Санаи 7-уми апрел ҷиҳати натиҷагирӣ аз фаъолияти семоҳаи аввали соли 2025-и Марказ, ҷаласа доир гардид. Дар ҷаласа Директори Марказ Холиқзода Абдураҳим, муовинон, сардорони шуъба ва дигар кормандони Марказ иштирок намуданд.
Нахуст, оид ба ҷамъбасти семоҳаи фаъолияти Марказ ҳисобот аз ҷониби муовини директор – Ваҳобзода Абдураҳмон ба таври муфассал шунида шуд.
Ишора гардид, ки Марказ ҳамчун ниҳоди илмӣ-таҳқиқотӣ соли ҷорӣ тибқи 17 адад нақшаҳои илмии корӣ ва 1 адад Барномаи илмии соҳавӣ, инчунин дар доираи мавзӯи «Таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ ва вазъи геополитикӣ ба ташаккули тафаккури динӣ дар давлатҳои миллӣ-дунявӣ: вазъ ва дурнамо дар Тоҷикистон» фаъолияти худро ба роҳ мондааст.
Дар ин давра, ҳайати илмии Марказ тибқи Нақшаҳои корӣ аз тариқи воситаҳои ахбори омма, нашри мақолаҳо дар сомонаҳои интернетӣ, гузоришҳои таҳлилӣ, суҳбату вохӯриҳо бо мардум ва баромадҳо дар телевизион ва радиои кишвар корҳои мушаххасро ба анҷом расонида, ҳамчунин кормандони Марказ ҷиҳати омода намудани 2 монографияи илмӣ ва тарҷумаи 1 китоби илмӣ-фалсафии мутафаккири барҷастаи тоҷик Абумансури Мотурудӣ тайи давраи ҳисоботӣ машғули кор буданд. Тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми январи соли 2025, №АП-713 ҷашнвораи 1155-солагии олими бузурги тоҷик Абумансури Мотурудӣ дар нимаи дуюми моҳи майи соли 2025 дар назар аст.
Бахшида ба солгарди Абумансури Мотурудӣ китоби “Тавҳид”-и ин мутафаккири бузург ва асосгузори мактаби каломӣ аз забони арабӣ ба тоҷикӣ тарҷума ва тақдими иштирокчиён мегардад.
Таҳти роҳбарии доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Абдураҳим Холиқзода нишондиҳандаи фаъолияти корӣ сол аз сол ба маротиб беҳтар шуда истодааст. Таҳлили фаъолияти корӣ аз соли 2021 инҷониб собит намуд, ки теъдоди мақолаҳои илмиву оммавӣ, мулоқоту вохӯриҳо, таҳия ва нашри монографияҳо рӯ ба афзоиш буда, хусусан сатҳу сифати кор беҳтар гаштааст.
Директори Марказ муҳтарам Холиқзода Абдураҳим фаъолияти семоҳаи аввали соли 2025 – ро натиҷагирӣ карда, ҷиҳати боз ҳам рушди бештари соҳа, фаъолияти илмии самаранок ва иштироки фаъолона дар татбиқи сиёсати давлатӣ ба кормандон дастуру супоришҳо доданд.
ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА ТАШХИСИ ДИНШИНОСӢ

