ВОХӮРИИ СУДМАНД БО СОҲИБКОРОНИ “БОЗОРИ ВАРЗОБ”

Имрӯз, 5 майи соли равон дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ вобаста ба масъалаҳои пешгирии хурофотпарастӣ, пешгирии шаҳрвандон аз ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, таълимоти ғайриқонунии динӣ, инчунин баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишинӣ, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», омодагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» бо соҳибкорони ҶДММ “Бозори Варзоб” вохӯри баргузор гардид.
Дар вохурӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ – Қурбонзода Убайдулло, Сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Абдуллоҳи Қодирӣ ва соҳибкорони “Бозори Варзоб” иштирок намуданд.
Зимни вохӯрӣ баромадкунандагон вобаста ба масъалаҳои пешгирии хурофотпарастӣ, пешгирии шаҳрвандон аз ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, таълимоти ғайриқонунии динӣ, омодагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» андешаронӣ намуданд.
Бознашр аз  сомонаи ҲХДТ Сомонӣ

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх