Фарҳанг - руҳу равони миллат (Дар партави паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси ОлииҶумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021)

Муҳимтарин аломати ҳастии миллат фарҳанг аст. Зеро фарҳанг инъикоскунандаи тарзи зиндагии гуногунрангу зеҳнияти миллат буда, дар он бурду бохти миллат дар тӯли таърих ва сарнавишти ӯ таҷассум меёбад ва ҳамчун дарси таҷрибаи иҷтимоӣ барои наслҳои оянда хизмат мекунад. Маҳз тавассути фарҳанг ҷаҳониён чеҳраи маънавии миллат ва нақшу мақоми ӯро дар таърихи башарият мешиносанд. Бинобар он фарҳанг ин руҳу равон ва ҳастии миллат аст, ки маҳз аз тариқи он ҳувийяту худшиносии миллии наслҳои ҳар кадом миллат ташаккул меёбад.

 Таҷрибаи таърихии башарият собит намудааст, ки агар ягон миллати ғосибу ғолиб ин ё он миллати истилошударо аз байн бурдан хоҳад, кӯшиш менамояд, ки пеш аз ҳама дину фарҳанги он миллатро аз байн бурда, ҳувийяту худшиносии ӯро заиф созад. Яке аз намунаҳои чунин падидаи таърихӣ ин аз ҷониби араб тавассути дини нав – ислом кӯшиши аз байн бурдани фарҳангу дин ва шикастани ҳувияту худшиносии халқҳои аз ҷониби ӯ истилошуда буд, ки дар натиҷа бисёр халқҳои Шарқи Наздику Африқо миллияти хешро аз даст дода, араб гардиданд ва мо имрӯз онҳоро ҳамчун арабшуда ном мебарем.

Ҳарчан кӯшишҳои араб барои аз байн бурдани халқҳои эронӣ, бахусус тоҷикон, барои араб натиҷаи дилхоҳ надод, вале араб аз тариқи бидъату куфр эълон кардани фарҳанги оламшумули тоисломии тоҷикон тавонист тадриҷан тафаккури миллии мардумони эронтабор, бахусус тоҷиконро, тағйир дода, ҳувийяту худшиносии ононро заиф созад ва онҳоро парокандаву бегонапараст намояд. Ҳамин бегонапарастиву парокандагӣ, аз ҷумла парокандагии мазҳабӣ низ, буд, ки баъди аз ҷониби хилофати араб бо дасти туркони қарахонию кӯмаки руҳонияти тоҷику форс аз байн рафтани давлати миллиашон-Сомониён тоҷикон гардид ва дигар дар тӯли ҳазор сол натавонистанд давлати миллии хешро эҳё намоянд. Ҳамин бегонапарастию паракандагии тоҷикон буд, ки давлати навтаъсиси миллии онҳо-Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 90-уми садаи 20 низ аз нав зери хатар монд.Заминаи ақидавии ин хатар аз ҳамон анъанаи инкори таъриху фарҳанги бузурги тоисломии тоҷикон аз ҷониби арабу ислом ва баъзе омилҳои дигар сарчашма мегирад.

Аз ин ҷост, ки сарвари давлати навини тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҳифзу рушди ин давлати миллӣ саҳми аввалиндараҷа дорад, тӯли қариб сӣ сол аст, ки пайваста ҳифзи таъриху фарҳанги миллии чандинҳазорсолаи тоҷикон ва умуман мардумони эронтаборро яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон медонад. Маҳз талошҳо беохири ӯ аст, ки бисёр арзишҳои фарҳангии миллати тоҷик имрӯз эҳё мегарданд ва дар барқарор намудани хотираи таърихии тоҷикон мусоидат менамоянд. Зеро фарҳанги миллӣ пояи асосии маънавиёту идеологияи давлати миллӣ мебошад. Маҳз фарҳанги миллист, ки худшиносии миллиро ташаккул дода, миллатро барои ҳифзи давлати миллӣ роҳанамоӣ менамояд. 

Ба ҳамин сабаб, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми январи соли 2021 Сарвари давлат бори дигар мардуми Тоҷикистонро ба эҳёю ҳифзи хотираи таърихиву фарҳанги миллӣ даъват намуданд. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба падару модарон, омӯзгорон, аҳли маориф, илм, зиёиён, кормандони ВАО ва олимони миллат муроҷиат карда, мегӯянд: «Тоҷикон фарҳанги бисёр ғанӣ ва таърихи басо пурифтихори бостонӣ доранд. Арҷ гузоштан ба фарҳангу таърихи бостонии миллат ва омӯхтани он, инчунин аз худ кардани мероси ҷовидонаи садҳо ва ҳазорон нафар фарзандони фарзонаи халқамон, яъне шоирону адибон ва олимону мутаффакирони барҷастаи миллат вазифаи ҳар як соҳибватан мебошад». 

Ба андешаи камина, ин суханони Пешвои миллат бояд барои ҳар кадом фарди хештаншинос ва миллатдӯст шиору дастури фаъолияти рӯзмарааш бошад, то ки мо фарҳанги миллии хешро ҳифз намоем. Фаромӯш набояд кард, ки ҳифзи фарҳанги миллӣ ин маънои ҳифзи давлати миллӣ ва ҳифзи давлати миллӣ ин маънои ҳифзи миллат аз парокандагиву хорӣ ва нобудшавӣ дорад. Ҳамон миллате, ки дар гузашта аҳолии асосии Осиёи Марказиро ташкил медод, вале имрӯз танҳо дар як гушаи кӯчаки ин минтақаи паҳновар давлати миллӣ таъсис додааст ва ба ҳифзу рушди худ ниёз дорад. 

Нурулҳақ Қамар.

Яндекс.Метрика