АДОЛАТИ ИҶТИМОӢ-ИҚТИСОДИИ  САДАҚАИ ФИТР

 

Дар ҳамаи давру замон, вақте  мавзуе мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор мегирад пеш аз ҳама зарурат ва мубрамияти онро дар ҳаёти ҳамонвақта бояд дар назар гирифт, нақш ва таъсири онро дар пешрафти ҷомеа ва дастовардҳои онро равшан сохт. Низоми молӣ ва иқтисодии ҳар як сохти ҷаъмиятӣ аз якдигар фарқ дошта, дар асоси он сохти ҷаъмиятӣ ба танзим дароварда мешавад. Масалан, низомии қтисодии сотсиалистӣ аз низоми иқтисоди ҷаҳони сармоядорӣ (капиталистӣ) фарқ дорад. Пас низоми молӣ ва иқтисодии ҳар сохти ҷаъмиятӣ аз дидгоҳи ҳамон сохтор нисбат ба молу сарват, муайян намудани арзишу ҷойгоҳи пулу сарват дар ҳаёти фардӣ ва иҷтимоӣ, усули танзим ва нигоҳ доштани гардиши мол дар иқтисодиёти кишвар иборат мебошад.

Ислом бо назардошти тамоми паҳлуҳои зиндагии инсон низоми пардохтҳои молиеро ба роҳ андохтааст, ки ҷомеаро аз паёмадҳои ногувори иҷтимоӣ ва буҳрони иқтисодӣ нигоҳ медорад.

Дар баробари он, бо асос гузоштани низоми пардохти молии худ барномаҳои дигареро низ тарҳрезӣ кардааст, ки ҳуқуқи қишрҳои камбизоати ҷомеаро таъмин менамояд, ки он аз байнбарандаи фақру тангдастӣ  ва ноумедӣ аз ояндаи онҳо мебошад. Ва яке аз он барномаҳо дар моҳи Рамазон анҷом додани садақаи фитр аз ҷониби шахсони сарватманд барои муҳтоҷон ва мустамандон мебошад. Воқеан, ин барномаи тарҳрезишуда, дар тинати худ ҳикматҳоеро доро мебошад, ки баъзеи онҳоро руйи коғаз меорем:

1.Тарбияи руҳии инсон ҷиҳати накукорӣ, саховатмандӣ ва дурӣ ҷустан аз ҳирс ва ангезаҳои бухл, як тарафагӣ, дар худ печидагӣ.

2.Муҳимтарин ҳикмати он, шакли иҷтимоипазирӣ ва дар ҷамъият амалӣ гаштани дастгирии молӣ аст, ки ин эҳсоси масъулият дар мавриди мустамандон, бенавоён  мебошад.

3.Эҷоди ҳад ва ҳудуд барои сарватҳое, ки дар ихтиёри сарватмандҳо ва бозаргонон ва санъатгарон, то  амвол ва сармоя танҳо дар ихтиёри гуруҳи хосе набошад ва дар миёни сарватмандон даст ба даст нагардад.

Ин амали хайр шахсиятҳои такомулёфтаи иҷтимоиро ба бор меоварад, ки фидокорию эҳсонро барои пешрафти ҷомеа ҷомаи амал мепушонанд. Заҳмати ин рўзаро бошад натоиҷ беадад.

 

Меҳнати ин рўзаро бошад фавоид бешумор,

Бохабар гардад ғанӣ аз меҳнату ранҷи фақир,

Мутталеъ гардад саҳеҳ аз ҳолати шахси низор,

Фитру ифтору иноятро ба по дорад ғанӣ,

Раҳму инсофу мурувватро кунад ин маҳ шиор.

Хуррами Шерозӣ

Аз ин ҷост, ки ислом  дар баробари ҷонибдорӣ ва эҳтиром  гузоштан ба моликияти хусусӣ боз асосҳои амалеро бино гузоштааст, ки муҳити солимии ҷомеаро ҳамаҷониба ҳифз менамояд. Аммо дар ҳолатҳои буҳрони иқтисодии ҷомеа, ки ногузир ба фурў рехтани пояи шахсияти қишри бенавои он меанҷомад, ҳар гуна мактабҳои гумроҳкунандаи фикри ва ҷараёнҳои бегонаи фарҳангӣ андешаҳои қишри азими ҷомеаро мавриди тохту тозҳои фарҳангии худ қарор медиҳанд. Онҳо бо ба шубҳа афкандани афкори мардум нисбат ба тамадуни дурахшони динӣ ва фарҳанги азими миллии худ заминаҳои бегонагии фарҳангӣ ва шикасти маънавиро дар зеҳни онҳо омода месозанд ва бо ҳамин асос ваҳдати миллиро халалдор месозад ва аз ҳолати фақру тангдастӣ ва маъюсии қишри бенавои ҷомеа суиистифода намуда, заминаи ҳаргуна гароиши фикрӣ ва эътиқодии нодурустро фароҳам месозанд.

Садақаи фитр: ҳукм, навъ, миқдор, ҷойи сарф ва далелҳои садақаи фитр тибқи мазҳаби ҳанафӣ.

Дар мазҳаби ҳанафӣ садақаи фитр бар шахсе воҷиб мешавад, ки мусулмон бошад, озод бошад ва соҳиби нисоб бошад, яъне дорои моле бошад, ки аз эҳтиёҷи асосӣ (хона, либос, асбобҳои зиндагӣ) зиёдатӣ бошад. Ин нисоб як шабу рӯзи иди Фитр вуҷуд дошта бошад.[1] Инчунин дар китоби Рад-ул- Муҳтор омадааст: Садақаи фитр бар ҳар мусулмони озоде воҷиб аст, ки нисобе зиёда аз эҳтиёҷи асосии худ дошта бошад.[2]

Шахсе, ки садақаи фитр бар ў воҷиб аст,  ҳаққи киҳоро бояд бипардозад? Дар мазҳаби ҳанафӣ сарвари хона (падар ё мард) садақаи фитрро аз ҷониби шахсҳои зерин бояд бипардозад: аз ҷониби худаш, аз ҷониби  фарзандони ноболиғ, аз ҷониби фарзандони девона ё нотавон, агар онҳо мол надошта бошанд, аз моли худаш мепардозад. [3]

Миқдори садақаи фитр (дар мазҳаби  ҳанафӣ) Миқдори садақаи фитр дар мазҳаби ҳанафӣ  дар асоси соъ (صاع) муайян шудааст.[4] Яъне нисфи соъ аз гандум ё як соъ аз хурмо ё ҷав дода мешавад. Ҳуқуқшиносони мактаби ҳанафӣ як соъро тақрибан 3.5 кг ҳисоб кардаанд.[5] Яъне гандум 1, 75 кг, ҷав 3, 5 кг, хурмо 3,5 кг, мавиз 3,5 кг. Дар мазҳаби ҳанафӣ додани қимат (пул) ҳам ҷоиз аст.[6]

Чӣ тавр бо сомонӣ ҳисоб карда мешавад? Масалан, садақаи фитр аз ҳисоби гандум 1.75 кг  мебошад ва  нархи 1 кг гандум 4 сомонӣ аст. Дар ин сурат тақрибан 1,75 = 7 сомонӣ мебошад ва шахсе, ки садақаи фитр бар ў воҷиб аст 7 сомон барои як шахс мепардозад,  ин вобаста ба нархи бозор тағйир ёбанда аст.

Садақаи фитрро ба кадом шахс додан лозим аст, ё кадом гурўҳҳо садақаи фитрро гирифта метавонанд? Садақаи фитрро ба шахсоне дода мешавад, ки закоти молро барои онҳо додан ҷоиз аст, яъне  фақирон, мискинҳо, қарздорон, ҷамъкунандагони закот, муаллафатул-қулуб, озод кардани ғулом, дар роҳи Аллоҳ, мусофири дармонда.[7]

Далелҳои садақаи фитр тибқи мазҳаби ҳанафӣ: «Албатта покон наҷот ёфтанд, Онон, ки номи Парвардигори худро бар забон оварданд ва намоз гузориданд». Покон ба садақаи фитр ишора мекунад.[8]
Пайёмбари ислом Муҳаммад (с) садақаи фитрро як соъ хурмо ё як соъ ҷав амр фармуданд.[9]

Чи тавре мушоҳида менамоем ин навъи системаи пардохти молӣ бо суръати ҳакимона ва миёнаравонае падидаи бенавоиро аз байн бурда, то андозае садди роҳи мактабҳои фикрӣ ва ҷараёнҳои бегона гашта, ҷомеаи солимеро роҳандозӣ мекунад.

Эҷоди ваҳдату якпорчагӣ дар миёни мардум яке аз муҳимтарин амал ва  масъулиятҳои  иҷтимоӣ ба шумор меравад. Вақте шахси сарватманд ҳиссае аз молашро ҷудо намуда, дар ихтиёри қишри ниёзманд ва мустаҳиқи ҷомеа мегузорад ва онҳоро аз он фақру тангдастӣ, маҳрумияту маъюсӣ мераҳонад, ҳамаи онҳо нисбат бо сарватмандони ҷомеаи худ хушбин мегарданд. Бо ҳамин заминаи ҳамкориву дастгирӣ дар миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа ба вуҷуд меояд.

Адабиёт

1.Қуръони Карим сураи Аъло, ояти 14-15.

  1. Саҳеҳ- ул- Бухорӣ, ҳадиси №1503 Саҳеҳ-ул-Муслим, ҳадиси №984
  2. Алоуддин ал-Косонӣ (587ҳ), Бадоеъ-ус- Саноеъ фӣ тартиби -ш-шароиъ, Дор-ул-кутуб -ал-арабия 1982, Бейрут Лубнон.
  3. Бурҳонуддин Абулҳасан, ибни Алӣ, ибни Абўбукр ал-Фарғонӣ ал-Марғинонӣ (593ҳ) ал-Ҳидоя шарҳ Бидоят-ул- Мубтадӣ, Бейрут, Дор-ул-Эҳё ат-Турос ал-Арабӣ .
  4. Муҳаммад Амин ибни Умари Обидин, Раддул-Муҳтор ало дуррилМухтор (дор -ул- улум-ул- кутуб Риёз, 1423ҳ -2003м.

 

Наботов М.

Сармутахассиси  шуъбаи пажуҳиши ҳуқуқи исломӣ

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх