САДАҚАИ ФИТР

 

Фазои озоди кору зиндагӣ дар шароити Истиқлолияти давлатӣ барои такомули фарҳанги миллӣ ва эҳёи ҷашну маросимҳои динию мазҳабии кишвари азизи мо тағйироти ҷолибу масарратбахш ворид намудааст. Бояд эътироф кард, ки соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатӣ дар тамоми самтҳои ҳаёти иҷтимоию фарҳангӣ зоҳир намудани назокати моҳиронаро тақозо менамояд. Дар сиёсати фарҳангсолории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллию динӣ ҳамеша ҷойгоҳи махсус дошт ва ҳоло ҳам дорад. Ҷавҳари мантиқии ин сиёсат иборат аз он аст, ки тамоми шаҳрвандони кишвар дар фарҳанги рафтор, пешбурди роҳи зиндагӣ ва иҷрои муқаррароти динию мазҳабӣ ба урфу одат ва суннатҳои мардумии тоҷикон аҳамият диҳанд, аз тақлиди кўркўрона, худнамоӣ, булҳавасӣ ва ноогоҳона пайравӣ кардан ба меъёрҳои фарҳангию эътиқодии дигарон дурӣ ҷўянд. 

Додани садақаи фитр, баровардани нисоби закот ва умуман ҳама гуна садақот дар моҳи шарифи Рамазон яке аз васи¬лаҳои муҳими дастгирии табақаҳои ниёзманди ҷомеа ва эҷоди пайвандҳои дўстию муҳаббат дар байни мусулмонон мебошад. Агар аз мавқеи тақвову парҳезгорӣ ва худотарсию худоҷўӣ масъаларо баррасӣ карданӣ бошем, пеш аз ҳама, инро бояд донист, ки садақаи  (фармудашуда) дар ҳама гуна шаклу муҳтавои ифодаи худ махсуси табақаҳои муайяни мардум мебошад, чунончи дар ояти карима баён шудааст: «Ҷуз ин нест, ки садақаҳо барои фақирон ва бенавоён ва коркунон бар ҷамъи садақот; ва онон, ки дилҳояшон улфат дода мешавад ва барои харҷ кардан дар озодии бардаҳо ва барои вомдорон ва барои харҷ кардан дар роҳи Худо ва барои мусофирон аст; (ва он) ҳукми собитшуда аз назди Худо аст. Ва Худо Донои Дурусткор аст» (Тавба, 9:60).

 

Маънои фитр (Ифтор)

Вожаи «фитр» аз решаи «фатара» ва «фатр» (فَطْرَ و َ فَطْر) гирифта

шуда, дар луғат ба маънои шикоф, таркиш ва кафидагӣ ва ҳамчунин

ба маънои масдар: шикофтан, таркиш ба амал овардан ва ғайра мебошад. Ин калима дар ояти 3-юми сураи Мулк «Пас дида (-и худ)-ро бозгардон, оё дар он ҳеҷ шикофе мебинӣ?», ояти 1-уми сураи Инфитор

«Вақте осмон шикофта шавад» ва чандин оятҳои дигар ба ин маъно

омадааст.

 

 

Дар луғат маънои дувуми (فَطُورٌ   فِطْرٌ    فَطْر    )  ба маънои субҳона хўрдан, қатъ кардани (кушодани) рўза омадааст. Ҳамчун истилоҳи шаръӣ ба маънои хотима додан ба рўза ва хўрдан аст.

 Вожаи) ифтор-(افطار низ ба ҳамин маъно омадааст. Вале дар ҷомеаи имрўзаи тоҷик вожаи ифтор танҳо ба маънии зиёфат додан фаҳмида мешавад ва аксари мардум ин амалро дар давоми моҳи шарифи рамазон иҷро мекунанд. Мутаассифона на ҳамаи ифторкунандагон ифторро, ки як навъи садақа мебошад, барои нодорону камбизоатон ва ятимону бепарасторон  баргузор менамоянд, балки он барои ёру дўстон ва ҳамсоягон, ки ба ҳеч чиз ниёз надоранд, барпо мекунанд ва инро мояи ифтихор хеш меҳисобанд. Дар баробари ин гузаронидани ифтор ба як навъ мусобиқа мубаддал шудааст ва он метавонад ба иқтисоди мардуми камбизоат, ки мехоҳанд аз мардуми доро пайравӣ карда маъракаи  серхарҷи ифтор баргузор намоянд,  зарбаи сахт ворид намояд.   

 Иди Фитр ба ин маъност, ки рўзаи моҳи Рамазон ба поён расида,

мавсими даҳон кушодан ва баҳрамандӣ аз неъматҳо фаро расидааст

Закоти фитр бар ҳар мусулмоне воҷиб аст ба далели ҳадиси ибни Умар (р) ки гуфт: “Паёмбар (с) закоти фитрро, ки як соъ хурмо ё ҷав аст бар ҳар мусулмони барда, озод, мард, зан, хурд ва бузург воҷиб кард ва дастур дод, ки пеш аз хуруҷи мардум ба тарафи намози Ид пардохт шавад”. (Бухорӣ, Муслим, Тирмизӣ, Абудовуд ва Насои)

Ва ибни Умар (р) мегуяд: “Паёмбар (с) ба додани закоти фитр аз хурд ва бузург, озод ва барда ва касоне, ки нафақаи онҳо бар уҳдаи шумост амр фармудааст”.

Ва мавридҳои масрафи садақаи фитр низ бо мавридҳои масрафи закоти амвол 

 баробар аст аммо беҳтар он аст, ки садақаи фитр ба фуқаро  ва  мустамандон дода шавад, зеро Паёбар (с) мефармояд: “закоти фитр ризқ ва хўроке барои масокин ва мустамандон аст”. (Ибни Моҷа ва  Абудовуд).

Соҳиби “Дуррул-мухтор” мегўяд: мавридҳои масрафи закоти фитр бо мавридҳои масрафи закоти амвол дар тамоми ҳолатҳо яксон аст.

Фатовои Шомӣ дар “Ҳошияи хеш” овардааст: мурод аз мавридҳои  масрафи закот ҳамон касонеанд, ки дар ояти садақот: “Ҷуз ин нест, ки садақаҳо барои фақирон ва бенавоён.....” зикр шудааст.

Мардуми шарифи кишвар хуб медонанд, ки Пешвои миллат ҳама-сола дар арафаи моҳи шарифи Рамазон шахсан ба ятимону барҷомондагон дасти кумак расонида, суннати пойдори мазҳаби хана¬фии ниёгони пурифтихорамонро идомат мебахшанд. Зери таъсири ҳамин ташаббусҳо аксари соҳибкорону тавонмандон иқдомҳои одило¬на ва худоҷўёнаи ўро дастгирӣ карда, ҳар сол аз порсола бештар ба табақаҳои ниёзманд холисона дасти хайру ёрмандӣ дароз мекунанд. Бад-ин васила арзишҳои волои инсондўстӣ, ватандўстӣ, раҳму шафқат, ғамхорӣ нисбат ба ҳамдигар ва дигар анъа¬нବҳои писандидаи ин маросимҳо риоя карда мешаванд.

 

 

Шуъбаи  "Пажӯҳиши фиқҳи исломӣ"

Яндекс.Метрика