Абунасри Форобӣ яке аз бузургтарин файласуфон ва мутафаккирони ҷаҳони ислом дар асрҳои миёна ба шумор меравад, ки дар фалсафа, мантиқ, сиёсат ва мусиқӣ нақши ҳалкунанда доштааст. Ӯро дар анъанаи илмӣ Муаллими дуюм (пас аз Арасту) меноманд, ки ин нишонаи ҷойгоҳи баландаш дар таърих аст.
Абунасри Форобӣ тахминан соли 870- 872 мелодӣ дар шаҳри Фороб (Ӯтрор, дар сарзамини Мовароуннаҳр) ба дунё омадааст.[1] Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки маълумоти асосӣ аз зиндагии ӯ чандон пурра нест ва манбаъҳои зиёди ёддоштӣ баъди асрҳо аз ҷониби муаллифони араб навишта шудаанд. Вай таҳсилоти ибтидоиро дар мактаби маҳаллӣ ва зери роҳбарии донишмандони замон оѓоз кардааст, сипас барои идомаи таҳсил ва рушди илми фалсафа ва мантиқ ба Бағдод – маркази илмии он давр сафар кардааст. Дар он ҷо ӯ аз донишмандони барҷастаи замона баҳра гирифта, бо илмҳои гуногун, аз ҷумла мантиқ, метафизика, сиёсати иҷтимоӣ ва мусиқӣ шинос шудааст. Ӯ бештари умри худро дар Баѓдод ва баъдтар дар Димишқ ва Ҳалаб сипарӣ намудааст. Ӯ бештари вақти худро ба таҳқиқоти илмӣ ва таълифи асарҳо бахшидааст. Дар соли 950 – 951 мелодӣ дар Димишқ даргузашт.[2]
Абунасри Форобӣ ҳамчун шарҳдиҳандаи барҷастаи таълимоти Арасту маъруф аст ва дар таҳкими мантиқ ва систематикаи он нақши асосӣ доштааст. Вай кӯшиш намудааст, ки фалсафа ва мантиқро бо таълимоти исломӣ ҳамоҳанг созад ва ба вуҷуд овардани як низоми илмии муттаҳидро пешниҳод кунад. Мафҳумҳои ӯ дар мантиқ ба тавзеҳ ва тартиби қоидаҳои ақлӣ ва баҳси арастушиносон гузоштанд, ки сипас ба таҳқиқоти баъдӣ таъсири калон расонданд. Ба андешаи муҳаққиқон, Форобӣ мантиқро муқаддимаи ҳамаи илмҳо медонист ва онро тарзи тафаккури саҳеҳ мешуморид.[3]
Муҳимтарин асари сиёсӣ – фалсафии Форобӣ «Мадинаи фозила » мебошад, ки дар ин асар андешаҳои худро дар бораи ҷомеаи идеалӣ, роҳбарӣ, адолат ва сиёсат баён намудааст. Ба ақидаи Форобӣ роҳбари ҷомеаи фозила бояд дорои сифатҳои ахлоқӣ ва ақлонии барҷаста бошад ва мардумро ба сӯи саодати ҳақиқӣ ҳидоят намояд.[4]
Ин назария бо андешаҳои Афлотун дар бораи шаҳри фозила қобили муқоиса буда, нишондиҳандаи таъсири анъанаи юнонӣ бар тафаккури Форобӣ аст.
Абунасри Форобӣ дар асари худ «Эҳсоъ–ул-улум» — «Шумориши илмҳо» ба классификатсияи илмҳо пардохта, онҳоро ба мантиқ, риёзиёт, табииёт илоҳиёт ва илмҳои маданӣ ҷудо менамояд. Ин яке аз аввалин кушишҳои муназзам барои таснифи дониш дар тамаддуни исломӣ ба шумор меравад.
Абунасри Форобӣ ба файласуфони баъдӣ, ба вижа Ибни Сино ва Ибни Рушд, таъсири амиқ гузоштааст. Андешаҳои ӯ миёни фалсафаи Юнон ва фалсафи исломӣ пуле барқарор намуда, заминаи шукуфоии тафаккури ақлониро дар асрҳои миёна фароҳам овардааст.
Ба гуфтаи муҳаққиқон, низоми фалсафии Форобӣ яке аз нахустин кӯшишҳои ҳамгироии ақл ва ваҳй дар доираи як системаи мантиқӣ ва метафизикӣ буд.[5]
Абунасри Форобӣ мутафаккири фарогир ва бисёрҷанба буд, ки дар соҳаҳои фалсафа, мантиқ, сиёсат ва мусиқӣ осори гаронбаҳое ба мерос гузоштааст. Кӯшиши ӯ барои пайванди фалсафаи юнонӣ бо андешаи исломӣ, таҳкими мантиқ ҳамчун тарзи тафаккур ва пешниҳоди намунаи ҷомеаи фозила, ҷойгоҳи ӯро дар таърихи андешаи инсонӣ ҷовидона гардонидааст. Осори Форобӣ то имрӯз мавриди таваҷҷуҳи муҳаққиқон қарор дошта, ҳамчун бахши муҳими мероси фалсафии ҷаҳони ислом арзёбӣ мегардад.
Адабиёт
- Majid Fakhry, Al‑Farabi, Founder of Islamic Neoplatonism: His Life, Works and Influence (Oxford: Oneworld Publications, 2002).
- Osman Bakar AL‑FARABI, Life, Works and Significance, Islamic Book Trust (Kuala Lumpur) с 2018, с 126.
- Наср, Саййид Ҳусайн. Таърихи фалсафаи исломӣ. Теҳрон: 2006, саҳ 162.
- Фахрӣ, М. Таърихи фалсафаи исломӣ. Қоҳира: 2001.