БАРҚИ ЧАРХАИ РОҒУН НУРЕСТ АЗ РӮДҲОИ БИҲИШТӢ

 

 

Дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис-тон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба кишвари ташаббус-ко¬ри сиёсати ҷаҳонӣ дар масъалаи об, захираҳои обӣ ва энергетика табдил ёфтааст. Қабули Қатъномаи СММ оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар ҷаласаи 71-уми Маҷмаи умумии ин созмони бонуфуз дар роҳи расидан ба яке аз се ҳадафи асосии стратегияи рушд – расидан ба истиқло-лия¬ти энергетикӣ оғози таҳаввулоти бузург маҳсуб мешавад. Воқеан ин гуна ташаббусҳо барои муаррифии кишвари мо ҳамчун нуқтаи муҳими обистони ҷаҳонӣ нақши калидӣ доранд, ки татбиқи назариявӣ ва амалии онҳо маҳз ба шарофат ва файзу баракати Истиқлолияти давлатӣ муяссар гардидааст. 

Истиқлолияти энергетикӣ барои рушди минбаъдаи ҷумҳурии мо ормони сарнавиштсоз аст ва ба таъбири Пешвои муаззами миллат «масъ¬а¬лаи ҳаёту мамот» ба шумор меравад. Ин ҷо танҳо лоиҳаи муштара¬ки CASA-1000-ро бо ибтикори ҷониби Тоҷикистон барои рушди устувори кишварҳои Осиёи Марказӣ ёдовар шудан басанда аст. Дар фарҳанги миллӣ ва динию эътиқодии мо низ мафҳуми об ҷойгоҳи арзишманд дорад. Мардуми тоҷиктабор бо об тарзи ҳаёти шаҳрни¬ши¬нӣ ва мулку сарзамини ободонро ифода менамуданд. Истилоҳ¬ҳои обод, обу ободӣ ва ободонӣ дар зеҳну тафаккури миллати мо ҳамчун унсурҳои фарҳангсоз ва бунёди шаҳру шаҳристон нақш бастааст. Агар дар забонҳои дигар вожабандҳои град, бург, полос ва ғайра истифода шавад дар номсозии шаҳрҳои мо вожаванди «обод» маъмул гардидааст, ки мазмуни рамзии бузург дорад. 

Ҷойгохи муҳими энергетикӣ будани кишвари мо дар ҳадисҳои пайғамбар (с), аз ҷумла ҳадиси № 2839 Муслим таъкид шуда-аст: «Сайҳон ва Ҷайҳон ва Фурот ва Нил – ҳамагӣ аз рӯдҳои биҳишт мебошанд». Муҳаддисон чунин гуфтаанд: «Ин чаҳор рӯд бузургта-рин рӯдҳои сарзамини Ислом аст – Нил дар кишвари Миср, Фурот дар Ироқ ва Сайҳон ва Ҷайҳон, ки онҳоро Сайҳун ва Ҷайҳун ҳам меноманд, дар иқлими Мовароуннаҳр ҷойгир шудаанд. Ва гӯянд гумони ғолиб он аст, ки мурод аз ёд шудани ин рӯдҳо ҳамоно густариши имон дар ин кишварҳо ва афзоиши баракат болои онҳост. Ба дурустӣ, ҷисмҳое, ки аз ин обҳо ғизо мегиранд, ба биҳишт мераванд. Ва гумони ғолиб он аст, ки ин (ҳадис) зоҳири лафз аст. Ва дар воқеъ, андаруни ин рӯдҳо моддае аз (турбати) биҳишт мавҷуд аст, дар ҳоле ки назди аҳли суннат биҳишт вуҷуд дораду офарида шудааст ва ҳамон ҷойест, ки Одамро аз он берун андохтаанд». Пас, Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамеша ва ба такрор кишвари биҳиштӣ ном бурдани Пешвои миллат магар пайванди устуворе бо ҳамин ҳадиси малакутӣ надорад!?

Бо боварии комил гуфта метавонем, ки татбиқи барномаи нави «Об барои рушди устувор 2018-2028» барои муаррифии шоистаи дав¬лати биҳиштосои Ҷумҳурии Тоҷикистон – кишвари бузурги рӯд-ҳои кӯҳӣ ва ба таъбири қуръонӣ «ҷаннотин таҷрӣ мин таҳтиҳо-л-ан-ҳор» (биҳиштҳое, ки аз зери онҳо рӯдҳо равонанд) мусоидат хоҳад кард. Бояд гуфт, ки ин чорабиниҳо дар доираи барномаи СММ зери унвони «Ҳадафҳои рушди устувор» сурат мегирад ва дар он 17 ҳадаф барои азнавсозии ҷаҳон пешбинӣ шудааст. Ҳадафи шашуми ҳамин барнома «Оби тоза ва беҳдошти он» мақсад дорад, ки таъмини дастрасӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои об ва беҳдошти онро барои ҳамагон пайгирӣ намояд. Ин ҳадаф чунин талқин менамояд, ки оби тоза ва дастрас барои ҳама як ҷузъи ҷудонашавандаи ҷаҳонест, ки мо мехоҳем дар он кору зиндагӣ кунем. Захираҳои оби тозаи сайёра барои расидан ба ин орзу басанда аст. Аммо аз сабаби иқтисодиёти ноустувор ва зерсохтори номукаммал ҳар сол миллионҳо одамон, ки аксари онҳо кӯдакон мебошанд, аз бемориҳои вобаста ба об, беҳдошт ва гигиенаи нодурусти он фавт мекунанд.  

Норасоии об, сифати бади он ва нокифоя будани шароитҳои беҳдоштӣ ба амнияти озуқаворӣ, дарёфти воситаҳои маишату зиндагӣ ва имконият гирифтани таълиму тарбия барои оилаҳои камбизоат дар саросари ҷаҳон таъсири манфӣ расонида истодааст. Дар ин замина хушксолӣ ба баъзе аз кишварҳои фақиртарини ҷаҳон таъсиргузор шуда, вазъияти гуруснагӣ ва камғизоии мардумро бадтар мегардонад. То соли 2050 тақрибан ҳар чаҳорумин сокини сайёра эҳтимолан дар кишваре зиндагӣ хоҳад кард, ки мунтазам кам¬буди оби нӯшокиро эҳсос мекунад. Тибқи хулосаҳои коршинсон дастрасӣ ба оби бехатар, вазъи беҳдоштӣ ва истифодаи босамари муҳити солими зист барои саломатии инсон, устувории экологӣ ва шукуфоии иқтисодӣ аҳамияти калон дорад. 

Сомонаи Маркази иттилоотии СММ хабар додааст, ки то соли 2030 700 миллион нафар аҳолии Замин ба мушкилоти норасоии оби тоза рӯ ба рӯ мешаванд, ки сабаби асосии он натиҷаи идоракунии нокифояи ин захираи табиӣ мебошад. Ин матлаб дар ҷамъбасти  хулосаҳои ҳисоботи нави СММ омадааст, ки чунин муроҷиат мекунад: «Биёед ҳар як қатари обро эҳтиёт кунем: мавзӯи рӯз дар соҳаи захираҳои обӣ».  

Аммо фазои фараҳбахши омодагӣ ҷиҳати ба кор андохтани чархаи якуми нерӯгоҳи обии барқии «Роғун» дар таърихи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон навиди нотакрор ва бе мислу монанд аст, ки бегумон дар марҳилаи рушди устувори кишвари мо гардиши куллие ба вуҷуд меоварад. Зеро он Роғунро воқеан ба манбаи нуру рӯшноӣ, ободонию созандагӣ, маншаи некӯаҳволӣ ва дастовардҳои беназир табдил медиҳад. Илова бар ин, садди Роғун имкон медиҳад, ки оби пургили Вахши саркаш такшон шавад ва сипас дар шакли мусаффо, ба таъбири устод Турсунзода «бар сари дашту деҳоти Тоҷикистон» ва кишварҳои дӯсту бародари ҳамсояи он «рез-рез» шавад. Магар ин саҳми босазои кишвари азизу маҳбуби мо ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои асосии барномаи «Оби тоза ва беҳдошти он» нест?! Ин вазъияти хотирмон моро рӯҳбаланд месозад, ҳисси баланди масъулиятшино¬сӣ ва қарзи шаҳрвандию фарзандӣ водор мекунад, ки мо ин ватанро беш аз ҳарвақта дӯсттар дорем ва ҳар рӯз бештар аз пештар кору фаъолият кунем, то пирӯзӣ насиби орзуву ормонҳои миллати тоҷик ва кишвари маҳбубу азизи мо – Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад. Аммо дар бобати дурнамои рушди ҷумҳурӣ бо итминон гуфта метавонем,  ки ба кор даромадани чархаи якуми НБО «Роғун» ҷомаи амал пӯшидани мақсаду вазифаҳои дар платформаи се ҳадафи асосии рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар пешбинишуда, ба хусус истиқлолияти энергетикиро барои миллату давлати Тоҷикис¬тон татбиқи амалӣ мебахшад. Аз ин рӯ, месазад ҳаббазогӯён ифтихор кунем, ки зиҳӣ давлати биҳиштосои Ҷумҳурии Тоҷикистон – кишва¬ри рӯдҳои кӯҳӣ ба ҳурмати ояти каломи раббонӣ «Ва ҷаъално мина-л-мои кулла шайъин ҳай» – «Ва ҳар чизи зиндаро аз об пайдо кардем». 

 

Файзулло Баротзода  –  директори Маркази исломшиносӣ 

дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                

Яндекс.Метрика