Охири қарни ХХ таваҷҷуҳи миллатҳо ба фарҳанги маънавӣ зиёд гардид. Одамон кӯшиш мекунанд, ки таърихи халқи худро амиқтар омӯзанд, ба моҳияти арзишҳо ва манфиатҳои миллӣ ворид шаванд.
Фарҳанг маҷмуи натиҷаҳои фаъолияти инсон, воситаи интиқоли иттилоот ба наслҳои баъдӣ мебошад. Омузиши ҷомеа тавассути фарҳангу анъанаи он бениҳоят муҳим аст, зеро барои фаҳмидани падидаи иҷтимоӣ хусусиятҳои иқтисодӣ ва сиёсии он калидӣ буда наметавонанд.
Муайян кардани маҷмуи падидаҳои фарҳангии ба ҳам алоқаманд дар ҷомеа имкон медиҳад, ки шаклҳои гуногуни фаъолияти инсонӣ ба низом дароварда шаванд.
Аз худ кардани фарҳанг, аз ҷумла фарҳанги этникӣ (нажодӣ) барои таҳлилу шарҳ додани бисёр равандҳои ҳаёти динӣ ва иҷтимоӣ кӯмак хоҳад кард.
Интиқоли фарҳанги этникӣ ва асосноккунии назариявӣ ва методии онро педагогикаи этникӣ иҷро мекунад. Ҳар як халқ дорои фикрҳои арзишманди педагогӣ, бозёфтҳо, усулҳо ва воситаҳои тарбияи насли наврас мебошад, ки ба арзишҳои умумиинсонӣ нигаронида шудаанд. Ин маънои онро дорад, ки таҳлил ва ҷамъбасти ҳама чизҳои арзишманде, ки аз ҷониби халқ офарида шудаанд, метавонанд ба хазинаи мактаби муосир бисёр чизҳои муфидро ворид кунанд.
Педагогикаи этникӣ дар амал тамоми паҳлӯ ва унсурҳои таркибии фарҳанги маънавӣ ва моддии этноси муайянро дарбар мегирад. Аз ҷумла, расму ойин, урфу одат, анъана, эътиқод, бозӣ, тарзи меҳнат, тарзи зиндагӣ, эҷодиёти даҳонакӣ ва дигарҳоро.
Истилоҳи «Этнопедагогика» бори аввал дар собиқ Иттиҳоди Шуравӣ соли 1972 аз ҷониби академик Г.Н. Волков (1927-2010) истифода шудааст. Барномаҳои педагогикаи этникӣ дар замони шуравӣ дар шаҳрҳои Чебоксар, Москва, дар донишгоҳҳои олии педагогии Қафқози Шимолӣ (Махачқала, Грозний, Майкон) таҳия карда шуданд [1].
Академик Г. Н.Волков дар китоби худ «Этнопедагогика» на танҳо ин мафҳуми илмиро муайян мекунад, балки тавсифи назариявии педагогикаи этникиро ҳамчун соҳаи мустақили илми педагогӣ баён мекунад. Ҳамин тавр, педагогикаи этникӣ ҳамчун соҳаи тадқиқоти назариявӣ муайян карда мешавад ва педагогикаи халқӣ ба таҷрибаи тарбияи халқ, ғояҳо ва воситаҳои он дахл дорад. Г. Н. Волков педагогикаи этникиро ҳамчун илм дар бораи таҷрибаи эмпирикии гурӯҳҳои этникӣ дар тарбия ва таълими кӯдакон, дар бораи ақидаҳои ахлоқӣ ва эстетикӣ ба арзишҳои аслии оила, авлод, қабила, миллату халқҳо муайян мекунад.
Дар хориҷа анъанаҳои тарбиявии халқиро ҳанӯз дар ибтидои асри XVII педагоги чехӣ А. Я. Коменский (1592-1670) дар асари худ «Дидактикаи бузург» пешниҳод карда буд. Ҳангоми омузиши педагогикаи халқӣ танҳо таҷрибаи таърихии миллӣ ҳамчун асос қабул карда шуд.
Таваҷҷуҳи педагогикаи халқӣ тасодуфӣ нест, зеро он қисми фарҳанги маънавии халқ мебошад, ки асосҳои ахлоқро ташаккул медиҳад. Равияҳои педагогикаи халқӣ дар тамоми қитъаҳо ва ҳамаи нажодҳо ва халқҳо умумияти зиёд доранд, зеро онҳо аз самтҳои арзишҳои умумиинсонӣ сарчашма мегиранд. Ин барои ҳар яки мо дар асри низоъҳои байналмилалӣ, пастшавии ахлоқ ва аз нав дида баромадани арзишҳои маънавӣ хеле муҳим аст.
Мавзуи педагогикаи этникӣ фарогири масъалаҳои зерин мебошад: педагогикаи рӯзгори оилавӣ, масалҳои халқҳои ҷаҳон ва аҳамияти онҳо ва интиқоли таҷрибаи ахлоқӣ ба наслҳои наврас, муаммоҳо ҳамчун воситаи тарбияи ақлӣ, сурудҳои халқӣ ва нақши онҳо дар тарбияи эстетикии кӯдакон ва ҷавонон, бозичаҳои худсохт ва эҷодиёти кӯдакон, муҳити кӯдакон ва ҷавонон, вазифаҳои педагогии он, сурудҳои гаҳворавии халқҳои ҷаҳон ҳамчун дастовардҳои барҷастаи шеъри модарӣ, мактаби модарӣ ва педагогикаи модарӣ, фарҳанги халқҳои гуногун ва ҳувияти миллии онҳо ва ғайра [2].
Педагогикаи этникӣ мавзуи байнисоҳавӣ мебошад. Азбаски сухан дар бораи таъсири некбинонаи тарбиявӣ нисбати кӯдак меравад, он бешубҳа бо педагогика робита дорад.
Ба андешаи доктори илмҳои педагогӣ О.Хухлаева (1952-2019) педагогикаи этникӣ бояд дар атрофи се илм баррасӣ карда шавад: педагогика, психология ва этнография, зеро ин се илм барои рушди инсон ва ворид шудани он ба ҷараёни зиндагии воқеӣ равона гардидааст [3].
Моҳияти педагогикаи этникӣ буд, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон низ оид ба фарҳанги этникӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд.
Ҳамин аст, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 феврали соли 1998, №50 Консепсияи маълумоти этнофарҳангӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаи татбиқи он қабул гардид.
Дар асоси талаботи Барномаи иҷрои консепсияи омузиши этнофарҳангӣ Вазорати маориф ва илм уҳдадор гардид, ки барои муаллимони донишгоҳҳову омузишгоҳҳои омузгорӣ дар заминаи Донишгоҳи давлатии омузгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ китоби дарсии «Этнопедагогика» ба чоп расонад [4].
Бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2008, №2/23 ба сифати китоби дарсӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳҳо ва коллеҷҳои омузгорӣ китоби олимони шинохтаи соҳаи педагогика, профессорон Баён Раҳимов ва Абдулбоқӣ Нуров зери унвони «Педагогикаи этникӣ ва халқии мардуми тоҷик» рӯйи чоп омад.
Консепсия, инчунин омухтани афкори педагогии халқи тоҷикро ҳам (яъне афкори педагогии мутафаккирони халқи тоҷикро) дар назар дорад. Чунки ояндаи ҷомеа аз бисёр ҷиҳат ба сатҳи таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон вобаста аст. Бинобар ин, низоми таълиму тарбия дар мамлакат бояд ба илм, фарҳанг ва таърихи ниёгонамон сахт вобаста бошад ва асоси онро бояд худшиносии миллӣ ташкил диҳад.
Асоси педагогикаи этникӣ ва халқиро таҷриба ва анъанаҳои этноси халқҳо, урфу одат, расму таомул, ойин ва маросимҳои онҳо ва эҷодиёти даҳонакии халқ ташкил мекунад [5].
Моҳияти илмӣ ва амалии педагогикаи этникӣ аз он иборат аст, ки онҳо эҳёгари арзишҳои миллии ниёгон доир ба таълиму тарбия ба шумор рафта, ба тарбия руҳи миллӣ мебахшанд.
Ба қавли академик М.Лутфуллоев худшиносию ифтихори миллӣ модарзод нест, онро тарбия бояд кард ва ҳар қадар аз синну соли хурдӣ сурат бигирад, ҳамон қадар муассир аст [6].
Волидайн хуб медонанд, ки тарбияи фарзанд кори ниҳоят душвор буда, диққати хеле зиёд, донишу таҷрибаи амиқ ва маҳорати муайянро талаб менамояд. Бинобар ин, онҳоро зарур аст, ки дар тарбияи кӯдакону наврасон аз расму ойин ва таомулҳои ба тарбияи бачагон вобаста самараноку мақсаднок истифода баранд, зеро ин раванд ба манфиати кор хоҳад буд.
(Идома дорад)
О.Вализода, Ш.Одинаева, кормандони Маркази исломшиносӣ
Адабиёт:
1. Кукушин В.С. Этнопедагогика, Москва, 2013, с.112
2. Волков Г.Н. Этнопедагогика. Москва, 1999, с.5
3. Хухлаева О.В. Этнопедагогика: социализация детей и подростков в традиционной культуре. Москва, 2008, с.6
4. Сомонаи интернетии Маркази қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (www.mmk.tj)
5. Раҳимов Б., Нуров А. Педагогикаи этникӣ ва халқии мардуми тоҷик, Душанбе, 2008, с.14
6. Лутфуллоев М. Тоҷикистони соҳибистиқлол ва масъалаҳои тарбия. Душанбе, 2001, с.38