Санаи 6-уми апрели соли равон дар Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти илмию таҳқиқотӣ ва таҳлилию таблиғотӣ дар семоҳаи аввали соли 2026 баргузор гардид.
Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ директори Марказ доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода А.Ғ., муовинон ва ҳайати кормандони Марказ иштирок намуданд.
Ҷаласаро директори Марказ Холиқзода А.Ғ., ифтитоҳ намуда, қайд карданд, ки Марказ тибқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16.03.2026, № 22/1028 “Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2026 ва вазифаҳо барои то охири соли 2026”, оид ба фаъолияти илмию таҳқиқотӣ ва таҳлилию таблиғотӣ дар семоҳаи аввали соли 2026 баргузор менамояд.
Директори Марказ иброз намуд, ки мувофиқи талаботи муқарраргардида натиҷаи корҳои анҷомдодашуда, қаблан дар шуъбаҳо муҳокима шуданд. Бинобар ин, айни замон котиби илмии Марказ Маҳармбеков М.А., гузориш аз рафти фаъолияти семоҳаро пешниҳод менамояд.
Сипас котиби илмии Марказ Маҳрамбеков М.А. оид ба фаъолияти илмию таҳқиқотӣ ва таҳлилию таблиғотӣ дар семоҳаи аввали соли 2026 ҳисобот дод.
Дар ҳисобот қайд гардид, ки Марказ ҳамчун ниҳоди илмӣ-таҳқиқотӣ дар соли 2026 мавзуи “Масъалаҳои ташаккули тафаккури муосири миллӣ дар ҷомеа ва таъмини ҳамзистии арзишҳо: заминаҳои таърихӣ, ҳуқуқӣ, эътиқодӣ, сиёсӣ, ахлоқӣ ва фарҳангӣ”- ро, ки зермавзуи Марказ барои солҳои 2023-2026: “Таъсири омили динӣ дар шароити муосир ва бозтоби он дар раванди ташаккули давлатдории миллӣ-дунявӣ: дурнамои ҳамгироӣ, имкониятҳо ва таҳдидҳо” мебошад, мавриди таҳқиқ қарор додааст.
Инчунин, Марказ нақшаи кори иҷрои барномаҳои илмӣ дар мавзуъҳои “Ҳаракатҳои тундгаро ва ифротгаро дар ислом: таҳавулот ва хатари онҳо ба давлатдории миллӣ” (барои солҳои 2026-2030) ва “Ҳуқуқ ба озодии эътиқод ва ҳифзи он аз зуҳуроти ифротгароӣ ва терроризм: модели исломи анъанавӣ дар шароити давлати дунявӣ” (барои давраи солҳои 2026-2030) -ро таҳия ва тасдиқ намудааст, ки айни замон мавриди таҳқиқот қарор доранд.
Дар давраи ҳисоботӣ Марказ натиҷаи корҳои таҳқиқотиро дар шакли мақолаву монографияҳои зерин ба чоп расонид:
3-монографияҳо:
1. Заруриёти диния. –Душанбе: “Эр-граф”, 2026. -122 с.
2. Маҳмудзода М.А., Холиқзода А. Ғ., Искандаров З.Ҳ., Шарофзода Р.Ш., Мирализода И.Қ., Зиёзода Т.Н. Ҳуқуқи инсон. Китоби дарсӣ барои синфи 11-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ. – Душанбе: “Маориф”, 2025. – 208 с.
3. Холикзода А.Г. Арийская цивилизация и правовоя традиция таджикского народа. Монографическое иследование. – Душанбе: Балогат, 2026. – 88 с.
Котиби илмии Марказ ҳамчунин, қайд намуд, ки ҳарчанд нақшаҳои корӣ иҷро шуда бошанд ҳам, вале тақвият бахшидани баъзе самтҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ зарур мебошад.
Директори Марказ таъкид намуд, ки нақшаҳои корӣ бояд дар вақташ иҷро гардида, натиҷаи корҳо бояд дар шакли мақолаҳо ва монографияҳо ба чоп расонида шаванд.
Дар хотима директори Марказ пешниҳод намуд, ки бо назардошти фикру пешниҳодҳо матни ниҳоии ҳисобот омода карда шавад.
Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ