ҲАМОИШИ ҶАМЪИЯТӢ БАХШИДА БА МУНОСИБАТИ 29-УМИН СОЛГАРДИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Санаи 26-уми июни соли 2026 дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода бо иқдому ташаббуси раиси шаҳр Акрамзода Парвиз ва КИ ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода бахшида ба солгарди навбатии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, дар мавзуи “Ваҳдати миллӣ ва нақши Пешвои миллат дар сулҳу суботи Тоҷикистон” Ҳамоиши ҷамъиятии фаъолони шаҳр бо ҳузури муовини якуми раиси шаҳр Азимҷон Азимзода ва роҳброни мақомоти қудратию интизомии шаҳр баргузор гардид.
Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода Нурулло Ҳабибуллозода ба Ҳамоиш ҳусни ифтитоҳ бахшида, гардонандагии онро бар уҳда дошт.
Дар рафти чорабинии мазкур директори Муассисаи давлатии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода Абдураҳим Ғафор иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар баромади худ мавсуф ба аҳамияти бузурги ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими Ваҳдати миллӣ, риояи қонунҳои амалкунанда, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ таъкид намуданд.
Таъкид гардид, ки Ваҳдати миллӣ дастоварди бузурги таърихии халқи тоҷик буда, маҳз ба шарофати сулҳу ҳамдигарфаҳмии мардуми азизаш, Тоҷикистон ба роҳи рушди устувор ва созандагӣ қадам гузошт. Ваҳдат ҳамчун омили асосии суботи сиёсӣ, пешрафти иқтисодӣ ва таҳкими давлатдорӣ бояд ҳамеша ҳифз ва тарғиб карда шавад.
Инчунин иброз гардид, ки Ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди бузурги таърихии халқи тоҷик бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат ба даст омада, заминаи асосии сулҳу субот, рушди давлатдорӣ ва пешрафти ҷомеа мебошад. Ҳифзи сулҳу оромӣ, эҳтироми муқаддасоти миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳангу анъанаҳои ниёгон ва саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар ба ҳисоб меравад.
Дар анҷоми Ҳамоиш як теъдод шахсони шоиста бо Сипосномаи Мақомоти иҷроияи шаҳр ва КИ ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода қадрдонӣ гашта, ҳамзамон, ба аъзои навқабули ҳизб гувоҳиномаи узвият супорида шуд.
Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх