Шинохт ва бархӯрд бо забони нафрат дар мероси ниёгон (рафъи як шубҳа роҷеъ ба “ботиния”)

12.10.19 Азизӣ Рустам, муовини директори Маркази исломшиносӣ дар Маркази дар мавзӯи "Шинохт ва бархӯрд бо забони нафрат дар мероси ниёгон (рафъи як шубҳа роҷеъ ба “ботиния”)" гузориш намуд, ки чакидаи он барои хонандагон пешниҳод мешавад.
Пешфарзияҳо ва вуруд ба мавзӯъ:
1. Забони нафрат (hate speach) барои нафратпароканӣ ва барангехтани низоъ (қавмӣ, мазҳабӣ, иҷтимоӣ ...) истифода мешавад;
2. Дар мероси ниёгони мо намунаҳое аз истифодаи забони нафрат вуҷуд дорад;
3. Таърихи баъзе аз истилоҳот ҳанӯз шинохта нашуд;
4. Барои шинохт ва бозбинии намунаҳои забони нафрат дар мероси ниёгон бояд бо назари таърихӣ, таҳлилӣ ва нақдӣ бархӯрд кард ва пазириши бечунучарои маълумоти матнҳои адабӣ ва таърихии гузашта дуруст нест!
Хулоса:
1. Дар сарчашмаҳои замони Сомониён “ботиния” номи яке аз фирқахои хавориҷ буд ва ба исмоилия рабт дода намешуд.
2. “Қарматиён” фирқаи алоҳида дониста мешуд ва он низ ба исмолиён раб дода намешуд.
3. Имоилиён дар “Ас-саводу-л-аъзам”, ки сарчашмаи динии расмии замони амирони сомонӣ буд дар рӯйхати “72 фирқаи гумроҳ” зикр нашуданд.
4. Дар якҷоягӣ омехта ва истифода намудани се истилоҳ: “исмоилия” “ботиния” “қаромита” дар сарчашмаҳо баъдӣ, бештар аз ҷониби муаллифони ашъарии шофеимазҳаби даврони Салҷуқиён барои нафратпароканӣ сурат гирифт.
5. Ба намунаҳои забони нафрат дар мероси ниёгон имрӯз бояд бо шинохти вазъи таърихӣ ва шароити муосир ниагрист.

Яндекс.Метрика