Дар Душанбе масъалаи таносуби арзишҳои миллӣ ва динӣ дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ баррасӣ мегардад

ДУШАНБЕ, 26.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. 27 ноябр дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Таносуби арзишҳои миллӣ ва динӣ дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ» ҷамъомад доир мегардад. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Ҷамъомади мазкур бо ташаббуси Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» доир гардида, доираи васеи олимону донишмандон ва пажӯҳишгарон масъалаҳои марбут ба таносуби арзишҳои миллӣ ва диниро муҳокима мекунанд.
Дар назар аст, ки иштирокдорон оид ба мушкилоти таҳлил ва шинохти арзишҳои миллӣ ва динӣ, пайванди арзишҳои динӣ бо фарҳанги муосири миллӣ дар таҷрибаи давлатдории навини тоҷикон, нақши арзишҳои миллӣ дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, таносуби арзишҳои миллӣ ва динӣ дар мероси фарҳангии ниёгон ва ғайра ибрози назар намоянд.

Яндекс.Метрика