Семинари илмӣ-назариявӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Имрӯз, 26.06 2026 дар Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 29-умин солгарди Ваҳдати миллӣ семинари илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
Дар семинар кормандони Марказ, сармутахассиси шуъбаи пажуҳиши исломи муосир, н.и.ҳ. Шоев Фируз дар мавзуи “Ваҳдати миллӣ – омили пешрафти ҷомеа” ва сармутахассиси шуъбаи пажуҳиши ҳуқуқи исломӣ, н.и.ф. Наҷотзода Мутеъуллоҳ дар мавзуи “Ваҳдат – неъмати бебаҳои миллат” баромад намуданд.
Инчунин, дар рафти кори семинар сардори шуъбаи пажуҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ, н.и.п. Вализода Одинашоҳ ва мутахассиси пешбари шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ Шокиров Ҳусейн фикру андешаҳои худро перомуни “Ваҳдати миллӣ – пояи сулҳу субот” ва “Нақши Пешвои миллат дар таҳкими сулҳу субот дар Тоҷикистони азизамон” иброз намуданд.
Семинар бо суханони табрикотии кормандони Марказ ба анҷом расид.
Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх