“МАН АВВАЛ ТОҶИКАМ БАЪД МУСУЛМОН” – ИН ШИОР БО ЭЪТИҚОД ДАР ТАЗОД НЕСТ, БАЛКИ ҲАМГИРОИИ МИЛЛИЯТУ ДИН АСТ.

Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик аз миллатҳои қадимтарини олам аст. Албатта, дар давраҳои тӯлонии таърихӣ дар доираи қавму миллатҳои ориёӣ, эронӣ шинохта мешуд, аммо то имрӯз аллакай тоҷик ҳамчун миллат ва соҳиби таъриху тамаддуну ҳуввияти миллӣ комилан шакл гирифтааст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ миллати тоҷик ва давлати мустақили тоҷик Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф кардааст. Аз ин рӯ, шинохти ҷанбаҳо ва хусусиятҳои миллат барои худшиносӣ ва худогоҳию мустаҳкам нигоҳ доштани унсурҳои давлатдорӣ сахт муҳим аст.
Дар ин замина, қайд кардан мумкин аст, ки шиори пурифтихоре, ки аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери унвони “Ман ифтихор мекунам, ки ман аввал тоҷикам баъд мусулмон” ироа гардид, ҷанбаи худшиносӣ ва таъриху фарҳангшиносӣ дорад.
Аслан, тавре қайд кардем “Тоҷик” миллат аст, аммо “Ислом” ё “Мусулмонӣ” дину эътиқод аст. Имрӯз маҳз тоҷик ҳамчун миллат шакл гирифтан ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақили тоҷикон шакл гирифтанаш сабаб гаштааст, ки ормонҳои эътиқодию динии шаҳрвандони кишвар озодона амалӣ карда шавад. Яъне, ҳамгироӣ миёни ин ду вуҷуд дорад, ки ҳамватанони мо бояд ин нуктаро дуруст дарк кунанд.
Дар ҷомеае, ки дорои таърихи куҳан, фарҳанги оламгир ва мардуми тамаддунсозу тамаддундор аст, шинохти шахсияти инсон аз ду унсури асосӣ таркиб меёбад: ҳувияти миллӣ ва ҳувияти динӣ. Дар замони ҷаҳонишавӣ ва вусъати идеологияҳои бегона, дуруст муайян кардани ҷойгоҳи ин ду арзиш ва муътадил нигаҳ доштани ин ду пояи шинохти инсон барои ҳифзи ҳастии миллат зарурати таърихӣ аст. Тавре Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд, “миллате, ки гузаштаи худро намешиносад, оянда надорад!”
Абдулло Раҳмонзода ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа масъалаи мазкурро мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дода, ишора мекунад, ки мо миллате ҳастем, ки ишораи пайғамбарӣ ба сӯи миллияти мост. Ин бисёр ифтихорбахш аст. Яъне ҳадиси саҳеҳи «Агар илм ва ё имон дар сурайё бошад, мардоне аз ин қавм (яъне форсҳо) ба он мерасанд» ин ҳақро ба мо медиҳад, ки аз тоҷик-форс будани хеш ифтихорманд бошем.
Имрӯз так-таки ҳамватанони мо бояд аз таърих, фарҳанг, давлатдории қадим, шаҳрсозию тамаддунофарии гузаштаи худ, ки ба 6000-7000 ҳазор сол ва ҳатто беш аз он бармегардад огоҳ бошанд. Шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо моро водор месозад, ки ба масъалаҳои миллӣ ва мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намоем. Ин таҷрибаро кишварҳои исломӣ ва мусулмоннишини дигари дунё кайҳо роҳандозӣ карда, миллату давлати худро аз гирдобҳои хатарнок ва аз вартаҳои нестшавӣ наҷот дода истодаанд. Намунаи гуфтаҳои боло кишварҳои Нимҷазираи Араб мебошанд, ки бо вуҷуди маҳд ва гаҳвораи дини Ислом будан, анъанаҳои миллии қабл аз исломӣ, унсурҳои фарҳангии худро эҳё намуда, рушд дода истодаанд. Онҳо пеш аз ҳама ба миллатсозию ҳуввиятсозӣ машғуланд. Чунки дарк кардаанд, ки агар миллату давлаташон аз байн равад, дигар наметавонанд ормонҳои имонию эътиқодии худро амалӣ кунанд.
Дар ин баробар қавму миллат ва забонҳои гуногуни дунёро сароҳатан китоби осмонӣ – Қуръони Карим таъйид мекунад, ки фармудаи Худованди Бузург аст. Аз ҷумла, дар сураи Ҳуҷрот, ояти 13 омадааст : “Эй мардум! Мо шуморо аз як мард ва як зан офаридаем. Ва шуморо қавмҳо ва қабилаҳо қарор додем, то якдигарро бишносед. Ҳамоно, бузургвортаринатон назди Худо парҳезгортаринатон аст.”. Инчунин , дар Сураи Рум, ояти 22 ишора шудааст : “Ва аз нишонаҳои қудрати Ӯ офариниши осмонҳо ва замин ва гуногунии забонҳо ва рангорангии шумо мебошад. Бешубҳа, барои донишварон (фарзонагон) нишонаҳое ҳаст.”
Яъне, имрӯз ки забонро мо рукни асосии фарҳанг ва фарҳангро ҳастии миллат унвон мекунем Парвардигори Бузург дар ояти мазкур онро таъкид кардааст. Бо назардошти ин ишораҳои сареҳ ва таъкидҳо ҳифзи миллат, давлат ва асолати миллӣ ниҳоят зарур ва амри воҷиб арзёбӣ мешавад.
Касоне, ки маросиму анъанаҳои миллиро ҳамчун чорабиниҳои ғайриисломӣ унвон мекунанд ё мутаассибоне, ки ҳаром ҳукм мекунанд, худашон аз асли дини Ислом ва мазҳаби таҳаммулпазирии Имоми Аъзам огоҳ нестанд. Чунки мувофиқи мазҳаби Имоми Аъзам урф мавриди эътибор аст ва лозим ба ишора аст, ки анъанаҳои миллии мо хилофи анъанаҳои дини Ислом намебошад.
Қобили зикр аст, ки тоҷикон ҳанӯз то омадани дини Ислом ба Осиёи Миёна таъриху фарҳанги бой доштанд ва фарҳанги исломӣ, ки баъди асрҳои миёна ба сарзамини мо омад, ҷузъи фарҳанги ниёгони мо шуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд: “Бешубҳа, шинохти ҷойгоҳи дурусти дин дар фарҳанг ва мафкураи миллӣ метавонад ба истиқлоли сиёсӣ ва таҳкими асосҳои давлати миллӣ мусоидат карда, яке аз омилҳои муҳими таҳкими ваҳдати миллӣ, тақвияти суботу оромӣ ва амнияту устувории ҷомеа гардад.”
Ҳамин тариқ, гуфтан мумкин аст, ки ифтихор намудан аз тоҷик будан, ҳеҷгоҳ ихтилоф доштан ба арзишҳои динӣ ва эътиқодӣ набуда, балки ифтихор аз соҳибмиллатӣ ва соҳибдавлатие мебошад, ки бо вуҷуди онҳо мо ба ормонҳои имонию эътиқодии худ даст меёбем.
Абдусаломов Мирзошариф.

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх