Ислоҳот дар Арабистони Саудӣ: заминаҳо ва омилҳои иҷтимоӣ

Тайи даҳсолаи охир баъди ба сари ҳукумати кишвари Арабистони Саудӣ омадани Шоҳзода Муҳаммад бини Салмон, ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳиди тағиротҳои куллӣ дар умури давлатдории ин кишвар гардида истодаанд. Шоҳзода тавонист низомеро, ки даҳсолаҳо дар Арабистони Саудӣ ҳукмронӣ менамуд ва ҳама сохторҳо: – сиёсат, иқтисод, маориф, додгоҳҳо, фарҳанг, иҷтимоиёт, мақоми занон ва ҳатто мавъизаҳои динӣ таҳти қудрати он қарор дошт, тағйир диҳад. Умури асосӣ ва муҳиме, ки дар ин давра Валиаҳд анҷом дод, бешубҳа аз сари қудрат дур сохтани рӯҳониёни ваҳҳобимаоб маҳсуб меёбад. Мавсуф моҳи октябри соли 2017 эъломияеро интишор намуд, ки дар он бозгашти Арабистони Саудиро ба “исломи мӯътадил ва боз будани кишвар барои ҳама динҳо” эълом намуд. Сараввал ҷомеаи ҷаҳонӣ ин падидаро танҳо як изҳорот қабул намуданд. Аммо бо гузашти вақти муайян собит гардид, ки ин на танҳо як изҳороти сиёсӣ балки як барномаи хеле мушаххаси ояндаи ин кишвар будааст.
Баъди пахши ин баёния пеш аз ҳама, ӯ пулиси диниро аз қудратҳои қаблии дар даст доштааш маҳрум сохт. То ин давра, афсарони ин сохтор аз ҳуқуқҳои зиёде бархурдор буданд. Онҳо салоҳияти онро доштанд, ки дилхоҳ шахсро дар хиёбону бозорҳо боздошта, пурсупос кунанд, либоси занонро тафтиш кунанд, суҳбати мардон ва занони номаҳрамро назорату пешгирӣ кунанд, фурўшандаҳои мағозаҳоро маҷбур созанд, ки вақти намоз дари дукон ё мағозаи худро баста ба намоз раванд, яъне ба ҳаёти шахсии шаҳрванд дахолат мекарданд.
Акнун дар тибқи дастури Муҳаммад бини Салмон, ваколатҳои бисёре аз ин сохторҳо гирифта шуд, ба таври назаррас ҳуқуқи онҳо маҳдуд карда шуда, қисме аз ин идораҳо пурра барҳам дода шуданд. Яъне низоме, ки ҳуқуқи муайян кардани раванди зиндагӣ дар ҷомеа дошт, аз бурда шуд.
Илова бар ин бисёр, маҳдудиятҳое, ки даҳсолаҳо тағйирнопазир ҳисобида мешуданд, аз байн рафтанд. Аз ҷумла, ҳуқуқи занон васеъ карда шуда, ба онҳо иҷозат дода шудааст, ки ба корҳои писанди худ машғул шаванд ва минбаъд занони болиғ метавонанд бе иҷозати парастори худ шиноснома гирифта ба дохил ё хориҷи кишвар ба сафар бароянд. Ҳуқуқҳои онҳо дар робита ба кор, бақайдгирии таваллуд ва баъзе масъалаҳои оилавӣ васеъ карда шуданд. Айни замон занон ба таври назаррас бештар дар муассисаҳои давлатӣ, тиҷорат, тиб, ҳавонавардӣ ва бахши хизматрасонӣ кору фаъолият карда истодаанд. Дар саросари кишвар маъмурияти намоиши кинофильмҳо, консертҳо, фестивалҳо ва чорабиниҳои фароғатию оммавӣ ба кор оғоз намуданд. Аз ин ба баъд мардону занон дар якҷоягӣ метавонанд дар фазои озод дар чорабиниҳои гуногуни ҷамъиятӣ ширкат дошта бошанд.
Дар пойтахти кишвар шаҳри Риёз ҳамасола даҳҳо чорабиниҳои сатҳи гуногун доир мегардад, аз ҷумла намоишҳои байналмилалии мӯд, консертҳо ва намоиши асарҳои рассомон доир карда шуданд, ки ҳамагӣ даҳ сол пеш ин кор тасаввурнашаванда буд.
Мавриди таъкид аст, ки муҳимтарин таҳаввулотҳо натанҳо дар хиёбону кучаҳо рух медиҳанд. Валиҳад тадриҷан сохтори давлатро такмилу тағйир дода истодааст. Аз нигоҳи таърихӣ, қудрати сулолаи Оли Сауд бо авлоди паёмбар Муҳаммад ибни Ваҳҳоб такя мекарданд ва монархия давлатро идора менамуд, дар ҳоле ки ниҳодҳои динӣ таъсир ва нуфузи бузурге ба соҳаҳои маориф, фарҳанг, додгоҳҳо ва ахлоқи ҷамъиятӣ доштанд. Акнун ин иттифоқ дигар дар шакли қаблии худ вуҷуд надорад. Рӯҳониён, ки сохти идораи давлат дар дасти онҳо буд, таҳти назорати давлат қарор гирифтаанд. Имомҳо, хатибон, қозиҳо ва кормандони мақомоти динӣ дигар наметавонанд мустақилона самти кишварро муайян кунанд; онҳо вазифадоранд хатти муайянкардаи монархияи навро, ки Валиаҳд намояндагӣ мекунад, пайравӣ кунанд. Ҳарчанд дар як давраи кутоҳ татбиқи ҳамаи дастурот ғайриимкон аст ва мушкилоти зиёде вуҷуд доранд, аммо асос ҳамин, ки самти равиши давлат муайян аст. Давлат намехоҳад ҳамон идеологияеро, ки даҳсолаҳо тавассути мактабҳо тарғиб ва амалӣ мешуд ва як тафаккури шахшудаи таассубгароиро ташаккул медод, идома ёбад. Зеро он ба ҷуз қафомндагӣ чизе ба мардум надод.
Ҳатто таъйини муфтии нави кишвар дар соли 2025 рамзӣ гардид. Бори аввал ин вазифаро шахси берун аз аҳли авлоди мустақими Муҳаммад ал-Ваҳҳоб ишғол намуд. Боиси тазаккур аст, ки муфтии навтаъин ҳам як шахсияти хеле мулоҳизакор боқӣ мемонад. Ӯ ба аксарият, ки ҷонибдори равияи ҷараёни ваҳобия мебошанд, набарди ошкоро оғоз накард, балки тадриҷан тавозуни қудратро дар дохили низом тағйир дода, рӯҳониёни андешаи ваҳобия доштаро аз қудрати воқеӣ маҳрум карда истодааст.
Дар ҷомеаи суннатӣ якхела ислоҳоти иҷтимоиро амалӣ кардан ғайриимкон аст. Дар баъзе соҳаҳо тағйироти босуръат ба амал меоянд ва мақомот ба таври возеҳ ақибнишинӣ мекунанд ё дар баъзе самтҳо эҳтиёткорона амал мекунанд. Масалан, то ҳол машрубот барои аксарияти кулли аҳолӣ мамнӯъ боқӣ мемонад, аммо соли 2024, аввалин мағозаи назоратшавандаи фурўши машрубот барои шаҳрвандони ғайримусалмон дар маҳаллаи дипломатии шаҳри Риёз кушода шуд. Дар ҳоли ҳозир дар пойтахти кишвар шаҳри Риёз сухан аз сохтани калисо ва ибодатгоҳи масеҳӣ меравад.
Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда Комиссияи ИМА оид ба озодии байналмилалии динӣ дар гузориши соли 2026-и худ, Арабистони Саудиро дар байни кишварҳое, ки озодии диниро шадидан поймол мекунанд, ҷой додааст, аммо бо вуҷуди ҳамаи ин таъкидҳо, нуктаи асосиро наметавон инкор кард: Муҳаммад бини Салмон кореро анҷом додааст, ки қариб ҳеҷ як ҳокими Саудӣ пеш аз ӯ ба ин кор ҷуръат накарда буд. Ӯ қадам ба қадам низоми қаблиро, ки дар он рӯҳониёни ултраконсервативӣ қудрати ташаккули ҳаёти тамоми кишварро доштанд, аз байн бурда истодааст. Аён аст, ки ӯ исломро барҳам доданӣ нест ва динро аз давлат бо роҳи Ғарбӣ ҷудо накардааст ва ҳеҷ сабабе барои ин вуҷуд надорад. Аммо ӯ кори дигареро анҷом дода истодааст: динро аз манбаи мустақили қудрат ба абзори тобеи давлат табдил медиҳад. Ва маҳз аз ҳамин сабаб тағйирот барои наслҳои нави саудиён тадриҷан ва ноайён ба амал меоянд. Дар чунин ҷомеаи амиқан динӣ ва консервативӣ, як таҳаввулоти ногаҳонӣ дар сиёсати анъанавӣ метавонист боиси низоъҳои бузурги дохилӣ гардад. Аммо Муҳаммад бини Салмон роҳи дигареро пеш гирифт яъне, аввал ӯ рӯҳониёни собиқро аз қудрат маҳрум намуд, сипас ҳаёти ҳаррӯзаро тағйир дода, сипас бо ҳамин васила соҳаи маориф, қонунгузорӣ, рисолату ҳуввияти таърихии миллат ва худи дурнамои ояндаи кишварро тағйир дода истодааст.
Ҳануз аз як даҳсола сипарӣ нашуда бошад, ҳам симои маънавии Арабистони Саудӣ аллакай комилан дигар хел ба назар мерасад. Занон дар баробари мардон ба корҳои писандидаи худ машғуланд, одамон озодона ба кино, театр, музей, боғҳои фароғатӣ ва консертҳо мераванд, сайёҳони хориҷӣ ба кишвар меоянд ва аз ҷойҳои таърихӣ дидан мекунанд. Мусаллам аст, ки ин кишвар ҳанӯз давлати дунявӣ нест, аммо аниқ Арабистони Саудии қадимаи ваҳҳобӣ ҳам нест. Инро бояд эътироф намуд, ки кишваре, ки садсолаҳо дар ҳолати маҳдудиятҳои мазҳаби қарор дошт, якбора дигаргуна намояд, дар ҳақиқат ӯ наметавонад низоми кӯҳнаро бо як фармон нобуд кунад, балки бо сабру таҳаммул унсурҳои пуштибони онро як, як аз байн мебарад. Ва аз ҳама муҳимтар дастоварди назарраси Арабистони Саудӣ он буд, ки ҳизби исломии “Ихвонулмуслимин”-ро дар қаламрави худ манъ кард ва онро созмони террористӣ эълон намуд, инчунин пайваста муборизаро бо нуфузи он, ҷунбиши “Саҳво” ва умуман исломи сиёсӣ дар дохили кишвар шадидтар кардааст.
Дар соли 2026, Арабистони Саудӣ низ аз қарори ИМА дар бораи эътироф кардани баъзе шохаҳои ҳизби “Бародарони мусалмон” ҳамчун созмонҳои террористӣ истиқбол кард, ки устувории мавқеи онро тасдиқ менамояд. Пас аз ба қудрат расидани Муҳаммад бини Салмон, Арабистони Саудӣ инчунин маблағгузории давлатиро барои паҳн кардани идеологияи ваҳҳобӣ дар хориҷи кишгвар ба таври назаррас коҳиш дод. Инро бисёре аз муҳаққиқон ва таҳлилгарони ғарбӣ эътироф мекунанд. Ҳукумати Саудӣ ба ҷои назорати мустақим аз Риёз, идоракунии бисёр масҷидҳоро дар хориҷа ба шӯроҳои маҳаллии мусулмонон интиқол дод. Дар ҳоле ки қаблан захираҳои бузург барои сохтани масҷидҳо, мадрасаҳо ва фиристодани воизон ба саросари ҷаҳон сарф мешуданд, давлат ҳоло ба барномаҳои “исломи мӯътадил”, омӯзиши имомҳо ва баргузории конфронсҳои байналмилалӣ дар бораи таҳаммулпазирӣ ва мубориза бо экстремизм таъкид мекунад.
Андешаи зикршуда, дар буҷаи расмии давлати Арабистони Саудӣ барои соли 2026 мустақиман инъикос ёфтааст. Вазорати улуми исломии Саудӣ эълон доштааст, ки форумҳои байналмилалӣ барои таблиғи “мӯътадил ва таҳаммулпазирӣ” баргузор мешаванд, инчунин имомҳо бо дархости ҷомеаҳои мусалмонони хориҷӣ фиристода мешаванд.
Мушовири директори Марказ А.Мирзозода
Мавод аз расонаҳои интернетӣ дастрас ва таҳия гардидааст

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх