ДАРДО, КИ РОЗИ ПИНҲОН ХОҲАД ШУД ОШКОРО

 
Дар вазъияти кунунӣ масъалаи ифротгароӣ ва тундгароии динӣ ҳамчун яке аз хатарҳои ҷиддӣ дар Ховари Миёна ва минтақаҳои дигар боқӣ мондааст. Ин ҷиҳати масъала ва воқеияти тоза ба вуҷудомада тақозо менамояд, ки табиати ин зуҳурот, таҳаввулот ва сабабҳои фаъол гардидани онҳо ҳамаҷониба омӯхта шавад. Бояд гуфт, ки ин падида дар муҳити буҳронӣ шудани вазъи сиёсӣ дар Ироқу Сурия оғоз гардида, акнун ба проблемаи глобалӣ мубаддал гаштааст. Масъалаи муҳимтарин ҳоло берун овардани ҷангиёни дар қисмати шимолу шарқии Сурия боқимонда мебошад. Тағйири ҷой ва тактикаи ҷангӣ кардани нерӯҳои Туркия ва ИМА, аз як тараф ва нерӯҳои ҳукуматии Сурия ва Россия, аз тарафи дигар, будубоши ҷангиён ва ба ҷавобгарӣ кашидани онҳоро дубора расонаӣ кард. Ҳоло аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Туркия зарурати ба ватани аслиашон баргардонидани ҷангиёни созмони террористии "давлати исломӣ" аз кишварҳои аврупоӣ бо исрор масъалагузорӣ мешавад. Табиист, ки чунин тағйир ёфтани вазъият дар минтақаи муҳими бархӯрди манфиатҳо ҷангиёни кишварҳои дигар, аз ҷумла ҷумҳуриҳои Осиёи Марказиро низ ба ташвиш овардааст.
Бояд гуфт, ки дар масъалаи таъсири арзишҳо ва муқаддасоти динӣ дар фазои идеологӣ то ҳанӯз пайравони дини ислом мавқеъгирӣ ва ҳассосияти бештар доранд. Дар ин ҷо шинохти ду асл муҳим аст: якум, на ҳар кас (ба хусус занону кӯдакон ва афроди фиребхӯрда), ки вориди минтақаи ҷангзада шуд, ифротӣ аст; дуюм, на ҳамаи ифротиён дар айни ҳол хушунати ошкороро пеша кардаанд, балки қисме аз онҳо дар дохили кишвар ҳамчун омили нооромии пинҳоншуда мавҷуданд. Позаҳри асосӣ бар зидди ин омил суботи пойдори иҷтимоию сиёсӣ дар дохили ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ буда метавонад. Зеро то ҳанӯз тухми донаҳои парокандаи андешаҳои ифротӣ дар заминаи динӣ ҷо-ҷо дар минтақа боқӣ мондааст ва он бояд афзоиш наёбад, балки маҳв гардад.
Доир ба ҷойгоҳи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҷаҳони муосир ёдовар шудани ду нуқта бисёр муҳим аст. Якум, дар даврони истиқлолият кишварҳои Осиёи Марказӣ роҳи тӯлонии озмоиш ва рушди мустақилонаро тай карданд. ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии оқилонаи Пешвои миллат дар шароити душвортарини соҳибихтиёрӣ эътирофи байналмилалиро ба даст овард. Як низоми муайяни давлатдорӣ рӯйи кор омад, ки он ба таҷрибаи муосири идоракунӣ ва анъанаҳои таърихии ниёгон асос ёфтааст. Дуюм, бояд эътироф кард, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ новобаста ба душвориҳои мавҷуда муколамаи сиёсӣ ва ҳамгироии иқтисодиро дар байни худ ба роҳ монда тавонистанд. ҳоло ҳамаи панҷ кишвари мустақили Осиёи Марказӣ ба марҳилае расиданд, ки мушкилоти муносибати байниҳамдигариро дар самтҳои гуногун ҳаллу фасл менамоянд.
Ин ҷанбаҳои мусбат имконият медиҳад, ки ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ барои таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва ояндаи пешгӯишаванда бо кишварҳои хориҷӣ робитаҳои судмандро роҳандозӣ намоянд. Аз ин рӯ, дар марҳилаи тақвият ёфтани равандҳои ҳамгироӣ дар минтақа зуҳуроти номатлуби хатару таҳдидҳои ифротгароӣ эҳтимол дорад. ҳодисае, ки рӯзи 6 ноябри соли 2019 дар минтақаи ҳаммарзи Тоҷикистону Ӯзбекистон ба вуқӯъ пайваст, намунаи кӯшиши тағйири шеваи мубориза аз ҷониби созмонҳои террористӣ ҳамчун аксуламал ба устувор шудани роҳандозии чораҳои зиддитеррористӣ ва зиддиифротӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақа аст. Инро метавон ба ҳамлаи вопасин ва навмедонаи даррандаи захмишуда ташбеҳ дод.
Таҳлили ниҳоии ҷузъиёти ин ҳодиса танҳо баъд аз тафтишоти дақиқи ниҳодҳои босалоҳият маълум мегардад. Вале ин ҷо аз мавқеи шаҳрвандӣ ва инсонӣ метавонем ба чанд нуқтае ишора намоем:  
Якум, сарфи назар аз талафоти ҷонӣ собит гардид, ки мо қудрати хунсо кардани чунин хатарҳоро дорем ва шаҳрвандони ғаюри Ватан омодаанд, ки арзишҳои давлату миллатро ҳатто ба ивази ҷони худ дифоъ намоянд.
Дуюм, мо доир ба ин рӯйдод ҳамдардӣ ва ҷонибдории ҷомеаи ҷаҳониро дар сатҳи давлатӣ, созмонӣ ва инфиродӣ мушоҳида намудем, ки ин баёнгари дурустии стратегия ва тадбирҳои пешгирифтаи ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Сеюм, вокуниш ва мавқеи баъзе аз нерӯ ва афроди нотавонбин, ки худро "мухолифин" меҳисобанд, дар асл ифодагари мавқеи зиддимиллӣ ва ҳувияти машкуки онҳост. Чун фарзанди ҳалолзода ҳеҷ гоҳ аз марги ҳамватанони худ табли шодӣ намезанад. То ба ҳанӯз ҳатто вонамуд кардани ғаму ҳузн аз ин ҳодисаи мудҳиш ё баёни таъзияву тасаллият ба хонаводаи шаҳидони Ватан, ки зимнан яке аз онҳо фарзанди рӯҳоние буд, ки ҷигарбандашро дар рӯҳияи арзишҳои миллию динӣ тарбия додааст, ба назар нарасид. Дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоии мансуб ба ин "мухолифони ватанбезор" танҳо заҳрхандае бар ҷанозаи шаҳидонро мушоҳида кардем.
Чаҳорум, нотавонбинии баъзе аз нерӯ ва афрод ҳамчунин дар нодида гирифтани дастовардҳои сафари расмии Пешвои миллат ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо зоҳир мешавад. Пӯшида нест, ки дар рафти ин сафар як қатор санаду созишномаҳое ба имзо расиданд, ки барои рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва имиҷи сиёсии ҷумҳурии мо аҳамияти вежа доранд. ҳангоми сафар ва вохӯриҳои расмии ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарони кишвар ва созмонҳои муътабари аврупоӣ ин тоифа танҳо дар берун бо шиорпартоию хархаша машғул буданд, ки ин садои ав-ави сагонеро мемонад, ки берун аз базмгоҳ мондаанду чизе гирашон наомад ва аз рӯзӣ сахт бенасиб шудаанд.
            Ҳазорон корвон рафтанду дав-дав,
            Ҳанӯз ҳам ин сагон доранд ав-ав.     

 Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Яндекс.Метрика