Мақоми таҳаммулпазирӣ дар андешаи мутафаккирони муосир

Назарияи таҳаммул ё таҳаммулпазирӣ дар осори донишмандони муосир яке аз мавзӯъҳои муҳими фалсафӣ, ахлоқӣ ва иҷтимоӣ аст, ки дар замони муосир аҳамияти бузург пайдо кардааст. Ин назария нисбат ба ақидаҳо, эътиқодҳо, фарҳангҳо ва зиндагии дигарон дахл дорад ва бар пояи арзишҳои ҳамзистӣ, озодии фикр ва эҳтиром ба дигарон бунёд ёфтааст. Дар замоне, ки ҷаҳонишавӣ ва муҳоҷират ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст, таҳаммулпазирӣ барои нигоҳ доштани субот ва рушди ҳамзистии фарҳангҳо хеле муҳим аст. Таҳаммул ба паст кардани сатҳи ихтилофҳо, нажодпарастӣ ва гуногунандешӣ мусоидат менамояд.
Олимони муосири тоҷик, аз ҷумла устод Садриддин Айнӣ, академик Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзода дар осори таърихӣ ва адабиашон масъалаи таҳаммулро бо назардошти шароити замон таҳлил кардаанд.
Садриддин айнӣ яке аз олимони машҳури муосири тоҷик мебошад. Макоми таҳаммулпазирӣ дар осори ӯ ҷойгоҳи хос дорад ва дар баробари мубориза бар зидди зулму ҷаҳолат, арзишҳои инсонпарварӣ, баробарӣ ва ҳамзистии осоиштаро тарғиб менамояд. Дар осори Айнӣ таҳаммулпазирӣ на танҳо як арзиши ахлоқӣ, балки як унсурӣ зарурии рушди иҷтимоӣ ва фарҳангӣ маҳсуб мешавад. Садриддин Айнӣ ҳамчун нависандаи замони бедории миллӣ, ҳамеша бар зидди тафриқаи миллӣ ва мазҳабӣ сухан мегӯяд. Дар асарҳои ӯ, повестҳои «Одина», «Марги судхӯр», «Дохунда», «Ғуломон» паёмҳои баробарӣ ва эҳтиром ба ҳама инсонҳо ба таври равшан ифода ёфтааст. Дар осори Айнӣ, таҳаммулпазирӣ бо маърифат ва дониш ҳамзист аст. Қаҳрамононаш аксаран аз роҳи таҳсил ва дониш ба ҳақиқат мерасанд. Барои ҳамин, ӯ таҳаммулпазириро ҳамчун як хислати шахси донишманд ва бедор тасвир мекунад. Олим бо осори худ на танҳо адолат ва озодиро таблиғ кардааст, балки таҳаммулпазириро низ ҳамчун арзиши муҳими инсонӣ тарғиб намудааст. Ӯ бо эҷодиёти худ заминаи ғоявӣ-тарбиявӣ барои як ҷомеаи таҳаммулгаро ва фарҳангпарвар гузоштааст.
Бобоҷон Ғафуров таърихнигори барҷастаи тоҷик буда, назарияи таҳаммулпазирӣ дар осораш яке аз мавзӯъҳои муҳими андешаи иҷтимоӣ ва фарҳангии ӯ ба шумор меравад. Гарчанде, ки ӯ асосан ба таърихнигории илмӣ машғул буд, вале дар таҳлили масоили таърихии мардуми тоҷик ба масъалаи ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамзистии осоишта ва эҳтироми арзишҳои дигар миллату мазҳабҳо таъқид мекунад ва таҳаммулпазириро низ ҳамчун рукни таърихии тамаддуни тоҷикон мешуморад. Бобоҷон Ғафуров дар асари маъруфи худ «Тоҷикон» таърихи ҳазорсолаи миллати тоҷикро ҳамчун таърихи як халқе нишон медиҳад, ки ҳамеша дар муҳити фарҳангҳои гуногун зиндагӣ кардааст. Ӯ таъқид мекунад, ки тоҷикон дар саросари таърихи худ ба миллатҳо ва халқиятҳои дигар ҳамкорӣ ва ҳамзистӣ доштанд, ки ин ҳам як шакли таҳаммулпазирӣ аст.
Олими таърихшинос иброз менамояд, ки бузургии як миллат дар фарҳангу дониш ва саҳмаш дар тамаддуни ҷаҳонӣ аст, на дар бартарии нажодию қавмӣ. Инчунин, Бобоҷон Ғафуров таърихи ҳамзистии тоҷиконро бо халқҳои гуногун дар замони Сомониён, Ғуриён ва Темуриён намунаи равшани таҳаммулпазирӣ мешуморад.
Мирзо Турсунзода ҳамчун шоири сулҳпарвар дар асри ХХ ҳамеша барои ҳамзистии осоишта ва баробарии халқҳо сухан гуфтааст. Таҳаммулпазирӣ дар андешаи шоир мавқеъи марказӣ дорад. Мирзо Турсунзода яке аз абарқаҳрамонони фарҳанги тоҷик ва арбоби маъруфи ҷамъиятӣ ва сиёсии замони худ ва имрӯзу оянда шинохта шудааст. Гарчанде, ки ӯ бештар ҳамчун шоир ва сиёсатмадори давраи Шӯравӣ шинохта шудааст, дар осори ӯ ғояҳои таҳаммулпазирӣ, дӯстӣ миёни халқҳо ва эҳтиром гузоштан ба таври густурда инъикос ёфтааст.
Нуқтаҳои асосии назарияи таҳаммулпазирӣ дар андешаи Мирзо Турсунзода «Дӯстии халқҳо» мебошад. Ӯ яке аз таблиғгарони асосии ваҳдат ва дӯстии халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Дар шеърҳояш ҳамеша ба иттиҳодии миллатҳо даъват мекард ва ҳамдигарфаҳмиро дар заминаи арзишҳои умумиинсонӣ тарғиб менамуд. Миллатгароиро ҳамчун омили ҷудоӣ ва ихтилоф қабул мекард ва дар шеъру мақолаҳояш мардумро ба таҳаммул, эҳтироми фарҳангу расму оинҳои дигарон даъват менамуд. Мавзӯи инсонпарварӣ ва меҳру муҳаббат ба башарият дар маркази таваҷҷуҳи ӯ қарор дошт. Турсунзода дӯст доштани инсонро новобаста аз миллат, забон ва нажод, ҳамчун меҳвари ахлоқи инсонӣ медонист. Ӯ фарҳангро воситаи муҳими ба ҳам овардани мардумон медонист. Аз назари ӯ, адабиёт ва санъат бояд барои тарбияи рӯҳӣ таҳаммулпазир ва башардӯстона хидмат кунанд.
Хулоса тараннуми дӯстӣ ва тарғиби таҳаммулпазирӣ имрӯз яке аз мавзӯҳои марказии адабиёти муосири илмӣ ва бадеии тоҷик маҳсуб мешавад.
Шарифова Санавбар –
сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ

Оставьте комментарий

Прокрутить вверх