ВОХӮРӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ИСЛОҲИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои қаблан тасдиқшудаи ҳамкории ниҳодҳои қудратӣ бо марказҳои илмию таҳқиқотӣ 25 июли соли 2019 муовини директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мутеъуллоҳ Наҷотзода дар муассисаҳои ислоҳии ЯС 3/1 ва ЯС 3/7-уми шаҳри Душанбе мулоқот доир намуда, дар мавзӯъ¬ҳои "Одоб ва ахлоқи исломӣ дар Қуръон ва аҳодиси набавӣ" ва "Роҳу усулҳои пешгирӣ аз ифротгароии хушунатомез" гузориши таҳлилии илмӣ пешниҳод намуд. Мавзӯъҳои зикршуда мавриди таваҷҷуҳи ҳозирин қарор гирифта, доир ба ҷанбаҳои гуногуни ин масъала пурсишу посухҳои ҷолиб сурат гирифт.     

 

Яндекс.Метрика