар фазои дӯстона ва рақобати солим сурат гирифта, иштирокчиён бо эҳтироми якдигар ва риояи қоидаҳои бозӣ ҳунари худро санҷиданд. Мусобиқаи варзишии мазкур, бахшида ба сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, соли 2026 – «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ», ҷашни байналмилалии Наврӯз, ҷиҳати оммавигардонии варзиш, нишон додани сатҳи баланди маҳорати зеҳнӣ, малакаи хуби варзишӣ, мустаҳкам намудани робитаи дӯстӣ миёни кормандони Марказ баргузор гардид. Баъди муайян шудани ғолибон ва иштирокчиёни фаъол аз ҷониби роҳбарият диплом, сипоснома ва мукофотпулӣ супорида шуд. Дар фарҷом таъкид гардид, ки чунин чорабиниҳо барои рушди зеҳнии кормандон, таҳкими дӯстӣ ва оммавигардонии варзиш нақши муҳим дошта, дар оянда низ мунтазам баргузор хоҳанд шуд. Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Президент, Хабарҳо

Барқияи табрикӣ ба Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам То Лам

11 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам муҳтарам То Лам барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст: «Ҷаноби Олӣ, Сарфарозам Шуморо ба муносибати интихоб шуданатон ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам сидқан табрик  намоям. Интихоби Шумо ба ин маснади олӣ дастгирии васеи ҷомеаро аз сиёсату ташаббусҳои стратегии Шумо, ки ба рушди ҳамаҷонибаи сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодии кишваратон нигаронида шудаанд, боз ҳам тасдиқ мекунад.   Бовар дорам, ки таҳти роҳбарии Шумо Вйетнами дӯст дар роҳи рушди устувор дар оянда низ ба дастовардҳои чашмрас ноил гардида, мақому манзалати худро дар арсаи байналмилалӣ таҳким хоҳад бахшид. Тоҷикистону Вйетнамро анъанаҳои деринаи дӯстӣ ва муносибатҳои ҳамкории судманд дар қолабҳои гуногун ба ҳам мепайванданд. Мо ҷонибдори таҳкиму тавсеаи шарикӣ ва  робитаҳои  байнидавлатии ду кишвар дар ҳамаи соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мебошем ва аз дурнамои он хушбин ҳастем. Омодагии инҷонибро ҷиҳати пешбурди ин раванд, аз ҷумла тавассути муколамаи созандаи байнидавлатӣ дар сатҳи олӣ изҳор менамоям. Ба Шумо сиҳатмандии комил ва дар фаъолияти давлатиатон  комёбиҳо, ба мардуми дӯсти Вйетнам сулҳу субот ва рифоҳу шукуфоии пойдор орзумандам».

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Таалатбек Масадиқов

10 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Таалатбек Масадиқовро, ки бо сафари корӣ ба Душанбе омадааст, ба ҳузур пазируфтанд. Сарвари давлат дар оғози суҳбат Таалатбек Масадиковро барои ба кор дар вазифаи Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ шурӯъ карданаш табрик гуфтанд. Ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар доираи СААД-ро баррасӣ карданд. Дар бораи вазъият дар минтақаи масъулияти Созмон ва атрофи он мубодилаи афкор сурат гирифт. Ҳамчунин, масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалии муосир баррасӣ шуд. Таваҷҷуҳи хос ба тақвияти ҳамкорӣ дар доираи Созмон барои таъмини вокуниши саривақтӣ ва самаранок ба таҳдиду хатарҳои амниятӣ зоҳир гардид. Дар ин замина, Пешвои миллат аҳамияти татбиқи ҳамаҷонибаи қарорҳои дар ин самт аз ҷониби Шӯрои Амнияти Дастҷамъии СААД қабулшударо таъкид намуданд.

Хабарҳо

Машғулияти сиёсӣ дар ҚС КДАМ

10-уми апрели соли равон, дар Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти сиёсӣ бо афсарону сарбозон ва ҳайати шахсӣ баргузор гардид. Дар машғулият сардори шуъбаи итилоот ва ташхиси диншиносии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоҳи Қодирӣ иштирок ва дар мавзуоти зерин: “Роҳу воситаҳои такмил ва таҳкими корҳои сиёсӣ – тарбиявии афсарону сарбозони Қӯшунҳои сархадӣ” ва “Тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ” маърӯза намуд. Дар фарҷом байни афсарону сарбозон табодули афкор сурат гирифт. Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Хабарҳо

Хониши идоравӣ оид ба Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия

Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 санаи 9-уми апрели соли 2026, бо иштироки намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирзода Ваҳоб, Сафарзода Шодӣ хониши идоравиро баргузор намуд. Ҷамъомади мазкурро директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода Абдураҳим Ғафор оғоз карда, кормандони Марказро бо рӯзномаи хониши идоравӣ шинос намуда, вобаста ба амалисозии Стратегияи мазкур дар Марказ ва корҳои анҷомдода оид ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ андешаронӣ намуда, суханро ба намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирзода Ваҳҳоб доданд. Мавсуф, дар бораи мазмуну мундариҷаи Стратегияи номбурда маълумоту муфассал дода, аз ҷумла қаӣд карданд, ки ҳадафи асосии он таъмини шаффофият, масъулиятнокӣ ва самаранокии фаъолияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ буда, чораҳои муассирро бобати пешгирӣ, ошкор ва коҳиш додани коррупсия роҳандозӣ менамояд. Коррупсия зуҳуроте номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад ва боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад. Аз ҷумла дар бораи бандҳои алоҳидаи ҳуҷҷати мазкур андешаронӣ карда, қаӣд карданд, ки ба ҳамаи мо зарур аст, ки ҷиҳати пешгирии амалҳои коррупсионӣ, риоя ва амалисозии санадҳои меъёрии ҳуқуқии вобаста ба масъалаи мазкур, тартиботи ҳуқуқӣ, рушди фарҳанги зиддикоррупсионӣ дар ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон дар якҷоягӣ чораҳои зарурӣ андешем. Ҳамчунин, оид ба баргузории чорабиниҳои тарғиботию ташвиқотӣ, мулоқоту вохӯриҳо, таҳия ва чопи мақолаҳо, баромаду суханронӣ дар барномаҳои воситаҳои ахбори омма, пардохти хизматрасониҳои давлатӣ тавассути низоми электронӣ, баргузор намудани таҳқиқоти сотсиологӣ вобаста ба масъалаҳои коррупсионӣ андешаронӣ намуд. Дар фарҷом саволу ҷавоб доир гардида, кормандон ба саволҳои худ посухҳои асоснок гирифтанд. Чорабинии мазкурро директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода Абдураҳим ҷамъбаст намуда, ҷиҳати татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2026 аз ҷониби Марказ тадбирҳои судманд андешида мешавад. Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Хабарҳо

Ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти семоҳа дар Маркази исломшиносӣ

Санаи 6-уми апрели соли равон дар Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти илмию таҳқиқотӣ ва таҳлилию таблиғотӣ дар семоҳаи аввали соли 2026 баргузор гардид. Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ директори Марказ доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода А.Ғ., муовинон ва ҳайати кормандони Марказ иштирок намуданд. Ҷаласаро директори Марказ Холиқзода А.Ғ., ифтитоҳ намуда, қайд карданд, ки Марказ тибқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16.03.2026, № 22/1028 “Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2026 ва вазифаҳо барои то охири соли 2026”, оид ба фаъолияти илмию таҳқиқотӣ ва таҳлилию таблиғотӣ дар семоҳаи аввали соли 2026 баргузор менамояд. Директори Марказ иброз намуд, ки мувофиқи талаботи муқарраргардида натиҷаи корҳои анҷомдодашуда, қаблан дар шуъбаҳо муҳокима шуданд. Бинобар ин, айни замон котиби илмии Марказ Маҳармбеков М.А., гузориш аз рафти фаъолияти семоҳаро пешниҳод менамояд. Сипас котиби илмии Марказ Маҳрамбеков М.А. оид ба фаъолияти илмию таҳқиқотӣ ва таҳлилию таблиғотӣ дар семоҳаи аввали соли 2026 ҳисобот дод. Дар ҳисобот қайд гардид, ки Марказ ҳамчун ниҳоди илмӣ-таҳқиқотӣ дар соли 2026 мавзуи “Масъалаҳои ташаккули тафаккури муосири миллӣ дар ҷомеа ва таъмини ҳамзистии арзишҳо: заминаҳои таърихӣ, ҳуқуқӣ, эътиқодӣ, сиёсӣ, ахлоқӣ ва фарҳангӣ”- ро, ки зермавзуи Марказ барои солҳои 2023-2026: “Таъсири омили динӣ дар шароити муосир ва бозтоби он дар раванди ташаккули давлатдории миллӣ-дунявӣ: дурнамои ҳамгироӣ, имкониятҳо ва таҳдидҳо” мебошад, мавриди таҳқиқ қарор додааст. Инчунин, Марказ нақшаи кори иҷрои барномаҳои илмӣ дар мавзуъҳои “Ҳаракатҳои тундгаро ва ифротгаро дар ислом: таҳавулот ва хатари онҳо ба давлатдории миллӣ” (барои солҳои 2026-2030) ва “Ҳуқуқ ба озодии эътиқод ва ҳифзи он аз зуҳуроти ифротгароӣ ва терроризм: модели исломи анъанавӣ дар шароити давлати дунявӣ” (барои давраи солҳои 2026-2030) -ро таҳия ва тасдиқ намудааст, ки айни замон мавриди таҳқиқот қарор доранд. Дар давраи ҳисоботӣ Марказ натиҷаи корҳои таҳқиқотиро дар шакли мақолаву монографияҳои зерин ба чоп расонид: 3-монографияҳо: 1. Заруриёти диния. –Душанбе: “Эр-граф”, 2026. -122 с. 2. Маҳмудзода М.А., Холиқзода А. Ғ., Искандаров З.Ҳ., Шарофзода Р.Ш., Мирализода И.Қ., Зиёзода Т.Н. Ҳуқуқи инсон. Китоби дарсӣ барои синфи 11-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ. – Душанбе: “Маориф”, 2025. – 208 с. 3. Холикзода А.Г. Арийская цивилизация и правовоя традиция таджикского народа. Монографическое иследование. – Душанбе: Балогат, 2026. – 88 с. Котиби илмии Марказ ҳамчунин, қайд намуд, ки ҳарчанд нақшаҳои корӣ иҷро шуда бошанд ҳам, вале тақвият бахшидани баъзе самтҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ зарур мебошад. Директори Марказ таъкид намуд, ки нақшаҳои корӣ бояд дар вақташ иҷро гардида, натиҷаи корҳо бояд дар шакли мақолаҳо ва монографияҳо ба чоп расонида шаванд. Дар хотима директори Марказ пешниҳод намуд, ки бо назардошти фикру пешниҳодҳо матни ниҳоии ҳисобот омода карда шавад. Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Прокрутить вверх