Субҳи 20 октябри соли 2026 бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Ҷойгоҳи мероси илмӣ ва маънавии Имоми Аъзам дар сиёсати фарҳангӣ ва худшиносии миллӣ» баргузор гардид.
Конференсияи мазкур ба омӯзишу баррасии амиқи мероси гаронбаҳои илмӣ, маънавӣ ва ҳуқуқии Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит, нақши мазҳаби ҳанафӣ дар ташаккули худшиносии миллӣ, таҳкими ваҳдати динӣ, ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангӣ ва муаррифии арзандаи тамаддуни тоҷикон бахшида шуда, дар он масъалаҳои муҳими илмию маърифатӣ ва сиёсати фарҳангии давлат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар кори конференсия олимону донишмандон, намояндагони муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ, роҳбарони сохторҳои ҳизбӣ, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ, раисони кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, миёнаи касбӣ ва умумии ноҳия иштирок намуданд.
Аз ҷумла, дар чорабинӣ Холиқзода Абдураҳим Ғафор — директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор иштирок ва суханронӣ намуданд.