НИШАСТИ САРОНИ КИШВАРҲОИ АРАБ ДАР ТУНИС ВА МАСЪАЛАИ ШАРҚИ НАЗДИК

НИШАСТИ САРОНИ КИШВАРҲОИ АРАБ ДАР ТУНИС ВА МАСЪАЛАИ ШАРҚИ НАЗДИК
Изҳороти охирини Президенти ИМА Доналд Трамп ва ба расмият шинохтани баландиҳои Ҷулон, ки Исроил дар ҷараёни ҷанги шашрӯзаи соли 1967 ишғол кард, меҳвари нишасти сарони кишварҳои Араб дар Тунис дар таърихи 31-уми марти соли ҷорӣ гардид. Бо вуҷуди он ки қатъномаи Созмони Миллали Муттаҳид (қатъномаи 497 аз соли 1981) низ дар бораи ишғоли ғайриқонунии ин ҳудуд аз ҷониби Исроил солҳо қабл ба тасвиб расидааст, бо ин ҳол ИМА ва муттаҳиди ӯ дар Ховари Наздик кӯшиш доранд, ки Баландиҳои Ҷулонро низ чун Байтулмуқаддас замимаи хоки Исроил гардонад. Пас аз эълони мақеи Президенти ИМА тамоми минтақаро нооромӣ фаро гирифт. 
Ду рӯз қабл аз оғози нишаст, вазирони корҳои хориҷии Иттиҳодия гирди ҳам омаданд. Вазири корҳои хориҷии Арабистони Суадӣ Иброҳим ал-Масоф ва Хамис ал-Ҷайҳновӣ ҳамтои тунисии ӯ иқдоми Иёлоти Муттаҳида мабнӣ бар эътирофи сарзамини ишғолии Баландиҳои Ҷулонро маҳкум карданд. Вобаста ба муносибати наздики бештари кишварҳои ин созмон (аз ҷумла,  Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи арабӣ) бо ИМА тасмимҳои дигар, аз қабили таҳрими молу коло ва қатъи равобити диполоматӣ андешида нашуд ва коршиносони сиёсӣ ҳам чунин интизоре надоштанд.    
Дигар ҳадафи ин ҷаласа таъкид бар ҳамбастагӣ ва иттиҳоди арабӣ ва канор гузоштани тафриқаву ихтилоф аст. Пас аз шурӯъ гаштани ҷанги дохилӣ дар Сурия узвияти ин кишвар дар Созмони иттиҳодияи арабӣ қатъ карда шуд. Ахиран аз ин кишвар даъват шудааст, ки дар кори ин нишаст иштирок намояд. Аммо дар баробари ин, иттиҳод аз Сурия хостааст, ки аз ҳимоят ва нуфузи Эрон даст кашад. То куҷо ин дархости Иттиҳодияро Сурия мепазирад, вақт нишон хоҳад дод. Дар нишасти номбурда инчунин дар бораи вазъияти Яман ва Либия низ гуфтугӯ баргузор карда шуд. 
Иттиҳодияи Кишварҳои Араб як созмони байналмиллалии минтақавӣ буда, соли 1945 таъсис ёфтааст. Имрӯз 22 давлати осиёӣ ва африқоӣ узви он мебошанд. 
Яндекс.Метрика