Мулоҳизаҳо роҷеъ ба аҳамияти рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар муаррифии Тоҷикистон ва фарҳанги бостонии тоҷикон ба ҷаҳониён (дар партави Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Дар ҷаҳони имрӯза соҳаи сайёҳӣ яке аз соҳаҳои пешбаранда ва тақвиятдиҳандаи иқтисодиёти кишварҳо ба ҳисоб рафта бо суръати ниҳоят баланд тараққӣ намуда истодааст. Ин аст, ки бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ ва дарки мавқеи ин соҳа дар иқтисоди миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 22 декабри соли 2017, зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2018-ро дар кишвар ҳамчун “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуда буданд. Воқеан аз ҷониби Пешвои муаззами миллат эълон гардидани соли 2018 ҳамчун “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва баъдан ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шудани боз солҳои 2019-2021 беасос набуд, зеро Ватани азизу маҳбубамон барои рушди соҳаи мазкур дорои имкониятҳои бузург буда, бо табиати нотакрор ва мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ҳамчунин бо санъат ва ҳунарҳои зебою қадимаи мардумии худ дар ақсои олам шуҳрат ёфтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ барои рушди соҳаи сайёҳӣ беҳтарин ва бештарин имкониятҳоро доро буда, мувофиқи хулосаҳои сомонаву шабакаҳои ҷаҳонӣ яке аз 10 кишвари ҷолибтарин барои боздиди сайёҳон ба шумор меравад. Соли 2015 пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе ба даҳгонаи якуми шаҳрҳои бехатари ҷаҳон аз руӣ таъмини амнияти шабона, соли 2016 шоҳроҳи Помири Тоҷикистон ба даҳгонаи якуми роҳҳои зеботарини дунё ворид гардидаанд. Аз рӯи таҳлилҳои Созмони Миллали Муттаҳид, Тоҷикистон дуюмин кишвари ҷаҳон тибқи нишондодҳои рушди соҳаи сайёҳӣ мебошад. Ҳамзамон, аз лиҳози рақобатпазирӣ дар соҳаи сайёҳӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Форуми ҷаҳонии иқтисодии соли 2017 ба рӯйхати ҷаҳонӣ шомил карда шуд. Чуноне, ки дар идомаи паёми имсола дар санаи 26 январи соли 2021 қайд карда шуд, агар дар соли 2018 шумораи сайёҳон дар кишвари мо 1 миллиону 200 ҳазор нафарро ташкил дода бошад, пас алакай дар соли 2019-ум ба ин шумора 60 ҳазори дигар замима гардид, ки ҳамаи ин гувоҳи он аст, ки иқдоми ташаббускорона ҷиҳати ҳам рушди соҳаи сайёҳӣ, ҳам деҳот ва ҳам ҳунарҳои мардумӣ ҳанӯз аз марҳилаи аввал натиҷаи хуб дод. Ҳамчунин дар Паём қайд карда шуд, ки аз соли 2018 то соли 2020-ум дар кишвар 145 ширкати нави сайёҳӣ иҷозатномаи фаъолият гирифта, дар ин муддат, дар маҷмӯъ, 224 ширкат ба бозори сайёҳӣ ворид гардида, фаъолияти бахши хусусӣ густариш пайдо карда, шумораи меҳмонхонаҳо ва дигар инфрасохтори хизматрасонӣ зиёд шуд ва ин тадбирҳо ба рушди деҳот, хусусан, дар хатсайрҳои сайёҳӣ таъсири мусбат расониданд. Бо дарназардошти соли ҷамъбастии «Солҳои рушди деҳот сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» будани соли 2021, аз ҷониби Президенти кишвар Кумитаи рушди сайёҳӣ, дигар сохтору мақомоти марбута, аз ҷумла роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шуданд, ки доир ба афзоиш додани саҳми соҳаи сайёҳӣ дар рушди иқтисоди кишвар ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, барои ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани хизматрасониҳо, дарёфти роҳҳои нави ташкили инфрасохтори сайёҳӣ, ҷалби ҳарчи бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ, бахусус, рушди сайёҳии дохилӣ чораҳои аввалиндараҷа андешанд. Тоҷикистони азизу маҳбуби мо сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои дилфиреб, кӯҳҳои сарбафалаккашида, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кулҳову чашмаҳои мусаффо, ҳайвоноту набототи нодир ва урфу анъанаҳои мардумӣ барои сайру сайёҳати ҳам мардуми дохил ва ҳам хориҷӣ муфид ва ҷолиб мебошад. Имрӯзҳо сайр кардан дар гулгашту хиёбонҳои пойтахти азизамон шаҳри Душанбе, ки аз гулу буттаҳои рангоранги мавсимӣ ва дарахтони ҳамешасбз пур аст, ба кас неруи тоза ва илҳоми хоссае нисбати кору зиндагӣ мебахшад. Умуман табиати зебо чезест, ки инсонро ба худ ҷалб месозад ва ҳамагонро мафтуни худ мегардонад. Дар фазои сулҳу суботи табиати зебо зистан, ин орзуи пиру барност. Аз ин рӯ, дар соли равон, ки соли ҷамъбастии барномаи давлатии «Солҳои рушди деҳот сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» мебошад, ҳар яки моро зарур аст, ки ҷиҳати тақвият бахшидану пурсамар сохтани раванди татбиқи ин барномаи муҳим саҳмгузор бошем. Ҳар сайёҳи хориҷие, ки ба кишвари мо меояд, ҳангоми баргаштан ба ватани худ кушиш мекунад як армуғоне бо худ бубарад, ки он муаррифгари ҳамин халқи мутамаддин ва кишвари файзбору дорои табиати афсонавӣ бошад. Аз ин рӯ обод намудани деҳот, эҳё намудани ҳунаре аз ниёгон ва бо василаи ин ҳарду муаррифӣ намудани меҳан ва фарҳанги қадимаи мардуми меҳмоннавози Тоҷикистон назди сайёҳони меҳмон як иқдоми некест, ки ҳар як фарди Тоҷикистон бояд дар он ширкат кунад.

Шоев Субҳиддин – мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломӣ

Яндекс.Метрика