Сулҳу ваҳдат ва осудагиву амният мароми мост!

Сулҳу ваҳдат, оромиву осоиштагӣ, ҳамдиливу иттифоқ ва осудагиву амният барои ҳар як қавму миллат беҳтарин неъмат маҳсуб меёбад. Маҳз дар фазои танинандозии ваҳдати ҷовидонӣ кишварҳо рӯ ба инкишоф мениҳанду тараққӣ мекунанд ва мардум дар фазои сулҳу субот бо ҳам дӯсту бародарвор умр ба сар мебаранд. Суннат ва арзишҳои ахлоқиву маънавию динии мардумони оламро ваҳдату якдигарфаҳмӣ ташкил дода, инсонҳо дар доираи ин арзишҳо бо ҳусну тафоҳум зиндагӣ мекунанд.

Мусаллам аст, ки ҷавҳар ва меҳвари аслии дини мубини Ислом низ ҳамзистиву тарғиби ваҳдату иттиҳод ва шукргузорӣ ба оромиву амният ва суботи саросарӣ маҳсуб меёбад. Чунончи Худованд дар сураи Наҳл мефармояд: «Ва Худо масали деҳаро баён кард, ки эмину оромида буд, рӯзии он ба кушодагӣ аз ҳар ҷое меомад, пас бар неъматҳои Худо носипосӣ карданд. Пас Худо ба сабаби он чӣ мекарданд, гуруснагию тарси фарогирро ба онҳо чашонид». Яъне мурод аз пеш овардани ояти муборак он аст, ки чун мардуми Макка дар оромиву иттиҳод ва фаровонии рӯзии бемашаққат қарор доштанд, носипосӣ ва куфрони ин ду неъматро карданд, билохир Худованд барояшон ноамниву нодорӣ овард. Ношукрӣ ба рӯзии додаи Худованд – яъне оромиву ваҳдату иттиҳод онҳоро ба рӯзҳои сахту сангин рӯ ба рӯ кард.

Чун сухан оид ба гиромидошт ва ҳифзи ваҳдату иттиҳоду сарҷамъӣ меравад, рӯзҳои мудҳишу ваҳшонияти ба сари миллати мо омадаи замони ҷанги шаҳрвандиро ба ёд наовардан ғайриимкон аст. Хурду калон тамоми мардуми кишвар огаҳ ҳастем, ки ҳангоми нав ба арсаи соҳибистиқлолӣ расидани кишвари мо, бо маблағгузории хоҷагони хориҷӣ ва ҳамовозиву ҳаммаромии бархе аз хоинони миллат, ки барои амали намудани нақшаву ниятҳои разилонаашон ниқоби дин ба бар карда буданду барои дар мамлакат ҷорӣ намуданӣ мазҳаби бегона кӯшиш намуда истода буданд ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ шуруъ шуд. Маҳз сӯйистифода аз номи дини мубини Ислом, сӯйистифода аз фазои холии динии мафкураи мардум ва сӯйистифода аз вазъи зиндагии номуътадили сокинон, бахусус ҷавонон, аъзоёни ташкилоти террористӣ–экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ гумроҳкунии мардумро пеш карда, баҳри расидан ба татбиқи амалҳои зишташон кӯшиш намуданд. Чун ин ҷо оид ба сӯйистифода аз фазои холии динии мафкураи мардум дар замони тозаистиқлолӣ сухан рафт бояд таъкид намоям, ки он замон дастрасии мардум ба адабиёти диние, ки бо забони тоҷикӣ тарҷума шуда бошад ба назар намерасид ва мардум ҷавҳари дини мубини исломро озодона дарк карда наметавонистанд. Аз ин рӯ, бархе аз шахсиятҳои руҳонинамо дар доираи ташкилоти террористӣ–экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ ва дигар ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ муттаҳид гардида, динро аз нигоҳи ақлу идрок ва манфиатҳои шахсии хеш ба мардум бо роҳҳои гуногун таҳмил намуданд. Шарҳи нодуруст ва ғаразноки арзишҳои дини мубини ислом ва ба роҳ мондани тиҷорати имон боис гардид, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аланга гирад. Яъне ношукриву носипосӣ аз ҷониби аъзои ташкилоти террористӣ–экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ боиси сарсониву саргардонии мардум ва қатлу хунрезиҳо дар кишвар гардид. Он замон наҳзатиҳо хилофи фармудаҳои Худову Расул амал намуда, зулму истибдод ва ноадолатиҳоро ба сари мардуми кишвар раво донистанд. Дар ин маврид худованд  фармудааст: «Эй бандагонам ҳамоно ман зулмро ба худ ҳаром кардаам ва онро дар байни шумо ҳаром гардонидаам, пас ба ҳамдигар зулму ситам накунед».

Агар ба амалҳои хиёнаткоронаи аъзои ташкилоти экстремистӣ – террористии ҳизби назҳати ислом назар афканем, кулли амалҳои онҳо хилофи фармудаи Худову Расули акрам (с) сурат мегирифт ва то ҳол ин аъмол идома дорад. Хушбахтона дар минбари Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷлосияи тақдирсоз ном бурда мешавад, ба бахти миллати тоҷик фарзанди фарзонаву сарсупурдаи миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи саҳнаи сиёсат қадамҳои устувор гузошта, зимоми давлатдории навини миллиамонро ба даст гирифта, роҳи ояндаи равшани кишварро муайян намуданд. Маҳз нақшаву ниятҳои дурнигаронаву созанда ва дар меҳвари сиёсати давлатии кишвар  қарор додани муҳимияти сулҳу субот аз ҷониби Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки халқ дар атрофи сарвари маҳбубу ғамхори худ чун фарзандони як оилаи тифоқ муттаҳид гардида, баҳри таҳкими оромиву амният ва ваҳдати ҷовидонаи миллат саҳмгузорӣ намуданд. Ниҳоят бо баргузории гуфтушунид ва музокироти зиёде, ки бо талошу кӯшишҳои Пешвои миллат бо мухолифин сурат гирифт, 27 июни  соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Ин санади муҳим шуълаи ваҳдати миллиро дар Тоҷикистони азиз барафрӯхт ва умеди мардуми саодатманди мо ба ояндаи дурахшон ҷилвагар гардид. Маҳз самараи ваҳдати миллӣ буд, ки мо дар тамоми самтҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, барои дурнамои давлатдории навини миллӣ кӯшишҳои пайгирона ва азму иродаи халқамон бо ҳидоятномаҳои Пешвои муаззами миллат равона гардида истодааст.

Танинандозии сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистони маҳбуб аст, ки баҳри шинохти ҷавҳари аслии дини мубини Ислом ба сифати дини таҳаммулпазир ва дини ҳидоятгари ҷомеа ба сӯи созандагиву некӯкорӣ, ваҳдату иттифоқ ва ҳамзистии бани башар ва поку беолоиш нигоҳ доштани он аз ҳама гуна таҳдиду хатарҳои замони муосир иқдомоти судманди Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид. Натиҷаи ваҳдату оромист, ки хушбахтона ба ҳадафҳои стратегии кишвар – раҳои аз бумбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунони босуръати кишвар бо бунёди корхонаҳои миёнаву бузурги саноатӣ, истихроҷу коркарди маъдан, нақбҳо ва таъмиру азнавсозии роҳҳо, бунёди нерӯгоҳҳои хурду бузурги обӣ ва бунёди ҳазорон боғу токзорҳои нав марҳила ба марҳила ноил гардида истодаем. Бо назар кардан ба ин пешрафту шукуфоӣ ва фароҳам будани фазои сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони азиз бояд ба қадри ин тинҷиву оромӣ ва озодӣ бирасем. Зеро ин тинҷиву оромӣ ва ваҳдату миллист, ки мо озодонаву дилпурона ва хушбахтона кору фаъолият менамоем. Ва бе сабаб нест, ки Паёмбари акрам Муҳаммад (с) фармудаанд: «Ҳеҷ хурсандӣ бидуни амният ба даст намеояд».

Расидан ба сулҳу ваҳдат ва таъмини рӯзгори босаодати кишвар, ки бо кӯшишҳои шабонарӯзӣ ва сиёсати оқилонаи Пешвои муаззами миллатамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хиради азалии мардуми кишвар ба даст омадааст, барои мо мардуми Тоҷикистон ҳадяи безаволи Яздонист. Мо бояд нагузорем, ки ҳар гуна нерӯҳои аҳриманӣ садди роҳи рушди давлатдории навини миллатамон гардида, мафкураи ҷавонони моро вайрон намоянд.

Ташкилоти террористӣ–экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ сӯйистифода аз арзишҳои дини мубини ислом бо мақсади расидан ба ин ғаразҳо, ки бо роҳнамоии хоҷагони хориҷии наҳзат ва амалкарди он сурат мегирифту то ҳол идома дорад, моро водор месозад, ки баҳри пешгирии гумроҳкунии мардум аз ҷониби ин нохалафон кӯшиш ба харҷ дода, беш аз пеш рисолати хешро дар самти тарғибу ташвиқи шинохти ҷавҳари аслии дини мубини ислом ба мардум ва таҳкими ваҳдату ягонанӣ ба ҷо орем. Зеро бо ибораи Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Рисолати таърихии дин ваҳдат ва суботи ҷомеа аст, на тафриқаандозӣ дар байни уммати мусулмон. Мо бояд дини мубини исломро аз тафриқаангезӣ ва олудашавӣ ба ифротгароӣ ҳифз намоем, ҷавҳар ва чеҳраи ҳақиқии манавию ахлоқӣ ва таҳаммулгароии онро ба мардум ва махсусан ба насли ҷавонамон нишон диҳем ва дар тарбияи ахлоқиву маънавии онҳо аз арзишҳои исломӣ истифода намоем».

Мутаасифона имрӯз баъзе ҷавонони камхираду аз донишу фарҳанг дурмонда ба доми ифротиён афтода ба гӯруҳу ҳаракатҳои ифротгарою моҷароҷӯ шомил гардида, ҷони худу ҳазорони дигарро зери хатар мегузоранд. Террористону экстремистон ҷавонони содаву сустиродаро ба майдони набарди ноҳақ раҳнамун сохта, худ дар сари дастархони пурнозу неъмат нишаста, аз содагии онҳо лаззат мебаранд. Ин гуна ҷавонони манқуртшуда фирефтаи ваъдаҳои осмонбӯси онҳо гардида, ба ватану модари худ хиёнат мекунанд. Оё онҳо боре андешидаанд, ки ноҳақ куштани инсон яке аз гуноҳҳои кабира маҳсуб меёбад. Аллоҳ таъоло дар сураи Нисо ояти 93 мефармояд: «Ва ҳар кӣ мӯъминеро ба қасд бикушад, пас ҷазои ӯ дӯзах аст, дар он ҷовид бошад; ва Худо бар ӯ хашм гирифтааст ва ӯро лаънат кардааст ва азоби бузург барои ӯ омода сохтааст».

Айни замон, дар олам нооромиҳову низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми пурташвиш эътироф гардид. Дар васоити ахбори омма қариб ҳамарӯза дар бораи ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён ба зиндагии осоиштаи одамон хабар пахш карда мешавад.

Дар Паёми навбатии худ  Пешвои миллат мҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин нуктаро мушаххас баён намуда, таъкид карданд, ки идомаи минбаъдаи ин ҳолат метавонад, боиси амиқ гардидани таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ дар минтақаҳои гуногуни олам гардад.

Сарвари давлат зикр карданд, ки: «Бо назардошти воқеияти кунунӣ ва бо мақсади таъмини амнияти устувор ҷиҳати пешгири аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир мо омодаем ҳамкориҳои густурдаро бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва кишварҳои шарик тақвият бахшем”.

Имрӯз вазифаи ҷонии ҳар яки мост, ки ба қадру қимати суботу амнияти Тоҷикистони озоду соҳибистиқлоли худ расида, онро ҳамаҷиҳата таҳким бахшем. Дар ҷомеа хислатҳои ҳамидаи рафтору кирдорро, аз қабили худшиносӣ, худогоҳӣ, зиракӣ ва мақоми устувори сиёсӣ, ободкориву созандагиро бештару ибратбахштар талқин намоем. Ба қадри замину замони ободу осоишта расем.

Дар ин замина, рӯзҳои вазнини ибтидои солҳои 90–уми қарни гузаштаро ба ёд оварда, аз падидаи густурдаи зуровариву мудохила аз хориҷ ва таҳмили андешаву равияҳои бегона ҳушёр бошем.

Хушбахтона, мо Пешвои хирадманду оқил дорем, ки маҳз бо талошҳои хастанопазири роҳбарияти олии кишвар ва дастгирии мардуми шарафманди тоҷик дар ҷомеа ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсӣ барқарор гашта, таҷрибаи сулҳи тоҷикон собит сохт, ки ҳар иқдоми неки пешгирифта, комёбиҳо ба бор меорад. Дастовардҳои бесобиқаи даврони истиқлолияти мамалакат худ нишони ин гуфтаҳо мебошанд.

Бале, тинҷиву осоиштагӣ, амну субот омили ҳамаи пешравиву пирӯзиҳои мо аст. Имрӯз моро мебояд ба қадри истиқлолият ва ваҳдати миллӣ расида, онро мисли гавҳараки чашм ҳифз кунем. Ин қарзи муқаддас барои ҳар яки мо дар назди Ватан-модари азизамо – Тоҷикистон мебошад.

 

 

Шокиров Ҳусен Зокирович–мутахассиси пешбари шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх