ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ КОРМАНДОНИ МАРКАЗИ ИСЛОМШИНОСӢ ДАР ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ РӮДАКӢ

 

Дар асоси нақшаи Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон 10-уми апрели соли 2025 ду вохӯрӣ бо сокинону фаъолони ноҳияи Рӯдакӣ дар мавзуи «Бегонапарастӣ ва майл ба он – омили манфӣ ва зараррасон ба иттиҳоду ҳамбастагии миллӣ» баргузор гардид.

Қисми якуми вохӯрӣ дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35-и деҳаи Шаҳристони ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ гузаронда шуд.

Ҷаласаро раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматулло ҳусни ифтитоҳ бахшид.

Тибқи барнома дар назди ҳозирин раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ -Рудобаи Мукаррам, муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон – Давлат Сафар, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Чаманоро Одиназода, директори Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Абдураҳим Холиқзода дар доираи мавзуи пешниҳодгардида андешаҳои худро иброз доштанд.

Аз ҷумла, профессор Абдураҳим Холиқзода таъкид доштанд, ки тамоми донишмандону бузургони миллати тоҷик, аз қабили устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакиву Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ, Носири Хусраву Абӯали ибни Сино, Мавлоно Ҷалолиддин Балхиву Шайх Саъдии Шерозӣ, Хоҷа Ҳофизи Шерозиву Камоли Хуҷандӣ, Мирзо Абдулқодири Бедилу Аҳмади Дониш ва устод Садриддин Айнӣ тавассути маърифату худшиносӣ дарк кардани муаммои дунёву охиратро талқин мекарданд. Бинобар ин, ҷавонону наврасон, ки худро мусулмон ва пайрави мазҳаби ақлгарои ҳанафӣ меҳисобанд, ҳуқуқи маънавӣ доранд, ки аз меросбари шахсиятҳои оламшумули илмию ахлоқӣ будани хеш ифтихор кунанд.

Ҳамчунин, аҳли маҷлисро ба масъалаи пойдории оилаҳои ҷавон, омода намудани фарзандон ба зиндагии мустақилона, хубу аъло донистани забони давлатӣ ва ду забони хориҷӣ, истифодаи технологияҳои муосири коммуникатсионӣ даъват кард.

Дар қисмати дуюми вохӯрӣ дар деҳаи Чоргултеппаи ноҳия баргузор шуд, номзади илмҳои педагогӣ  – Вализода Одинашоҳ баромад намуда, дар бораи моҳияти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», инчунин татбиқи онҳоро дар амал бо далелҳои дақиқу оммафаҳм ба саҳми иштирокчиён расонид.

Таъкид доштанд, ки бояд омили маънавии рушди ҷомеа аз дигар омилҳо бартарӣ дошта бошад, зеро барои расидан ба ҳаёти маънавӣ заминаи моддиву техникӣ, иқтисоди пешрафта, фарҳанги баланди сиёсӣ ва дониши мукаммали кишвардорӣ лозим аст ва ҳар яки моро водор месозад, ки барои татбиқи ҳадафҳои бунёдкоронаву созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи ибрат бошем.

Дар қисмати охири мулоқотҳо дар доираи мавзуъ саволу ҷавоб баргузор гардид ва иштироккунандагон пешниҳод доштанд, ки чунин мулоқотҳо пайваста баргузор карда шавад.

      

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА ТАШХИСИ ДИНШИНОСӢ

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх