Нақшаи гурӯҳи корӣ ҷиҳати анҷом додани суҳбат бо сокинони вилояти Хатлон

Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастури Роҳбари дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барои  иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар суханрониҳои Пешвои муаззами миллат дар самти баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва динӣ ва мубориза бо зуҳуроти номатлуби терроризму экстримизми динӣ ва бегонапарастӣ баён шудаанд,  Гурӯҳи корӣ дар якҷоягӣ бо намояндагони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон таъсис дода, тибқи нақша дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон суҳбату вохӯриҳо баргузор намуд.

Гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Холиқ зода А.Г. рӯзҳои 7 то 9 июни соли 2021 дар шаҳрҳои Норак, Бохтар ва ноҳияҳои Кушониён ва Қубодиён бо намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа, намояндагони аҳли ҷамоатчигӣ, кормандони мақомоти маҳалӣ, намояндагони иттиҳодияҳои динӣ, ҷавонон ва занон суҳбату вохӯриҳо баргузор намуданд.

Дар суханрониҳо директори Маркази исломшиносӣ Холиқзода А.Ғ.   мақсад ва вазифаҳои оиномавии Марказро дар матни зерин:  -таъмини асосҳои илмии сиёсати давлатии муносибат ба дин ва озодии виҷдон, таҳияи консепсияю барномаҳои рушди ҳаёти динии ҷомеа, муайян намудани робитаи мероси исломӣ ба фарҳанг ва тамаддуни миллӣ баён дошт. Ва алҳол Марказ мавзӯи “Инъикоси хусусиятҳои сиёсӣ - идеологии исломи муосир дар фазои иттилоотӣ ва таъсири он ба ташаккули шуури динӣ-ҳуқуқӣ ва анъанаву маросим дар ҷомеаи Тоҷикистон” –ро, ки таҳқиқи он бо Дастгоҳи иҷроияи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа ва тасдиқ гардидаст, мавриди таҳлилу арзёбӣ қарор додааст.

Сипас дар бораи дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои Истиқлолияти миллӣ суханронӣ карда, аз ҷумла ишора карданд, ки яке аз муваффақиятҳои бузург дар ин ҷода роҳи низоми давлатдории дунявиро интихоб намудани ҷумҳурии мо буд. Танҳо дар низоми давлати дунявӣ инсон ва дар маҷмӯъ, мардум ҷойгоҳи муносиби иҷтимоӣ касб карда, ҳуқуқи интихоби озодро пайдо менамояд. Ин аст, ки мардуми тоҷик дунявиятро ба сифати сохтор ва низоми дархӯри сиёсӣ, фикрӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ пазируфта, дар ин масир пайгирона ҳаракат мекунад. Хушбахтона, давлати миллии навини мо бо такя ба мероси сиёсию фарҳангии гузашта роҳи давлатдории дунявиро интихоб кард. Президенти Тоҷикистон иброз дошта буданд, ки «Мо борҳо гуфтаем ва боз мегӯем, ки мақсади мо сохтани давлати демократию дунявӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад. Мо ҳаққу ҳуқуқи шаҳрвандонро дар риояи суннатҳои дини Ислом заррае маҳдуд намекунем. Алҳамдуллилоҳ ҳамаи мо мусулмонем, фарзу суннатҳои Исломро то қадри ҳол медонем ва риоя мекунем. Анъанаҳои гузаштаи халқ, фарҳангу адаби ҳазорсолаи ниёгон дар алоқамандӣ бо суннатҳои Ислом густариш ёфтааст». 

Ба ин васила имкон пайдо шуд, ки пеши роҳи ба сари ҳокимият омадани низомҳои динии хусусияти ифротидошта гирифта шаванд ва озодии интихоби ақида ва виҷдон, фаъолияти аҳзоби гуногун барои сокинони мамлакат таъмин гардад. Дунявият маънои зидди дин ва ё мафкураи дигар  буданро надорад, балки ҷудо будани иттиҳодияҳои динро аз давлат ифода мекунад. Яъне ягон дин ва ё мафкураи алоҳида наметавонад идеологияи давлатӣ бошад. Агар ин идеологияи зиддидинӣ мебуд имрӯз дар ҷумҳури 4058 иттиҳодияи динӣ амал намекард, дар муқоиса дар замони шӯравӣ ҳамагӣ 17 масҷид фаъолият дошт. Муҳимтар аз ҳама, аз ин интихоби дурусту мантиқӣ мардуми тоҷик зараре надидааст, баръакс, тавассути ин низоми сиёсӣ ба масири тозаи зиндагӣ гом бардошта, ба сӯйи ояндаи неку дурахшон ҳаракат мекунад.

 Масъалаи дунявият бевосита ба масъалаи худшиносии миллӣ низ марбут аст, чун агар инсон худшиносии фардӣ ва миллӣ надошта бошад, пас ӯ аз дарки маънии аслии ин масъала оҷиз аст.  Агар шахс арзишҳои миллӣ ва динӣ чун таърих, фарҳанг, адаб, забон ва суннатҳои миллии худро надонад, пас ӯ аз ҳисси вадандӯстӣ, садоқат ба халқу ватан фориғ аст ва ба осонӣ метавонад зери таъсири фарҳангу идеологияҳои бегона монад. Мисоли он гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои динии террристию экстремистӣ буд, ки натиҷаҳои фоҷиаборе барои кишвар ва мардуми мо овард. Бинобар ин тарбияи насли наврас дар руҳия ватанпарастӣ бояд вазифаи ҳар як шаҳрванди тоҷик бошад. 

         Дар рафти вохӯриҳо директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода А.Г. инчунин  дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар истиқлоли маънавӣ» суханронӣ карда, аз ҷумла қайд  намуданд, ки истиқлоли маънавият аз тарбияи насли наврас дар роҳи ватандӯстӣ, омӯхтани илму дониш, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ, эҳтироми волидайну бузургон ва амсоли ин оғоз мегирад. Худшиносии миллӣ ва динӣ ба шахс имкон медиҳад, ки мавқеи худро дар ҷомеа дуруст интихоб кунад. Харки худро шинохт Худои худро низ мешиносад («Ман арафа нафсаҳу фақад арафа раббаҳу»).  Бинобар ин ҷавонон бояд ҳамеша дар талоши омӯхтани илму ҳунар бошанд: 

Он кас , ки бидонад ва бидонад , ки бидонад

Аспи шараф аз гунбади гардун биҷаҳонад.

Он кас ки бидонаду надонад, ки бидонад,

Бедораш намоед, ки дар хоб намонад.

Он кас ки надонаду бидонад, ки надонад,

Лангон хараки хеш ба манзил бирасонад.

Он кас ки надонаду надонад, ки надонад,

Дар ҷаҳли мураккаб абадуддаҳр бимонад.

Дар мавриди нақши Роҳбар дар сарварии давлату мардум мавсуф сухани худро бо овардани мисол аз «ас-Саводу-л-аъзам»-и Ҳакими Самарқандӣ тақвият доданд: «… Ва Хоҷа Ҳасани Басрӣ, раҳмату-л-Лоҳи алайҳи, гуфт: «Агар маро касе гӯяд, ки яке дуои ту мустаҷоб хоҳад шуд, ман он дуо султонро кунам, зеро-н ки чун он дуо худро кунам, як танро дуо карда бошам. Ва агар модару падарро кунам, ду танро хоста бошам. Ва чун султонро дуо кунам, ҷумлаи халқро хоста бошам, чун дар салоҳи султон салоҳи муъминон аст ва дар фасоди он фасоди муъминон аст». Ва бояд чун рофизиён набошӣ, ки эшон бар султон берун оянд ва шамшер кашанд. Ва ба ҳеч ваҷҳ бар султон осӣ набояд шуд. Агар адл кунад, музд ва савоб ёбад ва агар зулм кунад, базаҳ (гуноҳ) ва азоби онро бикашад. Ба ҳама ваҷҳҳо султонро тоат бояд дошт».

Бояд зикр кард, ки яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумат ва роҳбарияти Олии сиёсии мамлакат дар тафаккури ҷавонони кишвар рушд додани зиракии сиёсӣ мебошад, ки ба он бақову пойдории Тоҷикистони соҳибистиқлол вобаста аст. Ҷаҳонишавӣ имрӯзҳо ба муҳимтарин масъалаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст, ки дар баробари тараққиёти босуръати илму техника пайомадҳои манфиеро ба бор овардааст ва онҳо боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ шудааст. Тероризму экстремизм, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дар тамоми кишварҳои ҷаҳон реша давонда ба Тоҷикистони мо низ бе таъсир намондааст. Мисоли он иштироки ҷавонони кишвар дар ҷангҳои Сурияву Ироқ ва кушта шудани чандин ҷавонони тоҷикистонӣ мебошад. Бадтар аз ҳама ин аст, ки зери таъсири идеологияҳои бегона ва хосатан ифротӣ мондани ҷавонон боиси он мегардад, ки ҷавоне, ки дар фазои ороми кишвари хеш ба дунё омадаанду кору зиндагӣ доштанд, минбаъд ҷониби марг метозад ва дигар барояш Ватан, забон, миллат ва падару модар вуҷуд надорад, балки худкушӣ, инфиҷор, фаъолияти террористӣ, хушунату тундгароӣ, ифротгароӣ ва қатлу куштор муқаддас ва арзишманд мегардад.

Иштирокдорон изҳор доштанд, ки асоси ин падидаи номатлуб аз оила оғоз мегирад ва дар ин масир мақомот ва идораҳои дахлдор бояд фаъолияти густурда дошта бошанд. Ҳамчунин аз таъсири манфии филму намоишномаҳое, ки фарҳанги бегонаро тарғиб мекунанд ва барномаҳои гуногуни характери динӣ-ифротидошта дар шабакаҳои интернетӣ, ки худшиносии миллии ҷавононро коста мекунанд, изҳори нигаронӣ карданд ва пешниҳод гардид, ки:  

1. Нақши падару модар дар тарбияи кӯдак бояд бузург бошад ва фаъолияти кумитаҳои падару модарон дар макотиб ҷоннок карда шаванд;

2. Сатҳи донишомӯзӣ, худшиносӣ ва ҳисси миллии ҷавонон баланд бардошта шавад;

3. Пахши ҳаргуна филмҳои тарғибкунандаи зӯроварӣ, ифрот ва фарҳанги бегона пешгирӣ шавад;

4. Амали худкӯшӣ дар байни навҷавонон аз тариқи суҳбатҳо ва муоинаҳо ва расонидани кӯмакҳои тиббӣ ба ашхоси ин тамоюлро дошта коҳиш ва пешгирӣ шаванд.

Яндекс.Метрика